12 апрели соли равон дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи ғаниматҳои ҷангӣ кушода шуд. Дар ин намоишгоҳ таҷҳизоти низомие, ки артиши Озарбойҷон дар ҷанги 44-рӯза ба даст оварда буд, ва он бо Пирӯзии Озарбойҷон анҷомид, маърази тамошо гузошта шудааст.

Боғе, ки масоҳати 5 гектарро дар бар мегирад, ва бунёди он моҳи январи соли ҷорӣ оғоз шуда буд, дар шаҳри Боку ҷойгир аст. Лавҳаи калоне бо рақами беш аз ду ҳазор адад мошинҳои низомӣ, ки артиши Озарбойҷон ҳамчун ғанимат ба даст овардааст, диққати хосро ба худ ҷалб мекунад. Ин рамзи ғалабаро чунин навиштаҷот ороиш медиҳад: “Қарабоғ – ин Озарбойҷон аст!” Ин асари тасвирӣ як навъ посухест ба девори ҳаммонанди рақамҳои мошинҳои шаҳрвандии Озарбойҷон, ки ҷониби Арманистон баъди ғасби Калбоҷари онвакта, пас аз ҷанги якуми Қарабоғ сохта буд.

Бояд гуфт, ки санъат ва тактикаи мукаммали низомие, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи олии пирӯзшуда, Илҳом Алиев тасдиқ шуда буд, имкон дод, ки амалиёти «Қувваи зарбазан» ё худ «Мушти оҳанин»-и артиши Озарбойҷон дар майдонҳои ҷанг зуд ва бо талафоти кам анҷом дода шавад.

Дар натиҷа, хатҳои мудофиавие, ки муддати 30 сол аз ҷониби душман идора ва мустаҳкам карда мешуданд, шикаст хурда, захираҳои ҳарбии онҳо нобуд карда шуд. Нерӯи зиндаи душман бошад ба маънои воқеияш, мавқеъи худро партофта гурехт. Бояд қайд намуд, ки дар байни ғаниматҳои ба даст омада системаи мушакии зиддиҳавоии КУБ, тақрибан 150 адад техникаи вазнин, тонкҳои Т-72, ​​мошинҳои ҷангии қушунҳои пиёдагард, иншооти артиллерии 2С1 «Гвоздика», системаи зиддимушакии «Оса» ва ғайра мебошанд.

Ғайр аз ин, миёни ғанимати ҷангӣ инчунин силоҳҳои тирандоз, системаҳои мушакӣ, мошинҳои низомӣ ва дигар лавозимоти ҷангие ҳастанд, ки арманиҳо ҳангоми фирор кардан боқӣ монданд.

Бояд илова кард, ки дар давоми ҷанги 44-рӯза 7 системаи мушакии зенитии S-300, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон хидмат мекарданд, нобуд карда шуданд, 125 тӯпхона, 366 танк, зиёда аз 50 системаи мушакии зенитӣ, 522 мошини боркаш ва таҷҳизоти дигар низ нест карда шуданд.

Яке аз қисматҳои ҷолибтарини ин Боғи ғаниматҳои ҷангӣ ин қаламравест, ки мавқеи мудофиавии дар тӯли 30 сол мустаҳкамкардаи душманро инъикос мекунад ва тартиби монеаҳои муҳандисиро дар бар мегирад, ки аз 10 унсур иборат аст.

Инҳо хандақи зиддитанкӣ бо паҳноии 5 метра ва чуқурии 3-4 метра, минтақаи минагузошташуда, дастгоҳҳои бетонии зидди танкӣ ва хорпуштҳои оҳанӣ, тори симхордор дар сутунҳои паст, тори симхордор дар такягоҳҳои баланд, минаи зидди пиёдагардӣ, монеаҳои симхордори ноаёни сеқатора, инчунин деворҳои симхордори тасмагии болои хандакҳо.

Ногуфта намонад, душмане, ки дар ҷанги 44-рӯза мағлуб шуд, ҷиноятҳои зиддиинсонии дар раванди он истифода бурд, аз ҷумла ҳамлаҳои мушакиро ба қаламрави дур аз хатти ҷабҳа содир кард ва мардуми осоишта осеб диданду кушта шуданд. Дар даромадгоҳи боғ бошад сипаре гузошта шудааст, ки ин далелҳоро бо тартибу санаҳояш инъикос мекунад. Инҷо инчунин пораҳои мушаки «Искандар М», ки ба Шуша партофта шуда буд, нишон дода шудааст.

Муборизаи ин Ҷанги Ватанӣ дар ҷабҳа ва фазои иттилоотӣ низ ҷараён дошт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ВАО-и байналмилалӣ хабарҳои охиринро аз минтақаи низоъ аз мӯътамадтарин манбаъ ва аввалтарини он – аз Президенти Озарбойҷон мегирифтанд. Дар толори видеоие, ки дар қаламрави боғ ҷойгир аст, паёмҳои ғолиб, мусоҳибаҳо бо сохторҳои пешбари ВАО, порчаҳо аз муроҷиатҳо ба мардум ирсол намуда, намоиш дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ин боғ аз нуқтаи назари намоишҳои Ғалабаи таърихии ба даст омада аҳамияти хоса дорад. Ин нигораҳо имкон медиҳанд, ки тасвири ҷанги ба Озарбойҷон пирӯзӣ оварда, бозсозӣ шаванд. Ин Боғи ғаниматҳои ҷангӣ рамзи артиши шуҷоъи Озарбойҷон, ҷасорати онҳо, мубориза ва тантанаи пирӯзии халқи қаҳрамони Озарбойҷон мебошад.

 

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь