Санаи 14-уми декабри соли равон яке аз бузургтарин ҳунарманд ва коргардони синамои ҷаҳон Раҷ Капури бузург садсола шуд.
Раҷ Капур чи тавре, ки ишора намудем, санаи 14-уми декабри соли 1924 дар Пешовар (ҳоло ин шаҳр дар ҳайати Ҷумҳурии исломии Покистон қарор дорад) дар оилаи ҳунарпешаи барҷаста ва ходими театр Притхвираҷ Капур ва ҳамсараш Рама ба дунё омадааст.Бояд гуфт, ки Притхвираҷ Капур, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ низ дошт, дар чандин филмҳо аз ҷумла дар филми писари худ Раҷ Капур «Овора» низ нақш бозидааст(нақши судя-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Аввалин нақши синамоии худро дар филми “Инқилоб” Раҷ Капур соли 1935 дар синни ёздаҳ солагӣ бозидааст.
Аз аёми кӯдаки Раҷ дар саҳнаҳои театри мактабӣ нақшофарӣ мекард ва барои баромадҳои худ дар озмунҳо ба мукофотҳо соҳиб мегашт.Раҷи наврас ҳатто барои пайвандони худ дар хона низ ҳар гуна намоишҳоро таҳия ва ба намоиш мегузошт. Аз худи ҳамон кӯдакияш истеъдоди нодири хунарпешагии ӯ ба чашм мерасид ва аз чашми падар ва дигар ҳунармандон ин истеъдоди Раҷи наврас дур намонд. Ин кӯшиш ва хадафҳои ин нобиғаи ояндаи олами кино баъдан дар филми тарҷумаҳолии «Кӯшиши сӯзон» тасвири худро ёфтааст. Ба ҳар ҳол орзӯи Раҷи хурдакак ин пеш аз ҳама нақшоварӣ дар синамо буд.
Қатъи назар аз он, ки эшон номаи камол бар асари супорида натавонистани имтиҳон аз забони лотинӣ гирифта натавониста бошад ҳам, айёми навраси ба ҳайси ёвари коргардон дар студияи «Бомбей токиз» иҷрои вазифа намуда, бо амалияи корӣ асосҳои тахассуси касбии филмофариро азхуд намуда, навовариҳои кинои дигар кишварҳоро низ азхуд мекунад. Аз соли 1944 Раҷ дар театри падари худ ба ҳайси ёвари коргардон ва актёр иҷрои вазифа намуда, дар намоишномаҳои «Девор»ва «Патан» ҳунари худро нишон медиҳад. Ба зуди ӯро продюсерҳо зери чашм намуда, шурӯъ аз соли 1946 ва ба таври фаъолона дар филмҳои зиёде азҷумла «Нилуфари лоҷувардӣ» (1947) ва дигар филмҳо ба нақшофарӣ даъват менамояд
Соли 1947, соли истиқлолият ба даст овардани Ҳиндустон барои Раҷ Капури ҷавон низ соли бисёр хушоянд буд. Гардиши куллие дар ҳаёташ ба вуҷуд омад, зеро маҳз дар ҳамин сол ӯ орзӯи худро оиди коргардони кино шудан амалӣ карда тавонист. Дар ин сол ин ҳунарманд дар синамо дар чор нақши асосӣ ҳунарнамоӣ намуда, маблағи бадастовардаашро барои офаридани якумин филми худ бо номи «Кӯшиши сӯзон» сарф намуд.
Маҳз дар ин филм режисёри ҷавон худро чун як таҳиягари навовар ва ояндадор бо як фалсафаи баланди тарҳи сиёҳу сафед, рӯшноӣ ва зулмат, фалсафаи аслӣ ва дурӯғини зебогӣ, дарки мавзӯъи интихобгашта ва то андозае проблемаи ҳаётии он замон дар ватанаш ҷойдошта чун эҷодкори навовар нишон дода тавонист.
Аз ин филм сар карда ҳамкории Раҷ Капур бо ҳунарпеша Наргис шурӯъ гашта, баъдан онҳо дар 16 филм бо ҳам нақш бозиданд.
Қатъи назар аз дастоварди на он қадар бузурги худ аз филми якумаш Раҷ Капур соли 1948 студияи шахсии худро бо номи студию «Р. К. Филмз» созмон дода, ба офаридани филми бузурги «Мавсими боронҳо», ки бо офаридани ин филм фаъолияти бисёр муваффақона ва шарафмандонаи режисёрии ӯ шурӯъ гашт оғоз мекунад.
Офаридани ин филм ба коргардони ҷавон, ки он давра дар Ҳиндустон ва олам яке аз коргадонҳои ҷавонтарин маҳсуб меёфт шӯҳрати беинтиҳое овард. Комёбии ин филм боис ба он гашт, ки ба ин режисёри ҷавону навовару пурғайрат гуруҳи калони шахсиятҳои соҳибистеъдоди эҷодӣ рӯ оваранд ва тими баъдан дар ҷаҳон маъруфи ба истилоҳ «Тими Капур» ба вуҷуд омад. Урфу одати қадима, эътиқоди мардуми ҳинду ба шеъру суруд ва ҷаҳонбинии мафкуравии ин халқи қадима ва анъанаҳои фарҳангӣ тақозо мекарданд, ки дар қисмате аз филмҳо ба истифодаи мусиқӣ эътибори махсус дода шавад. Ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дӯши ба дӯш бо мутрибон, бастакорону ҳунармандони соҳаи мусиқии бисёр тавонои Ҳиндустон ва шахсан истеъдоди фитрии мусиқавии ҳунарманд, баъдан истифодаи савтҳои мусиқии ҳиндиро дар филмҳои офаридаи Капур ба як меъёри асосӣ, бахши ҷудонашаванда ва махсуси ширкати филмсозии Раҷ Капур «Р. К. Филмз» табдил дод. Маҳз дар филми «Мавсими боронҳо» навои бастакорон Шанкар-Ҷайкишан яке аз беҳтаринҳо дар таърихи филмсозии Ҳиндустон ба ҳисоб меравад.
Ҳамон замон буд, ки тамошобинони ҳинду филми машҳури «Некном»-ро бо ҳунарнамоии волои Раҷ Капур- Наргис -Дилип Кумар дар фильми Маҳбуб Хан бозавқ тамошо мекарданд.
Қайд бояд намуд, ки баъдан Раҷ Капур дар бисёре аз филмҳо худ на танҳо режисёр ва продюсер, балки иҷрокунандаи нақши асосӣ низ буд.
Дар филми «Мавсими боронҳо» ишқбозии Раҷ бо Наргис бо мавзӯъ, шаддату ҳаяҷони рӯҳӣ, моҳияти мавзӯъи филми он вақт барои Ҳиндустон то андозае нав бо мусиқии пурэҳсос ва доманаи мавзӯъ сазовори комёбии гӯшношуниде гашт.
Солҳои 50-уми асри пор давраи рӯ ба болоравӣ овардани шаъну шӯҳрати Раҷ Капур дар байни тамошобинони сершумор буд. Он замон ҳамчун актёр ӯ дар ҳайати сегонаи филмсозони Ҳиндустон ҳамроҳ бо Дилипом Кумар ва Девом Ананд пайваста ҷой ва мавқеъ дошт.
Раҷ Капур қатъи назар аз комёбиҳои зиёди филмсозӣ ва маъруф гаштанаш чун режисёр , ҳамчунин беҳтарин ҳунарпешаи синамо низ буд ва фаромӯш набояд кард, ки Раҷи машҳурро миллионҳо тамошобинони олами синамо дар ҷаҳон пеш аз ҳама бо нақшҳояш дар филмҳо мешиносанд ва маҳбуби дилҳо медонанд.
Дар ин қатор филмҳои машҳури «Овора» (соли 1951), «Пойафзолтозакун» (1954), «Ҷаноби 420» (соли 1955) боиси обрӯи зиёди Раҷ Капур дар бисёре аз кишварҳои олам ва алалхусус Иттиҳоди Шӯравӣ гашта буданд. Ин филмҳо дили миллионҳо тамошобинон ва бо назардошти ба намош гузоштани ҳаёти иҷтимоии мардуми Ҳиндустон аз синфи поёнии ҷамъият- меҳнаткашони одӣ, бешубҳа дили миллионҳо инсонҳоро ҳам дар Амрикои Лотинӣ, қораҳои Африқо ва Осиёу Аврупо мафтуни худ карда буд. Чун он замон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ замони истиқлолхоҳии бесобиқаи кишварҳои олам хоса дар Амрикои Лотинӣ, Африқо ва Осиё шурӯъ гаштаву мубориза бар зидди юғи мустамликадорӣ ва ҷаҳони капитал, олами сармоядорӣ оғоз гашта буд, мавзӯъи ин филмҳо ва муборизаи некӣ бо бадӣ, олами сармоя бо камбағал ба синфи коргару деҳқон илҳому таъсири фавқулъодае мегузоштанд.
Беҳуда нест, ки номи Раҷ Капур чун Чарл Чаплин дар олам хело машҳур гашта буд. Маротибаи охирон филми нақшбозидаи Капур ин филм бо номи «Номи ман масхарабоз» (1970) мебошад, ки маъруфияти зиёдеро низ ин филм касб намуда буд.
Филмҳои офарида ва нақшбозидаи ин ҳунарманд ва режисёри машҳур дар худ бо савтиёти баланд, фолклор, асотир, ҳаҷв, ҳаяҷон,реализм ва танқиди иҷтимоӣ на танҳо дар Ҳиндустон балки дар Осиёи ҷанубӣ, Ирон,Туркия, кишварҳои арабӣ, Чин, кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ғайраҳо бисёр машҳур ва оммавӣ гашта буданд. Махсусан барои ин кишварҳо Раҷ Капур ба шабеҳа, як фарди парчамбардор ва сафири барҳақи Ҳиндустони нав аз юғи мустамликадорони Британияи Кабир озодгашта шинохта мешуд (дар ҳақиқат ҳамин тавр низ буд-шарҳи Варқаи Зайниддин).
Дар ҳамин маъни комёбии аз ҳама зиёдро Раҷ Капур бешубҳа дар кишвари Шӯравӣ ёфта, эшон машхуртарин ҳиндуи олам дар СССР арзёбӣ мегашт. Хотиррасон бояд намуд, ки дар 16 филме, ки бо ҳунарпеша Наргис байни солҳои 1947-1957 бозидаанд, аз филмҳои машҳури синамои Ҳинд ба ҳисоб рафта бо ҷолибият, нақшофарӣ ва сюжаҳои мондагори худ ҳоло низ дар таърихи филмсозии Ҳиндустон ба худ ҳамто надоранд. Дар ҳақиқат дуэти ин ду нафар дар таърихи филмсозии Ҳиндустон ва ҷаҳон бо фалсафа ва бозии табии худ назир надоранд ва марвориди филмҳои классикии саноати филмсозии Ҳиндустон низ ба шумор мераванд.
Соли 1957 ҳамкории байни Раҷ Капур ва Наргис аз байн рафт. Наргиси машҳур ба филми васеъи «Модари Ҳиндустон», ки нуқтаи олии фаъолияти ӯ дар синамо буд ҷалб карда шуд (бояд гуфт, ки баъди ин филм Наргис ба шавҳар баромада, фаъолияти ҳунарнамоияш дар синамо қариб ба поён расид). Баъди Наргис , Раҷ Капур бо ҳунарпешагон Мино Кумар, Мадхубал, Лалита Павар, Мала Сингх дар «Парвариш», «Бозии қисмат», «Боз субҳ хоҳад даромад» ва дар дигар филмҳои зиёде нақшоварӣ кардааст. Яке аз филмҳои маъруфи дигари ӯ «Сангам» мебошад, ки соли 1964 офарида шудаву байни тамошобинон шӯҳрати зиёде низ дошт. Соли 1966 ӯ дар филми «Қасами саввум» нақш офарид. Ин филм низ бо нақши хотирмони бозидаи ҳунарпеша, дастовардҳои зиёде дошт. Дар филми «Савдогари орзуҳо» соли 1967 Раҷ Капур бо ситораи ояндаи синамои Ҳиндустон Хема Малина нақшофарӣ намуда, гуфтан мумкин аст, ки бо ин филм ва дуои Раҷ Капур, бону Хема баъдан роҳи пуршараферо дар синамои Ҳинд тай намудааст.
Филми ӯ бо номи «Бобби» (соли 1973), ки дар он писараш Риши Капур бозӣ мекард, комёбии зиёде дар олами синамои олам ба даст оварда буд.Филмҳои дигари «Ҳақиқат, ишқ ва зебоӣ», «Бемори ишқ» (1982) ва «Ганг оби ту тира гаштааст» (1985) филмҳои асосӣ дар бозори филмҳои ҳиндӣ гашта буданд.
Раҷ Капур ҳамроҳи бародарони худ Шаши ва Шамми, аз насли дуюми ҳунарпешагони авлоди Капур намояндагӣ мекунад. Се нафар писарони ӯ Рандхир, Риши, Раҷив низ аз пайи падар рафта, ҳунарманди овозадори синамои Ҳинд гаштанд. Абераҳои асосгузори силсилаи Капуриҳо, падари Раҷ Капур Притхвираҷа Капура (1906-1972) ва набераҳои Раҷ Капур, ҳунарпешаҳо Каришма ва Карина Капур, духтарони Рандхира Капур низ айни замон дар синамо нақшофарӣ мекунанд.
Аз соли 2008 фаъолияти худро дар саноеъи кино писари Риши Капур- Ранбир Капур шурӯъ намудааст. Набераи дигари Раҷ Капур – Никхил Нанд, роҳбари ширкати бузурги киносозиии шаҳри Деҳлӣ буда, домоди ҳунарманди маъруфи синамо Амитабх Баччан мебошад.
Набераҳои хурдии ин нобиғаи филмҳо Арман ва Адар низ дар филмҳо нақшофарӣ доранд.
Раҷ Капур яке аз актёрҳои машҳури синамои ҷаҳонӣ дар таърихи башарият маҳсуб меёбад. Шӯҳрати ӯ дар байни оммаи халқҳои олам ба худ назир надорад. Бахусус дар байни халқи меҳнаткаш мавсуф то имрӯз шӯҳрати беназире дорад. Ӯро дар олами синамо, мардуми олам ҳам бо нақшҳои офаридааш, ҳам дар нақшҳои мазҳакавӣ, ҳам фоҷиавӣ ва бо дурахши табиии истеъдодаш барои як умр дӯст доштаанд ва аминам, ки оянда низ дӯст хоҳанд дошт.
Сужаи ҳунарнамоӣ, фалсафаи нақшофарӣ ва филмсозии ӯ ҳамчунин хело боло ва волост. Ин фалсафа пеш аз ҳама аз қаъри асрҳо аз таъриху фарҳанги бою рангини мардуми нимҷазираи Ҳиндустон, мардуми оринажод манша мегирад. Ин сужаҳо дар якҷоягӣ бо табиати зебои интихобгашта, савти мусиқии гуҳарбори ҳинду ориёӣ дар иҷрои мутрибону бастакрони маъруфу чирадасти Ҳиндустон бо нишон додани проблемаҳои иҷтимоӣ ва ҳаётии халқи меҳнаткашу кулфаткашидаи нимҷазираи Ҳиндустон (Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш) ва меҳру муҳаббат ба меҳани азиз, хокӣ аҷдодӣ, забони модарӣ ва пос доштани урфу одати қадимаи халқҳои ин нимҷазира, ки солҳои тӯлони, балки садсолаҳо зери ҳукумронӣ ва истисмори истилогарони муғулу бритонӣ қарор доштанд, барҳақ Раҷ Капурро барои тамоми мардуми олам азиз гардонид.
Раҷ Капур шахсияте буд, ки чи тавре, ки дар боло ишора рафт, ӯро дар собиқ ватанамон Иттиҳоди Шӯравӣ дӯст медоштанд. Ӯ ба кишвари бузурги мо борҳо сафар кардаву дар филмсозӣ ва нақшофарӣ бо синамогарону актёрони шӯравӣ низ ҳамкориҳои зиёде дошт.
Раҷ Капур, филмҳои эшон ва нақшҳои офаридаи ӯ аз замони солҳои 50-уми асри пор махсусан дар Тоҷикистон машҳур буданд ва мардуми Тоҷикистон ба тамошои ин филмҳо шавқи беандозае доштанд.Агар яке аз тарафҳои майли мардум аз санъати волои актёрии Раҷ Капур ва ёронаш бошад, пас тарафи дигари ин маҳбубият наздикии фарҳанг, забон ва мусиқии мардуми ҳинду-ориёӣ(иронӣ) буд, ки мардуми моро ба худ чун оҳанрабо мекашид. Насли наврасу ҷавонони тоҷик пеш аз ҳама бо тамошои филмҳое чун «Овора», «Номи ман масхарабоз», «Ҷаноби 420», «Сангам», «Бобби» ва ғайраҳо ғизои маънавӣ гирифта, ба воя расида, тарбия меёфт.Таронаҳои ин филмҳоро ҳама вақт бачагони солҳои 50-80-и асри пор чи дар мактабу чи дар кӯча бо як меҳру муҳаббати хосае месароиданд ва дӯст медоштанд.
Филмҳои офарида ва нақшҳои иҷрокардаи Раҷ Капур то андозае мардуми тоҷикро ба дӯстдории ватани аҷдодӣ ва забону фарҳанг низ таҳрик кардаву худшиносии миллиро дар андешаи бачагони замони шӯравӣ ба бор меоварданд(шахсан мани кӯдак солҳои 70-уми асри пор орзӯ мекардам, ки Тоҷикистони азиз низ мисли Раҷ Капуру филмҳояш ҳунармандони бомаҳорат дошта бошаду чунин филмҳои зебо офарида шаванд то ҷаҳониёнро тахсир намоем).
Филми «Бобби» солҳои 70-уми асри пор ончунон машҳур гашта буд, ки ёд дорам, соли 1975 тағоям аз Душанбе барои ман нишони калонеро, ки онҷо аксҳои қаҳрамонони ин филм «Раҷ ва Бобби» ҷой дода шуда буд оварда буд. Ман хело шод гаштаву санаи 1-уми сентябри соли зикршуда, галстуки пионериро ба гардан овехта, нишони калони «Раҷ ва Бобби»-ро дар сари сина ба ҷои нишони пионерӣ насб карда ба мактаб рафта будам.Он замон ба хаёлам «бурути маро табар низ намебурид» ва ҳамсинфонам бо ҳавас ба нишони калони сари синаи ман назар медӯхтанд. Як ҳафтаи зиёд ман онро овехта гашта, ба суханҳои роҳбари синфамон оиди ба ҷои ин нишон, овехтани нишони пионерӣ гӯш намекардам ва танҳо баъди гӯшмоли сахти тағоям (омӯзгори мактаб) ба ҷои ин нишон, нишони пионериро овехта будам. Инҷо низ шӯҳрати хело баланди Раҷ Капур ва филмҳояш, ки ба насли наврасу ҷавони миллати мо таъсиргузор будааст хело нағз ба назар мерасад.
Охирин филми муттаасифона ба охирнарасонидаи Раҷ Капур ин филми «Хенна» (оиди духтари мусулмон Зебо Бахтиёр, ки ҷавони ҳиндуе аз он тарафи марз ӯро наҷот бахшида буд(дар нақш Риши Капур) дар соли 1988 мебошад, ки аз рӯи сенарияи Ҳоҷи Аҳмад Аббос ба навор гирифта мешуд, ки баъдан аз тарафи бародаронаш соли 1991 ба охир расонида шуд. Дар воқеъ бо нависанда ва сценариянавис Ҳоҷи Аҳмад Аббос, Раҷ Капур ҳамкориҳои зиёде дошт.
Раҷ Капур дар шаҳри Деҳлӣ дар сини 63 солагӣ вафот намудааст. Фавти ин нобиғаи кинои ҷаҳонӣ барои мардуми Ҳиндустон як фоҷиаи миллӣ маҳсуб меёфт ва меандешам, ки на танҳо барои мардуми Ҳиндустон балки барои тамоми мардуми ҷаҳон ин фавт, як фоҷиа буд, зеро ин шахисят дар зиндагӣ бо ҳунари воло ва филмҳояш танҳо дар замири мардум тухми ишқи муҳаббат, дӯстдории инсон, одаму одамгарӣ, адлу инсоф ва накукориву адаб, худшиносиву худошиносиро омӯзондааст на чизи дигарро.
Раҷ Капур дар давоми умри то андозае кӯтоҳи худ соҳиби ҷоизаҳои зиёди умумиллии синамои Ҳиндустон, минтақа, қораи Осиёву Африқо ва ҷаҳон гаштааст.Он чиз барои ман хушоянд, аст, ки ин ҳунарманди дӯстдоштарини каминаи камтарин дар рӯзи таъсисёбии мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, яъне санаи 14-уми декабри соли 1924 таваллуд ёфтааст ва ин рӯз бояд гуфт, ки барои тамоми насли калонсоли мақомоти прокуратура бисёр шарифу азиз аст.
Ёди ин марди бузургу нақуном ва накӯкирдор хама вақт дар дилу дидаи садҳо миллион инсонҳои созанда ва зебопарасти ҷаҳон боқӣ хоҳад монд.
Ёди Раҷ Капур ва кормандони даргузаштаи прокуратураи Тоҷикистон, ки дар ин санаи муборак расо 100 сол шуд ба хайр бод!
Варқаи Зайниддин,
Узви ИЖ ҶТ, Корманди фахрии прокуратура,
Аълочии фарҳанги ҶТ, шаҳри Бохтар, махсус барои «Фараж»