Туфони геомагнитӣ ё туфони хуршедӣ як ошуфтагӣ ё худ дарҳаму барҳам шудани майдони геомагнитӣ буда, метавонад аз чанд соат то чанд рӯзро дар бар гирад. Онҳо аз ларзиши мавҷи боди хуршедӣ ва таъсири он ба магнитосфераи Замин ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъсири боди хуршедӣ ба магнитосфераи Замин ҷараёни ҳалқавие, ки дар камарбандҳои радиатсионӣ вуҷуд доранд пурзӯр мешавад.
Ба ҳаёти инсон ин туфон чӣ хатар дошта метавонад?
Аввалтар аз ҳама, баъди 8-12 дақиқаи дурахши азим дар Офтоб, ки дар натиҷа хурӯҷи моддаи офтобӣ ба амал меояд, то ба Замин протонҳои баландэнергия (баландтар аз 10 МэВ-мегаэлектронволт), ки онҳоро нурҳои кайҳонии хуршедӣ низ меноманд, мерасанд. Танҳо баъди 1-3 рӯз боди офтобӣ (суръати боди офтобӣ аз 300 км/с то 1200 км/с мерасад) то Замин расида, туфони геомагнитиро ба вуҷуд меорад. Туфонҳои радиатсионӣ метавонанд боиси вайрон шудан ва шикастани кори дастгоҳҳои кайҳонӣ шаванд, таҷҳизоти барқиро дар Замин аз кор бароранд, сабабгори таъсири радиатсионӣ ба кайҳонавардон, ҳавонавардон, мусофирони ҳавопаймоҳои реактивӣ ва халабонҳову ҳайати хизматрасонии онҳо шаванд. Ҳатто аз сабаби хурӯҷи моддаи хуршедӣ ва туфони геомагнитӣ ба фазои кушоди кайҳон баромадани кайҳоннавардон ба таъхир гузошта мешавад. Аммо дар ҷомеаи илмии олам то кунун фикри ягонаву воҳиде дар мавриди таъсири он ба саломатии инсонҳо вуҷуд надорад. Ҳарчанд баъзе пажӯҳишҳо мегӯянд ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад, вале ин ҳам илман исбот нашудааст.
Басомади ба амал омадани туфонҳои миёна ва пурзӯри геомагнитӣ бо даври 11-солаи фаъолияти Офтоб алоқаманд буда, ба ҳисоби миёна тақрибан 30 туфон дар як сол аст. Вале ин тақсимот якнавохт набуда, дар солҳои минимуми фаъолияти офтобӣ 1-2, дар солҳои максимуми фаъолияти офтобӣ то 50 тӯфон дар як сол аст. Ин маънои онро дорад, ки дар солҳои максимуми фаъолияти офтобӣ инсоният тақрибан 50%-и ҳаёти худро ҳангоми тӯфонҳои геомагнитӣ мегузаронад. Инсоне, ки ба ҳисоби миёна 75 сол зиндагӣ мекунад шоҳиди тақрибан 2250 туфон мегардад, ки давомияти умумии онҳо ҳудуди 15 солро ташкиш медиҳад.
Мо чанд тӯфони геомагнитиро медонем?
Туфони геомагнитӣ ё хуршедии соли 1859 (анг. Solar storm of 1859). Шадидтарин намунаи сабтшудаи туфони хуршедӣ аст, ки 1 то 2-уми сентябри соли 1859 рух дод. Сели азиме аз заррот ба магнитосфераи Замин исобат кард, ки шафақи қутбии аз он ҳосилшуда аз наздики арзҳои эквадор низ дида мешуд. Ин гуна туфон агар дар замони мо рух диҳад, метавонад сабаби қатъи густарда дар шабакаҳои барқии олам шавад.
Дар адабиёти илмии он замон омадааст, ки аз 28-уми август то 2 сентябри ҳамон сол дар Офтоб доғҳо ва дурахшу ҷилоҳо мушоҳида шуд. Баъди нисфирӯзии 1-уми сентябр ахтаршиноси англис Ричард Кэррингтон (1826 -1875) дурахши бештареро мушоҳида кард, ки боиси хуруҷи модда аз тоҷи хуршедӣ шуд. Бинобар ин, баъзан ин туфонро “ҳодисаи Кэррингтон” низ меноманд. Хурӯҷи моддаи хуршедӣ ба самти Замин ҳаракат мекард ва баъди 18 соат расид. Олимон мегӯянд ин аланга ба суръати хеле тез ҳаракат мекард, чун алангаҳои пешин роҳро барои ин ҳаракат тоза карда буданд ва монеъро сари роҳаш намедид. Дар натиҷа рӯзҳои 1-2-уми сентябр туфони геомагнитӣ ё хуршедии азим дар Замин дида шуд.
Дар як муддати басо кутоҳ воситаҳои мухобиротӣ, аз ҷумла телефонҳо дар саросари Аврупо ва Амрикои Шимолӣ аз кор монданд. Шафақи қутбӣ дар саросари олам, ҳатто дар Кариб (Ҳинди Ғарбӣ – як минтақае аз шимоли уқёнуси Атлас дар баҳри Кариб аст, ки шомили теъдоде аз кишварҳои ҷазираӣ ва обҳои атрофи се маҷмааҷазира аст: Антили бузург, Антили хурд ва маҷмааҷазираҳои Багом) дида шуд. Ҷолибтар аз ҳама: дар Куҳҳои Серхарсанг (кӯҳҳои Роки – воқеъ дар Амрико) ба ҳадде рушан буд, ки шуои он тиллокобонро аз хоб бедор кард ва онҳо ба гумони ин ки рӯз шудааст, даст ба омода кардани ғизои субҳ заданд.
Ҳоло исбот шудааст, ки ин гуна ҳодиса ҳар 500 сол як маротиба рух медиҳад.
Туфони геомагнитии 13-14-уми марти соли 1989. Онро рӯйдоди Квебек низ меноманд ва қудратмандтарин туфони геомагнитӣ аз оғози давраи фатҳи кайҳон (1957) номида мешавад. Аз ин системаи энержии вилояти Квебеки Канада зарари бештар дидааст ва Квебек номида шудани ин тӯфон низ аз ҳамин ҷост.
Дар саросари олам воситаҳои иртиботи радиоиву мухобиротӣ зарар диданд, дар таҷҳизотҳои кайҳонӣ нуқс мушоҳида шуд, шуои қутбӣ то Мексика ва Каймани Бузург мушоҳида шуд.
Туфони геомагнитии соли 2012. Он низ яке аз хатарноктарин туфонҳои хуршедӣ буд, ки 23-уми июли соли 2012 рух дод. Ин туфон дар фосилаи қариб нуҳ рӯз аз Замин убур кард, ки дар сурати бархӯрд мушкилоти ҷиддиро ба вуҷуд меовард.
Азбаски туфонҳои офтобӣ ба Замин ва дастгоҳҳои кайҳонӣ таъсир мерасонанд, зарурати пешгӯии онҳо вуҷуд дорад. Бинобар ин, олимон доимо Офтобро мушоҳида ва таҳқиқ намуда, аз бадшавии иқлими кайҳонӣ огоҳ менамоянд. Барои таҳқиқи Офтоб ва пешгӯии туфонҳои офтобӣ ҳам пойгоҳҳои заминӣ ва ҳам кайҳонӣ (расадхонаи кайҳонии Соҳо ва расадхонаи дугоники Стерео) фаъолият доранд.
P.S. Бо сипос аз дӯсти донишманд Ризо Баҳромзода, ки пешнависи мақоларо хонда онро аз нигоҳи илмӣ асосноктар карданд.
Б. Шафеъ