Аслан, мавзуи харидории Роналду дар “Реал” соли 2003, замоне ки Криштиану дар “Спортинг” бозӣ мекард, пайдо шуда буд. Вале ниҳоятан “Реал” на Роналду, балки Бекхэмро ба даста овард ва Криштиану ба “Маечестер Юнайтед” гузариш кард.

Соли 2006 президенти “Реал” – Флорентина Перес аз вазифаи худ истеъфо дод ва ҷойгузини ӯ Рамон Калдерон интихоб гардид. Президенти нав ба мухлисони бошгоҳи “шоҳона” ваъдаи ба даста овардани Кака ва Робенро дод. Гарчанде Калдерон ба ваъдаи худ содиқона вафо намуд ва ҳарду футболбозро ба ҳайати мадридиҳо шомил кард, вале бозии Кака ва Робен ӯро хушнуд насохт.

Дар мавсими солҳои 2006/2007-и мусобиқоти футболи Англия, Криштиану бозии ҷолиб нишон медод. Ӯ бо суръатафзоии баланд, техникаи хуби зарбазанӣ, гузаришҳои зебо аз рақибон ва ба самар расонидани зарбаҳои ҷаримавӣ аз масофаи дуртар ба ҷаримагоҳ шуҳрат пайдо мекард. Дар ҳамин мавсим Роналду ҳамроҳ бо “МЮ” қаҳрамони Англия шуд ва ҳамчунин бо задани 17 гол дар рӯйхати сегонаи беҳтарин нишонзанҳои ПЛА қарор гирифт.

Президенти тозаинтихоби “Реал” боварӣ ҳосил карда буд, ки овардани Роналду ба “Бернабеу” аксарияти мушкилоти дастаро ҳал хоҳад кард. Билохира, моҳи январи соли 2007 Калдерон аввалин кӯшиши худро анҷом дод. Ӯ бо раҳбарияти “МЮ” дар тамос шуд ва тақозои харидории ҳамлавари португалиро кард. Худи Криштиану изҳор дошт, ки Ла Лига ба ӯ писанд аст. Бону Долорес – модари Роналду гуфт, ки ӯ ҳамеша орзуи дидани писарашро дар Мадрид дошт. Ин хабар расонаҳои ҷаҳонро такон дод. Ҳатто, аксарият масъалаи гузариши Роналдуро ба ҳайати “Реал” ҳаллу фасл шуда эълон карданд. Аммо, ба ҳамаи ин мурабии “Манчестер Юнайтед” – Сер Алекс Фергюсон монеа шуд ва коре кард, ки португалӣ дар “Олд Траффорд” боқӣ монд. Фергюсон қатъан муқобили гузариши Роналду ба “Реал” буд, чунки ӯ дастаи мадридиро хеле бад медид.

Баъди ин ҳама “МЮ” аз фишори “Реал” ҳаросид ва моҳи апрели соли 2007 португалиро бо маоши 120 ҳазор фунт дар як ҳафта розӣ кард, то бо даста қарордоди ҳамкории панҷсоларо имзо кунад. Дар шаш моҳи оянда сарусадоҳо дар мавриди гузариши Роналду ба “Реал” оромтар шуданд. Лекин бо фаро расидани равзанаи гузаришҳои зимистонаи соли 2008, роҳбарият “Реал” дубора мавзуи харидории Роналдуро ба миён гузошт. Рамон Калдерон гуфт, ки Роналду гаронтарин футболбоз дар таърихи “Реал” хоҳад шуд. Аммо, ин дафъа роҳбарияти “МЮ” аз рӯйи “Реал” барои гуфту шуниди пинҳониаш бо Роналду шикоят бурданд ва эълон карданд, ки интиқоли Кришро то тобистон ғайриимкон хоҳад буд.

Ахиран, тоқати Криш тоқ шуд ва бо забони ҳол баён дошт, ки мехоҳад ба Мадрид равад. Ӯ дар моҳи июн гуфт:  “Ман мехоҳам дар “Реал” бозӣ кунам. Агар онҳо аз “Юнайтед” маро талаб кунанд, қарорро бояд ман қабул кунам. Намедонам ба Фергюсон чӣ гӯям, аммо ман инро мехоҳам. Шояд ман ба ӯ бигӯям, ки ман чӣ мехоҳам ва чӣ фикрдорам”.

Тобистони соли 2008 мавзуи дигаре пайдо шуд, ки сархати расонаҳои варзишии ҷаҳонро гарм мекард. Ин мавзу талоши “Барселона” барои харидории Роналду буд. Калдерон дар мусоҳибае ба пойгоҳи “Eurosport” гуфт, ки Роналдуро Фергюсон аз сабабе, ки “Реал”-ро дӯст намедорад, ба “Барселона” пешниҳод кардааст. “Барса” ба “МЮ” пешниҳоди мувофиқе карда буд ва ин пешниҳод ғолибан табъи дили Сер Алекс ҳам буд. Аммо Роналду пешниҳоди “нилунориҳоро” рад кард ва изҳор дошт, ки ё ба “Реал” меравад, ё ба ҳеч куҷое.

Ҳиллаи “Барселона” натиҷа надод, аммо Фергюсон таслим нашуд. Моҳи декабри соли 2008 ӯ боз ба “Реал Мадрид” ҳамла кард: «Ба фикри шумо, ман бо ин мафия шартнома мебандам? Онҳо ҳеч гуна имконият надоранд, ки Роналдуро харанд. Ман ҳатто ба онҳо вирус намефурӯшам”.

Баъди он ки ин суханҳо аз даҳони Фергюсон садо доданд, рӯзи 8-уми декабри соли 2008 “Реал Мадрид” созишномаи пешакиро дар бораи тобистони соли оянда харидорӣ намудани Криш ба имзо расонид. Дар аввал “МЮ” ба ивази 90 миллион фунт стерлинг фурӯхтани ҳамлагари португалӣ розӣ шуда буд.

Ҳамин зимистон, Калдерон дар тақаллуби овозҳо дар маҷлиси саҳмдорон айбдор карда шуд ва ҳама зиди истодани ӯ дар вазифаи Президентии “Реал” баромаданд ва касе аз ӯ тарафдорӣ накард. Хабари гузариши Криш метавонист ӯро аз ин ҷанҷол раҳо кунад, аммо Калдерон ҳаққи ифшо кардани ин қарордодро надошт. Баъдан, бунгоҳи “Эл Мундо” иқрор шуд, ки охири моҳи декабр бо директори “Реал Мадрид” – Педро Трапоте мусоҳибаи “махфӣ” анҷом дода будааст ва директор он ҷо иброз доштааст: “Мо аллакай беҳтарин бозингари дунёро харидаем. Албатта, ин Криштиану аст,  аммо мо наметавонем дар ин бора суҳбат кунем. Мувофиқи шартҳои шартнома, гузаришро ҳоло бояд эълон нашавад”.

Ахиран, моҳи январи соли 2009, Калдерон истеъфо дод, вале заҳмати 2,5 солаи ӯ баҳри ба “Реал” овардани Роналду барои бисёриҳо бовар нокарданӣ боқӣ монд. Тобистон маълум шуд, ки ба вазифаи президенти дар “Реал” танҳо як номзад – Флорентино Перес вуҷуд доштааст.

Перес аввал нахост гузариши Роналдуро эълон кунад, балки мехост ин қарордод бекор карда шавад, чунки Перес метавонист бо маблағе, ки Кришро харидорӣ мекунад, ду бозингарро ба даста биёрад. Аммо шояд ӯ аз ин банди шартномаи пешакӣ, ки дар он гуфта шуда буд: “ҷониби радкунанда бояд 30 миллион фунт стерлинг пардохт кунад” тарсид, ки дигар монеи омадани Криш шуда натавонист.

Дар гузораи 11-12 сол Рамон Калдерон борҳо хотиррасон кард, ки маҳз ӯ Роналдуро харидааст, аммо на ҳама ба ӯ бовар карданд. Гарчанде ки Рамон, бино ба гуфтаи худаш, Роналдуро харидорӣ кард, вале аз ин кор Флорентино Перес  баҳра бурд.

Роналду дар “Реал” нуҳ мавсими афсонавиро пушти сар кард, аммо то охир бо президент муносибати қарин надошт. Перес гарчанде пинҳон медошт, вале бо Роналду муносибати сард дошт ва ҳамеша Бэйлро беҳтарин медонист ва аз ӯ дастгирӣ мекард. Ахиран, Роналду “ба туфайли” Флорентина Перес ба “Юве” гузариш кард.

Роналду тӯли ду мавсим шарафи “Юве”-ро сарбаландона ҳимоя кард. Гарчанде натавонист дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, ки ӯро маҳз ба ҳамин мақсад харидорӣ карда буданд, комёб шавад, вале ҳамроҳ бо даста қаҳрамони Серия А ва барандаи ҷому суперҷоми Италия гардид.

Ин мавсим Криш тасмим гирифт, то ба хонаи худ – “Театри Орзуҳо” (“Олд Траффорд”-ро чунин мегӯянд) баргардад. Ҳамин тавр, ӯ ба ваъдаи худ, ки қабл аз тарки “МЮ” кардан ба мухлисон дода буд: “Рӯзе бармегардам” вафо кард.  Боз ҳам ӯ бо вуҷуди ба синни 37 қадам монданаш аз беҳтарин будани худ дарак дода истодааст ва аллакай дар чаҳор бозии анҷом додааш чаҳор гол ба самар расонд.

Маҳмадназар НАҶБУДИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь