Охири ҳар моҳ дар назди бонкҳо шумораи зиёди сокинон ба хотири гирифтани маош ё нафақа ҷамъ мешаванду аз набудани пул дар банкоматҳо шикоят мекунанд. Аммо масъулини ниҳоди зидахл иддао доранд, ки бояд ба хотири беқурб нашудани асъори миллӣ сокинон ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ гузаранд. Мавзуъро nuqta.info пайгирӣ намуд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2018 таҳти №565 қарори дахлдор бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар, вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо қабул шудааст. Мутобиқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амалкунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳамчунин ба таври ҳатмӣ қабули ҳама намуди хизматрасониҳоро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.

Пардохти ғайринақдӣ чист?

Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи расид, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва тавассути пулҳою ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.

Дар Хатлон чӣ тадбир андешида шудааст?

Фирдавс Самадов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар перомуни ин масъала иброз кард, кибо мақсади вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа ба санаи 31 декабри соли 2021 дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмӯъ 243 адад POS-терминалҳои пардохтӣ ва 630 адад QR-рамз насб карда шудааст. Тавассути онҳо зиёда аз 30,7 ҳазор амалиёти пардохтӣ ба маблағи 12 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст. Инчунин ҷиҳати кам кардани пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, рушди хизматрасониҳои пардохтӣ, истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохти муосир аз ҷониби аҳолӣ ҳангоми пардохти арзиши молу хизматрасониҳо, ба даст овардани боварӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари маблағҳои аҳолӣ ба бонкҳо корҳои оммафаҳмонӣ ва таблиғотӣ дар байни аҳолӣ гузаронида шуда истодааст.

Дар якҷоягӣ бояд амал кард

Гулмаҳмад Холов, мудири филиали вилоятии №42-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, бар ин назар аст, ки барои вусъат бахшидан ба ин раванд дар якҷоягӣ бо бонкҳо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо  низ бояд ҳиссагузор бошад. Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”-и ҷумҳурӣ бевосита перомуни ин масъала ба Кумитаи андози мамлакат мактуби расмӣ ирсол кардааст. Нусхаи ин мактуб ҳамзамон ба нозиротҳои андози шаҳру ноҳояҳо фиристода шудааст.

-Дар якҷоягӣ ин иқдомро бояд амалӣ кунем. Бояд дар ҷамоатҳои дурдаст низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад, ки ин иқдомро аллакай мо зиёд роҳандозӣ кардаем. Аксарияти аҳолии ҷамоатҳои дурдаст аз пардохти ғайринақдӣ огаҳӣ надоранд. Ҳатман бояд хизматрасонии пардохтҳои ғайринақдиро зиёд намоем. Танҳо дар ин сурат аз танбашавии ҳармоҳаи сокинон дар назди бонкҳо метавон ҷилавгирӣ кард, – мегӯяд Гулмаҳмад Холов.

Банкоматҳо зиёд шуданд, аммо…

Директори филлиали Бонки Эсхата дар вилояти Хатлон Ҳакимҷон Артиқов зимни суҳбат гуфт, бо вуҷуди он ки дар соли 2021 шумораи банкоматҳо зиёд карда шуд, аммо танбашавии сокинон ҳар охири моҳ зиёд эҳсос мешавад. Танҳо дар сурати амалӣ гаштани пардохти хизматрасонии ғайринақдӣ ин мушкилот ҳалли худро пайдо мекунад.

-Дар бонки “Эсхата” 75 ҳазор мизоҷ корти фаъол доранд, – мегӯяд Ҳакимҷон Артиқов. – Агар ҳамин 75 ҳазор мизоҷ ҳармоҳа аққалан ба миқдорӣ 1000 сомонӣ аз хизматрасонии ғайринақдӣ истифода баранд, дар як моҳ 75 миллион сомонӣ муомилоти пули нақд аз байн меравад. Айни замон ҳамаи бонкҳои амалкунандаи мамлакат барномаҳои мобилии хизматрасониҳои бонкӣ доранд, ки тавассути ин барномаҳо корҳои зиёдеро, аз қабили пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, хизматрасонии коммуналӣ, пур кардани мувозинати телефонҳои мобилӣ метавон амалӣ кард. Хизматрасонии ғайринақдӣ метавонад беқурбшавии пули миллиро низ аз байн барад, – гуфт ӯ.

Имтиёзҳо дода шудаанд

Ба иттилои сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Соҳиб Раҷабов, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он соҳибкороне, ки дар кори равнақ бахшидан ба хизматрасониҳои ғайринақдӣ ҳиссагузоранд, имтиёзҳо дода шудааст. Масалан соҳибкороне, ки тавассути POS-терминалҳо ғайринақдӣ ба мизоҷон хизматрасонӣ мекунанд, як фоиз кам андоз месупоранд. Кормандони Раёсати андози вилоят низ дар ин самт пайваста миёни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Дар баробари соҳибкорон бояд маърифати ҳуқуқии мизоҷон низ баланд бардошта шавад.

Дар ҳоле, ки дар қонунгузории мамлакат ба соҳибкорон ҷиҳати хизматрасонии ғайринақдӣ имтиёзҳо дода шудааст, пас чаро онҳо ба истифода аз ин хизматрасонӣ ҳавасмандӣ нишон намедиҳанд?

Аз ҳарвақта дида, бештар кор бояд кард

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳанӯз сокинони қисмати зиёди мамлакат аз низоми ғайринақдӣ тамоман тасаввурот надоранд. Гузашта аз ин, аксари сокинони Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки барои гузаштан ба ин низом дар макони зисти онҳо шароит фароҳам нест. Ҳама аз марказу мағозаҳои POS-терминалдор имкони харидро надоранд. Дар ин баробар, дар деҳот қариб, ки чунин марказҳо вуҷуд надоранд. Дуруст аст, ки гузариш ба ин низом барои ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда манфиатовар аст. Вале то расидан ба ин ҳадаф ҳанӯз масофа дур аст. Ҷомеа ба гузариши низоми ғайринақдӣ омода нест. Барои амали кардани ин тарҳ аз ҳарвақта дида бештар кор бояд кард, то сатҳи огоҳии мардум то нуқтаи даркорӣ баланд бардошта шавад.

Сулаймон Султонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь