Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси муқаррароти қонунҳои соҳавӣ (қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», Дар бораи амнияти озуқаворӣ»), Низомномаи Кумита, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 баёнгардида ба роҳ монда, дар соли 2020 дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ, таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва таъмини дидбонгоҳҳои роҳҳои чорвогузар бо маводҳои байторӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумита дар соли 2020 ба миқдори 2 миллиону 500 000 воя ба маблағи 400 000 сомонӣ, вабои сумдард 500490 воя ба маблағи 1461548 сомонӣ, ҳорӣ 185 000 воя ба маблағи 288600 сомонӣ, гули гӯсфандону бузҳо 500000 воя ба маблағи 245 000 сомонӣ, тоуни паранда 300000 воя ба маблағи 15 000 сомонӣ, тоуни чорвои хурди шохдор 300000 воя ба маблағи 111 000 сомонӣ, Шт-82 даҳ ҳазор воя ба маблағи 11 500 сомонӣ, маводи аллергении туберкулин 100 000 воя ба маблағи 114 000 сомонӣ, Рев 1 миллиону 200000 воя ба маблағи 112 000 сомонӣ ва маводҳои ташхисӣ барои озмоишгоҳҳо ба маблағи 74936 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 2 миллиону 833 ҳазору 584 сомонӣ дастрас шуда, ба шаҳру ноҳияҳо таъмин карда шудаанд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумита 40000 воя ваксинаи зидди қарасон ба маблағи 9600,0 сомонӣ, 5000 литр маводи безараргардонӣ – маҳлули формалин ба маблағи 130000 сомонӣ, маҳлули “Ган” 3 тонна ба маблағи 201 000 сомонӣ, хокаи хлор 4364 кг ба маблағи 184920 сомонӣ, молу ашёи байторӣ (сӯзандору 20000 дона, сӯзани хунгирӣ 100 000 дона, спирт 100 литр, хилъати сафед 690 адад ва пахта 1000 дона) ба маблағи 392 ҳазору 600 сомонӣ, ғайр аз ин барои таъмини эҳтиёҷоти марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо маводҳои доруворӣ ба маблағи 94975,0 сомонӣ доруҳои зиддимикробӣ, маводҳо ва маҳулҳои табобатӣ харидорӣ гардида, ҷамъ ба маблағи умумии 1 миллиону 013095 ҳазор сомонӣ барои эҳтиёҷоти зерсохторҳо ва мақомоти ҳудудӣ равона гардидааст.
Дар маҷмуъ, бо истифода аз ҳама сарчашмаҳо дар ин муддат ба маблағи умумии 3 миллиону 846 ҳазору 679 сомонӣ мавод ва молу ашё дастрас ва ба зерташкилотҳо ва мақомоти ҳудудӣ бо мақсади таъмини чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ва барҳам задани манбаҳои эҳтимолии сироят барои гузаронидани корҳои безараргардонӣ таъмин карда шудааст.
Дар ин давра бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар байни бештар аз 18 миллиону 648 ҳазору 484 сар ҳайвонот ва парандаҳо (нисбати соли гузашта 3 миллиону 119 ҳазору 539 сар ҳайвонот зиёд) чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла, бар зидди бемории сӯхтании чорвои калони шохдор 1 миллиону 428 ҳазору 558 сар, чорвои хурди шохдор 2 миллиону 297 ҳазору 254 сар, аспҳо 35 123 сар, маркабҳо 64 707 сар, 100 сар хукҳо, вабои сумдарди чорвои калони шохдор 544 816 сар, чорвои хурди шохдор 828 895 сар, сиёҳрони чорвои калони шохдор 188 540 сар, Шт-82 8776 сар, Рев 1 миллиону 187 ҳазору 715 сар, гули гӯсфандону бузҳо 390 610 сар, тоуни чорвои хурди шохдор 315 692 сар, ҳорӣ (ҳамаи намуди ҳайвонот) 103 042 сар, бемориҳои ангалӣ 1 миллиону 123 ҳазору 978 сар, бемориҳои пӯсти ҳайвонот 676 886 сар, бемориҳои паранда 6 миллиону 117 ҳазору 859 сар бо эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шудааст.
Баҳри муайян намудани вазъи эпизоотии ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбати 661 781 сар чорвои калон ва хурди шохдор санҷиши брутселлёз гузаронида шуда, аз саршумори санҷидашуда 729 сар чорвои мубталои беморӣ муайян карда шуда, тибқи дастурамали мубориза бар зидди бемории брутселлёз забҳ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ нисбати бемории сил дар байни 114 512 сар чорвои калони шохдор (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21758 сар зиёд) санҷиш гузаронида шудааст, ки 63,1 %-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз саршумори чорвои санҷидашуда 2 сар чорвои ба туберкулин ҷавоби мусбат дода муайян карда шуда, чорвои бемор бо риояи талаботи дастурамал оид ба мубориза бар зидди бемории сил забҳи санитарӣ карда шудааст. Айни замон ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбати бемории сил мутаносибан ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои безараргардонӣ, аз ҷумла дар масоҳати 2120,5 ҳазор метри мураббаъ дезинфексия, дар масоҳати 269,8 ҳазор метри мураббаъ дезинфексия, дар масоҳати 24,3 ҳазор метри мураббаъ дератизатсия гузаронида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ тибқи супориши Раиси Кумита гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеъ бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ҳозира Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и Вазорати тандурустӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 11055 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозӣ мавриди муҳокима қарор дода шудаанд. Инчунин, маводҳои таблиғотӣ омода шуда, ҳамзамон якчанд барномаҳои телевизионӣ оид ба пешгирии бемории сӯхтанӣ ва таби хунин омода ва намоиш дода шудааст.
Дар давоми соли 2020 оид ба иҷроиши корҳои инспексионии байторӣ 2288 адад амрия, 3180 адад санад, нисбати 2864 нафар протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 507 014 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид карда шудааст. Инчунин, 711 адад мактуб ба мақомоти прокуратура ва суд, 1424 адад мактуб ба хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо, 1117 адад мактуб ба раисони шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуда, ҳамзамон 5152 нафар соҳибкорон огоҳонида шуда, 215 маротиба баромад дар воситаҳои ахбори омма анҷом дода шудааст.
Аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020 ба иншооти нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои куштори чорво ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 7343 адад аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ 1 277 682 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Инчунин, аз ҳисоби додани иҷозатнома дар соҳаи фармасевтики байторӣ ба маблағи 25710 сомонӣ ва барои бақайдгирии давлатии маводҳои байторӣ ба маблағи 10770 сомонӣ ба буҷети давлатӣ пардохт гардидааст. Маблағи умумии ба буҷети давлатӣ воридкардашуда дар самти байторӣ 1 миллиону 821 ҳазору 176 сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ дар самти байторӣ дар давраи ҳисоботӣ маблағи 9 миллиону 526 204 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ворид карда шудааст.
Дар ин давра ба соҳибкорони ватанӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии муқарраргардида барои воридоту содирот ва интиқоли транзитии борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта 1524 адад иҷозатномаҳои дахлдор дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, 22 адад марказҳои ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва 65 адад озмоишгоҳҳо дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 миллиону 079 234 адад ташхис, аз он ҷумла 263 751 адад ташхиси гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 102 225 адад ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ, 13 553 адад ташхиси равған, 67 477 адад ташхиси тухм, 8 744 адад ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 6 338 адад ташхиси асал, 57 904 адад ташхиси маҳсулоти намакин, 41 647 адад маҳсулоти хушк, 484 343 адад ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 33 252 адад ташхиси маҳсулоти полезӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 58 671,7 кг маҳсулоти гӯштӣ, 12 167,3 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1368,0 литр равғани растанӣ, 24 251 дона тухми паранда, 938,9 кг моҳӣ, 680,5 кг асал, 5 793,2 кг маҳсулоти намакин, 6 027,0 кг меваи хушк, 121 145,0 кг меваю сабзавот ва 26 620,3 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар самти назорати зотпарварӣ корҳои назорати зотпарварӣ оид ба ҳифзу нигаҳдошт ва такмилдиҳии фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар қаламрави ҷумҳурӣ парваришёбанда идома ёфта, риояи талаботҳои қоидаҳои зотпарварӣ дар 68 адад субъектҳои хоҷагидори зотпарварии фаъолияткунанда ва дигар хоҷагиҳои чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон таҳти назорат қарор дода шудааст.
Доир ба назорати гузаронидани маъракаи наслгирӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ фармоиши Кумитаи бехатарии озуқавории аз 29-уми феврали соли 2020 ба тасвиб расонида шуда, барои иҷро ба ҳамаи мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ ирсол карда шуда, тибқи фармоиши мазкур дар раёсатҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ситодҳои дахлдор ташкил карда шудаанд.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 дар 22 адад хоҷагии зотпарварии гӯсфандпарварии ҷумҳурӣ 66 475 сар баррача ва дар вилояти Суғд дар 3 адад хоҷагии зотпарварии бузпарварӣ ҳамагӣ 11725 сар бузғола гирифта шудааст, ки ин 97% нақшаи гирифтани барра (66475 сар) ва 98% нақшаи гирифтани бузғола (11725)-ро ташкил медиҳад.
Тибқи номгӯйи маводи таҳти карантин қарордошта барои гирифтани иҷозати воридоти карантинӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба миқдори 2228 адад иҷозатнома ба маблағи 387672 сомонӣ дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст. Қайд кардан лозим аст, ки ташхиси маводҳои таҳти карантинии воридотӣ ва содиротӣ яке аз вазифаҳои асосии Кумита буда, гузаронидани чунин корҳо ба зиммаи шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ гузошта шудааст. Дар давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ дар 6579 намуна 10795 ташхисҳои гуногун гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, 6106 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 654 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 3959 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 76 адад ташхис барои дарёфти нематодаҳо гузаронида шудааст.
Ҳамзамон, дар Кумита дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд, ки дар давоми соли 2020 аз тарафи мутахассисони даста 49180,4 тонна нахи пахта, 1764,1 тонна ришта, 9875,2 тонна меваи хушк, 336 тонна чормағзи заминӣ, 62 тонна чормағз, 414,3 тонна офтобпараст, 201 тонна дон ва маҳсулоти донӣ, 1599,3 тонна гандум, 131 тонна орд, 108 тонна зарфмонак, 60 тонна қуттиҳои чӯбин, 1068 тонна чигити техникӣ, 229 тонна ҷуворимакка, 6,5 тонна сирпиёз, 8 тонна киви, 181 тонна биринҷ, 36 тонна хурмо ва писта, 168 тонна чой, 728,6 тонна ДВП ва ДСП, 255 тонна тамоку, 83 тонна сабзии хушк, 8 тонна тухмии карам, 10127,6 м. куб чӯбу тахта, 258629 м. куб анборҳо – молҳои ниёзи мардум ва 111754 дона ниҳол безарар гардонида шудаанд. Дар маҷмуъ дар давоми соли 2020 ба миқдори 85757 тонна, 269756 метри мукааб ва 111802 дона маҳсулот ба маблағи 2 миллиону 260 600 сомонӣ безарар гардонида шудааст.
Дар самти назорати тухмӣ дар соли 2020-ум 1819 адад намунаҳои тухмии зироатҳои кишоварзӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар онҳо 10813 адад санҷиши сифати тухмӣ гузаронида шудааст. Аз натиҷаи санҷишҳои сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ 1718 адад ҳуҷҷат, аз он 6 адад сертификати сифати тухмӣ, 8 адад шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъи тухмӣ, 5 адад сертификати сифати картошакаи тухмӣ, 1413 адад шаҳодатномаи сифати тухмӣ, 152 адад натиҷаи ташхиси сифати тухмӣ ва 134 адад санади ташхиси лаборатории картошкаи тухмӣ дода шудааст.
Дар соли 2020 ба ҷумҳурӣ 1827 тонна тухмии зироатҳо аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар асоси тартиби муқарраргардида аз санҷиши сифати тухмӣ гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар 17197 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 15 554,5 тонна маҳсулоти ширӣ, 5 миллиону 549 254 сар чӯҷаи якрӯза, 226,5 тонна тухми ғизоӣ, 11 миллиону 987 432 дона тухми инкубатсионӣ, 2 952,5 тонна маҳсулоти моҳигӣ, 32 ҳазор дона кирминамоҳӣ, 254 911 тонна хӯроки ҳайвонот, 317 тонна маводҳои байторӣ, 1 850 қуттӣ тухми кирмаки пилла, 1028 тонна таҷҳизот барои парандапарварӣ ворид гардидаанд, ки ҳамаи онҳо мавриди ташхиси дақиқи мутахассисони мақомоти бехатарии озуқаворӣ қарор дода шудаанд.
Дар давоми соли 2020 аз дигар давлатҳо ба миқдори 981 602 тонна гандум ва 102 490 тонна орд ворид шудааст. Маводҳо асосан аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Хитой, Эрон, Туркия, Латвия, Литва, Қирғизистон, Покистон ва дигар давлатҳо ворид карда шудаанд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба дигар давлатҳо (асосан ба давлатҳои Россия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Латвия, АМА, Афғонистон, Қирғизистон, Ироқ, Эрон, Туркия ва Хитой) 225 828 тонна маводҳои гуногуни таҳти карантинӣ содирот карда шудаанд, ки аз ин ба миқдори 81 291 тоннаи онро нахи пахта, 16376 тонна ришта, 18597 тонна меваи хушк, 10 529 тонна меваи тар, 1 261 тонна донагиҳо ва ба миқдори 89 096 тоннаи онро сабзавотҳо (аз он 88 505 тонна пиёз) ташкил медиҳад.
Дар давоми соли 2020 дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 56 142 адад автомашинаҳо безарар карда шуда, аз ин ҳисоб 1 миллиону 836 219 сомонӣ маблағи хизматрасонии пулакӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ворид карда шудааст. Инчунин, барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назоратӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбати 109 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқгардида ба андозаи 157 554 сомонӣ ба пуррагӣ рӯёнида ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
Дар маҷмуъ, дар соли 2020 аз тарафи мақомоти бехатарии озуқаворӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 6 миллиону 776 090 сомонӣ (маблағи ҷаримаҳои маъмурӣ 750 466 сомонӣ, аттестатсияи байтории шароити санитарию истеҳсолӣ 1 миллиону 277 682 сомонӣ, пардохтҳои хизматрасонии Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба буҷет 36480 сомонӣ, иҷозати воридоти карантинӣ 387 672 сомонӣ, пардохтҳои дигари буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 4 миллиону 323 790 сомонӣ) ворид карда шудааст.
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Кӯлоб ифтитоҳи расмии бинои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Кӯлоб санаи 23-юми сентябри соли 2020 сурат гирифта, бинои мазкур ба истифода дода шуд. Дар бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумита дар ҳаҷми умумии 3 миллиону 952 803 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, тибқи тартиби муқарраргардида корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Сохтмони бинои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Данғара» оғоз карда шуда, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси Кумита ба маблағи умумии 7 миллиону 998 051 сомонӣ (67 фоиз) корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, кор дар ин иншоот бо маром идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Ғайр аз ин, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони биноҳои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Темурмалик оғоз гардида, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита дар ноҳияи Темурмалик ба маблағи умумии 1 миллиону 473 466 (66 фоиз) сомонӣ ва дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи умумии 1 433 172 сомонӣ (65,8 фоиз) корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, кор дар ин иншоот низ бомаром идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода мешаванд. Инчунин, дар бинои маҷлисгоҳ ва озмоишгоҳ дар шуъбаи Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 300 000 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, бинои мазкур ба истифода дода шуд. Илова бар ин, Кумита тасмим гирифтааст, ки дар соли 2021 сохтмони биноҳои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияҳои Зафаробод ва Роштқалъаро сохта ба истифода диҳад.
Барои дастгирӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавируси COVID-19 ба суратҳисоби дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумита дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ ва аз ҳисоби маоши кормандони Дастгоҳи марказии Кумита 30 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст. Ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе аз ҳисоби Кумита ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ молу ашё, аз ҷумла 2000 дона ниқоби муҳофизатӣ, 150 маҷмуъ либоси махсус, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳо ва 100 литр маводи шустушӯӣ кумак расонида шудааст. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 дар маҷмуъ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Маҳмадсаид, “мо барои боз ҳам тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти бехатарии озуқаворӣ, ислоҳи камбудиҳои соҳа ва иҷрои пурраи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назарраси худро мегузорад”.
– Тӯли таърихи ин миллат, ки беш аз 5 ҳазор солро дар бар мегирад, касе хизматҳову ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Маҳз он кас бунёдгузору ҳомии ин миллат буданд, ки дар мушкилтарин вақт барои миллату давлат сари кор омада, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати сирф миллӣ ва кулли институтҳои давлатдориро аз сифр бунёд намуда, дар як муддати кӯтоҳ давлатро аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, ҳазорон муассисаҳои тандурустиву маориф ва иҷтимоиву иқтисодӣ ифтитоҳ намуда, баҳри истиқлолияти энергетикии кишвар қадамҳои устувор гузоштанд. Ҳадафи сеюми иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ – ин амнияти озуқаворӣ баҳри саломатии аҳолии кишвар мебошад, ки ҷузъе аз сиёсати афзалиятноки Ҳукумати кишвар аст. Пешвои муаззами миллат дар ҳайати Ҳукумати кишвар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуданд, ки метавон гуфт, аллакай ба муваффақиятҳои беназир дар тамоми самтҳои фаъолияти худ ноил гардидааст. Гузашта аз ин, бо супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззам ва Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва дилхоҳ бемориҳои чорвою зараррасонҳои маҳсулоти полезӣ чораҳои мушаххаси байториву фитосанитарӣ омода намуда, намегузорем, ки маҳсулоти бесифату хатарзо ба бозори истеъмолии мардум ворид гардад ва ба ин васила саҳми худро дар самти амнияти озуқавории кишвар мегузорем,- афзуд ӯ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ