Донишгоҳе, ки ҳама аз он ифтихор мекунанд!

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ аз зумраи бузургтарин донишгоҳҳоест, ки ҳам барои таҳсилкунандагон, ҳам барои устодоне, ки дар он дарс мегӯянд ва ҳам барои миллату давлати мо боиси ифтихору сарбаландист. Донишгоҳе, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ эътироф шуда, нақши муассире дар рушду такомули кишвари азизамон дорад.

Албатта ин бесабаб нест, зеро донишгоҳи мазкур таърихи зиёда аз 60-сола дошта, рушди ҳеҷ яке аз соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқро бе кадрҳои омодакардаи он тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Агар ба таърихи 65 соли Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нигарем, муассисаи мазкур моҳи январи соли 1956 нахуст ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, дар соли аввал дар се факултет аз рӯйи 8 ихтисос ҳамагӣ 200 нафар донишҷӯёнро қабул намуда буд. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо соҳибистиқлол шудани ҶумҳурииТоҷикистон дар соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ба Университети техникии Тоҷикистон табдили ном кард ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори он Осимӣ Муҳаммад Сайфиддинович дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ номгузорӣ шуд.

Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ дар донишгоҳ 608 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Аз инҳо 38 нафар докторони илм ва 237 нафар номзадони илм мебошанд.

Айни ҳол шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 11920 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он тибқи квота 235 нафар (духтарон 38 нафар ва писарон 197 нафар), аз ҷумла донишҷӯёни таҳсили рӯзона 9260 нафар (77,68%), (квота 194 нафар (2%), буҷавӣ 1804 нафар (19,4%), шартномавӣ 7262 нафар (78,6%), фосилавӣ ва ғоибона 1842 нафар (квотаҳои қудратӣ 41 нафар, шартномавӣ 1801 нафар), маълумоти дуюми олии касбӣ 430 нафар, магистратура 388 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар донишгоҳ 698 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар курси тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 15 нафарашон дар асоси бурсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷудошуда таҳсил менамоянд.

Факултетҳо ва ихтисосҳои донишгоҳ

Айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ факултетҳои “Энергетикӣ”, “Технологияҳои инноватсионӣ”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия”, “Нақлиёт”, “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” амал мекунанд. Дар баробари 6 факултети номбурда дар донишгоҳ инчунин 2 факултети муштарак бо Ҷумҳурии Беларус – “Факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ (ФМТ ДМТБ – ДТТ)” ва “Факултети авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Беларус ва ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ (ФАШ АДАБ – ДТТ)” фаъолият мекунанд.

Ихтисосҳо

Дар доираи факултетҳои номбурда Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз рӯйи 83 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Ихтисосҳои мазкур инҳоянд:

1-530104-03 – Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои электроэнергетикӣ;

1-430102 – Низом ва шабакаҳои энергетикии барқӣ;

1-430103 – Таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо);

1-430105-05 – Манбаъҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия;

1-430101 – Нерӯгоҳҳои барқӣ;

1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои электрикӣ;

1-530105-01 – Автоматонии ҳаракатоварандаҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва нақлиётӣ;

1-390101 – Радиотехника;

1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ;

1-270101-10 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика);

1-270101-12 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа);

1-420101-01.01 – Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга;

1-420101-01.04 – Металлургияи металлҳои ранга;

1-520201 – Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ;

1-470201 – Технологияи саноати полиграфӣ;

1-360601-01 – Мошинаҳо, таҷҳизот ва низоми коркарди иттилотии саноати полиграфӣ;

1-360201-05 – Мошинҳо ва дастгоҳҳои металлургӣ;

1-360701-03 – Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсолоти коркарди нафт ва истеҳсолоти нафту химиявӣ;

1-360801-02 – Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ;

1-500101-09 – Технологияи маводи нассоҷӣ;

1-500101-01 – Ресидани нахи табиӣ;

1-500101-08 – Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ;

1-360103 – Таҷҳизоти технологии истеҳсоли мошинсозӣ;

1360101 – Технологияи мошинсозӣ;

1-360101-03 – Технологияи истеҳсолоти автоматикунонидашуда;

1-480101-07 – Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар моддаҳои часпанда;

1-480101 – Технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот;

1-480104 – Технологияи саноати электрохимиявӣ;

1-330101-05 – Ҳифзи муҳандисии муҳити зист;

1-270101-01 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (мошинсозӣ);

1-260202-07 – Менеҷменти истеҳсолӣ;

1-690101-09 – Дизайни муҳити меъморӣ;

1-690101 – Меъморӣ;

1-560202 – Геодезия ва харитасозӣ;

1-700101 – Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ;

1-700202 – Ташхис ва идораи амволи ғайриманқул;

1-700201-05 – Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот;

1-700403-04 – Истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ;

1-700403-01 – Системаҳои таъмини об ва обпартовҳо;

1-700401-03 – Сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои обию барқӣ;

1-700201-06 – Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо;

1-700201 – Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;

1-430104 – Истгоҳҳои барқии ҳароратӣ;

1-430105 – Энергетикаи ҳароратии саноатӣ;

1-700402-01 – Системаҳои таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунӣ;

1-260101-01 – Идоракунии мақомоти маҳаллӣ;

1-270101-17 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон);

1-370105-02 – Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ;

1-370106-01 – Истифодабарии техникии автомашинаҳо (нақлиёти автомобилӣ, истифодаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ);

1-440302 – Ташкили ҳаракат дар роҳ;

1-080101-09 – Таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ);

1-370401 – Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ;

1-370201-01 – Ҳайати кашандаи нақлиёти роҳи оҳан (тепловозҳо);

1-740603-01 – Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ;

1-361101 – Таҷҳизот ва нақлиёти роҳ, сохтмонӣ ва борбардорӣ (аз рӯйи соҳаҳо);

1-510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;

1-480103 – Технологияи химиявии энергиябарандаҳои табиӣ ва маводи карбондор;

1-700301-01 – Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо;

1-700302-04 – Кӯпрукҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии нақлиётӣ;

1-370205 – Сохтмони роҳи оҳан, роҳ ва хоҷагии роҳҳо;

1-440101 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;

1-440103 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан;

1-440105-02 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ;

1-270101-02 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ);

1-260203-23 – Логистика;

1-270101-07 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти авиатсионӣ);

1-270101-03 – Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (хоҷагии роҳ);

1-530102 – Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот;

1-530101 – Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯйи самтҳо);

1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ;

1-400102-04 – Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот);

1-980101-0105 – Амнияти автоматонии системаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ;

1-450103-02 – Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот;

14301 – Энергетика (ФМТ ДМТБ);

13802 – Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ (ФМТ ДМТБ);

1370401 – Истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ (ФАШ АДАБ);

137040201 – Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти барқӣ-равшандиҳӣ) (ФАШ АДАБ);

137040202 – Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти радиоэлектронӣ) (ФАШ АДАБ);

16901 – Меъморӣ (ФМТ ДМТБ);

13601 – Мошинсозӣ (ФМТ ДМТБ);

13701 – Нақлиёт ва роҳ (ФМТ ДМТБ);

17002 – Сохтмонӣ (ФМТ ДМТБ);

144010501 – Ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (Ташкили ҳаракати ҳавоӣ) (ФАШ АДАБ).

Кафедраи ҳарбӣ

Дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки ба хатмкунандагон маълумоти дуюм – афсари қувваҳои мусаллаҳи ҶТ медиҳад. Хатмкардагони зиёди кафедра ҳарбиёни соҳибтаҷриба гардида, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ имрӯз софдилона ифои вазифа намуда, ҳифзи мудофиавии мамлакатро таъмин менамоянд.

Кафедра дар бинои алоҳида фаъолият намуда, дорои 8 синфхона-озмоишгоҳи муҷаҳҳаз мебошад.

Кафедра аз соли 1993 то имрӯз зиёда аз 12 000 афсаронро барои қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ омода намудааст.

Равобити хориҷии донишгоҳ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мувофиқи мақсадҳои худ ҳамкории байналмилалиро бо кишварҳои гуногун такмил дода истодааст ва ба баланд намудани самаранокии равандҳои муайяншудаи соҳаи байналмилалӣ, инчунин ба вусъатдиҳии минбаъдаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷа дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи барномаҳои гуногуни таълимӣ ва амаликунии лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ нигаронида шудааст. Зиёда аз 120 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимӣ аз 30 мамлакатҳои ҷаҳон ҳоло шарикони донишгоҳ мебошанд.

Донишгоҳ соҳиби таҷрибаи калони ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои таълим ва илм буда, узви фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ, инчунин узви комилҳуқуқи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) мебошад. Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соли 2011 факултаи муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ташкил карда шудааст. Ҳудуди ин намуди ҳамкориро васеъ карда, дар соли 2016 факултаи муштараки дигар бо Академияи давлатии ҳавопаймоии Беларус ташкил карда шуд.

Дастовардҳо ва фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ

Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар амалияи фаъолияти омӯзгорӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.

Аҳли заҳмати донишгоҳ дар ташкилу гузаронидани семинарҳо, конференсияву симпозиумҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фанниву намоишгоҳҳои сатҳҳои гуногун иштироки фаъолона доранд.

Яке аз дастовардҳои асосии донишгоҳ бо мукофоти илмии Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шудани ҳафт нафар омӯзгорони ҷавон – Умаралиев Р. Ш. (соли 2017), Раҳмонзода А. Ҷ., Абдуллозода Р. Т. (соли 2018), Саъдуллозода Ш. С., Ҳусейнзода М. (соли 2019) ва Ниёзӣ С. Р., Мирзозода Б. М. (соли 2020) мебошад. Дар давоми 2 соли охир аз тарафи устодон зиёда аз 40 патенту гувоҳномаҳои ихтироъкорӣ ба даст оварда шудааст.

Маҷаллаи илмӣ ва Шӯроҳои диссертатсионӣ

Барои муаррифӣ намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ соли 2017 маҷаллаи илмии донишгоҳ бо номи “Паёми политехникӣ” таъсис дода шуд. Маҷаллаи “Паёми политехникӣ” аз бахши “Таҳқиқотҳои муҳандисӣ” ва бахши “Интеллект. Инноватсия. Инвеститсия” иборат буда, аз ҷониби Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Ҳоло се Шӯрои диссертатсионӣ дар самтҳои “Мошинсозӣ ва металлургия”, “Сохтмон ва меъморӣ”, “Нақлиёт, технологияи информатсионӣ, энергетика ва логистика” таъсис ёфтааст. Шӯроҳои диссертатсионии таъсисёфта фарогири тамоми самтҳои фаъолияти илмӣ-таълимии донишгоҳ мебошанд. То имрӯз 53 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои омодакардаи худро ба Шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳод намудаву ҳимоя карданд.

Дар донишгоҳ инчунин рӯзномаи «Муҳандиси ҷавон», ки ҷузъи матбуоти тоҷик мебошад, аз 1-уми феврали 1984 ҳамчун минбари омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон нашр мешавад.

Парки технологӣ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” (№629 аз 21-уми июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№10 аз 6-уми июли соли 2012) Парки технологии донишгоҳ таъсис дода шудааст.

Парки технологии ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ барои ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқ ба фаъолиятҳои илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ, дар як сол ду маротиба, яке бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре бахшида ба ҷашни Наврузи байналмилалӣ озмун барои навоварӣ ва ихтироот гузаронида истодааст.

Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ байни Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва ҶСК “Технотон”-и Ҷумҳурии Беларус баста шудааст, ки тибқи он Технопарки донишгоҳ намояндаи расмии ҶСК “Технотон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давоми фаъолияташ технопарки донишгоҳ бо як қатор корхонаву муассисаҳо тибқи қарордод корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолиро ба анҷом расонидаст. Аз ҷумла барои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи Давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хисрав таҷҳизоти озмоишӣ аз фанни физика тайёр намудаст. Бо дархости ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон”, Муассисаи махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО РОҒУН”, ШТИ КФС “Дирексияи сохтмони РО Душанбе – Қӯрғонтеппа” корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия намудаст.

Шаҳраки донишҷӯён

Дар донишгоҳ 8 хобгоҳ фаъолият менамояд, ки шароити беҳтарин барои фароғати донишҷӯён муҳайё карда шудааст: хонаҳои барҳаво, ошхона, хона барои хизмати маишӣ ва истироҳати донишҷӯён. Як бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ бо тамоми шароити зист пешниҳод гардидааст.

Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ

Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳозиразамон татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва идоракунӣ яке аз шартҳои рақобатпазирии он ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки технологияҳои нав дар раванди таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аҳамияти хос дорад.

Барои таъмини ҷараёни бонизоми раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти машғулиятгузаронӣ Раёсати донишгоҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуда заминаи моддии донишгоҳро тадриҷан нав кардааст, ки то имрӯз 1489 компютер, 379 принтер, 53 сканер, 9 сервер, 183 тахтаи интерактивӣ, 223 проектори мултимедӣ, 21 телевизор, 216 камераи назоратӣ, 11 турникет, 225 сканери изи ангушт, 2 видеоэкрани калон, 1 сатри равон барои раванди раванди таълим ва идоракунии самаранок истифода шуда истодааст.

Мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ

Танҳо дар давоми соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон 3 нафар устодони донишгоҳ бо Медали Хизмати Шоиста қадрдонӣ шуданд. Инчунин бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 нафар устодон бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд, ки боиси ифтихори донишгоҳ аст.

Варзиш гарави саломатист

Дар донишгоҳ се майдончаи варзишӣ ва се толори варзишии бо таҷҳизоти варзишии ҳозиразамон муҷаҳҳаз муҳайё карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки устодон, кормандон ва донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, Спартакиадаи донишгоҳӣ байни факултетҳои донишгоҳ ва раёсати он фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Дастгирии ниёзмандон аз амалҳои инсондӯстона аст

Дар суннатҳои бостонии миллати тоҷик яке аз амалҳои нек ва ҷавонмардона дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа – ятимону бепарасторон ва маъюбон аст.

Дар ин роҳи ҷавонмардона Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ низ қадам мезанад ва ба ятимону маъюбон пайваста кӯмакҳои молиявӣ расонида мешавад.

Кӯмак ва дастгирӣ дар намудҳои гуногун расонида мешавад. Тибқи Қарори Шӯрои олимон озод кардани ниёзмандон аз маблағи зисти хобгоҳ, аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидан, пас аз ҷамъбасти сессияҳои имтиҳонӣ додани стипендияҳо ва монанди инҳо аз воситаҳои дастгирии молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Инчунин, ба интернати кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷашнҳои гуногун туҳфаҳо тақдим карда мешаванд ва раёсати донишгоҳ доимо аз рафти хониши онҳо хабардор мешавад, ки ин дастгириҳо ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Дараҷаи тахассус ва ба кор таъминкунии хатмкунандагони донишгоҳ

Барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазир» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ дар заминаи Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон дар асоси қарори Шӯрои Олимони донишгоҳ аз 30-юми апрели соли 2018, протоколи №8 “Маркази рушди касбият” таъсис дода шуд.

Яке аз нишондоди асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавони дар мактабҳои олӣ таҳсилкунанда баъди хатм ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мебошад ва зина ба зина рушди ихтисоснокӣ, мартабаи касбии онҳо ба ҳисоб меравад.

Донишгоҳ бо беҳтарин корхонаҳои соҳаҳои гуногуни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда – Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, «НБО-и Норак», «НБО-и Роғун», «НБО-и Сангтӯда-1», «Маркази барқу гармидиҳӣ», «Сементи Тоҷик», «Тоҷиктелеком», «Тоҷик-нақбсоз», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ», ШСХК «Барқи тоҷик», «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Ганҷ-Нашриёт», «Комбинати полиграфӣ», Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», «Ноқили ТАЛКО», «ЛОИҲАКАШ», «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Коргоҳи мошинасозӣ», «Ширкати алюминийи тоҷик», «Сомонтаҷҳизот» ва ғайраҳо ҳамкорӣ дорад.

Китобхонаи илмӣ-техникӣ

Таърихи ташкили китобхонаи илмӣ-техникӣ якҷоя бо ташкили донишгоҳ рост меояд. Айни замон фонди захиравии китобхона зиёда аз 585 ҳазор адад китоб дорад, ки аз китобҳои илмӣ, техникӣ, иктисодӣ, забономӯзӣ ва бадеӣ иборат буда, асосан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошанд.

Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ имрӯз китобхонаи илмӣ-техникӣ ба яке аз китобхонаҳои бузург табдил ёфта, ба шумори китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ дохил мешавад ва дар Маркази миллии маълумотӣ-патентӣ дохил карда шудааст.

Аз соли 2006 дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ фаъолият дорад. Фонди умумии захираҳои электронии донишгоҳ то имрӯз тақрибан 235 ҳазор маводи электрониро дар сервери китобхона маҳфуз намуда, 80 ҳазор маводи электронии китобхонаҳои электронии дигарро, ки дастрасӣ ба онҳо аз шабакаи донишгоҳ таъмин шудааст, дар бар мегирад.

Ба ҷойи хулоса

Омӯзиши мо нишон дод, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ яке аз марказҳои пешбари тадқиқоти илмӣ, коркардҳои таҷрибавию истеҳсолӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омодасозии кадрҳои илмиву техникии кишвар маҳсуб меёбад. Донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра аз рӯйи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондааст.

Аз суҳбат бо Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ маълум шуд, ки донишгоҳ тамоми шароитҳоро барои таҳсил ва касбомӯзӣ, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии милливу фарҳанги баланд ба воя расидани ҷавонон фароҳам овардааст, то донишҷӯён бо омӯхтани касбҳои техникӣ ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд. Зеро бо муҳандиси ин ё он соҳаи хоҷагии халқ шудан ва дарёфтани зиндагии шоиста муҳассилини донишгоҳ ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳанд шуд.

Марҳамат ба даргоҳи муқаддас ва касбомӯзӣ – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ!

Рамзи ДТТ дар маркази миллии тестӣ 104 мебошад.

Холиқназар ҶУМЪАЕВ, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь