Ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой калонтарин воҳиди ҳудудии мақомоти маҳалии Хитой буда, яке аз панҷ ноҳияҳои худмухтор ба шумор меравад, ки дар он миллатҳои зиёд зиндагӣ мекунанд.

Дар 70 соли охир, ба шарофати ғамхориҳои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Хитой ва заҳмату ғайрати тамоми сокинони Шинҷон, ин гавҳари дурахшони Шоҳроҳи бузурги абрешим дубора дурахшидан гирифт. Имрӯзҳо аҳолии 25 млн нафараи Шинҷон дар раванди амали сохтани Барномаи «Як камарбанд, як роҳ» дар таърихи ноҳияи хеш саҳифаи навро оғоз намуда истодаанд.

Аз соли 60-и пеш аз мелод, аз замоне, ки ҳукумати марказии Хитой дар даврони ҳукмронии сулолаи Хонҳои Ғарбӣ намояндагии ҳукумати худро бо номи Сиюй (Сарҳади Ғарбӣ ) таъсис доданд. Маънои вожаи Шинҷон- Сарҳади нав, ба таври расмӣ дохили қаламрави Хитой гардид.

1-уми октябри соли 1955 ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой расман таъсис дода шуд.

Дар 64 сол дар Шинҷон тағйиротҳои бузург ба вуҷуд омаданд. Дар соли  2018 ҳаҷми умумии иқтисоди Шинҷон ба 1,2 трлн юан расид, ки ин рақам нисбат ба соли 1952  қариб 200 баробар афзоиш ёфтааст. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 166 юан, дар соли 1992 ба  49 ҳазор юан, дар соли 2018  расид. Ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ ба  20 млрд доллари ИМА расид, ки ин рақам 1481 маротиба аз соли 1950 зиёд мебошад. Сохтори истеҳсолоти Шинҷон сифатан дигар шуд ва ин ноҳия ба яке аз бузургтарин маркази истеҳсоли пахта ва меваҷоти тару хушк табдил гардид.

Соҳаи туризма дар Шинҷон рушди бесобиқаеро нишон медиҳад: дар соли 2018 теъдоди сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, ки аз Шинҷон дидан намудаанд ба 150 млн нафар расид, ки ин  40,1% бештар аз соли қабли мебошад.

Рушди бесобиқаи иқтисодӣ дар Шинҷон мустақиман ба афзоиши сатҳи зиндагии сокинони маҳалӣ ва беҳбудии будубоши ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Дар ноҳияи Шинҷон системаи маълумоти ҳатмии нуҳсола мавҷуд буда, дар ҳама ҷо беморхонаҳои ҳозиразамон барои табобат ва пешгирии касалиҳо дар се сатҳи мақомоти маҳаллӣ: Дар ноҳияҳо, ҷамоъатҳо ва деҳаҳо фаъолият менамоянд, ки ба шарофати онҳо идомаи синни миёнаи зиндагӣ ба 72 сол расидааст.

Баъд аз таъсиси Хитойи нав, Ҳукумати марказӣ ба Шинҷон иловапулиҳои давлатӣ дар ҳаҷми 2,35 трлн юан ҷудо намуд. 19 вилоят ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ба Шинҷон ёриҳои мустақим менамоянд, ки дар чаҳорчуби онҳо 1,8 трлн юан ҷудо гардид, ки имкон дод иқтисоди Шинҷон ба рушди бесобиқаи иқтисодӣ ноил шавад.

Шинҷон дар масъалаи таъмини бехатарӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Аз солҳои 90-и асри гузашта «се нерӯи бадкор» (терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ) дар дохили кишвар ва дар хориҷа нақша кашида, баъдан дар Шинҷон чанд ҳазор амалҳои мудҳиши террористиро анҷом доданд. Амалҳои террористие, ки дар таърихи 5-уми июли соли 2009 анҷом гардиданд ва дар натиҷаи онҳо теъдоди зиёди одамон қурбон шуданд, тамоми ҷаҳонро такон доданд ва эътирози ҳамагонро барангехтанд. Ин ҳодисаи хунин ба ҳамаи мо нишон дод, ки дар набудани амният, субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, намешавад дар бораи шукофонӣ ва тараққиёт ҳарф зад. Дар шароите, ки ҷаҳонро «хабарҳои дурӯғ» ва суиистифодаи ғаразнок аз вазъияти Шинҷон фаро гирифта буд, ҳукуматдорони ин ноҳияи худмухтор, фишорҳоро бо сабру таҳаммул паси сар намуда, чораҳои заруриро мутобиқи қонун қабул карданд. Онҳо натанҳо бар зидди қонунвайронкуниҳо мубориза бурданд, балки фаъолона роҳҳои пешгирии даҳшатафканӣ, ифротгароӣ ва терроризмро пайдо намуда, бад-ин васила, ба муваффақиятҳои калон дар соҳаи идораи давлатӣ дар Шинҷон ноил шуданд.

Қобили хушҳолӣ ин аст, ки дустони русӣ, намояндагони гуногуни ҷомеаи маданӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Русия ин ҳодисаҳоро дуруст дарк ва баҳогузорӣ  менамоянд. Мисоли ин амал мақолаҳои хабарнигорони русӣ мебошанд, ки баъд аз боздиди Шинҷон ва марказҳои бозтарбия ва касбомӯзӣ навишта шудаанд ва дар ШМА ва кишварҳои Ғарбӣ ин марказҳоро бо сабабҳои ғаразолуд «урдугоҳҳои шиканҷа» ном мебаранд.

Чунин марказҳо бахотири он кушода шудаанд, ки бо роҳи инсондустона, роҳе ки худи сокинони Шинҷон дар тӯли мубориза бо терроризм ва тафаккури ифротгароӣ, интихоб намуда буданд, идеологияи ифротгароӣ комилан аз байн бурда  шуда, усулҳои волоияти қонун ва маърифат тавсиа пайдо намоянд. Донишу малакаи касбӣ, ки дар ин марказҳо омӯзонда мешаванд, имконияти бо ҷойи кор таъмин карданро фароҳам оварда, ба шахсоне, ки таҳти нуфузи тафаккури ифротгароӣ ва террористӣ қарор доштанд, ёрӣ менамояд, ки ба зиндагии одии ҷамъиятӣ боз гарданд.

Бо дарназардошти ҳамаи ин шароитҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм, барномаи дарсӣ таҳия гардид, ки ҳадафи он омӯзиши забони давлатӣ, қонунҳо, малакаи касбии техникӣ ва асосҳои зидди ифротгароӣ мебошад. Ҳангоми гузаронидани ин дарсҳо ягон хел «поймолкунии ҳуқуқи инсон» вуҷуд надорад. Донишомӯзон, баъд аз касби дараҷаи муайян, курсҳои омӯзиширо хатм намуда, ба зиндагии одӣ боз мегарданд. Марказҳои тарбиявӣ ва касбомӯзӣ ягон шабоҳате ба “урдугоҳҳои шиканҷа” надоранд, ки дар кишварҳои Ғарбӣ аз онҳо ном мебаранд. Дар ин марказҳо онҳо ягон хел бадрафторӣ ва ё хунрезӣ вуҷуд надорад. Баръакс, бештари хатмкунандагони ин марказҳо бо истифода аз малакаҳои касбӣ, ки дар марказҳо ба даст оварданд, ба зиндагии бофароғат ва хушбахтӣ ноил гаштанд.

Ҳукумати марказии Хитой ба таври ҳамеша ба масъалаҳои озодии виҷдон барои сокинони маҳаллӣ диққат дода, барои ҳимояи он иқдомҳои зарурӣ меандешад. Дар Шинҷон масҷидҳо, калисоҳои насронӣ, ибодатгоҳҳои бутпарастон ва даоссҳо- дар маҷмуъ 25 ҳазор масканҳои динӣ мавҷуд буда, теъдоди руҳониёни бонуфуз дар ҳудуди 30 ҳазор нафар ва миқдори мадрасаҳои исломӣ 10 адад мебошанд.

Фарҳанги бошукуҳи анъанавии миллатҳои хурд зери ҳимоя қарор дошта, доиман дар ҳоли рушд мебошад. Фарҳанги ҳазорсолаи мусиқии дувоздаҳмақоми уйғурӣ, эпоси қирғизии “Манас” ба рӯйхати осори фарҳанги инсонии ЮНЕСКО дохил шудаанд. Забони хаттӣ ва гуфтугӯйии уйғурӣ ба таври васеъ дар мақомотҳои маҳаллии давлатӣ ва адлия, маориф, воситаҳои ахбори омма, табъу нашр, радио-телевизион, интернет ва зиндагии ҷамъиятӣ истифода мешавад.

Дар гузаштаи Шинҷон ҳам шукуфонӣ буд, ки бо Шоҳроҳи бузурги абрешим вобастаги дошт ва ҳам солҳои сахти хунрезӣ ва бетартибиҳо. Халқи Шинҷон нағз медонад, ки чӣ мехоҳад, чиро интихоб мекунад ва чиро намехоҳад.

Чжан Ханхуэй

Таҳияи

Наҷмиддин ШОҲИНБОДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь