Равзанаи гузариши футболбозони сайёра ба анҷом расид. Дастаҳои машҳуру абарқудрати аврупоӣ кӯшиданд, ки маъруфтарин бозингарони сайёраро ба ҳайаташон ҷалб созанд. Дар ин равзана яке аз дастаҳое, ки баҳри қавӣ сохтани ҳайати худ талоши зиёд намуд, тими «ПСЖ»и Фаронса  мебошад. «ПСЖ» дар ин муддат Ашраф Ҳакимиро аз тими “Интер” бо маблағи 60 миллион евро ва Данило Перейраро аз дастаи “Порту”и Португалия бо маблағи 16 миллион евро харидорӣ намуд.

Дарвозабони дастаи “Милан” – Ҷанлуиҷи Доннарумма ва Серхио Рамос (Реал Мадрид) бо маоши 13 миллион евро ва Жоржинио Виналдум (Ливерпул) бо дастмузди 10 миллион евро дар як сол ҳамчун футболбози озод ба ҳайати парижиҳо ҳамроҳ шуданд.

Президент ва соҳибмулки клуби «ПСЖ» Халифа Носирӣ яке аз беҳтарин футболбозони сайёра Леонел Мессиро баъди анҷоми шартномааш бо дастаи “Барселона” бо маоши солонаи 35 миллион евро ба ҳайати «ПСЖ» ҷалб намуд.

Ҳадаф ва мақсади асосии тими «ПСЖ» дар мавсими имсола бо ҷалби футболбозони наву боистеъдод пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо буда, ин ҳадаф, орзу ва ормони чандинсолаи мухлисону ҳаводорон ва ҳайати мураббиёни дастаи парижӣ аст. Тими «ПСЖ» дар таърихи худ боре ҳам ба қаҳрамонӣ дар ин мусобиқаи оламшумул даст наёфтааст. Дар баробари он, ки даҳсолаи охир қаҳрамонӣ дар Лигаи якум ва дигар мусобиқаҳои дохили Фаронса кам ба дастаҳои дигар имкон медиҳад. Вале ҳоло ҳам ин тим дар мусобиқаҳои бузурги аврупоӣ муваффақ нест.

Дар ин равзана ҳамчунин расонаҳои варзишии Фаронса хабарҳое нашр сохтанд, ки «ПСЖ» ҳадафи ба даста ҷалб сохтани бозингари ҷавони “Боруссия Дортмунд” Эрлинг Ҳолландро дорад. Аммо Ҳолланд на ба «ПСЖ», балки ба дастаи “Реал Мадрид” гузариш кардан мехоҳад. Клуби “шоҳона” бошад, мақсади ба даст овардани Клиан Мбапперо дорад. Агар Мбаппе ба дастаи “Реал” гузариш кунад, пас «ПСЖ» баҳри ба даст овардани Роберт Левандовский аз “Бавария” кӯшиш мекунад.

«ПСЖ» ҳама имкониятҳоеро, ки дар ин равзанаи гузаришҳои футболбозон баҳри ҷалб намудани бозингарон дошт, истифода бурд. Сарусадоҳои дигари марбут ба ин даста мавсимҳои дар пеш истода ва равзанаҳои дигари гузариши футболбозон маълум хоҳад шуд. То кадом футболбози ҷадидро ба ҳайати худ ҷалб месозад ва ё кадом бозингар тими парижиро тарк мекунад, хоҳем дид. Ва мақсаду ормонҳои дӯстдорони ин клуби машҳури аврупоӣ то куҷо ҷомаи амал мепӯшад, вақт нишон хоҳад дод.

Муҳаббат БЕГМАТОВ,

омӯзгори Литсейи инноватсионии Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь