Таъриху фарҳанги рангину пурғановати Чини бостон ва пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоии муосири он ҳар инсони огоҳро  ба худ метаваҷҷеҳ месозад. Банда низ ҳанӯз аз замони наврасӣ аз таассуроти сафари падар ба ин кишвар ва тамошои наворҳои видеоӣ ҳисси дилбастагӣ ба ин давлат пайдо кардам. Аз замони таҳсил дар литсейи 55-и шаҳри Душанбе ҳар рӯз барои омӯзиши забони чинӣ ба Китобхонаи миллӣ меомадам ва дилбастагии зиёд буд, ки дар мӯҳлати ду сол ба дараҷаи талаботи лозимӣ аз худ намудам.

Пас аз хатми литсей ҳуҷҷатҳоямро дар асоси эълони Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин ба факултаи дипломатии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Пекин супоридам. Дар ниҳоят аз донишгоҳи мазкур ба номи ман даъватнома омад ва шодии маро ҳадду канор набуд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Пекин маро корманди масъули Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин, дипломати шинохта, шахсияти маъруф, Муҳаммади Эгамзод пешвоз гирифт ва тайи чанд рӯз мо бо ҳамроҳии ҳамсабақам Фархунда меҳмони хонадони ӯ будем. Устодони донишгоҳҳои Чин бисёр донишманд ва дар кори худ фидоӣ ҳастанд. Тарзу услуби дарсдиҳии онҳо бисёр ҷолиб аст.

Дар раванди таҳсил бо донишҷӯёни хориҷӣ мавзеъҳои саёҳатбобро тамошо кардем. Тамошои ҳар яки он арзиши хатми як донишгоҳро дорад. Дар ин муддат ба ман муяссар гардид, ки аз маконҳои таърихии ҳифзшудааи он, ки мояи ифтихори ҳар як чиноист, дидан намоям ва таасуроти худро ба ҳамватанонам низ қисса кунам.

Нахустин сафари мо ба Девори бузурги Чин буд, ки орзуи диданашро кайҳо боз дар дил доштам. Девори бузурги Чин яке аз  мӯъҷизаҳои бузурги ҷаҳон аст, ки  ҳамасола тақрибан 40 миллион сайёҳро ба худ ҷалб мекунад. Замоне Девори Бузурги Чин як навъ садди сангине буд, ки кишварро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат мекард. Имрӯз бошад Девори Бузурги Чин тамаркузи шумораи зиёди сайёҳон аст, ки мехоҳанд асрори ин осори азимро дарк кунанд ва ба фазои аслии он ғарқ шаванд.

Оғози сохтмони Девори бузурги Чин ба замони ҳукмронии Син Ши Хуан рост меояд. Ӯ аз соли 246 то 210 пеш аз милод дар Чин ҳукмронӣ кардааст. Зимнан, сохтмони ин иншоот андаке камтар аз ду ҳазор сол давом кардааст.

Девор якчанд маротиба вайрон ва аз нав сохта шудааст. Дар ибтидо он аз хоки фишурдашуда, сангҳо ё чӯб сохта мешуд. Баъдтар масолеҳи замонавӣ – хишт, оҳак ва санг истифода гардидааст. Баъзе қисматҳои Девори Бузурги Чин ба зинаҳои хеле нишебу баланд шабоҳат доранд. Девор дар тамоми дарозии худ иншооти мудофиавӣ ва манораҳои дидбонӣ дорад.

Сарфи назар аз шитобкорӣ, ки бо таҳдиди ҳамсояҳои душман алоқаманд буд, бунёди он солҳои зиёд кашол ёфт ва миллионҳо нафар меҳнаткашони одӣ қурбон гардиданд. Фавтидаҳоро дар мавзеъи сохтмон дафн мекарданд. Бинобар ин, онро “дарозтарин қабристони ҷаҳон» низ ном мебаранд. Императорҳо дар баробари ғуломон, асирони ҷангӣ ва маҳбусонро барои сохтани девор ва асосан аз нерӯи сарбозон истифода мекардаанд.

Вақте ки коргарон аз кори аз меъёр зиёд ба таври оммавӣ ҳалок шудан гирифтанд, сафарбаркунии оммавии деҳқонон cap шуд.

Дарозии ин иншоот, тибқи баъзе маъхазҳо, тақрибан 4 ҳазор километр ва ба гуфтаи дигар, беш аз 6 ҳазор километр аст. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки сохтмон рост нест, он печида ва гардишдор аст. Девор ба аждаҳое (махлуки рамзӣ дар Чин), ки дар байни кӯҳҳо сайр мекунад, хеле монанд аст.

Аз ин рӯ, дарозии Девори Бузург бояд на камтар аз 6000 км бошад (баъзе муҳаққиқон рақамро аз андозаи калонтар медиҳанд). Баландии он ба ҳисоби миёна 6—7 метр, дар баъзе ҷойҳо ҳатто ба 10 метр мерасад.

Мутаассифона, рушди сайёҳӣ аксар вақт оқибатҳои манфӣ дорад ва биноҳое, ки осори беназири таърихӣ мебошанд, аз издиҳоми беохир зиён низ мебинанд. Бар асари рафтори беэҳтиётона ва беиҷозат гирифтани тӯҳфаҳои ёдгорӣ бисёре аз сайёҳон ба сангфаршҳои Девори Бузурги Чин бештар зарар мерасонанд. Имрӯз, сӣ фисади деворҳои давраи Минг комилан хароб шудаанд.

Ривояту афсонаҳо дар тӯли асрҳо дар атрофи Девори Бузурги Чин паҳн шудаанд, ки бисёр ҷолибу шуниданианд. Он қиссаҳоро дар китоби хотираҳо хоҳам гуфт. Девори Бузурги Чинро аз кайҳон мушоҳида кардан мумкин аст. Ин иншооти бузурги таърихӣ соли 1987 ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун яке аз бузургтарин маконҳои таърихӣ ворид гардид. Девори бузурги Чин бузургтарин мӯъҷизаест, ки аз ҷониби инсон офарида шудааст. Бозёфтҳои охирини бостоншиносӣ дар соли 2012 нишон медиҳанд, ки девори бузурги Чин то чӣ андоза аҷиб ва нофаҳмо боқӣ мондааст. Дар он ҷо олимон қисматҳои қаблан номаълуми ин иншооти беназирро кашф карданд, ки то ҳол муайян карда нашудаанд. Онҳо дар сарҳади Муғулистони муосир ҷойгиранд.

Катибае, ки дар даромадгоҳи он бо забонҳои Чинӣ ва Англисӣ дар санги мармар ҳаккокӣ гардидааст, моро мутаваҷҷеҳи худ намуд. Дар он сухани доҳии мардуми Чин – Мао Дзедун оварда шудааст: “Агар шумо девори бузурги Чинро надида бошед, шумо хитоии ҳақиқӣ нестед”. Ин сухан чӣ қадар маънии бузургеро дар худ фаро гирифтааст, ки метавонад эҳсоси патриотизми мардуми ин кишвари бузургро тақвият бахшад. Дидан аз Қасри императории “Гугун” ё шаҳри мамнӯъ касро ба шоҳкории бемисли ҳунармандони Чин қоил месозад. Ин маҷмаа дар тӯли 560 сол хонаи императорони ҳукмронии Чин буд. Дар ин ҷо 24 император дар замонҳои гуногун зиндагӣ  ва фаъолият карданд. Вуруд ба ин макон ба шаҳрвандони одӣ мамнуъ буд.Шаҳри мамнуъ як шоҳасари меъморӣ ва бузургтарин маҷмаа дар ҷаҳон аст. Ҳудуди шаҳри мамнуъ дар майдони 720 ҳазор метри мураббаъ тахминан бо 800 бино мавҷуд аст. Шаҳр дар маркази Пекин  ҷойгир буда, бо хандакҳои васеъ ва деворҳои баландиаш 10,4 метр иҳота шудааст. Дар паси онҳо қасрҳо, дарвозаҳо, ҳавлиҳо, дарёҳо ва боғҳо ба таври симметрӣ ҷойгир шудаанд. Аз соли 1420, яъне аз оғози сохтмони он то соли 1911, ки охирин императори Чин, ки  аз тахт рафт, 24 императори сулолаи Мин ва Син дар ин ҷо қариб 500 сол зиндагӣ ва ҳукмронӣ кардаанд. Ин деворҳои қадимӣ шоҳиди ҳодисаву воқеаҳои зиёде мебошанд.Гугунро дар замонҳои пеш «Шаҳри мамнуъ» меномиданд, ки аз тарафи Чжу Ди, дуввумин императори сулолаи Мин дар соли чоруми ҳукмрониаш сохта шуда буд ва сохтмони он 14 сол давом кард. Ин бузургтарин ва мукаммалтарин ороиши меъмории асрҳои миёна аст.  Гугун иншооти меъмории чӯбӣ аст. Бисёре аз айвонҳо ва маъбадҳои он аз сӯхтор хароб шуда, аз нав барқарор карда шуданд, аммо қаср намуди аслии худро нигоҳ доштааст. Гугун воқеан ҳам на танхо яке аз дурахшонтарин ёдгории меъмории замони кадим, балки калонтарин қасри ороишёфта дар ҷахон дар ҳолати хуб нигоҳдошташуда маҳсуб мегардад.Арзиши сохтмони он дақиқ ҳисоб карда нашудааст, вале аз қайдхои таърихӣ бармеояд, ки  сад ҳазор усто ва як миллион коргар ба кор фаро гирифта шуда, масолеҳи бинокорӣ аз тамоми гӯшаю канори мамлакат, ҳатто аз музофотҳои дурдасти Юнан ва Гуандун кашонда мешуданд, ки  аз пойтахт чандин ҳазор километр дур ҷойгиранд. Барои кашонидани сангҳои вазнин чунин усулро ба кор мебурданд: дар тамоми роҳ чоҳҳо кофта, зимистон онро аз об пур мекарданд. Вақте ки дар мавсими сармо роҳ яхбанд мешуд, дар болои он тавассути ҳазорҳо чана тахтасангҳо ба пойтахт оварда мешуданд.

Собиқ қароргоҳи зимистонаи шоҳони чинӣ дар Пекин, ки алъон маҷмааи «Гугун», яъне қасри куҳан номида мешавад, сертамошобинтарин осорхонаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз шаҳри мамнуъ ҳамасола тақрибан 7 миллион нафар дидан мекунанд. Ин аввалин макони чинӣ буд, ки соли 1987 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Вақтҳои охир тамошои Шаҳри мамнуъ маҳдуд карда шуда, рӯзе на беш аз 80 ҳазор нафар метавонад вориди он гардад. Ин тадбир ба хотири ҳифзи меъмории қадима ва ангораҳои осорхона роҳандозӣ шудааст.

Маҷмааи “Маъбади Осмон”, ки тамошои он чанд маротиба бароям муяссар гардид, дар қисмати ҷанубии шаҳри Пекин ҷойгир буда, соли 1420 сохта шудааст. Сохторҳои асосӣ – “Маъбади Ҳосили фаровон”, “Маъбади Ҷалоли Осмонӣ” ва “Меҳроби Осмон” дар як меҳвари рост аз шимол ба ҷануб ҷойгиранд. Дар ин ҷо соле ду маротиба маросими императорӣ бо қурбонӣ гузаронида мешуд, ки он аз рӯйи расму оини хеле мураккаб иҷро мешуд.Дар “Маъбади ҳосили фаровон» дар бораи борон ва ҳосили фаровон дуо мекарданд. Ин шоҳасари ҳақиқии меъморӣ мебошад, ки дар айвони  сеқабатаи мармарӣ сохта шудааст. Баландии бино 38 метр ва қутраш 30 метр мебошад.Дар ҳавлии «Маъбади Ҷалоли Осмонӣ» «Девори пичиррос» ҷойгир шудааст. Ба ӯ рӯ оварда, шумо садо ва суханонро аз масофаи  хеле дур мешунавед.«Меҳроби осмон» аз айвонҳои мармарии барфи сафед иборат аст, ки ба боло мебароянд. Дар қисмати  болои қурбонгоҳ шумо бо осмон танҳо мемонед. Қурбонгоҳи Осмон як пирамидаи мудавварест, ки қутраш 67 метр аст.  Ин иншоот соли 1998 ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Тамошои маҷмааи таърихии “Артиши зеризаминии Терракота” ҳар бинандаро ба гузаштаи пурмоҷарои даврони пешин мебарад, ки давлатҳову сулолаҳо ҳамеша бо ҳам дар мубориза қарор доштанд. Артиши зеризаминии Терракота дар музофоти Шэнси дар наздикии шаҳри Сиан ҷойгир аст, ки дар гузашта маркази иёлати Син дар он ҷо воқеъ буд. Нахустин императори Хитойи муттаҳид Ши Хуанди (259-210 пеш аз милод) дар замони зинда буданаш амр дод, ки ба сохтмони қабри ӯро шуруъ кунад, ки назир надошта бошад. Император боварӣ дошт, ки сулолаи Синхи ӯ абадӣ ҳукмронӣ хоҳад кард, аз ин рӯ кӯшиш мекард, ки рамзҳои мувофиқи қудратро эҷод кунад, ки тасаввуроти на танҳо ҳамзамонони худ, балки авлоди дури ӯро низ ба худ ҷалб кунанд.  Дар замони Ши Хуанди сохтмони девори бузурги Чин низ оғоз ёфт.

Тибқи сарчашмаҳои сершумори таърихӣ, Ши Хуанди аз марг сахт метарсид ва ҳатто барои ҷустуҷӯи ҳаёти ҷовидонӣ экспедитсияҳои гаронбаҳо ташкил мекард. Дар охир Император барои дарёфти сирри дарозумрӣ ноумед шуда, тасмим гирифт, ки роҳи дигарро пеш гирад, яъне ҳукмронии ҷовидона дар дунёи дигари пас аз маргро. Нақшаи аслии Син Ши Хуанди ин буд, ки дарҳол пас аз марги худаш ҳазорон сарбозро бо ӯ дафн кунанд.

Ҳамаи сарбозони ӯ бояд кушта шуда, дар наздикии қабри ӯ дафн карда мешуданд ва қудрати бепоёни ӯро дар ҳаёти дигари ӯ ҳифз мекарданд. Аммо ба мушовирони император муяссар шуд, ки ҳокимро бовар кунонанд, ки одамони ҳақиқиро бо рақамҳои гилии худ иваз кунанд. Ши Хуанди розӣ шуд, аммо фармон дод, ки ҳайкалҳоро танҳо аз беҳтарин сарбозон кандакорӣ кунанд. Ин аст, ки ҳар як ҷанговари Артиши зеризаминии Терракота чеҳраи худро дорад.Артиши зеризаминии Терракота зиёда аз 2000 сол дар зери замин ниҳон буд. Соли 1974 деҳқонони музофоти Сиан чоҳ кофта, тасодуфан ба яке аз бузургтарин маконҳои археологии ҷаҳон — Артиши императории Терракота дучор шуданд. Артиш дар солхои 210—209 пеш аз милод якҷоя бо император Син Ши Хуан, ки бо ташаббуси ӯ ба сохтмони Девори бузурги Хитой шуруъ намуданд, дафн карда шудааст.  Мақсади ин тасмим  ҳифзи императори онҳо баъди вафот буд.Дар толорҳо ё чоҳҳои зеризаминӣ тақрибан 8000 фигураҳои пурраҳаҷм пайдо шуданд, ки ҳар кадоми онҳо беназир буда, ҳеҷ кадомаш ба дигараш монанд нест. Дар сафи лашкари гӯронидашуда аскарони пиёда, камонварон, тирандозон, аскарони савора, аробаҳои ҳарбӣ бо  аспҳо, ҳатто ситоди фармондеҳ дарёфт гардидааст.Дар ибтидо тандиси ҳамаи ҷанговарони гӯронда, аслиҳаи ҳақиқӣ – шамшеру камон доштанд, ки дар замонҳои қадим онҳоро ғоратгарон дуздида буданд. Баландии қади ҷанговарон аз 1,6 то 1,7 метр аст. Чеҳраи мардум намояндагони миллатҳои гуногун – хитоиҳо, муғулҳо, тибетҳо, уйғурҳо ва ғайра мебошанд, ки дар миёни ҳамаи онҳо касе ба каси дигар монанд нест. Ҷанговарон дар ҳолатхои гуногун тасвир шуда, касе шамшер дар даст дорад, нафаре зону зада ресмони камонро мекашад, сарбози дигар бошад, ба диққат дар ҳолати омодабош меистад.Ин бозёфт арзиши баланди таърихӣ дошта, ҳолати воқеиии артиши Чини қадимро дар худ таҷассум менамояд.

Соли 1987 дар иҷлосияи 11-уми ЮНЕСКО Артиши зеризаминии Терракота ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ҳамчун як қисми маҷмааи «Қабри якуми императори сулолаи Син» дохил карда шуд. Маҷмааи мазори Син Ши Хуан яке аз аввалин маконҳо дар Чин буд, ки ба ин рӯйхат шомил шуд.

Таърихи ҳифзшудаи Чин мояи ифтихори ҳар шаҳрванди он мебошад. Ин таърих баёнгари он аст, ки чиниҳо ҳанӯз аз бомдоди таърих соҳиби давлат ва арзишҳои пурқимати маънавӣ мебошанду давлати қудратманди имрӯзаи худро дар заминаи он бунёд намудаанд.

Фараҳноз УМАРЗОДА, фориғултаҳсили Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Пекин, узви Иттифоқи рузноманигорони Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь