Якбора то 80-100 сомонӣ боло рафтани нархи як халта орд дар рӯзҳои охир боиси нигаронии аксар сокинони кишвар, аз ҷумла, вилояти сераҳолитарини Тоҷикистон – Хатлон гардидааст. Масъулон сабаби ин “ҷаҳиши ғайриинтизор”-ро дар болоравии қурби доллар арзёбӣ мекунанд.
Нигаронии сокинон аз қиматии орд
Дар пайи баланд шудани қурби долари ИМА дар бозору фӯрушгоҳҳои вилояти Хатлон якбора то 80-100 сомонӣ нархи як халта орд баланд шуд, ки аз ин вазъият аксаран мардуми миёнаҳол нигаронанд.
Сокинони вилоят дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Фараж” гуфтанд, ки нархи орд якбора аз 280 ба 325 то 340 сомонӣ расидааст, ки ин барои мо хело сахтӣ пеш меорад.
Сокини ноҳияи Кӯшониён Ҳасан Қурбонов гуфт, ки саҳари рӯзи 9 март як халта орди навъи якумро 290 сомонӣ харидорӣ кард, аммо бегоҳ аллакай он ба 330 сомонӣ баробар шуд.
“Ман се фарзанд дорам, ҷойи кори аниқ нест, дар мардикорбозор кор карда, рӯзамро базӯр мегузаронам. Дар як моҳ ду халта орд истеъмол мекунем, рӯзи кориам, агар он ҳам кор шавад, 40 сомонӣ меёбам. Маро зарур аст, ки 17 рӯз бе танаффус кор карда, баъд ду халта орд гирам”,-гила кард ин мусоҳиби мо.
Хуршеда Ҳалимова – зани солхӯрда аз вилояти Хатлон низ қайд кард, ки фарзандам дар Русия аст, аввал маблағ равон мекард, бо 1,5 ҳазор рубли русӣ як халта орд мегирифтем, ҳоло ки қурби рубл поён фаромада, ба 90 -100 сомонӣ расидааст, бо 3,5 ҳазор рубл метавонӣ як халта орд бихарӣ.
Ҳанифа, сокини шаҳри Бохтар, ки дар як идораи давлатӣ кор мекунад, мегӯяд, баробари то 330-340 сомонӣ қимат шудани арзиши як халта орд ташвишҳои молиявияш бештар шудааст. “Маоши моҳонаи ман ҳамагӣ 600 сомонӣ аст. Намедонам, бо ин маош чӣ гуна рӯз гузаронам. Пулам агар ба як халта орду андак маводи ғизоии дигар расад, барои пардохти пули иҷораи квартира намерасад”, – таассуф хӯрд ин бону.
Омӯзгори дигар аз вилояти Хатлон айни суханҳои болоро такрор карда, бо шарти ифшо накардани номаш афзуд, ки бо 700 сомонӣ маош охири ҳар моҳ маҷбур аст, аз фурӯшгоҳҳои ҷойи истиқомат бо қарз маводи ғизоӣ дарёфт кунад.
Ба мисли ин мусоҳибон боз даҳҳо нафари дигар дар баробари изҳори ташвиш аз болоравии нархи орд, аз ин ҷониб хостанд, то хоҳишашон дар хусуси поён овардани арзиши маҳсулоти мавриди назар ба гӯши мутасаддиён расонида шавад.
Ордфурӯшон: Дигар илоҷ нест!
Чанде аз фурӯшандагони орд дар бозорҳои “Фаровон-Қӯрғонтеппа”, Ҳоҷӣ Шариф ва дигар нуқтаҳои ордфӯрушии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни суҳбат ба мо гуфтанд, агар мо ордро арзон фурӯшем, зарар мебинем.
-Якбора нархи 100 доллари ИМА 200 сомонӣ, яъне аз 1130 сомонӣ ба 1330 сомонӣ боло рафт, мо ки ордро бо доллар мегирем, маҷбурем, қимат фурӯшем, то зарар накунем. Ҳамчунин, нархи сӯзишворӣ ва роҳкиро низ гарон шудаст,-гуфтанд ордфӯрушон.
Гунаҳгор – доллари сабилмонда!
Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Юсуфзода Фирӯз гуфт, яке аз омилҳои боло рафтани нархи орд дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят баланд шудани қурби доллари амрикоӣ аст.
Ӯ гуфт, нархи як халта орди навъи якум, ки ҳафтае пеш 280 сомонӣ арзиш дошт, ба 325 сомонӣ боло рафтааст. Дар сурати бе асос гарон шудани нарх аз ҷониби соҳибкорон, мо нисбати онҳо чора меандешем,-илова кард ин масъули давлатӣ.
-Ҳоло мо дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои қудратӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят санҷиш гузаронида истодаем ва кӯшиш дорем, ки фурӯшандагон нархро беасос баланд накунанд.
Тадбирҳое, ки ҳанӯз камтаъсиранд
Дар ҳамин ҳол, таҳлилҳои коршиносона ҳокӣ аз онанд, ки истеҳсоли гандум дар вилояти Хатлон дар қиёс ба солҳои қабл тамоюли афзудан дорад.
Дар вилояти Хатлон имсол тибқи нақша деҳқонон бояд дар майдони 108 ҳазору 133 гектар гандум кишт кунанд, ки то рӯзи 14 марти соли ҷорӣ он барзиёд, яъне 109 ҳазору 638 гектар кишт гардидааст. Ҳоло кишти гандум дар вилоят идома дорад, – иброз дошт зимни суҳбат Қутбиддин Халилов, сардори Шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон.
Номбурда таъкид кард, ки ба хотири боз бештар таъмин карда тавонистани талаботи аҳолӣ ба маҷмӯи маҳсулоти нонӣ, имсол дар муқоиса ба соли гузашта киштзорҳои гандумро ба андозаи 574 гектар васеъ карданд.
Ҳамчунин аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят 443 ҳазору 348 тонна гандум истеҳсол карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2019-ум 22 ҳазору 498 тонна зиёд мебошад.
Истеҳсоли орд дар дохил. Таваҷҷуҳи соҳибкорон кам?
Яке аз омилҳои баланд шудани нархи орд дар вилояти Хатлон, ба қавли соҳибназарон, ба таври бояду шояд фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсоли орд дар қаламрави вилоят мебошад.
Ба иттилои Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати омори саноат, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ ва робитаҳои хориҷии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соли 2021 ба вилоят 19 ҳазору 755 тонна гандум ворид карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2020 -ум 16 ҳазору 300 тонна зиёд аст.
Феълан дар ҳудуди вилоят 14 корхонаи истеҳсоли орд амал мекунад, ки соли 2021 онҳо ҳамагӣ 5 ҳазору 618 тонна орд истеҳсол карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди ҳамин манбаъ, 885 осиёбҳои хурди дарқайдбудаи вилоят дар ин давра ба миқдори хеле бештар, яъне 182 ҳазору 748 тонна орд истеҳсол кардаанд.
Худдорӣ аз суҳбат
Талошҳои мо барои пайдо кардани маълумотҳое, ки ҳоло дар анборҳои вилояти Хатлон чӣ қадар захираи орд мавҷуд аст, бе натиҷа боқӣ монд. Зеро масъулони Шуъбаи саноати ҳукумати вилояти Хатлон бо ҳар баҳона аз додани ин омор худдорӣ карда, гуфтанд, ки мо бе иҷозати раиси вилоят ин маълумотро ба Шумо намедиҳем.
Танҳо як шахси масъул аз ҳукумати шаҳри Бохтар хабар дод, ки ҳоло дар анбори бозори “Ҳоҷӣ Шариф” 350 тонна орд ва дар бозори “Фарвон- Қӯрғонтеппа” 60 тонна орд захира карда шудаст. Ба ҷуз ин дар чанд нуқтаи ордфурӯшӣ садҳо тоннаи дигар орд захира аст.
Таваҷҷуҳ бояд бештар шавад
Агар дар вилояти Хатлон калонтарин корхонаҳои ордбарорӣ ба монанди «Орди Хатлон» -и шаҳри Бохтар, «Агентии захираҳои давлатӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, корхонаи ордбарории ноҳияи Хуросон ва “Орди рушди Хатлон”-и шаҳри Левакант, ки солҳо боз фаъолият намекунанд, дубора ба кор дароварда шаванд, шояд нархи орд то ҷойе муътадил гардад.
Биноан, аз манфиат холӣ намебуд, агар мутасаддиёни ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои ордбарорӣ ва доираҳои дахлдори соҳибкорӣ талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба орд ва имконоти иқтисодии эшонро ба инобат гирифта, сари истеҳсоли бештари гандум, воридоти қабл аз дигарон барои мо судовари гандуму орд ва мувофиқсозии нархҳои онҳо ба кисаи мардум жарфтар андеша мекарданд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
«Фараж»