Вақте ба сафар мебароем, ҳар яки мо мақсади муайяне дорем. Албатта, мехоҳем бо маконҳои нав ва урфу одатҳои халқе ё миллате шинос шуда, ҷаҳонбинии худро вусъат диҳем. Маҳз бо ҳамин мақсад ман ба Ҷопон раҳсипор шудам. Айни замон баробари таҳсил дар ин кишвари афсонавӣ ба гӯшаҳои мухталифи он сафар намуда, бо фарҳанги пурғановати ин миллат аз наздик шиносоӣ дорам.
Ҷопон аз 47 музофот, 4 ҷазираи калон ва беш аз 7000 ҷазираҳои хурд иборат буда, аҳолияш беш аз 125 миллион аст. Тӯли қарнҳо он кишвари кашфношуда буд ва танҳо дар асри XVI аврупоиҳо онро кашф намуданд.
Беппу шаҳри онсенҳо
Дар Япония беш аз 780 шаҳр ҷойгир шудааст. Шаҳре, ки ман зиндагӣ дорам, Беппу ном дошта, ҳатто худи ҷопониҳо орзу доранд, ки лоақал боре ба он ҷо сафар кунанд. Ин шаҳри на он қадар калоне, ки ҳамагӣ 120 ҳазор аҳолӣ дорад, соле то 11 миллион сайёҳро ба худ ҷалб менамояд. Cабаби асосӣ мавҷудияти “онсенҳо” (гармчашмаҳои табиӣ) мебошад. 8%-и гармчашмаҳои Ҷопон дар Беппу ҷойгир буда, ба ҳисоби миёна дар як дақиқа 80000 литр об аз он ҷорӣ мешавад. Зимни гаштугузор дар шаҳр аз ҳар як кунҷи он дуди бузурге ба фазо мепечад, ки он буғи гармчашмаҳост. Ҳар як чашма хусусияти ба худ хоси шифоӣ дорад. Шумо метавонед бо пардохти 10 сомонӣ низ ба онсен даромада, оббозӣ кунед.
Шиносномаи боқурбтарини дунё
Оё медонед, ки дар дунё боқурбтарин шиноснома ин шиносномаи ҷопонӣ аст. Зеро шаҳрвандони Ҷопон метавонанд бо шиносномаашон ба 193 давлати дунё бидуни виза (иҷозатнома) сафар кунанд. Дӯсти ман Кентаро низ сайру сайёҳатро дӯст медорад. Вай ба чанде аз кишварҳои Аврупо, инчунин Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, ИМА, Австралия, Тайван ва Корея сафар намудааст.
Кентаро Йокошима 21-сола аст ва дар соли сеюми риштаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ором (APU) таҳсил мекунал. Ӯ зодаи музофоти Ибараки буда, падараш дорусоз ва модараш корманди хонаи пиронсолон мебошанд. Боре аз ӯ суол кардам:
– Чӣ маълумоти ҷолибе оид ба фарҳанги ҷопониён гуфта метавонӣ?
– Бо таассуф мехоҳам зикр кунам, ки дар ҷомеаи муосири мо инсоният кам шуда истодааст. Одамон ҳатто бо ҳамсояҳои худ рафтуомад надоранд ва тарзи зиндагии эгоистиро пеша намудаанд. Ин омил торафт дар Ҷопон бештар шуда истодааст… – гуфт ӯ.
Тоҷикон дар Ҷопон
Айни замон тахминан 50 нафар донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои мухталифи Ҷопон ба таҳсил машғуланд. Дар шаҳраке, ки ман зиндагӣ мекунам, 5 донишҷӯи тоҷик тибқи барномаи давлатӣ барои таҳсил омадаанд. Аммо шаҳрвандони Ӯзбекистон тахминан 50 нафар мебошанд. Онҳо дар баробари таҳсил кор карда, хароҷоти таҳсилу зиндагии худро мебароранд. Ба ин хотир, вақте мегӯям, ки аз Тоҷикистонам, бори дуюм саволашонро такрор мекунанд ва аксарияташон таъкид мекунанд, ки номи кишвари моро аввалин маротиба мешунаванд. Аммо ҳамсоякишварҳои моро медонанд.
Дар масчиди Беппу
Кюшю (ё ба ибораи русии Кюсю) сеюмин ҷазираи бурузгтарини Ҷопон буда, беш аз 12 миллион аҳолӣ дорад. Дар ин ҷазира 4 масҷиди мусулмонӣ фаъолият дорад. Яке аз онҳо дар шаҳри Беппу аст.
Хоҳишмандон метавонанд ба ин ҷо омада, тоату ибодат кунанд, китоб хонанд, об нӯшанд, истироҳат намоянд, тавассути Wi-fi ба интернет ворид шаванд ва бо ҳамдигар шинос шуда, ҳамсӯҳбат шаванд. Масҷид аз чор ошёна иборат буда, ҳуҷраҳои занона ва мардона аз ҳам ҷудоянд. Имоми масҷид Алтаф Хан мегӯяд, ки масҷид маҳз бо пешниҳоди донишҷӯён соли 2009 таъсис ёфт. Дар Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ором беш аз 500 нафар донишҷӯёни мусулмон таҳсил мекардаанд.
Ғизо фарҳанги ҷудонопазир
Ҷопониҳо дар бораи ғизо сӯҳбат карданро хеле дӯст медоранд. Устодон низ пеш аз оғози дарс метавонанд пурсанд, ки имрӯз барои субҳона ё нимарӯз чӣ хӯрда будед. Пас аз анҷоми курсҳо ҷамъомади устодону шогирдон дар тарабхонаҳо одати муқаррарист. Ҷопониҳо бештар маҳсулоти баҳрӣ, обсабзҳо ва биринҷро истифода мебаранд. Албатта, “сушии ҷопонӣ”, ки бо биринҷ ва моҳии хом омода мешавад, дар тамоми дунё машҳур аст.
Яке аз сабабҳои асосии дарозумрии ҷопониён аз истеъмоли ғизои солим ва камнамак маншаъ мегирад. Ҳамзамон, дар ороиши дастархон ва тарзи пешниҳоди ғизо ҷопониҳо маҳорати хос ва завқи баланди эстетикӣ доранд. Онҳо ҳамеша маҳсулоти баландсифат ва тару тозаро истифода мебаранд. Беш аз 1000 навъ биринҷи ҷопонӣ мавҷуд буда, кишту кори онро давлат назорат мебарад, то аз меъёр зиёд набошад ва нархаш як хел боқӣ монад. Биринҷ, ки ба забони ҷопонӣ “гоҳан” тарҷума мешавад, дар як вақт маънои “хӯрок”-ро низ дорад.
Сиёсати муҳоҷират ва паноҳандагӣ дар Ҷопон
Новобаста аз он, ки Ҷопон нисбат ба қабули муҳоҷирон ва паноҳандагон сиёсати маҳдуд дорад, вале сол то сол хоҳишмандоне, ки мехоҳанд дар ин кишвар кору зиндагӣ намоянд, меафзояд. Масалан, соли 2017 19,6 ҳазор дархост барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ ба ҳукумати Ҷопон ироа гардид, вале аз ин шумора ҳамагӣ 20 нафар мақоми паноҳандагиро дарёфт намуданду халос. Аммо соли охир дар пасманзари воқеоти маълуми Россия ва Украина барои украиниҳо гирифтани мақоми гуреза дар Ҷопон каме осонтар гардид. Ҳатто дар шаҳраки хурди мо низ тахминан 20-25 паноҳандаи украинӣ омаданд.
Сафар тавассути киштӣ
Сафари якҳафтаинаи худро аз минтақаи Кансай, ки шаҳрҳои муҳимтарини сайёҳии Ҷопон – Осака, Киото, Нара ва кӯли Бива дар он ҷо воқеъанд, оғоз намудам ва ба шаҳри зебоманзари Кобе раҳсипор шудам. Субҳ ба ин шаҳр расидам ва тасмим гирифтам, ки давоми рӯз сайругашт карда, шом ба шаҳри худам бармегардам. Аз ин рӯ, барои автобус билет харидам. Ба сайругашти шаҳр шуруъ намудам, вале ногаҳон хабар ёфтам, ки аз Кобе ба ҳамсояшаҳри мо – Оита ин бегоҳ киштӣ ҳаракат мекардааст ва ҳатто нархаш каме арзонтар аз автобус аст. Ман, ки то ҳоло тавассути нақлиёти обӣ дар сафари дуру дароз набудам, хостам бо киштӣ сафар намоям. Дар он дар муқоиса бо автобус, ки нимхобу нимбедор шабро рӯз мекунӣ, метавонӣ роҳат хоб равӣ. Аммо дар фикри он будам, ки чӣ тавр бозпас билетамро супорам. “Шояд ҷаримааш бисёр бошад”, меандешидам ман. Аммо хушбахтона ба ивази 100 йен (7 сомонӣ) ҷарима билетамро бозпас гирифтанду пуламро доданд. Зуд тавассути интернет билети киштиро “booking” (фармоиш) намудам.
Кобе аҷаб шаҳри зебо ва тозаю озода аст. Масҷиди зебо, дайру маъбадҳо, квартали аврупоиён -Китано, ки асри XIX ба хотири бунёд гаштани бандари калон дар Кобе бунёд намуданд, боғи дилкушои Соракуен, Шаҳраки чинӣ ва Кӯпруки Венусро тамошо намудам. Сипас, тавассути метро ба ҷазирае, ки дар он бандари баҳрӣ воқеъ аст, омадам. Билетамро ба даст гирифтам ва пас аз ним соат бақайдгирӣ сар шуд. Ниҳоят, ба сафинаи бузург, ки GOLD Sun Flower ном дорад, дохил шудам. Бо суруди англисии «Sun Flower», ки гимни ширкат аст, мусофиронро пешвоз гирифтанд. Кас эҳсос ҳам намекунад, ки дар дохили киштӣ аст, зеро он меҳмонхонаи бузургеро мемонд. Дар даромадгоҳ супермаркет, дар кунҷе тарабхона ва дар се ошёна ҳуҷраҳо ҷойгир буданд. Аслан киштӣ имконияти ғунҷоиши 700 нафарро дорад, аммо айни замон 150 мусофир дар он қарор доштанд. Дар киштӣ Wi-fi, ҳаммом, бассейн бо усули SPA, ҳуҷраи кӯдакона, ресторан ва дигар шароитҳо барои мусофирон муҳайё буд. Баробари ба ҳаракат даромадани киштӣ мусофирон ба тановули ғизо сар карданд. Қисме дар навбат истода буданд, то аз тарабхонаи киштӣ, ки бо усули “шведский стол” (бо нархи 1200 йен ё 100 сомонӣ) хӯроки шом хӯранд. Қисме чизҳои бо худ овардаашонро дар назди равзанаи киштӣ ё ҳуҷраи махсус мехӯрданд. Субҳона бошад, 40 сомонӣ арзиш дошт.
Ба ҳуҷраи худ ворид шудам. Ба ҷойи 12 нафар ҳамагӣ 3 мусофир дар он будем. Ҳамраҳонам Макото аз Осака ба хотири иштирок дар марафон ба Оита сафар доштаанд. Ҳамсафари дигарам ҳатто ба салом ҷавоб надода, пурра сараш ба телефон хам буд ва давоми сафар боре надидам, ки аз телефон сар боло карда бошад. Ба саҳни киштӣ баромадам. Каме бо Такаюки ном омӯзгор ҳамсуҳбат шудам. Вай афзуд, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аст ва дар Оита кор мекунад. Аз он ҷиҳат сафарро тавассути киштӣ афзалтар медонад, зеро ҳам нархаш арзон асту ҳам вақташ мусоид. Субҳ пас аз тановули субҳона барои фаромадан омода шудам. Гимни киштӣ садо медод. Ба автобус нишаста, ба вокзали роҳи оҳан рафтам ва тавассути поезд ба шаҳри худ расидам. Каме хаста шуда бошам ҳам, дар умум аз сафари худ қаноатманд будам.
Ҷопон кишвари идеалӣ нест, вале…
Ҷопон сарзамини хеле зебою дилкаш аст ва одамонаш низ меҳрубонанд. Аммо чун ҳар як ҷомеаи дигаре аз камбудиҳо низ орӣ нест. Ба андешаи ман, дар бисёр мавридҳо барои ҷопониҳо кор назар ба омилҳои дигари инсонӣ муҳимтар аст. Онҳо ба кор тамоми ҳастии худро мебахшанд. Ончунон саргарми кор мешаванд, ки барои бунёди оила низ вақт намеёбанд. Тибқи маълумоти интернетӣ дар ин кишвар оҷонсие ҳаст, ки ба Шумо хизматрасонии “оилаи иҷоравӣ”-ро пешниҳод месозад. Масалан, ба муддати як рӯз Шумо ба худ зану кӯдаконро фармоиш медиҳед ва онҳо давоми рӯз ҳамчун узви оилаи шумо ҳамроҳатон сайругашт мекунанд ва шумо хушбахтии оилавиро эҳсос мекунед. Актёрони ширкат нақшҳои худро бо маҳорати хос иҷро месозанд.
Ҳамзамон, Ҷопон кишвари бюрократӣ буда, барои иҷрои як амали одие метавонанд аз шумо чандин ҳуҷҷатро талаб намоянд. Онҳо пурра аз рӯйи барномаи қаблан тарҳрезишуда кор карда, ҳатто агар ба манфиати кор бошад ҳам, аз он берун намешаванд. Маҳорати эҷодкорӣ ва суханварӣ дар онҳо кам дида мешавад. Зиндагӣ дар Ҷопон бидуни донистани забони ҷопонӣ мумкин аст, вале душвор.
Бо вуҷуди он Ҷопон кишварест бо табиати афсункор, дорои тамаддуни хос, ғизоҳои болаззат ва мардумони нексиришт. Онҳо урфу одатҳои миллии худро эҳтиром ва ҳифз мекунанд ва аз дигарон низ хоҳиш менамоянд, ки ба фарҳанги онҳо арҷ гузоранд.
Насрулло ТУЙЧИЗОДА,
Ҷазираи Кюсю, Ҷопон.