Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Восеъ хабарнигори МТЖТ бо сардори он О. Мирзовализода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи хазинадорӣ” ва тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин санадҳои меъёрҳои ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ фаъолият намуда, барои иҷрои ҳадафҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.

Иҷрои буҷет

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети ноҳияи Восеъ дар семоҳаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридотӣ бе назардошти касри буҷет ба ҷойи 43602112 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, 44068913 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ба 103 фоизи нақша баробар мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби даромадҳои худӣ, воридоти андозҳо ба маблағи 16330992 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ гардида, иҷроиши он 16797793 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 103 фоизи нақша баробар буда, нисбати нақшаи давраи ҳисоботӣ 466801 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 3016455 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардида, даромадҳои андозӣ (худӣ) 37 фоизи даромади умумии буҷети маҳаллиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Нақшаи 8 намуди андоз аз 100 то 107 фоиз таъмин гардида, иҷрои сифатноки намудҳои андоз таъмин карда шудааст. Дар иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия аз ҳисоби воридоти андозҳои ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ 26 фоиз, саноат ва сохтмон 31 фоиз, соҳаи савдо 22, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияткунанда 27 фоиз, инчунин аз ҳисоби бонкҳо 7 фоизро ташкил медиҳад.

 Андози иҷтимоӣ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо

Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 маблағи 10623546 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба андозаи 100,6 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати нақша 68276 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 162000 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки қарздории андози иҷтимоии буҷетӣ ба ҳолати 1.01.2024 вуҷуд надорад. Маблағҳои мақсаднок дар семоҳаи якуми соли 2024 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, ба ҷои 26256000 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллии ноҳия 26256000 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 100 фоиз, ба маблағи 300000 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 26556000 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ворид гардида, 100 фоизи нақшаро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 3540000 ҳазор сомонӣ зиёд, ҷамъ дар маҷмуъ 3540000 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар семоҳаи якуми соли 2024 ба ҳисоби умумӣ 60 фоизи даромади буҷети маҳаллии ноҳияро маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ташкил медиҳанд.

Қисми хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияи Восеъ дар семоҳаи якуми соли 2024, 100 фоиз таъмин гардида, ба хоҷагии халқи ноҳия дар ин давра ба ҷои 43602 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, 44068913 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 466801 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Самаранокии фаъолият

Мавсуф афзуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 ба соҳаҳои иҷтимоии ноҳия 44068913 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки 94 фоизи хароҷоти умумии беҷети маҳаллиро дар давраи ҳисоботӣ ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3500000 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла, ба соҳаи фарҳанг 1095131 ҳазор сомонӣ (93 фоиз), соҳаи тандурустӣ 11721484 ҳазор сомонӣ (97 фоиз), соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 196154 ҳазор сомонӣ (100) фоиз ва соҳаи маориф 28239409 ҳазор сомонӣ (98 фоиз) маблағ хароҷот карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 40612306 сомонӣ маблағ барои пардохти фонди музди меҳнат хароҷот карда шудааст, 93 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил дода, музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ барои семоҳаи якуми соли 2024 пурра пардохт гардида, қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад.

Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 40197483 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки ба 93 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳия баробар мебошад.

Номбурда дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти таъмини уҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь