Аз 11 то 16-уми ноябри соли 2019 ҳайати Барномаи СММ оид ба рушди техникӣ дар Фестивали калонтарини эҷодии саноатии Шарқи наздик ба номи Design Week 2019 иштирок кард.
Воқеаи калидии ҳафтаи дизайн дар Дубай Намоишгоҳи калонтарини минтақа Downtown Design гардид, ки махсусияти эҷодии миллӣ ва имконияти васеи тиҷоратӣ дошт. Бренди «LA’AL Textiles», ки байрақбардори бозори маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад дар фестивал на танҳо таваҷҷуҳи кишвари худ, балки ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ҷалб кард.
Иштирок дар фестивали калони байналмилалии дизайн ба мо имконият дод, бовар кунем, ки маҳсулоти бофандагии Тоҷикистон на танҳо дар бозори Шарқи надик, балки дар тамоми дунё талабгор дорад. Таҷҳизоти мо барои хона ва қолини дастбоф таваҷҷуҳи зиёди ҳозирин ва ҳамкорҳои эҳтимолии тиҷоратиро ҷалб карданд: ба мо якчанд пешниҳоди ҳамкорӣ бо алоқамандони маҳсулоти қолинӣ ва бофандагии Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб сурат гирифт.
– Ҳар ду бозор барои истеҳсолотчиёни Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳанд ва агар мо тавонем бо ҳамдигар ҳамкор бошем, дар тарафи лоиҳаи мо имкони мустаҳкаму баланд кардани муассисаҳояшон ба миён меояд, ки ин ба сабаби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот ва миқдори ҷойи кор мебошад,- гуфт Сарвиноз Ҷунайдова – танзимгари миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь