Агар имрӯз ба ҳар одами мутамаддин дар бораи Ҷанги ҳафтсола суол кунанд, эҳтимолан ба посухаш мушкилӣ мекашад. Ва ҷолиб он аст, ки ҳамон инсони мутамаддини нимаи дуюми асри XVIII, ки ин ҷанг он замон шуда буд, низ посухи ин суолро намедонист. Ва ба як инсони баҳуш хеле мушкил аст фаҳмонд, ки он замон Пруссия ва Австрия борони тиру тӯпро ба сари ҳамдигар барои ҳуқуқҳои беарзиш дар Силезия (Силезия – минтақаи таърихӣ дар Аврупои Марказӣ аст, ки бештари қисмати он дар Полша воқеъ шуда ва бахше кӯчаке аз он дар ҷумҳуриҳои Чех ва Олмон мебошад. Шарҳи “Самак”) рехтанд. Соли 1756 Русия тасмим гирифт аз ин ҷанг ба нафъи худ истифода кунад…
Ҷанги замони Елизавета Петровна
Дар миёнаҳои асри XVIII империяи Русия аз ҷониби малика Елизавета (Елизавета Петровна императори Русия аз хонаводаи Романовҳо. Кишварро дар ду ҷанги замонаш сарварӣ кард: ҷанги ҷонишинии Австрия ва Ҷанги ҳафтсола. Духтари хурдии Пётри якум ва Екатеринаи якум, ки ду сол пеш аз издивоҷи расмии онҳо ба дунё омада буд. Дар замони ҳукмронии вай Сибир таҳқиқ ва ба Русия ҳамроҳ карда шуда буд. Солҳои 1741-1762 шоҳи Русия будааст. Шарҳи “Самак”) сарварӣ мешуд. Маликабону бештар базмҳои ҳангомадор, шӯру шавқҳо дар базми ниқобпӯшон, шикор, ибодату тақворо дӯст медошт. Малика Елизавета аз зеботарин бону дар миёни шоҳдухтарони аврупоӣ буд, баъди маргаш аз ҳарами вай 15 ҳазор адад пироҳан пайдо карданд. Тибқи иттилои таърихнигорон дар масоили сиёсӣ вақт сарф намекард. Дар ин масоил вай ноиби сарвазир бо номи Бестюжев – Рюмин дошт. Ин дипломат ба ин назар буд, ки Русия бояд, ки дар таъини сиёсатҳо дар Аврупо хеле фаъол бошад ва бо пули Англия аз ҷониби Австрия ба муқобили Пруссия ҷангид.
Барои Елизавета Петровна пул ҳамеша лозим буд, то бо ҳарчи бештар базмҳои пурдабдаба орояд. Он замон шоҳи Пруссия Фридрих дар Аврупо ба ҷони ҳама расида буд ва лақаби Бузург низ аз ҳамин ҷо буд. Зидди Пруссия ғайр аз Австрия боз Фаронса, Англия, Шветсия, Саксония низ дар ҷанг буданд ва дар ин гурудор танҳо дасти Русия намерасид. Ин буд, ки ин кишвар низ билохира ҷалб шуд. Он замон вақте артиши Русия ба самти Прусияи Шарқӣ дар ҳоли ҳаракат буд, Фридрих Саксониро комилан торумор карда буд ва бо иваз кардани фармондеҳон артиши Саксонияро ба ҳайати артиши худ ҳамроҳ кард…
Қадамҳои аввал
Бояд гуфт, ки то он замон муддати дурудароз Русия дар ягон ҷанг ширкат накарда буд. Дар солҳои аввали шоҳигарии Елизавета шведҳо сар бардоштанд, то заминҳоеро, ки дар замони Пётри якум аз даст дода буданд, бахусус Карелия ва Ингерманландияро (вилояти таърихӣ дар қисмати шимолу ғарбии Русияи имрӯза) бозпас бигиранд. Аммо он замон ҳамсафи Пётри якум генерал-фелдмаршал Ласси дар қайди ҳаёт ва сари қушун буд ва зидди ин тавтеа бархост ва заминҳои мавриди назарро қонунан моли Русия эълон кард. Аммо баъдан артиши Русия бисёре аз матонати ҷангии худро аз даст дода буд. Вақте сарбозон ба ҷанги зидди Пруссия фиристода мешуданд, диданд, ки артиш хеле камбудиҳо дорад. Ягона бахше, ки аслан камбуд надошт, таъминоти он бо силоҳ буд, чун граф Шувалов дар он замон масъулияти бар дӯш доштаи худро хуб иҷро мекард. Вале аз нигоҳи сару либос ва таъминот бо ғизо артиш камбуд дошт.
Дар аввалҳо муҳориба ба Русия паёмҳои хушеро наовард. Фармондеҳии ин артиши ҷанговар бар дӯши генерал-фелдмаршал Апраксин гузошта шуда буд, ки табиатан марде буд фориғбол ва беҷуръат. Гузашта аз ин дар артиши рус ин амр гӯшзад шуда буд: “фармондеҳони австриёиро ботаваҷҷуҳ гӯш кунанд, вале аз фармонашон итоат накунанд”. Ва дар сурати иҷрои бечунучарои ин дастур ҳатто Суворов ҳам қодир набуд дар ин муҳорибаҳо пирӯз ояд. Вале он замон Александр Василевич дар итоати Апраксин қарор дошт ва на генерал, балки рутбаи полковникӣ дошт ва ба андешаву тасмимҳои мустақилона ҳақе надошт.
Ин гуна камфаъолиятӣ артиши русро дар наздикии Гросс-Егерсдорф қариб ба шикаст овард. Шоҳи ҷанговару қотеъи Пруссия Фридрих неруҳои русро аз ақиб зарбаи ҳалокатбор зад ва Апарксинро дар ҳоли ногувор гузошт. Аммо хушбахтона дар артиш генерал Румянсев ҳузур дошт, ки чун дид вазъ ногувор аст, бидуни маслиҳату машварат бо Апраксин ва ҳатто бе дарёфти иҷозаи Петербург даст ба иқдоми бесобиқа зад. Бо чор полки нав бо убур аз бешазори анбуҳ ба артиши Пруссия сахттарин зарба зад.
Ин зарба барои Фридрих, ки дар Аврупо он замон аз ӯ ҷангозмудатар кас набуд, ногаҳонӣ анҷом шуд. То он лаҳзаҳо вай русҳоро хеле заъиф медонист ва умед дошт, ки дар ҳамин муҳорибаи Горосс-Егерсдорф ин артишро торумор мекунад ва кори Русия бо ҳамин тамом мешавад. Аммо вай иштибоҳ кард ва баъди ин барояш лозим омад боз солҳо зидди русҳо биҷангад…
Баъди ин ҳодиса Апраксин ба пойтахт даъват шуд, ба ҷойи ӯ генерали машҳур Фермор (генерал Виллим Виллимович Фермор – ходими давлативу ҳарбии Русия, волии Смоленск. Маҳз зери фармондеҳии вай русҳо бори аввал дар таърих Пруссияи шимолиро якҷо бо Кёнигсберг ишғол карданд. Солҳои 1702-1771 зистааст. Шарҳи “Самак”) таъин гардид. Фермор худ ҷасуру нотарс буд, бар замми ин қоидаҳои ҷангиро хуб медонист, бо тактикаи ҷангии Фридрих ошно буд. Дар охирин муҳориба шоҳи Пруссия тасмим гирифт бо ҳама нерӯ талош кунад қувваҳои русро комил торумор созад ва ин бор низ бо макр аз ақиб ҳамла кард. Аммо тираш хок хӯрд. Салтиков фармон дод ва артиш хеле ба зудӣ ба ин ҳамлаи ғофилгирона вокуниш нишон дод. Русҳо аз дифоъ якбора ба ҳамла гузаштанд. Пруссиягиҳо бори дигар дар гирдоби ҳамлаи генерал Румянсев монданд ва аз воҳима ба ҷуз фирор илоҷи дигар надоштанд.
Фридрих баъди наҷоти муъҷизанокаш рӯзе баъд ба яке аз дӯстонаш навишт: “Аз артиши 48-ҳазора дар ин лаҳзаҳо ҳатто се ҳазораш ҳам бо ман намемонад. Ҳама фирор мекунанд, ман дигар ихтиёроте ва фаромонравоие ба артиш надорам. Дар Берлин кори хубе мекунанд, агар сари бехатарии худ меандешанд. Ман ин бадбахтиро дигар шояд таҳаммул накунам. Оқибатҳои муҳориба мудҳиштар аз худи муҳориба хоҳанд буд. Ман дигар восита надорам ва агар ҳақро бигӯям, чунин меҳисобам, ки ҳамаро бохтам”.
Генерал Даени австрияёӣ чун аз шикасти душманаш огоҳ гардид, ба ғазаб омад. Вай ба ин умед буд, ки ҷанг бо русҳо Фридрихро заъиф мекунад, он вақт вай метавонист худ зарба занад ва комёб шавад. Аммо ба номи худ кардани ин шикасти сахт ба каси дигаре муяссар нашуд. Аммо боз ҳам лаҳзаи мусоид аз даст рафт, се ҳафта пас аз зарбаи ҷонкоҳ шоҳи Пруссия лашкари 33 ҳазора гирд овард. Фридрих аз муҳорибаи гузашта ва шикасташ дарсҳое гирифт ва ин бор ҳамларо тӯлонӣ кард, мунтазир шуд, то вақт гузарад, захми шикаст шифо ёбад, тарсу ваҳм дур шавад. Дар миёнаҳои моҳи сентябр артишро ба утоқҳои зимистона ҷобаҷо кард ва ният дошт зимистон фурсате хоҳад буд барои истироҳат ва омодагӣ ба ҷангҳои дигар.
Полковник Суворов он замон изҳор дошта буд, ки агар ӯ ба ҷойи фармондеҳ мебуд, бидуни таваққуф ба ҳамла идома медод ва ба Берлин мерасид.
Тӯфон ва ҳамла
Аввали соли оянда Салтиков бемор шуд ва Фермор бори дигар фармондеҳ таъин гардид. Ва “муъҷизаи” дигар дар ҳамин айём ба вуҷуд омад. Фермор ба хостаҳои австриёиҳо гӯш дода, хабаре дарёфт кард, ки генерали Австрия Лаудон қалъаи Глотауро ишғол кунад ва барои ин аз русҳо ёрӣ мехоҳад. Вай хаткашони худро бо паёме ба Санк-Петербург фиристод. То он ки ин савора ба пойтахти Русия расид, то он ки ҷаласа доир карданду тасмим гирифтанд ва фармон омода сохтанд, Лаудон тасмимашро дигар кард ва самти ҳамлаи худро низ тағйир дод. Аммо Фермор дар даст фармоне дошт, ки мебоист тибқи он амал мекард. Фермор ба тағйири тасмими ҳамтои австралиягии худ нигоҳ накарда, ба самти Глотау ҳаракат кард. Чун наздик шуд, дарк намуд, ки бе дастгирии артилерия, ки вай надошт, ин қалъаро забт кардан имкон надорад. Хеле андешид ва сипас неруҳои худро ба самти Берлин ба ҳаракат даровард. Ба назараш расид, ки роҳ ба самти Берлин ҳамвору озод аст. Чун Фермор аз тасмимаш ҳамтоёни худ дар артиши Австрияро дар ҷараён гузошта буд, як навъ пойга барои расидан ба Берлин миёни ду артиш оғоз шуд. Ҳар кас мехост пештар вориди Берлин шавад. Фридрих, ки дуртар аз Берлин буд, такон хӯрд, чун медонист, ки девори муҳофизатии Берлин ба ин гуна ҳамлаҳо тоб намеорад. Вале нек медонист, ки акнун худи ӯ дигар наметаовнад ба дифоъи шаҳр расад. Дар аввали моҳи октябри соли 1760 полки русҳо муттаҳидонро гузашта, дар остонаи Берлин қарор гирифт. Ба аввалин талаби бечуну чаро таслим шудан, Прусия посухи рад дод. Он замон фармондеҳи воҳиди пешгарди артиши рус Готтлоб Тотлебен буд, ки аслан зодаи Берлин буд. Ва чун посухи рад шунид, хост бо аҳолии шаҳр бо забони худашон дар муколама шавад. Вай батареяи ҳамлакунандаро ба кор андохт ва ба маркази шаҳр зарбаи аввалинро зад. Аммо горнизон ба қароре омад, ки парчами худро поин наандозад. Тотлебен батареяи дигарро назди дарвозаи Рондел гузошт. Ҳамла муҳофизати дарвозаро шикаст, оташи он биноҳои зиёдро фаро гирифт. Нимишабӣ дар рӯшноии биноҳои оташгирифта гренадерҳои (дар артиши Русияи подшоҳӣ ва дар баъзе неруҳои ҳарбии хориҷӣ сарбоз ё афсари қисмҳои яккачини пиёдагард ва ё савора, ки қадбаланду тануманд буданд) дар ҳайати се отряд ба ҳамла гузаштанд.
Аммо шаҳрро “бо зӯри найза” ишғол кардан муяссар нагардид. Княз Прозоровский, ки артиши русро дар ҳамлаи шабона сарварӣ мекард, дар хотироташ навишта буд, ки як отряд дар торикшаб раҳгум зад, отряди дуюм зери оташи артилерияи қалъа монд ва танҳо отряде, ки худи вай фармондеҳӣ мекард, бо талафоти калон ба хандақи пур аз об расид. Аммо ин хадақро натавонистанд убур кунанд, зарур омад ақиб нишинанд. Ҳамлаи аввал ба шикаст анҷомид ва бадтар аз ҳама ба охир расидани силоҳу муҳимоти ҷангӣ буд ва гузашта аз ин бисёре аз силоҳҳо корношоям шуданд…
Ва дар ҳамин айём қувваҳои асосии артиши Русия ба таҳти фармондеҳии генерал Чернишев ба пойтахти Пруссия расиданд. Ва ҷанги асосӣ оғоз шуд, ки дар он олмониҳо аслан ширкат накарданд. Чернишев ва Тотлебен қувваҳои худро мутаносибан дар ду соҳили руди Шпрей (руде, ки ба Хафел мерезад ва аз кишвари Олмон мегузарад. Шарҳи “Самак”) ҷобаҷо карданд. Чернишев аз Тотлебен хост ба вай итоат кунад ва бо ин васила хост фармондеҳи кулли ин неруҳо бошад, аммо Толебен ин талабро ҷасурона рад намуд. Ба талаби ворид нашудан ба соҳили рост низ итоат накард. Замоне, ки русҳо миёни худ ихтилоф мекарданд, олмониҳо мунтазир монданд ва аз Саксония ва Померанӣ қувваҳои тақвиятӣ расиданд.
Аммо дар қиёс ба ду генерале, ки бо ҳам барои сарварӣ пархош мекарданд, Офаридгор ҷонибдори баталонҳои русӣ буд ва “муъҷиза” хеле ба зудӣ аз худ дарак дод. 8 окттябр як тӯфони басо азим дар Берлин хест. Тӯфон дарахтони азимҷусса ва садсолаи булутро чаппа кард. Ба бадбахбии прусиягиҳо қабл аз вақт австрягиҳо низ вориди шаҳр шуданд. Онҳо ба хотири дер намондан аз тақсими ғаниматҳо беш аз 500 км масофаро дар 10 рӯз тай карданд. Шаби 9 октябр артиши Пруссия ба Шпанда ақиб нишаст, ҳарчанд метавонист муддате мунтазир бимонад ва бубинад, ки русҳо бо муттаҳидон чӣ гуна амал хоҳанд кард. Субҳи рӯзи дигар ҳокимони Берлин калиди шаҳрро ба генерал Тотлебен, ки ҳамшаҳрии худашон буд, таслим карданд.
Дар Берлин неруҳои рус 4,5 ҳазор сарбози Пруссияро ба асорат гирифтанд, 143 силоҳ, 18 ҳазор камол ва туфангча ба ғанимат расид. Товони ҷанги Берлинро метавон хеле кам донист: 12 бушка тилло ва 400 ҳазор талер нуқра. Аммо ҳамаи анборҳо, манафактураҳои хусусӣ, фурӯшгоҳҳо зери назорати артиши рус гузашт. Ғанимати аслии артиши рус ин сарвати худи шоҳ Фридрих буд. Дар ҳамин ҳол австриягиҳои худро мағлубёфта аз русҳо ҳисса хостанд ва таҳдид карданд, ки дар ғайри сурат даст ба ғорати амволи мардум хоҳанд зад. Кор аз моҷарои лафзӣ ба тирпарронӣ расид. Вале русҳо тавонистанд амниятро дар шаҳр таъмин кунанд.
Шикасти Берлин Фридрихро ҳам сарнагун кард. Бо артиши боқимонда вай хеле талош намуд ба мадади Берлин шитобад, вале фурсат наёфт. Артиши рус бидуни саросемагӣ ба Полша, ба истироҳати зимистона рафт. Аммо ин бор ҳам Фридрихро нокомӣ интизор буд. Бахше аз артиши рус бо сарварии генерал Румянсев, ки мустақилона амал мекард, қалъаи Колбергро ишғол намуд. Кори Фридрих ба таслим расид, илоҷе надошт…
Марги Елизавета Петровна, тағйири сиёсат
Аммо ҳама заҳамоти артиш ва генералҳои рус дар кӯтоҳтарин фурсат ба сифр баробар шуд. 5-уми январ Малика Елизавета Петровна вафот кард ва ба ҷойи вай ҷиянаш Пётри севвум ба тахт нишаст. Вай муоҳада бо Англияро лағв кард ва ба дунболи он ба шоҳи мағлуби Пруссия арзи эҳтиром қоил шуд. Ва ҷанг бе ягон фоида барои Русия ба анҷом расид. Шоҳи нав ба Фридрих ҳамаи заминҳои қаблан ишғолкардаашро баргардонд. 5-уми май дар Санк-Петербург муоҳада миёни Пруссия ва Русия ба имзо расид. Фридрихи Бузург бо тамасхур ва истеҳзову ришханд ин рӯзро “муъҷизаи дуввуми Хонаи Бранденбург” номид.
Аммо баъдҳо саҳнаи сиёсиву ҳарбии минтақа тағйир ёфт. Ин замоне буд, ки Пётри сеюм дар табаддулоти созмонёфта аз ҷониби ҳамсараш сарнагун гашт ва ин ҳамсар баъдтар Екатеринаи Бузург ном гирифт, ки бе иҷозаи вай дар Аврупо як тӯп ҳам тир холӣ намекард. Маҳз дар замони салтанати вай маҳорати фармондеҳии Румянсев ва Суворов ба афсона табдил мешавад ва ба рӯйдоде, ки қисса кардем, чандин нақлу ривоятҳо ҳамроҳ карда шуда, забти Берлин чун рӯйдоди хотирмону барҷаста дар адабиётҳои таърихӣ ворид мешавад. Вале ин худ қиссаест, ки замоне шояд дар ин бора нависем…
Калиди Берлин, ки ба генерал Тотлебен таслим карда буданд, ҳоло ҳам дар маъбади Қазони Санк-Петербург маҳфуз аст.
Владимир СВЕРЖИН
“Совершенно секретно”, No.6/422. Марти соли 2019
Таҳияи Ф. Муҳаммад