Маблағҳои буҷет дар соҳаи маориф чӣ гуна масраф мешаванд?

Ҳамасола беш аз панҷоҳ дарсади маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳри Панҷакент ба соҳаи маориф равона мешаванд. Ва ин табиӣ ҳам ҳаст. Таъмини молии 132 муассисаи таълимӣ бо 4761 омӯзгор, 62231 хонанда ва садҳо корманди техникӣ кори саҳлу содда нест.

Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти Раёсати омори шаҳри Панҷакент, шумораи рӯйхатии кормандони соҳаи маориф беш аз 7,3 ҳазор нафар, бо шумули омӯзгорон, кормандони техникӣ ва идорӣ аз буҷети соҳаи маориф баҳра мебаранд ва бо афзудани хароҷот, зиёд шудани маоши кормандони соҳа, хароҷоти соҳа низ меафзояд.

Барои шаҳру навоҳии худкифо, ки Панҷакент аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешавад, ин кори саҳл нест. Навоҳии дастнигари буҷети ҷумҳурӣ ба он такя мекунанд, вале навоҳии худкифо бояд ҳисоби корашонро худашон ёбанд. Ба таври дигар, бо далелу бурҳон тавонанд назди мақомоти идораи молияи вилоят ва ҷумҳурӣ хароҷоти эҳтимолӣ ва пешбинишавандаро собит намоянд. Ва ин дар ҳолест, ки тақсимоти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро қонун дар бораи буҷет муайян менамояд. Ҳамчунин, дар мавриди муайян намудани ҳаҷми буҷети соҳаи маориф “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф”, ки дар заминаи Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 6-уми июни соли 2016, № 697 таҳия шудаву аз ҷониби вазоратҳои марбута тасдиқ шудааст, ба кор гирифта мешавад.

Давоми панҷ соли гузашта, аз соли 2016 то соли 2020, маблағгузории соҳаи маориф 27,1 миллион сомонӣ афзудааст ва ҳамаи инро буҷети маҳаллӣ уҳда мекунад.

Чун қоида ҳамасола бо назардошти пардохти музди меҳнат, дигар хароҷоти соҳа ва имкониятҳои буҷети маҳаллӣ барои соҳаи маориф маблағҷудокунӣ аз буҷет пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти аз Раёсати молияи шаҳр дастрасшуда буҷети соҳаи маориф хароҷотеро пешбинӣ мекунад, ки онро бахш ва ё сектори 04 унвон мекунанд.

Акнун бубинем, маблағҳои барои соҳаи маориф ҷудошуда, ки дар соли 2018-ум 73408863,66 ҳазор сомониро ташкил додаанд, мутобиқ ба ин тартиб чӣ гуна тақсимбандӣ шудаанд (бо фоиз аз маблағи воқеан масрафшуда).

Тавре маълум аст, қисми асосии маблағи буҷети соҳа барои пардохти маоши кормандон масраф мешавад. Бо ин мақсад соли 2019-ум 75,6 ва дар ёздаҳ моҳи соли 2020-ум 76,7 фоизи маблағҳои воқеан ҷудошуда сарф шудаанд.

Тавре коршиносон ва сарварони муассисаҳои таълимӣ дар суҳбат бо мо иброз доштанд, маблағҳои барои дигар хароҷот, ба ҷуз маош, пешбинишуда на ҳамаи онҳоро мепӯшонанд. Масалан, маблағи барои таъмири ҷории биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 масрафшуда андаке бештар аз 1,1 миллион сомонӣ ва ё 1,41 фоизи буҷети воқеии соҳаро ташкил додааст, ки ин ба ҳар муассиса 9022,9 сомонӣ рост меояд. Агар ба ин 12 муассисаи томактабии тобеи шуъбаро зам намоем, боз ҳам камтар мешавад. Шояд яке аз сабабҳои ба кумитаи падару модарон дар масъалаи таъмири муассисаҳо рӯй овардани сарварони мактабҳо низ ҳамин аст.

Тибқи маълумоти шуъбаи маорифи шаҳр, ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ 1561 компутар мавриди истифода қарор доранд ва 60 мактаб тавассути модем ба шабакаи интернет пайваст шудаанд. Ду соли охир бошад, дар буҷети соҳаи маориф маблағҷудокунӣ барои хидмати алоқа коҳиш ёфтааст. Агар соли 2018 пардохт барои хидмати алоқа 0,37 фоизи буҷети соҳа ё 278,6 ҳазор сомониро ташкил диҳад, соли 2019 он ҳамагӣ 1153 сомонӣ ва ё баробари 0,0013 фоизи маблағи умумии буҷети соҳа аст. Дар 11 моҳи соли 2020 аз ин ҳам камтар аст. Яқин аст, ин маблағ танҳо барои пардохти истифодаи телефонҳои камшумори шабакаи алоқаи шаҳрии мактабҳо пешбинӣ шудааст, на барои пайваст шудан ба шабакаи интернет, ки хароҷоти ҳангуфт дорад.

Дар ин баробар, аксари мактабҳо, хоса дар деҳот, бо бухорӣ гарм карда мешаванд ва хароҷоти харидории ангишту ҳезум низ аз буҷети соҳа аст ва барои ин ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо мешавад. Тавре дар ситоди омодагӣ ба мавсими тирамоҳ ва зимистони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфтанд, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо ангишт, ҳезум ва гармкунакҳои барқӣ таъминанд.

Дар маҷмуъ, он чӣ дар хазина ҳаст ва пешбинӣ шудааст, ба муассисаҳои таълимӣ мутобиқ ба смета ё лоиҳаи хароҷот тақсим мешавад ва ба он бахши хазинадорӣ ва муассисаҳои буҷетии Раёсати молияи шаҳр назорат мебарад. Яъне, муассисаҳои таълимӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда “ба кӯрпаи худ нигоҳ карда, пой дароз мекунанд”.

Б. ОДИНАЗОДА,

Х. ФОЗИЛОВ

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ, бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Бритониёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»Бунёди Мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь