Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар раванди рушди бемайлони иқтисодиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шиносоӣ аз фарҳангу тамаддуни кишвари ҳамсоя як гуруҳ рӯзноманигорон ба кишвари Ӯзбекистон сафар карданд, ки дар миёнашон камина низ ҳузур доштам ва сафари мо ба вилояти Сурхандарё иктифо шуд.

Вилояти Сурхандарё дар ҷануби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир буда, аз шимол ба ҷануб бо қаторкӯҳҳои Ҳисор пайваст аст. Иқлимаш субтропикӣ буда, тобистонаш то 44-46 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Вилояти мазкур 6-уми марти соли 1941 таъсис ёфта, масоҳаташ 20 ҳазор метри квадратӣ буда, бо Ҷумҳурии  Тоҷикистон 341 км, бо кишвари Афғонистон 143 км ва бо Туркмнистон 93 км. марзи муштарак дошта, марказаш шаҳри Термиз аст.

Дар ин макон дар давраҳои мухталиф шахсиятҳои маъруф зиндагӣ намуда, бо ҷасорату матонат ва тафаккури созандаи хеш барои рушди ҳамаҷонибаи ин минтақа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинонаш ҳиссагузорӣ намудаанд. Яке аз онҳо Абӯ Абдуллоҳ ибн Алӣ ибни Ҳасан ибни Ҳаким Тирмизӣ  буда, муаллифи 400 китоб мебошад, ки то имрӯз 60 адад китобаш дастрас маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ноҳияи Шеробод мақбарае бо номи Имом Тирмизӣ ҷойгир аст. Абӯ Исо Имом Тирмизӣ бошад, соли 824 таваллуд ёфта, соли 892 вафот кардааст.

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари Ӯзбекистон ҷиҳати муаррифии дастовардҳои ҳарду мамлакат дар заминаи шартномаву созишномаҳои миёни сарони ду давлат ба имзо расида, гуруҳи кории журналистон аз корхонаҳои саноатӣ, иҷтимоӣ, мавзеъҳои таърихӣ, маконҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар ҷойҳои зебоманзари вилояти Сурхондарё боздид ба амал оварданд.

Дар навбати аввал гурӯҳи кории рӯзноманигорон дар ноҳияи Деҳнави Вилояти Сурхандарё бо фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон “Сомон-Тӯрон” ва “Регтер” боздид ба амал оварданд. Дар ин корхонаҳо коркарди офтобпараст ва маводи хӯрокворӣ бо техникаву технологияи муосир роҳандозӣ карда шудааст. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 30 нафар сокинони маҳалӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, дар як шабонарӯз то 4 тонна офтобпараст коркард мегардад.

Инчунин аъзои гуруҳи корӣ ба макони таърихии мақбараи Хоҷа Аттори Валӣ, ки дар ноҳияи Деҳнав мавқеъ дорад, ташриф оварданд. Дар ин ҷо меҳмонон бо ҳаёт ва зиндагономаи ин шахси бузург ва таърихӣ ошно гардиданд.

Дар ҷараёни сафар дар ноҳияи Деҳнав рӯзноманигорон аз муассисаи таълимии рақами 50, ки таълимоташ бо забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст, дидан намуданд. Шумораи толибилмони ин даргоҳи илму адаб 1250 нафарро ташкил медиҳад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис мунтазам аз тарафи масъулини  вилоят ва ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дорад.

Дар доираи сафар бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз таъриху тамаддуни сокинони ин минтақа рӯзноманигорон аз маҷмааи таърихии  Ҳаким Ат – Тирмизӣ дидан намуданд. Ин макон 5 км дуртар аз шаҳри Термиз дар соҳили Амударё қомат афрохтааст. Ҳамарӯза бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо таърихи қадимаи ин маҷмаа ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд. Дар маҷмааи мазкур қабри Ҳаким Ат – Тирмизӣ, чиллахонаҳо ва осорхона мавҷуданд.

Дар ҷараёни сафар рӯзноманигорон аз ҶСК “Шеробод текстил инвест” боздид ба амал оварданд. Корхонаи мазкур бузургтарин иншооти саноатӣ дар вилояти Сурхондарё ба ҳисоб меравад. Дар ҶСК “Шеробод текстил инвест” пахта коркард гардида, шумораи кормандонаш 1200 нафаро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Термиз ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати махсус равона гардидааст. Дар ин замина барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ як қатор меҳмонхона ва мавзеъҳои фароғатӣ амал мекунад. Меҳмонхонаи панҷситорадори “Термиз Плейс” дар ин минтақа яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар робита ба рушди соҳаи иқтисодиёт дар шаҳри Термиз фаъолияти маркази озоди иқтисодӣ дар назар аст. Дар раванди фаъолияти ин марказ барои тоҷирон ва сокинони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам мегардад. Дар ҷараёни сафар рӯзноманигорон ба Донишгоҳи давлатии Термиз ташриф оварда, бо фаъолияти имрӯзаи ин даргоҳи илму маърифат ошно гардиданд. Дар донишгоҳи мазкур 14 факулта ва 44 кафедра амал намуда, шумораи умумии донишҷуён 23 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Донишгоҳи давлатии Термиз барои донишҷӯён шароити муосири таълиму тадрис фароҳам буда, хобгоҳи замонавӣ амал менамояд. Ҳамзамон, барои донишҷӯёни тоҷик кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ ташкил карда шудааст. Вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар миқёси ин мамлакат яке аз минтақаҳои пешрафта ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди босуботи тамоми соҳаҳо таваҷҷухи хоса зоҳир мегардад. Мақсад аз ташкил ва роҳандозии ин сафари корӣ низ тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ба шумор рафта, дар раванди рушди бемайлони иқтисодиёти ҳар ду мамлакат саҳми бориз дорад.

Барои пазироии самимона ва ташкили сафари корӣ ба роҳбари Шуъбаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Назаров Рустам, муовини сардори Кумитаи сайёҳии вилояти Сурхондарё Ибрагимов Шуҳрат Саидович, муовини ҳокими шаҳри Термиз оид ба корҳои иқтисоди беруна Амонов Шуҳрат Санаевич ва корманди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳасанов Ғолибшоҳ аз номи аъзои гуруҳи корӣ арзи сипос менамоям!

Субҳиддин Солиев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь