Амалиёти ҳарбии “Толибон” дар Афғонистон, низоъҳои Русия ва Украина, Озорбойҷон ва Арманистон, “Тӯфони ал-Ақсо”, ҷанги Ҳамосу Исроил дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ майдони наверо барои омӯзиши ҷомеаи илмӣ ба миён овард.

Гарчанде сар задани чунин ҳаводис барои мардуми огоҳ (сиёсатшиносон, муҳаққиқони улуми байналмилалӣ, ҷомеъашиносон) нисбатан пешгӯишаванда аст, вале барои дигар қишри ҷомеа, ки аҳли мутолиа нестанд, муаммо ва суолҳои зиёдеро пеши рӯ меоранд. Дар ин навишта кӯшиш мегардад, ки ба пурсиши калидии ин муаммо – “Чаро дунё гирифтори чанд низоъ дар як муддати кӯтоҳ гашт?” посух дода шавад. Саволи гузошташударо дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ арзёбӣ кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин, ҷавоби он то тангнои назарияи реализми сиёсӣ ва консепсияи қутбият дар равобити байналмилалӣ  маҳдуд мегардад.

Дар омӯзиши равобити байналмилалӣ дар назарияи реализм як қоидаи умумӣ дорем, ки тибқи он назм ё тартиби байналмилалӣ дар пояи ҳараҷу мараҷ бунёд ёфтааст, яъне тартиби муайяни идораи низоми ҷаҳонӣ вуҷуд надорад ва ҳеҷ қудрате болотар аз давлат нест. Ду нуктаи калидии ин назарияро берун мекашем, то барои хонанда мафҳум гардад. Якум, дар дунё қонун ё меъёри ягона ва умумие, ки равобити байналмилалиро танзим кунад, вуҷуд надорад (Албатта Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмиллалӣ баъзе равобитро танзим мекунанд, аммо борҳо безарфиятии худро дар баробари тасмимгирии қудратҳои бузург собит сохтаанд, ки наметавон онҳоро ба сифати меъёр ва қонуни умумӣ ва ягонаи дунё унвон кард). Дуюм, қудрат ва тасмимгирандаи асосии равобити байналмилалӣ давлатҳо ҳастанд, ки вобаста ба тавоноӣ ва маҳорати худ дар ин ҷаҳони бебунёд  барои зинда мондан ва қудратманд гаштани худ талош меварзанд.

Консепсияи қутбият ҳузури як ё якчанд қудрати бузурги ҳокимро дар низоми равобити байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Тибқи ин консепсия ҷаҳон метавонад якқутба (unipolarity – доштани як қудрати бузурги ҳоким), дуқутба (bipolarity – ду қудрати бузурги ҳоким) ва чандқутба (multipolarity – зиёда аз 2 қудрати бузурги ҳоким) бошад. “Қудрати бузурги ҳоким” доштани империя ё салтанати комил болои тамоми дунё набуда, балки доштани қудрат ва нуфузи давлатҳоро дар миқёси минтақа ва ҷаҳон дар назар дорад. Муҳаққиқони соҳа вобаста ба сохтор ва тартиби байналмиллалӣ дар се ҳолати қутбияти дунё нигоҳҳои якхела надоранд, вале яке андешаҳои умумӣ ин аст, ки низоми якқутбӣ ба эҷоди низоми байналмиллалии сулҳомез майл мекунад (Wohlforth: 1999); дуқутбӣ хатари сар задани ҷангро зиёд мекунад (Copeland: 2007); ва дар низоми бисёрқутбӣ дунё ба бесуботӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо майл мекунад (Christensen, Thomas J, Snyder, Jack: 1990).

Дар таърихи начандон дур, низоми байналмилалӣ зери нуфуз ва салтанатталабии ду қудрати бузурги давр – Шӯравӣ ва ИМА қарор гирифт.Ҷанги сард ба миён омад ва натиҷааш пошхӯрии Ҳукумати Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ шудани низоми либерал – демократии ғарбӣ ба унвони шакли ниҳоии ҳукуматҳо гардид. (Fukuyama: 1989) Баъди ҷанги сард, ҷаҳон шоҳиди “демократисозӣ”-и ғарбӣ ва яккатозии ИМА гардид, ки аз Югославия шуруъ гашта, дар Афғонистон поён ёфт…

Вируси COVID-19 зарфияти аслии ду қудрати бузурги ҳоким – Русия ва ИМА-ро нишон дод ва Чин-ро ҳамчун қудрати бузург ва воқеъияти нав дар тартиби равобити байналмилалӣ муаррифӣ кард. Дар ин давра ИМА гирифтори як қатор мушкилоти дохилӣ гардид, Русия дар идора кардани вирус ва пешгирӣ кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллияш (аз ҷумла, вобастагӣ аз доллари ИМА) тавоно ба назар нарасид, вале Чин бо доштани бузургтарин нуфуси дунё ва маркази паҳншавии вирус будан, аз ин бӯҳрон ҳам аз нигоҳи идораи ҷамъияти худ ва ҳам аз нигоҳи рушди иқтисодӣ “тоза” берун омад. Ҳоло метавон гуфт, ки дунё аз нигоҳи қутбият дар равобити байналмилалӣ шоҳиди доштани се қудрати бузурги ҳоким гардида истидааст, ки барои “нишон” додани нуфуз, тавоноӣ ва қудрати худ дар рӯ ба рӯйи ҳамдигар қарор гирифтаанд. Воқеъияти нави Чин дар ин миён қоида ва тактикаи бозии қудратҳои бузургро то андозае иваз кард ва онҳоро барои васеътар кардани нуфуз ва ҳудуди зери “назорат”-и худ фаъолтар сохт.

Хориҷ гаштани Нерӯҳои ИМА (NATO) аз Афғонистон дар ин марҳила метавон “гардиш”-и Чин ва ё қалъабандӣ барои “ход”-и навбатии Амрико номид. Чун дида шуд, ки баъд аз хуруҷи ИМА аз Афғонистон кӯмакҳо ва лоиҳаҳои сармоягузориҳои Чин дар ин сарзамин бештар шуданд ва Чин ягона кишваре гардид, ки бо ҳукумати “Толибон” равобити дипломатӣ барқарор кард. Метавон ҳадс зад, ки ИМА бо ин “маневр”–аш мехоҳад дар тартиби байнамилалӣ аз як тараф бо кушодани роҳ ба Чин ва аз дигар тараф бо равған рехтан дар оташи русу украин нуфузи Русияро тангтар созад.

Барои Чин, ки бо ташаббуси “Камарбанд ва Роҳ”-аш нуфуз ва қудрати иқтисодии худро қадам ба қадам пеш мебарад ва мустаҳкамтар месозад, таъмини амнияти сиёсии минтақаҳои пеши роҳаш шарти калидӣ арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, бо миёнаравии ин кишвар равобити дипломатии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки “душмани ашаддӣ”-и ҳамдигар дар Ховари Миёна ба ҳисоб мерафтанд, барқарор гардид. Ин дастоварди таърихӣ нақши Чинро дар тартиби байналмилалӣ калидитар нишон дод. Гарчанде ИМА аз бузург сохтани нуфузи Чин барои кӯтоҳ кардани дасти Русия дар тартиби дунё истифода кунад ҳам, ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, то хати сурхи манфиатҳои геополитикиаш дар ин бозиҳо зери по гардад.

Ин аст, ки ИМА “Тӯфони ал-Ақсо”-ро имконияти нави бузургтар кардани нуфузи худ қарор дода, “ғайримустақим”, вале бо тамоми ҷидду ҷаҳд вориди он гардид. Чун дар ин майдон ИМА метавонад Эронро, ки садди роҳи манфиатҳояш дар минтақа аст, гирифтори “тӯфон” кунад; ба муносибати Эрону Араб халал ворид созад, то нуфузи Чин аз ин бештар нагардад; пойгоҳи низомии худро дар минтақа ва пешорӯйи Чин қавитар созад ва “ягона кишвари демократӣ дар Ховари Миёна”-ро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад. Истифодаи ҳар яке аз ин сенарияҳо барои ИМА дар ҳоле, ки Русия дар Украина банд аст, имконпазиртар гардидааст.

Барои Русия, ки ҳоло вақти хуб барои ворид гаштан ба “бозии Ховари Миёна”-ро надорад, фарогиртар сохтани “тӯфон” ва гирифтортар кардани ИМА дар он, имконияти пештар рафтан дар “амалиёти вижа”-аш дар Украинаро фароҳам месозад. Бинобар ин, Русия ғайримустақим (бо пуштибонии мавқеъи Эрону Чин) дар Ховари Миёна буда, қувваи асосиашро барои анҷом додани кори шуруъкардааш дар Украина сарф мекунад.

Аз ин ҷо метавон натиҷагирӣ кард, ки ба тавозун ва назми байналмилалӣ бинобар воқеъиятҳои нави дунё (аз ҷумла, Чин) халал ворид гардида, минтақаҳо (Афғонистон, Ховари Миёна, Уқёнуси Ҳинду Ором, Украина) дар танготангии бархурди манфиатҳои қудратҳои бузурги ҳоким қарор гирифтаанд. Ин вазъият то замони тақсими нуфузи се кишвари бузурги ҳоким, махсусан, дар “кишварҳо ва минтақаҳои берун аз чатри абарқудратҳомонда” ноором боқӣ мемонад ва ҳангоми мушаххас шудани ҳудуди онҳо ором мегардад. Дар сурати баръакс, ҷангҳои ниёбатии абарқудратҳо ба бархурдҳои мустақим табдил меёбанд ва дунё барои шоҳид шудан боз ба як ҷанги дигари ҷаҳонӣ (атомӣ) наздиктар мегардад.

P.S. Низоъҳо ва ҷангҳои имрӯза сабабҳои гуногун доранд, вале чун рақобати қудратҳои бузурги ҳоким барои тақсими қудрат дар дунё шиддат гирифтааст, ҳар низои кӯчак метавонад ба воситаи ба ҳадаф расидани онҳо (абарқудратҳо) табдил ёбад.

Арзиши аслӣ дар бозии қудратҳои бузурги ҳоким ҳимояи манофеи геополитикӣ ва расидан ба ҳадаф аст. Қонун, мазҳаб, демократия, ҳатто ҷони инсонҳо дар ин раванд дуюм, сеюм ва чаҳорумдараҷаанд ва ё тамоман арзиш надоранд.

Камолиддин БОЗӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь