Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химиккунонии кишоварзӣ”, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” ва Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Муаммои “Элита”” (“Фараж”, аз 21.10.2020) оид ба картошкаи тухмии аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва ноҳияи Нуробод додашударо мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Гуруҳи корӣ дар ҳайати Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химиккунонии кишоварзӣ”, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” ва Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар якҷоягӣ бо намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муайян намудани миқдори захираи картошкаи тухмии дараҷаи элитии навъи “Ред Скарлет” дар Кооперативи тиҷоратии “Нури Шаҳристон”-и ноҳияи Шаҳристон ва Кооперативи тиҷоратии “Нури Нуробод” аз 21.10 то 22.10.2020 сафари корӣ анҷом доданд.
Кооперативи тиҷоратии “Нури Шаҳристон” аз 23 саҳмдор иборат буда, миқдори 30 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитиро соли ҷорӣ дар майдони 6,98 гектар кишт намудааст ва Кооперативи “Нури Нуробод” аз 30 саҳмдор иборат буда, миқдори 30 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитиро соли ҷорӣ дар майдони 9,0 гектар кишт намуда, ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.
Гуруҳи кории зикргардида тухмии захирашудаи ҳамаи 23 саҳмдорони Кооперативи “Нури Шаҳристон”-ро, ки дар деҳаҳои Шаҳристон, Фирдавсӣ, Хурамдара, Чашмасор ва Себзори ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат ҷойгир буданд, дар ҷояш дида баромад ва бо ҳамаи роҳбарони хоҷагиҳо вохӯрӣ намуда, маълумотҳоро аниқ намуда, ба онҳо оид ба нигаҳдории картошка тавсияҳо доданд. Дар ноҳияи Нуробод бошад, дар ҷамоати деҳоти Хумдон анбори Кооперативи “Нури Нуробод” ҷойгир буда, 60,8 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шуда, боқимондаи тухмӣ – 30 тонна дар анборҳои саҳмдорон ҷойгир карда шудааст.
Анборҳои захираи картошка ба талабот нисбатан ҷавобгӯй буда, бо ҳароратсанҷ (термометр), таҷҳизот барои санҷидани намнокӣ (влагометр) ва қуттиҳои пластикӣ барои нигаҳдории картошкаи тухмӣ таъмин карда шудаанд. Картошкаи барои истифодаи озуқаворӣ дар халтаҳо ва ҷойҳои махсус нигоҳ дошта шудааст.
Дар рӯзнома дарҷ гардидааст, ки картошкаи воридгардида дараҷаи элитӣ надошта, амалан ба ҷойи он картошкаи хӯрокаро пешниҳод кардаанд. Қайд кардан зарур аст, ки картошкаи тухмии воридгардида бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати тухмӣ (сертификати сифати тухмӣ, сертификати фитосанитарӣ ва иҷозатномаи воридотӣ) тибқи тартиби муқарраргардида аз назорати мутахассисони Хадамоти гумрук ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, баъдан барои кишт иҷозат дода мешавад. Дар ноҳияи Шаҳристон картошкаи захиракардашуда дар ҳаҷми 269,09 тонна, аз он тухмӣ 76,9 тоннаро ташкил дода, дар ноҳияи Нуробод бошад, 306,0 тонна, аз он тухмӣ 90,8 тонна, ҳамагӣ дар ҳардуи кооперативҳо ба миқдори 575,9 тонна захираи картошка муайян карда шуд, ки аз он мутаносибан 167,7 тонна картошкаи тухмӣ ва 408,2 тонна картошка барои истифодаи озуқаворӣ захира шудааст.
Дар вақти вохӯрӣ бо саҳмдорони Кооперативи “Нури Шаҳристон”, онҳо иброз намуданд, ки дар вақти нашъунамои картошка ҳарорати ҳаво яку якбора баланд шуда, таъсири манфии худро ба нашъунамои картошка расонид. Дар вақти дида баромадани картошкаи тухмии захиракардашуда, саҳмдорон зикр намуданд, ки истифода бурдани нуриҳои минералӣ ва органикиро барои ба даст овардани ҳосилнокии баланд тибқи агротехникаи кишти зироатҳо риоя намудаанд. Қисми зиёди саҳмдорон нисбатан ҳосили хуб ба даст оварда, як қисми онҳо ҳосилнокиашон паст мебошад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ҳафтаномаи “Фараж” ва санҷишҳои гузаронидаи гуруҳҳои кории вазорат дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод хулосабардорӣ менамояд, ки дар ҳақиқат картошкаи тухмии воридгардида дараҷаи элитиро доро буда, новобаста аз тағйирёбии иқлим қисми зиёди хоҷагиҳо тавонистаанд ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои такрористеҳсолкунии тухмиҳои хушсифат барои соли 2021-ум 167,7 тонна картошкаи тухмиро захира намоянд, ки ин натиҷаи ниҳоӣ набуда, ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои баланкуҳи ноҳияи Нуробод идома дорад.
Захираи картошкаи тухмӣ дар кооперативҳои тиҷоратии “Нури Шаҳристон” ва “Нури Нуробод” барои кишти соли 2021 дар майдони 56 гектар басанда буда, дар соли оянда ҳосили картошкаи тухмии зикргардида 5-6 баробар зиёд хоҳад шуд.
О. ҲОМИДОВ,
сардори Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо”-и Вазорати кишоварзии ҶТ