Акнун гуфтан мумкин аст, ки пас аз як сол деқони тоҷик ҳам “олигарх” мешавад?

Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардуми кишвар, ки рӯзи 26-уми январ ироа шуд, мисли ҳарвақта мавриди дастгириву пазироии ҳамаҷонибаи мардум қарор гирифт. Воқеан, ин паёми 20-уми Пешвои миллат аст, ки аз оғози соли 2001 то имрӯз ӯ ҳамасола бо он баромад карда, паҳлуҳои муҳимтарини ҳаёти мардум баррасӣ мегардад. Бе шак гуфтан мумкин аст, ки мардум паёмро ҳамеша бесаброна интизоранд. Зеро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳад мушкилоти зиндагӣ ва роҳҳои ҳалли осони онро аз забони Президент бишнавад. Аз ин ҷо буд, ки саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз навору аксҳо аз ҷараёни тамошои мардум аз ин маърака пур гардид.

Албатта, аз паёми имсола мисли ҳар соли дигар, ҳар кас бардошти худро дошт. Аммо ба назари ман, муҳимтарин нуқтаи паём ин буд: “Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои 1 сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд”.

Чаро имсол Президент ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва онро мо муҳим меҳисобем?

Ба эҳтимоли зиёд, ин нуқта ба соли 2020, ба давраи пандемияи Ковид-19 бештар рабт мегирад. Зеро мардум маҳз дар он шабу рӯзи пур аз мушкилот аз норасоии маводи ғизоӣ хеле дар таҳлукаву тарс буданд. Аввалҳои моҳи мартро ёд доред, ки мардум дар бозору мағозаҳо навбатпоӣ карданд ва савдогарони ноинсоф нархи маҳсулоти худро бамаротиб гарон намуданд? Хоса орд. Хайрият, ки мардум якдигарро назаданду накуштанд.

Пешвои миллат ҳамон шабу рӯзҳо дар арафаи Иди Модарон бо занону духтарон вохӯрда, мардумро ба ин маънӣ ором намуд: “Мо дар солҳои даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ мардумро гушна намондем, ташвиш нашавед, ҳоло ин имконро дорем, ки шуморо бо ғизо таъмин намоем”.

Дертар, вақте роҳҳои ҳавоиву нақлиётӣ баста шуданд, мардум суол медоданд, ки акнун чӣ кор мекунем? Аз гушнагӣ мемурем? Вақте ягон захира надорем…

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз мардумро ба захираи маҳсулот даъват мекунанд. Дар паёми ахир ҳам ба ин маъно ишора карданд, ки солҳои пеш сиёсатмадорони пурвазн ин гуна изҳороти президенти моро бо тааҷҷуб қабул мекарданд ва акнун ба маънои он сарфаҳм рафтанд. Ба пешбинии Пешвои мо набояд шубҳа кард, зеро ӯ баромада аз байни мардуми оддист ва мушкилоти онҳоро хуб медонад.

Бо ин вуҷуд, барои бепарво набудану ҳушдор додани мардум дар рӯзи паём Сарвари давлат ишора карданд, ки “агар ҳамаи роҳҳо баста шаванд, пас мо чӣ кор мекунем, зеро 60 дарсади маҳсулоти дохилӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид мегардад”?

Ба фикрам, ин ба он хотир гуфта шуд, ки одамон ба ҷиддияти гуфтаҳои Президент сарфаҳм раванд.

Оре, мо мехонему мешунавем, ки деҳқонон мушкилоти зиёд доранд. Сарусадое ҳам ҳаст, ки ҳатто ташкилотҳои хориҷӣ ҳангоми тақсими тухмии картошка “доля” меситонанд. Мушкилоти ин бахшро дар матлабе бо номи “Муаммои элита” гуфта будем.

Аммо ҳоло мавзӯи мо дигар аст. Мушаххасан Пешвои миллат ошкор карданд, ки аз мушкилоти аслии деҳқонҳо огоҳӣ доранд.

Бовар дорам, ки маҳз пас аз паём эҳтимол чеҳраҳои аслии заҳматкашони худро шиносем. Ҳамвора бо ин сари онҳое фикр хоҳем кард, ки маҳсулоти парвардаашонро истеъмол мекунему боре онҳоро надидаем.

Бояд махсус таъкид кард, ки деҳқонон аслан аз ҳисоби заминашон “олигарх” намешаванд, вале нони даҳони худу мардумро пайдо мекунанд. Барои ҳамин дар кишварҳои пешрафта бахши кишоварзӣ ҳамеша дар дотатсияи давлатӣ қарор дорад.

Мисоли оддӣ меорам. Дар Бадахшон замоне мо хурд будем, ба заминҳое, ки падарамон доштанд дар қишлоқи Дашти ноҳияи Ишкошим, мо оилавӣ барои ҷамъоварии картошка мерафтем, 2 моҳ заминро тоза мекардем, вале замистон боз маҷбур мешудем маҳсулот харидорӣ кунем, чун намерасид. Гарчанде як замини масоҳатан калон доштем. Дар ин баробар деҳқонон азоби зиёд доштанд.

Деҳқонон ҳама вақт кӯшиш мекунанд, ки тухмии хубро харидорӣ кунанд, он ҳам албатта арзон нест. Хароҷот ҳам барои ба даст овардани ҳосили хуб хеле зиёд аст. Деҳқонон доимо ба мо шикоят мекарданд, ки онҳо мисли дигар соҳибкорон андози зиёд месупоранд, дар ҳоле, ки аксарияти онҳо мегӯянд, зиндагии шоҳона надоранд.

Президент гуфт, ки бо барҳам хӯрдани андози ягонаи кишоварзӣ буҷаи ҳукумат ҳудуди 200 миллион сомонӣ зарар мебинад, аммо мардум манфиати зиёд мебинад ва ин кумаки хеле ҷиддӣ барои ҳамагон мешавад.

Умед дорем, ки бо гузашти 1 сол аз ин паём мо деҳқониву кишоварзии дигар хоҳем дошт. Ва онҳо бо ҳалли мушкилоти молиявии худ ба қавле қомати худро боло мекунанду то ҷое “олигарх” мешаванд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь