Ба пешвози 1050-солагии нобиғаи овозадори тоҷик Абурайҳони Берунӣ

“Агар назарияи нисбият тасдиқ гардад, пас олмониҳо мегӯянд, ки ман немис ҳастам ва фаронсавиҳо маро шаҳрванди ҷаҳон меҳисобанд;

аммо агар назарияи ман рад карда шавад, фаронсавиҳо маро немис меноманд ва немисҳо яҳудӣ эълон мекунанд”.

(Алберт Эйнштейн)

Дар бораи мансубияти этникии Абурайҳони Берунӣ маълумоти то замони мо расида нокифояанд. Аз ин рӯ, қавме ӯро ба тоифаи турк, бархе ба миллати араб, шуморе ба нажоди форс нисбат дода, баъзеҳо тоҷики хоразминасаб медонанд. Ин ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, зеро шахс, ки маъруф шуд, ҳар қавму нажод мехоҳад чунин афродро аз они худ донанд. Ин ҳам як амри таърихӣ ҳаст. Аммо дар масъалаи азхудкунии Абурайҳони Берунӣ на ҳамаи муддаиён ҳақ ва асос доранд. Дар ин маврид ба ёд меорем як рубоии яке аз бузургтарин донишманди суғдинасаби тоҷику форс – Абунаср Муҳаммади Форобӣ (10.01.872, Фороб – 14.12.950, Димишқ)-ро, ки гуфтааст:

Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд,

В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд.

Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтанд,

Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

Албатта, Форобӣ ин мисраи шеъриро ба забони тоҷикии ноб андар баёни андешаҳои фалсафиаш иншо намудааст. Вале бубинед кори гардуни гардонро, ки ин маъно дар фаҳмиши мансубияти нажодии худаш ва вориси андешаҳои илмиаш Абурайҳони Берунӣ ҳам корбаст шудааст ва гӯё ӯ пешгӯӣ кардааст, ки барои муайянсозии мансубияти нажодиии онҳо чунин мушкилӣ баъди ҳазор сол пайдо мегардад ва ҳар касе ҳар чизе хоҳад, мегӯяд. Пӯшида нест, ки Абурайҳони Берунӣ анқариб тамоми осорашро ба забони арабӣ – забони илмии ҳамон давра эҷод карда, бад-ин васила дар ганҷинаи тамаддуни арабӣ нақши босазое гузоштааст. Набояд фаромӯш кард, ки яке аз шоҳасарҳояш бо номи “Китоб-ут-тафҳим” ба забони ноби тоҷикӣ (порсии дарӣ) навишта шуда, аз муътамадтарин сарчашмаи луғати илмии тоҷикон маҳсуб мегардад. Бешубҳа арабҳо аз он ифтихор доранд ва аз ин рӯ, ӯро донишманди арабӣ медонанд, илова бар ин ки номи худаш ва номи падараш ҳам калимаҳои арабӣ буда, динаш ҳам ислом буд. Ба ёд меорем Александр Сергеевич Пушкини африқоинажоди яҳудиасосро, ки сардафтари адабиёти рус маҳсуб мегардад. Ҳарчанд ӯ яҳудинажод буда, бинобар васияташ ҳатто бо рамзи яҳудии ду секунҷаи бо ҳам мутақобилвасл (“маҳендавид”) дафн шудааст, ӯро шоири рус меҳисобанд, зеро асосан дар хазинаи тиллоии русҳо саҳмгузорӣ кардааст. Аз ин лиҳоз, даъвии арабҳо андаке бошад ҳам мантиқ дорад. Аммо даъвии турксозии баъзе афрод ҳеч асоси илмӣ надорад ва ҳамон суханони Эйнштейнро, ки ёдовар шудем, тасдиқ мекунад.

Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунии Хоразмӣ яке нобиғагони овозадори тоҷику форс буда, бо осори гаронбаҳои худ дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст.

Азбаски Берунӣ аз аждоди худ маълумоте намедонистааст аз ин ҷо ҳадс зада мешавад, ки сағира ба воя расидааст. Вагарна чунин донишманде, ки аз таъриху тамаддуни халқҳои қадиму муосири худаш ба монанди яҳудиёну сурёниёну ҳиндуён ва хоразмиёну суғдиёну порсиён маълумоти дақиқу ҷолиберо собит намудааст, ки яке аз сарчашмаҳои таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳсуб мегарданд, бо донистани маълумоти андаке аз падар модари худ ва ё наздикону пайвандони хеш маълумотеро дар бораи худ собит мекард.

Андар мансубияти нажодии Берунӣ дақиқан ва бидуни шакку шубҳа бояд гуфт, ки ӯ аз бузургони эронинажоди ҷанубу ғарбие ба шумор меравад, ки танҳо ба ду забон осори илмии худро боқӣ гузоштааст: яке забони илмии замонааш – забони арабӣ ва дигаре забони порсии дарӣ (тоҷикӣ). Аз он ки ӯ аз мулки Хоразм буд ва ҳадс зада мешавад, ки забони модариаш забони хоразмӣ бошад, агарчанде забони хоразмӣ ҳам аз гурӯҳи забонҳои эронӣ маҳсуб мегардаду мулки Хоразм ҳам кишвари эронӣ маҳсуб мегардад ва дар замони зиндагии ӯ калимоту ибороти забонҳои эронии хоразмиву суғдӣ ба мисли замони ҳанӯз пурра аз байн нарафата буданд ва худаш аз ин забонҳо ёд карда, вожагонеро ҳам дар осораш истифода кардааст. Аз рӯи таълифоту таснифот ва тарҷумаи осори донишмандони пешин ба забони арабӣ (тозӣ) ва аз забони арабӣ ба дигар забонҳо, хулоса карда мешавад, ки Берунӣ донандаи забонҳои арабӣ, хоразмӣ, суғдӣ, тоҷикӣ (порсии дарӣ), юнонии қадим, санскрит (ҳиндӣ), ибрӣ ва сурёнӣ буда, чӣ тавре ишора кардем, осори илмиашро танҳо ба ду забон арабӣ ва тоҷикӣ ба мерос гузоштааст.

Бояд гуфт, ки лақаби “берунӣ” ҳам сирф вожаи тоҷикӣ (порсии дарӣ) буда, муқобилмаънои “дарунӣ”, “дохилӣ”, ба маънои “ғайри худӣ” истифода мешавад. Як нуктаи ҷолиби дигар ин аст, ки то имрӯз, баъди беш аз даҳ асри замони Берунӣ дар яке аз шаҳрҳои қадимаву зебои тоҷикӣ, мулаққаб ба арӯси шаҳрҳо ва тирози ҷаҳон – Хуҷанд, ки васфи зебоии шаҳру ширингуфтории мардумаш дар сарчашмаҳое ба монанди “Ҳудуд-ул-олам” ва ғайра сабт шудааст, нисбати мардуми аз беруномада вожаи “берунӣ”-ро истифода мекунанд.

Зодгоҳи Берунӣ. Берунӣ дар мавзее берун аз шаҳри Кот, вале наздик ба он шаҳр зода шудааст ва аз ҳамин сабаб ба номи пурраи ӯ лақаби «Берунӣ»-ро сазовор донистаанд. Вожаи “Кос” (ﻛﺎﺚ), ки баъзан бо иллати монандии ҳарфи “с”-и муллас (ﺚ) бо “т” (ﺕ) ва ё норӯшании як нуқтаи ҳарфи “с” иштибоҳан “Кот” (ﻛﺎﺕ) хондаанд ва боз дар шакли бештари таҳрифшудаи русӣ “Кят” ҳам навиштаанд, дар баробари вожаи “Хоразм” (ﺨﻭﺍﺭﺰﻡ) дар сарчашмаҳо ҳанӯз дар асри VII пеш аз милоди Исои Масеҳ вомехӯрад. Аз Хоразм роҳи бузурги тиҷоративу тамаддунии дунёи қадим “Шоҳроҳи абрешим” мегузашт. Пойтахти Хоразм беш аз 700 сол (аз охирҳои асри III то асри X милодӣ) – замони зиндагии Берунӣ шаҳри Кос буд. Баъди асри X то асри XVII пойтахт ба Гурганҷ ва аз нимаи дуюми асри XVII ба Хива кӯчид. Аз ин ҷо бармеояд, ки Берунӣ дар беруни пойтахти Хоразми бостонӣ – шаҳри Кос, ба ибораи имрӯза, дар деҳае аз деҳоти атрофи он ба дунё омадааст.

Дар мавриди қадимӣ будан ва маънои номи “Кос” бояд гуфт, ки зодгоҳи Буқроти Ҳаким (460-370 п.а.м.), мулаққаб ба “падари тиб” низ ҷазирае бо номи Кос (Κῶς) буда, баъд аз тасарруфи баъзе заминҳои Юнони Қадим аз ҷониби туркон, онро ба туркӣ İstanköy меноманд, ки вожаи “köy” дар он шакли таҳрифшудаи “кос” мебошад.

Барои пайдо кардани маънои вожаи “Кос” дигар ҷиҳати масъала ин аст, ки то имрӯз шаҳрҳо, ноҳияҳое бо номи Косон ва Кошон маҳз дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр (Варазрӯд), ки ватани аслӣ ва таърихии тоҷикон аст, вуҷуд доранд. Яъне Кошон ҳоло дар Ҷумҳурии исломии Эрон, зодгоҳи яке аз риёзидонони овозадори сатҳи ҷаҳонӣ – Ғиёсиддин Ҷамшеди Кошонӣ (1380, Кошон – 22.06.1429, Самарқанд) ва Косон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зодгоҳи Сайид Ҷалоиддин Аҳмади Косонӣ, мулаққаб ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ (Даҳбедӣ) ва Махдуми Аъзам (1461, Косон – 1542, Самарқанд) ҳамоно як маъно доранд. Бояд гуфт, ки дар илми забоншиносӣ қоидаи ивазшавии ҷуфти ҳамсадоҳои садодор ва бесадоро дар ҳамаи гуруҳи забонҳо дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар забонҳои сомӣ ҳарфи “ш”-и ибрӣ ба “с”-и арабӣ иваз мешавад: Моше – Мӯсо, Йешуа – Исо, Шломон – Сулаймон ва ғайра. Дар гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ чунин ҳодисаро дар мисоли забонҳои паҳлавии ҷанубӣ (сосонӣ) ва паҳлавии шимолӣ (ашконӣ ё парфианӣ) дучор шудан мумкин аст. Масалан, “хуш” ва “хушбахт” аз забони паҳлавии ҷанубӣ дар забони паҳлавии шимолӣ “хус” ва “хусбахт” талаффуз мешавад ва ғайра. Ҳамин тавр, вожаҳои “кош” ва “кос” дар забонҳои паҳлавии сосонӣ ва ашконӣ (парфианӣ) як маъно дошта, “бошишгоҳ”, “манзил” ва ҳаммаънои (синоними) ҳамин вожаҳо мебошад ва пасванди “он”-и тоҷикӣ (порсии дарӣ) ба монанди “истон” таъкидкунандаи маънои решаи калима буда, вожаҳои “Кос”, “Косон” ва “Кош”, “Кошон” маънои “манзил”, “шаҳр”, “ноҳия”-ро доранд.

Дар мавриди эронитабории хеш ҳамчун хоразмӣ, ки суғдиён низ аз он таборанд, худи Берунӣ дар мавриди солшумории хоразмиён чунин гӯяд: “…аҳли Хоразм агарчӣ шохае аз боғистон ва шохоби дарёи порсиён будаанд, вале дар оғози сол ба аҳли суғд ва дар вазъи илҳоқи зоид тарафдор будаанд”. Ибораи “илҳоқи зоид” дар илми ҳайатшиносӣ дар мавриди тақвимсозӣ маънои изофа ё замима кардани соатҳои ҳосилшуда дар солшумории тропикӣ (хуршедӣ) байни ду эътидоли баҳорӣ мебошад, ки ин дигар ҷиҳати масъала аст.

Худи вожаи “Хоразм” ҳам ҳамчун ватани бузурги Абурайҳони Берунӣ дар забони авестоӣ ба шакли Xvairizem дар забони порсии тоҷикӣ ﺨﻭﺍﺭﺰﻡ ҳамчун “замини офтобӣ (“хуршедзамин”)”, “замини серҳосил” ва “пастзамин” маънидод мешавад.

Пас аз маънидоди иҷмолии ватани бузургу кӯчак ва нажоду забони Абурайҳони Берунӣ, чанд сухан дар бораи санаи дақиқи таваллуду вафоти ӯ гуфтан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар тамоми таҳқиқоти муосир ба забонҳои русӣ, тоҷикии муосир, ӯзбекӣ ва ғайра санаи таваллуду вафоти Беруниро мувофиқи солшумории григорианӣ 4-уми сентябри соли 973 ва 11-уми декабри соли 1048 нишон додаанд, ки хато мебошад. Бояд гуфт, ки баргардони санаҳои таърихиро аз солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба григорианӣ аксари вақт тоҷикону ӯзбекон аз нишондоди русҳо интихоб кардаанд, ки русҳо дар навбати худ нишондоди донишмандони аврупоиро аз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ё олмонӣ ба забони русӣ дуруст нишон дода бошанд ҳам, иштибоҳашон дар он аст, ки таъкид накардаанд, ки санаҳои муосир аз ҳиҷрии қамарӣ ба солшумории юлианӣ баргардон шудаанд, на ба григорианӣ. Зеро байни солшумории григорианӣ ва юлианӣ мисли солшумории порсии дарӣ ва хоразмӣ тафовути андаке ҳаст, тақрибан ба миқдори як ҳафта. Ҳамин тавр, чунин иштибоҳот нисбати зодрӯзу маргрӯзи Абурайҳони Берунӣ низ роҳ ёфтаанд, ки мо тарзи дурусти онро дар шакли нақшаи зерин нишон хоҳем дод:

Санаи таваллуди Абурайҳон Муҳаммад писари Аҳмад Берунии Хоразмӣ тибқи солшумориҳои гуногуни зерин
Ҳиҷрии қамарӣ Ҳиҷрии шамсӣ Григорианӣ Юлианӣ Суғдӣ Хоразмӣ Зардуштӣ Яҳудӣ
03 Зулҳиҷҷа соли 362 18 Шаҳревар (Сунбула) соли 252 08 Сентябр соли 973 03 Сентябр соли 973 25

Мажиханзо

25

Римжид

11

Хшатра Ваирйа

2711

03 Тишрей соли 4734
Санаи вафоти Абурайҳон Муҳаммад писари Аҳмад Берунии Хоразмӣ тибқи солшумориҳои гуногуни зерин
Ҳиҷрии қамарӣ Ҳиҷрии шамсӣ Григорианӣ Юлианӣ Суғдӣ Хоразмӣ Зардуштӣ Яҳудӣ
02 Раджаб

440

26 Озар (Қавс)

427

17 Декабр соли 1048 11 Декабр соли 1048 02

Мософӯғ

02

Ҷирӣ

18

Āдур

2786

03 Тевет соли 4809

Хулоса, осори арзишманди Абурайҳон Муҳаммади Берунӣ дар соҳаи фалсафа, риёзиёт, табииёт, ситорашиносӣ, тиб, таърих, забоншиносӣ, ҷуғрофиё ва ғайра барои донишмандони оянда новобаста аз мазҳабу миллат ва дину нажод таъсири муайяне расонидааст. Ва ин ҳам як амри воқеии таърихист, ки абармардони дунёи мутамаддин ба тамоми аҳли башар тааллуқ доранд ва азизанд. Аммо азбаски парвардаи як халқу миллати муайяне мебошанд, маҳз ҳамон миллат вомдор аст, ки ёдбуди онҳоро таҷлилгар бошад. Ҳамин тавр, дар назди Абурайҳон Муҳаммад писари Аҳмад Берунии Хоразмӣ пеш ва беш аз ҳама тоҷикон, ки меросбари суғдиёну хоразмиёну бохтариёни қадиманд, вомдоранд, баъдаҳу эрониёни порсигӯ, солисан арабҳо ва чаҳорум тамоми мусалмонони ҷаҳон вомдор мебошанд.

Абдулҳай КОМИЛӢ,

доктори илмҳои физикаю математика

ва номзади илми таърих, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь