Ҳукумат барои таъсири пандемия ба низоми бонкӣ чӣ чораҳо андешид ва он то куҷо саривақтӣ буд?
Соли 2020 бар асари доман паҳн кардани бемории пандемияи COVID-19, ки кишварҳои ҷомеаи ҷаҳониро доман зад, Тоҷикистон низ, ки қисме аз иқтисодиёти ҷаҳонист, аз пайомадҳои ногувори ин вабои аср дучори мушкилот гашт. Аз омори расмӣ бармеояд, ки дар нуҳмоҳаи соли 2020 сатҳи рушди иқтисодиёти кишвар нисбат ба нишондиҳандаҳо коҳиш ёфтааст. Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ зимни таҳлилу баррасии вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди иқтисодиёти кишварамонро дар соли 2020 на зиёда аз 1,6 фоиз ва сатҳи таваррумро 10 фоиз ва ҳиссаи қарзҳои хориҷии давлатӣ дар ММД-ро дар сатҳи 51 фоиз пешбинӣ намуда буданд.
Бар асари хуруҷи ин беморӣ, ки ҳамчун омили пешбининашаванда маънидод мегардад, болоравии арзиши маҳсулот ва камчинии доруву дармон мушкилоти рақами аввали мардум гашт. Мавҷи коронавирус дар қатори одамон ҳамчунин сектори хусусиро низ ба гирдоби худ печонд. Соҳибкороне, ки тавассути қарзҳои бонкӣ истеҳсоли маҳсулоту бунёди иншоотро рӯи даст доштанд, бар асари мутаваққиф гаштани коргоҳҳояшон мувоҷеҳ ба мушкилоти пардохти қарзҳои бонкӣ шуданд. Даромад аз истеҳсолот, ки қатъ гашт, имкони сари вақт пардохт накардани фоизи қарзҳои бонкӣ низ ба миён омад. Аксар аз ширкатҳои истеҳсолии муштарак, ки бо қарзҳои бонкӣ фаъолият пеш мебурданд, бинобар камбуди ашёи хоми аз хориҷа дастрасмешуда аз фаъолият бозмонда, водор ба он шуданд, то коргаронро ба рухсатии бемузду бемуҳлат равона созанд. Соҳибкорон ҷиҳати сабукӣ бахшидан барои пӯшиши қарзҳои ташкилотҳои қарзӣ, аз Ҳукумати кишвар дархост карданд, то дар ин самт ба онҳо дасти мадад расонад.
Қабули фармон. Он чӣ гуна амалӣ шуд?
Вазъияти ба миёномада тамоми масъулини кишвар ва олимони иқтисодшиносро водор сохт, то роҳу василаи аз бунбаст раҳо гаштанро тарҳрезӣ кунанд. Ҷиҳати рафъи паёмадҳои номатлуби пандемия ва пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои беруна, 5 сентябри соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки он ба сокинону соҳибкорон ва соҳаҳои алоҳидаи мамлакат як қатор сабукиҳо фароҳам овард.
Тибқи Фармони мазкур, аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоизи амалкунанда то 6 фоиз паст карда шуда, ба соҳибкорзанҳо аз ҳисоби “Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарзи имтиёзнок ҷудо гардид.
Дар навбати худ Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, то ба хотири дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани дараҷаи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд.
Баъд аз судури Фармони мазкур, бонки марказӣ ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ, тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ рӯйи кор гирифт.
Тибқи муқаррароти Бонки миллӣ, аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, фоизи солонаи он 11,75 фоиз муқаррар гардид. Яъне, бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳолати ҳассос мавриди истифода қарор додани захираҳои ҳатмиро ҳамчун фишанги эҳтиётӣ мавриди корбурд қарор дода, ҳамзамон, ташкилотҳои қарзиро вазифадор кард, то нақшаи чорабинии дахлдор таҳия карда, онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
“43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои муштариён бахшида шуд”
Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода моҳи июли соли 2020, зимни нишасти матбуотӣ қайд карда буд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти таъсири паҳншавии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, ба ҳолати 30 июни соли 2020 ба зиёда аз 100 ҳазор муштарии худ ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод намудаанд. Аз ҷумла, муҳлати пардохти қарзи зиёда аз 28600 муштарӣ бо маблағи 800 млн. сомонӣ тамдид гардида, зиёда аз 43 млн. сомонӣ ҷаримаҳои ҳисобшуда ба муштариён бахшида шудаанд.
Бино ба гуфтаи Ҷ. Нурмуҳаммадзода, пандемия таъсири амиқ ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ гузошт, ки даромади онҳо 25,6 фоиз коҳиш ёфт. Номбурда илова кард, ки ба хотири дастгирии ташкилотҳои қарзӣ дар давраи пандемия, аз ҳисоби захираҳои ҳатмии Бонки миллӣ барои онҳо 241 млн. сомонӣ ҷудо гардид.
Баъдан, дар ин давра ба хотири дастгирии ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби Бонки миллӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо карда шуда, ҳамзамон, ташкилотҳои қарзӣ дар хариди коғазҳои қимматнок ширкат карда, зарари худро бо ин васила ҷуброн карданд. То як муддат ташкилотҳои қарзӣ водор шуданд, то ба зарари худ кор карда, вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён, қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доштанд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуданд.
Бонки миллӣ ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти иқтисодиву молиявӣ ва пешгирӣ аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакат, нақша-чорабиниҳое таҳия намуда, ташкилотҳои қарзии молиявиро тавсиа дод, то ҷиҳати зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ бо дарназардошти пешгирӣ аз хавфҳои бонкӣ мусоидат кунанд ва ҳамзамон, ҷиҳати таъмини ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли 2020 фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зарароварро муваққатан мавқуф гузоранд.
“Кам кардани таъсири пандемия сиёсати пулию қарзии вобаста аст”
Шариф Раҳимзода, профессор, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зимни як нигоштаи таҳлилии худ дар маҷаллаи “Молия ва ҳисобдорӣ” (№11, с.2020) иброз дошт, ки “Кам кардани таъсири пандемия ба иқтисодиёт, албатта аз сиёсати иқтисодӣ ва хусусан сиёсати пулию қарзии сохторҳои дахлдор вобаста аст. Таъсири манфии пандемияро танҳо олотҳои (интервенсия) буҷетӣ ва пулию қарзӣ метавонанд кам кунанд. Давлат набояд ба муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ, хусусан субъектҳои соҳибкории хурду миёна роҳ диҳад, зеро муфлисшавӣ ё баста шудани онҳо боиси кам шудани ҷойҳои корӣ, норозигии мардум аз сиёсати ҳукумат ва мушкилиҳои иҷтимоӣ мегардад”. Ва дар ин замина Ш.Раҳимзода пешниҳод карда буд, то “…Бонки миллӣ дар такя ба таҷрибаи бонкҳои марказии кишварҳои ҷаҳон, ширкатҳои калони ватаниро бо роҳи додани қарзҳои дарозмуддат таҳти гарави амволи онҳо дастгирӣ намояд”.
Паст кардани меъёри бозтамвил раҳоӣ аз бунбаст?
Воқеан ҳам аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки дар ҳолати нарасидан ва ё камбуди захираҳои буҷети асъории давлатӣ, пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат ё хариди коғазҳои қимматноки давлатӣ ва саҳмияҳои бахши хусусӣ метавонад ба вазъ беҳбудӣ бахшад. Бино ба гуфтаи Ш.Раҳимзода, “ҳарчанд дар чунин ҳолат имкони то сатҳи муайян боло рафтани таваррум вуҷуд дорад, вале он бар зарари иқтисодиёт нест”.
Перомуни он, ки паст кардани меъёри бозтамвил метавонад ҳамчун фишанги дастгирӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ мусоидат кунад, профессор Ш.Раҳимзода бар ин назар аст, ки “мутаассифона дар шароити Тоҷикистон ин олоти танзими муомилоти пулӣ таъсиргузор нест”. Ба андешаи ӯ, дилхоҳ пастравӣ, ҳато ночиз, метавонад боиси пурзуршавии воҳимаи молиявӣ ва шикасти иқтисодиёт гардад. Танҳо бонки марказӣ метавонад пеши роҳи буҳрони пардохтпазирии субъектҳои хоҷагидориро гирифта, фаъолияти муқаррарии сохторҳои молиявиро таъмин намояд.
Дар асоси дастуроти Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзии кишвар водор шуданд, то ҷиҳати татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки ӯҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои мӯҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҳои дахлдор андешанд.
Зарар мебинем…
Ташкилоти қарзии «Алиф Бонк» дар мавриди андешидани чораҳо оид ба татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ дар ин давра аз ҳама бештар ба муштариёнаш сабукӣ пешниҳод намуд. Ташкилоти мазкур дар давраи пандемия барои нафароне, ки то шурӯъ шудани пандемия маблағ гирифта буданд ва имкони сари вақт пардохт кардан надоштанд, то 3 моҳ мӯҳлати имтиёзӣ ҷорӣ карда буд.
Ӯ зикр кард, ки ҳарчанд аз ин иқдом «Алиф Бонк» зарар мебинад, вале новобаста ба ин зарур мешуморад, то ҳадди имкон мизоҷонашонро дастгирӣ намуда, ин мушкилиро дар якҷоягӣ паси сар намоянд.
Номбурда қайд кард, ки ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввали пандемия, «Алиф Бонк» сенарияҳои гуногуни равиши онро баррасӣ намуд ва таҳлилҳо нишон доданд, ки бинобар ҷалби сармояи нав ба ҳолатҳои эҳтимолии мушкилтарин низ омода аст.
Тавре ба мушоҳида расид, бо ибтикори Ҳукумати кишвар дар давраи пандемия аҳолӣ то андозае имкону тавоне пайдо карданд, то зиндагии худро бе таъсири назаррас идома диҳанд. Дар ин кор бешак саҳму нақши Бонки миллӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар мадди аввал аст.
Марҳилаи мушкил паси сар шуд ва ояндаро наметавон пешбиниву пешгӯӣ кард, ки моро чӣ интизор аст. Ҳар рӯзи он рӯзҳои сахтро мебояд ҳамчун дарсу сабақу таҷриба барои худ касб кард. Ҳар соҳибкору кишоварз ва хоҳишманде, ки мехоҳанд дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд, хоҳони онанд, то низоми бонкии кишвар ҳамчун василаи боэътимод дар ҳар лаҳза чорасози онҳо бошад.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти Кушода»– Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.
Мазҳаб Ҷумъа