Ҳамасола 10 –уми декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Мақсади таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон– ин ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар фард мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид, ки ба қабули он имсол расо 76 сол пур мешавад.
Бояд қайд намуд, ки баъди Ҷанги 1-уми ҷаҳон ва содир шудани ҷиноят дар муқобили миллионҳо аҳолии осоишта дар сайёраи Замин ва хосатан куштори беш аз якуним миллион мардуми арманитабор, поймол гаштани ҳаққу ҳуқуқҳои инсон дар замони ин ҷанг, ҷомеъаи ҷаҳониро бетараф намегузошт. Баъди ин ҷанг ва замони амали созмонҳои байналмилалие чун Лигаи миллатҳо кишварҳои зиёди олам ва зиёиёни тарақкипарвару башардӯсти олам сари ин масъала андеша мекарданд.
Ахиран Ҷанги 2-юми ҷаҳон ва куштори даҳшатноки миллионҳо нафар инсонҳо ва нақзи ҳуқуқи миллатҳо дар бисёре аз кишварҳои олам ба он оварда расонид, ки санаи 9-уми декабри соли 1948 бо қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ Конвенсия «Оиди пешгирии геносид ва ва ҷазо барои он» қабул гардад.
Дар ҳамин асос ва азоби рӯҳиву ҷисмонии насли инсон, ки дар замони ин ҷангҳо чашида буд, ахиран СММ ва кишварҳои оламро ба қабули ҳуҷҷати муҳимтарин дар таърихи инсоният водор намуд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон – яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода карда шудааст.
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад, ки соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён- шоҳ Куруш қабул гардидааст. Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон омада расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» (лӯла) низ машҳур буда, дар шакли гилнавишти лӯламонанд тартиб дода шуда, дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ баръало таҷассум ёфтааст.
Аввалин поягузорони асосҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар таърихи инсоният аҷдодони мо буданд ва мо ифтихор аз он дорем, ки аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ҳанӯз 2500 сол пеш, аниқтараш соли 539 пеш аз милод аз тарафи Куруши Кабир ба оламиён эҳдо гардида буд.
Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд. Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодашавии онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба чашм мерасад.
Пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар “Тоҷикон” чунин қайд менамояд: “Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Ҳахоманишҳо Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ӯро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо фарди бузурги давлат ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номида буданд”.
Ҳамин тариқ, Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир нахустсанадест дар таърихи низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва татбиқи он. Ин ҷо таваҷҷӯҳи Шуморо ба матни Эъломияи Куруши Кабир, ки ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорист, ҷалб менамоем: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад». Бояд гуфт, ки таъсири ин Эъломияи ҷадди бузургамонро дар давлатдориҳои баъдинаи мардуми порситабор метавон баръало мушоҳида намуд. Масалан, он дар давлатдории бузурги Сосониён ба хуби эҳсос мешавад.
Дар ин асос дар чунин сарчашмаи боътимоде, ки аз ҳуқуқшиносони замони шоҳаншоҳии Сомониён ба ёдгор мондааст ба мисли «Мотикони ҳазор додистон» (ҳазор қарори судии замони Сосониён) метавон мисол овард, ки беш аз 1500 сол қабл аз ин, дар давлатдории мардуми мо нисбат ба ҳуқуқи инсон, зану мард, ҳақу ҳуқуқи атфол, оила, манзил, моликият, ҳифзи ҳаёти инсон ва дигар бахшҳои зиндагии шаҳрвандон арҷи баланде гузошта мешуд ва дар қонунгузориҳои ҷиноӣ, оилавӣ ва мадании он давра ҳуқуқшиносон ва давлатмардони шоҳаншоҳии Сосониён ба ин арзишҳои баланди инсонӣ диққати аввалиндараҷа медоданд. Росташро гӯям баъди шиносоӣ бо чунин маъхазҳои бузурги ҳуқуқии ниёгонамон шахс ба тааҷҷуб низ меояд, ки наход чунин қонунномаҳоеро чун «Мотикони ҳазор додистон» миллати мо беш аз 1500-1800 сол пеш дар ҳаёти зиндагии ҳамарӯзаи худ ба кор бурда бошад. Бархе аз моддаҳои ин қонунномаро вобаста ба парвандаҳои маданӣ ва ҳатто ҷиноӣ имрӯз низ метавон ба хуби истифода ва корбаст кард. Фикр мекунам, ки ҳамаи ин таъсирот ба империяи Сосониён ва сарчашмаҳои қонунгузории имперяи давр, пеш аз ҳама маъво аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мегирад.
Эъломияи хуқуқи Куруши Кабир дар рушду инкишофи ҳуқуқи империяи Рими қадим низ сахт таъсиргузор будааст.
Дар ин эъломия се арзиши демократӣ – озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун мундариҷа истифода шуда, барои тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
Принсипҳои Эъломияи Куруши Кабир дар 4 моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон инъикос ёфтааст. Эъломияи ҳукуқи инсон- имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.
Бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояш чунин қайд намудаанд:
«Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир – аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».
Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддас шуморида шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки «тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Яъне эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва сулҳ дар ҷаҳон асосҳои меҳварии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро ташкил мекунанд.Тибқи санади мазкур риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи ҳамаи халқҳо ва давлатҳо дониста шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комлҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ин нахустсанад аксари кулли санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ, ба мисли Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ва дигарҳоро ба тасвиб расонидааст.
Ҷумҳурии моро тавассути конститутсияи демократию сиёсати сулҳҷӯёнаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмон, аксари кулли давлатҳои дунё эътироф кардаанд ва ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун узви комил-ҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст. Ба ин пеш аз ҳама ҷавҳари демократии қонститутсияи мамлакатамон мусоидат кардааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарро таҷассум намудааст ва ба ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мувофиқат мекунад. Дар Қонуни Асосии кишвари мо озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муқаддас шуморида шудаанд.
Дар моддаи 5-уми конститусия омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фикрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ҳамин тариқ, боби 2-юми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз моддаи 14 то 47), ки аз 34 модда иборат аст пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, сарчашмаи он пеш аз ҳама Эъломияи ҳуқуқи башар буда, он аз Эъломи ҳуқуқи башари ҷадди бузурги мо Куруши Кабир сарчашма мегирад ва мардуми озодаи тоҷик аз ин ифтихороти бузурге низ доранд.
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёрдамчии калони прокурори
Вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1