Ҳар як инсон дар зиндагӣ ба хотири номи нек умр ба сар мебарад, талошу заҳмат мекашад, то дар ҳаёт мақеъ ва ҷои муносиби худро дарёфт намояд. Мусаллам аст, ки дар рӯи замин инсонҳое зистанд ва мезиянд, ки аз худ бо қаҳрамониҳо дар набардҳои шадиди душманони миллат, меҳнати ҳалолашон, хислатҳои хубашон ному нишони нек ёдгор мондаанд ва мемонанд. Ин қабил шахсон то лаҳзаи вопасини умри худ баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва пешравии Ватани азиз кору пайкор менамоянд. Аз ҷумлаи инҳо Каримов Искандар (Искандар Карим) мебошад.
Искандар Карим 7-уми октябри соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 шаҳри Кӯлоб Искандар ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1979 ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти рус хатм мекунад. Фаъолияти кории худро аз рӯи касби интихобкардааш дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон оғоз мекунад ва аз соли 1979 то соли 1984 дар ин ноҳия фаъолият мекунад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргашта ба ҳайси устод дар донишгоҳи мазкур кор мекунад, дар баробари ин, бо рӯзномаҳои даврии «Роҳи Ленин», «Кулябская правда» ва «Новый Хатлон», ҳамкорӣ менамояд.
Баъдан редаксияи «Новый Хатлон» лаёқати хуби рӯзноманигории Искандар Каримро ба назар гирифта, ӯро ба ин рӯзнома ба кор даъват менамоянд. Ҳамзамон, Искандар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хисрав ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамуд. Солҳои 90-ум дар вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Новый Хатлон» фаъолият мекард.
Искандар Карим бисёр шахси сермасъул нисбати адои вазифаи худ буд. Мекӯшид то лаҳзае ҷон дар тан дорад, ғайрату матонати қаламкашии худро баҳри рӯзгори хуби мардуми кишвар ба харҷ диҳад. Аммо афсӯс, ки санаи 15-уми майи соли 1994 аз дасти аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар айёми камолот ба қатл расонида мешавад.
Бино ба гуфтаи наздиконаш рӯзи ҷумъа Искандар бо телефон занг зада мегӯяд, ки пагоҳ меояд. Рӯз бегоҳ мешаваду аз Искандар дарак набуд. Баъдан аз редаксияи рӯзнома занг заданд, пурсон мешаванд, ки акаи Искандар дар хона ҳаст? Дар посух мегӯянд то ҳол наомадааст. Ҳама ҳайрон мешаванд. Аз Искандар хабаре набуд. Падари Искандар бобои Ғоибназар ба суроғи фарзандаш ба хонаи иҷорагирифтаи ӯ, ки дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) қарор дошт, меравад, аммо ӯро дар хона дарёфт намекунад. Аз рӯи гуфтаи ҳамсояҳо Искандарро гурӯҳи силоҳбадасти ташкилоти террористии наҳзати исломӣ аз хонааш рабуда, иҷборан ба самти номаълум бурдаанд. Баъдан аз рӯи гуфтаи шоҳидон маълум гашт, ки ин хоинони наҳзатӣ Искандарро бо таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ҳарчанд суроғу пай карданд дигар садое аз ягон ҷой набаромад. Падар бо чашми гирёну рӯҳи афтодаву қомати хамгашта ба хона ба шаҳри Кӯлоб бармегардад. Бо гузашти чанд рӯз аз ин воқеа ба ҳамсараш чизе нагуфт. Аз баҳри он ки ӯ фарзанди ягона ва гӯру кафанпӯшони волидайн буд. Модар то дами охири нафаси умри худ доимо чашмаш ба роҳ буд, ки ҳозир ё андаке пас дар куфта мешаваду писараш аз дар медарояд, аммо ӯ ба муроди худ нарасид. Бобои Ғоибназар низ аз сӯзиши қисмати талхи фарзандаш то охири умраш доду фиғон дошт ва дар ин сӯзу фироқ беармон ин дунёро падруд гуфт.
Ҳаёт худ як муъҷиза аст. Касе, ки сару калобаи ин муъҷизаро ёбад, дар сарнавишти умри худ азоб намекашад. Бале, зиндаги як дарёи бесоҳил мебошад ва инсон ба маҷрои ӯ шино мекунад. Аммо аксаран ба соҳил расидан ба осонӣ ба даст намеояд ва одамон аз ин рӯҳафтода шуда, маъюс мегарданд. Вале инсони қавиирода ба ҳамаи сангарҳои вазнини зиндагӣ бояд тоб оварад ва тоқатфарсо бошад, чунки зиндагӣ як санги бузурги рӯзгор аст. Маҳз, то кунун наздикони Искандар шаб то ба рӯз гузаштаи худро ба ёд оварда, гоҳе ашк меронанду гоҳе аз кори нек кардаи ӯ шод мешавад. Искандар Карим аз зумраи он рӯзноманигороне буд, ки бо қаламу эҷоди волои хеш давоми чандин даҳсолаҳо ба дилу дидаи мардуми кишвар ҷой гирифта, номаш ҳамеша вирди забонҳост.
Фарҳод МАДАМИНОВ,
рӯзноманигори «Кулябская правда»