Оғоз
Маҳатма Гандӣ заминагузори истиқлол ва озодии Ҳиндустон бо муборизоташ барои таъмини сулҳу осоиш ва устуворӣ дар ҷаҳон машҳур аст. Гандӣ ин ин бовар аст, ки сулҳ пойдор метавонад фақат дар муҳите ба вуҷуд ояд, ки дар он муҳит ҳақиқат ва одолат барқарор бошад. Маҳатма Гандӣ ҳамеш барои ҳалли низоъ тавассути сулҳ ва расидан ба як консенсус тавассути мубориза бо ноамнӣ, беодолатӣ ва ғайра таъкид менамуд.
Консепсияи Ганди дар бораи Сатяграха ва Ахимса дар хуни ҳар як раҳбари Ҳиндустон мавҷуд аст. Ҳиндустон ҳамчун кишвари демократӣ бо аҳолии зиёд дар ҷаҳон ташаббусҳои муҳимро раҳбарӣ ва амалӣ менамояд. Дурнамои Ҳинд ҳамчун кишвари сулҳпарвар дар корҳои байналмилалӣ бо рушди иқтисодиву амбитсияҳои бузург идома меёбад.
Сиёсати бунёдии Ҳиндустон, ки бар асоси омӯзаҳо ва фалсафаи сулҳҷӯёнаи Маҳатма Ганди асос ёфтааст, имрӯз бо сарварии Нерандра Модӣ идома дорад. Ҳукумати иттифоқи миллии Демократӣ бо сарварии Ҳизби Бҳартия Ҷанта (BJP), ки раисаш сарвазир Нарендра Модӣ аст, дар тӯли нӯҳ соли охир дар саросари ҷаҳон барои сулҳу субот барнома ва корҳои зиёдеро анҷом додааст.
Ҳадафи сулҳҷӯёнаи Нерандра Модӣ барои таъмини сулҳ дар ҷаҳони ҷангзада, пас аз ин ки дар соли 2014 ба қудрат расид, бо даъвати раиси Ҷумҳурии халқии Чин Си Ҷинпин ба Ҳиндустон барҷаста шуд, ки ин ду кишвар ихтилофоти бунёдии сиёсӣ бо ҳам доранд. Ин бори аввал буд, ки роҳбари олии Чин пас аз даҳ сол ба Ҳиндустон даъват карда шуд.
Нерандра Модӣ – сарвазири Ҳиндустон дар 9 соли ахир ба беш аз 124 кишвари ҷаҳон сафар кард ва талоши асосиаш устувор намудани нақши Ҳиндустон барои таҳкими сулҳ дар саросари ҷаҳон мебошад. Аввалин сафари ӯ ба Бутан нишондиҳандаи он аст, ки ӯ аҳамияти хос ба кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, сулҳу дӯстӣ ва оромӣ паёми асосии сиёсати имрӯзии ин кишвар аст.
Боздиди муваффақонаи сарвазир Модӣ аз шаҳри Ню-Йорки ИМА ва мулоқот бо президенти ИМА саҳифаи нав дар таърихи муносибатҳои Ҳиндустон ва ИМА аст. Сафари Модӣ ба ИМА ҳам дар замони президентии Барак Обама ва ҳам дар замони президентии Доналд Трамп ва Ҷон Байден баёнгари ҳузури пуранги Ҳинд дар муносиботи байналмилалист ва ҳадафаш эҷоди фазои сулҳомез бо кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ташаббусҳои асосии сарвазир Модӣ
Ташаббуси аҷиби сарвазир Нерандра Модӣ эълом кардани рӯзи байналмилалии Йога мебошад. Баргузории Рӯзи байнулмилалии йога, ки аз ҷониби сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ зимни суханронии худ дар иҷлосияи 69-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 27 сентябри соли 2014 пешниҳод шуда буд, аз ҷониби 175 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфта, аз 21 июн ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Дабири кулли вақти СММ Бан Ки Мун, ки ҳангоми суханронӣ дар таҷлили соли аввали Рӯзи байнулмилалии йога, йогаро ҳамчун воситаи наздик кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва овардани сулҳ барои башарият ситоиш кард.
Сарвазир Модӣ дар барномаи радиои «Манн Ки Баат» Ҳиндустонро ҳамчун “фиристодаи сулҳ” тавсиф кард ва афзуд, ки ин кишвар ҳамеша тавассути намояндагиҳои СММ дар саросари ҷаҳон дар роҳи сулҳ, ваҳдат ва ҳамоҳангии ҷаҳонӣ саҳм гузоштааст. Ҳиндустон дар ҷои сеюми саҳмгузории СММ аст. Ҳиндустон аз миссияҳои посдори сулҳ, ки ҳудуди 7000 нафар аз кормандони амниятии он дар самтҳои гуногун, дар саросари ҷаҳон сафарбар шудаанд, ҳимоят мекунад. Илова бар ин, неруҳои Ҳинд дар кишварҳое, ки ҷойгиранд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хадамоти амниятӣ ва тиббӣ расонидаанд.
Масъалаи Афғонистон ва Ҳинд
Ҳиндустон аз ҷумлаи муҳимтарин кишварҳест, ки ҳамеша барои Афғонистон кӯмак мекунанд ва донори беҳтарин дар ин самт ба ҳисоб меравад. Дар ду даҳсоли ахир барои Афғонистон беш аз 3 миллиард доллар масраф кардааст ва дар нишастҳои байналмилалӣ аз амнияти минтақа пас аз ба қудрат расидани гуруҳи террористии Толибон ҳушдор дода, дархост кардааст, ки аз Афғонистони демократӣ бояд ҳимоят шавад. Ҳиндустон аз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳимоят мекунад ва мавқеи худро дар платформаҳои байналмилалӣ содиқона изҳор менамояд. Бар ин нукта таъкид мекунад, ки бидуни ҳукумати қонунӣ ва с демократӣ сулҳи пойдор дар Афғонистон ва минтақа нахоҳад омад.
Сарвазир Модӣ ва ҷанги Русияау Украина
Аз оғози муноқишаи Украина ва Русия Ҳиндустон возеҳ гуфтааст, ки ин баҳсро танҳо тавассути муколама ва дипломатия ҳал кардан мумкин аст. Сарвазир Модӣ ошкоро таъкид намуд, ки “Ҳиндустон комилан омода аст, ки дар ҳама гуна раванди сулҳ ва ҳалли як масъалаи муштарак саҳм гузорад. Нишасти матбуотӣ бо Ҷорҷия Мелони, сарвазири Италия дар баробари гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки роҳи ҳалли низоъ вуҷуд надорад. Мавқеи беназири Деҳлии Нав дар арсаи ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки сарвазир Нарендра Модӣ ба як сулҳҷӯи калидӣ табдил ёбад.
Ҳиндустон ҳамчун хабарнигори ҳамоҳанг
Бузургтарин демократия дар ҷаҳон, ки бар дипломатияи ҷаҳонӣ дар G20 роҳбарӣ мекунад, фалсафаи қадимаи ҳиндии “Васудева Кутумбакам” (ҷаҳон як оила аст) барои бунёди экосистемаҳои устувор дар баробари муҳити мусоиди сиёсии сулҳомезро ба вуҷуд овард.
Сарвазир Модӣ дар эъломияи G20 дар соли 2023 дар бораи ҷанги Русия ва Украина даъват кард, ки “касри эътимоди ҷаҳонӣ” хотима ёбад. Эъломияи G20 ва Ҳиндустон, ки “давраи имрӯз набояд ҷанг бошад”, далели ин гуфтаҳост. Эъломияи G20 ва Ҳиндустон аз ҳама давлатҳо даъват мекунад, ки принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла тамомияти арзӣ ва истиқлолиятро барои “сулҳи ҳамаҷониба ва пойдор дар Украина” риоя кунанд. “Сарвазир дар суханронии худ гуфт, ки мо кавл додем, ки баҳри ояндаи беҳтар, гулгулшукуфон ва мутаносиб якҷоя кор кунем. Даъват намудани ҳамаи аъзои G20 барои қабули Иттиҳоди Африқо ба мизи иқтисодҳои ҷаҳон боз як иқоми сарвазир Модӣ барои ҷаҳони осоишта ва дӯстона мебошад.
Сарвазир Модӣ Исроил – Ҷанги Ҳамос
Дар таърих Ҳиндустон имтиёзи як кишвари бузурги ғайриараб ва ғайримусулмон буд, то талаби Фаластин барои давлати мустақилро дастгирӣ кунад. 7 октябри соли 2023 Исроил ба ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳамос ба далели кушта шудани даҳҳо ғайринизомиён мавриди интиқод қарор гирифт ва амалҳои даҳшатноки Ҳамосро танқид кард. Вай дастгирии бечуну чарои Ҳиндустон аз Исроилро изҳор дошт.
Вале дар айни замон Ҳиндустон дар бораи дар он тарафи сарҳад талаф ёфтани одамони осоишта, ба таври баробар ғамхорӣ мекард. Вай афзуд, Ҳиндустон то ҳол ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, мустақил ва тавонои Фаластин ва ҷонибдори кори Фаластин аст. Дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, дар ҳар ҷое, ки ба сулҳ таҳдид мекунад, Ҳиндустон даъват мекунад, ки сулҳ барқарор карда шавад. Ҳиндустон аз Исроил ва Фаластин даъват кардааст, ки хушунатро рад кунанд. Ҳиндустон изҳор дошт, ки “Мо аз ҷонибҳо даъват мекунем, ки шиддатро коҳиш диҳанд, аз хушунат даст кашанд ва барои фароҳам овардани шароит, барои зудтар аз сар гирифтани музокироти мустақими сулҳ талош кунанд”.
Дар ҷамъбасти мавзӯъ метавон гуфт, ки нақши Сарвазир Модӣ ҳамчун роҳбари кишвари сулҳовар дар ҷаҳони ҷангзадаи имрӯза аз ҷониби бисёре аз раҳбарони ҷаҳон ситоиш ва эҳтиром мешавад ва ҳамеша аз ҷониби сарони ҷаҳон барои ҳалли мушкилтарин ва душвортарин масъалаҳо эҳтиром гузошта шудааст.
Некмуҳаммад Ниёзӣ