“Он чи дар одам нағунҷад, олам аст,

Он чи дар олам нағунҷад одам аст.»

 Иқболи Лоҳурӣ

Дар рӯзномаи “Фараж” ки дар он рӯзи 3-юми октябри соли равон дар саҳифаи 5-ум мақола бо номи “Нома ба дўст” нашр шудааст, аз он илҳомам омад. Мани иштиёқманди ҳунари волои устод Ҳошим Гадо чанд сатре дар пасманзари ифшонамудаи саҳифаи 5-и газетаи “Фараж” дар поён иншо кардам.

Устод Садриддин Айни навиштааст:

“Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёд навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷик ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кўҳистони ман, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни VII ба худ номи “тоҷик”- ро гирифт”.

Агар осори устод Ҳошим Гадоро варақ занем (дар назар дорам зиёда аз 800 китоби ўро) як ҳадаф пеши рў меояд: Одам шудан, одам будан, сифатҳои олии одамиро соҳиб будани шахси одам.

Ҳошим Гадо, ин ҳунарманди асил, ки ба 88 даромадааст, солҳо зинда бошанд. Устодро ҳар он кас, ки мешиносанд, медонанд, эътирофаш мекунанд ва дар сифаташ мегўянд:

-Ҳошим Гадо нобиғаи башарият аст, ки дуруст гуфтанд. Санъатшиносони маъруф гуфтаанд: “Ҳошим Гадо худ жемчужина драматического искуство”. Боз гуфтаанд: “Он звёзд из далёкое галактик” Ҳошим Гадо бо як этимоди баланд нисбати Ҳошим Гадо мегўяд: “Я думаю, что я на этот свет не зря пришёл, всё прожитие мною годи я старался служит верой и правдой всему человечество меня не забудет”. Воқеан ҳам,  Ҳошим Гадои азиз , абадӣ барои дигарон дар хотираи таърих мемонад. Шумо барои тоҷикон не, балки барои инсоният хизмат кардаед. Аз ин лиҳоз инсоният фарзандони бузургу барўмандашро фаромўш нахоҳад кард.

Ҳошим Гадо, ў натанҳо қаҳрамони даврони мо, балки қаҳрамонест, ки дар зиндагиаш мартабаи нобиғагии худ кашф кардааст.

Эй одамон! Медонед, ки, теъдоди китобҳояш бо ду забон- тоҷикию русӣ беш аз 800 расидааст, ки онҳо саршор аз андешаҳои фалсафӣ буда, ба одамшавии мо равона шудаанд. Эҷодаш дар соҳаи санъат ба мероси ҷаҳонӣ қабул шудааст. Ҳошим Гадо исбот кардааст, ки ў натанҳо асилзодаи санъати волои театру кино аст, балки дар ҷодаи ҳунари нависандагӣ дар сафи адибони маъруфи дунё Эсхилу Софокл, Гомеру Шекспир, Балзаку Хеменгуей гом мезанад. Фалсафаи сухани Ҳошим Гадо бо имони комил мегўям, ки аз навиштаҳои адибони номбурда болоӣ дорад. Зиёдтар аз 800 ҷилд китоб навиштан ва дар ҳар сатре сухани тоҷикиро дар пардаи андешаҳои фалсафӣ, афкори ноби инсониро рўйи авроқи китобҳояш овардан ин танҳо бо забон гуфтан осон аст. Рўзноманигоре аз олими маъруф, адабиётшинос Раҳим Мусулмониён мепурсад:- Устод, беҳтарин нависанда ва беҳтарин китобҳои хондаатонро номбар кунед? Мусулмониён чунин посух медиҳад:

-Беҳтарин адиб Ҳошим Гадо ва беҳтарин китобҳо китобҳои ў мебошанд.

Маҳаки асосии андешаҳои Ҳошим Гадоро танҳо ростӣ дар бар мегиранд. Аз ҳама аҷибаш ин ки дар навиштаҳояш тахаюлот нест . Тир ба ҷойи даркорӣ мерасад, сухани Ҳошим Гадо мисли тир ба ҳадаф расидааст. Дар воқеъ ў аз уҳдаи рост гуфтан мебарояд, барои ў сиёҳ-сиёҳ асту сафед- сафед. Аз ин лиҳоз ман мегуям, ки  Ҳошим Гадо Конфутсии тоҷикон аст. Аз касе ҳарос надорад. Ҷасорати гуфторро дар худ ҷойдода тавонистааст. Аз ин лиҳоз ў нобиға аст, нобиғаи аср. Дар ин росто Ҳошиму Иқболи Лоҳурӣ дар як ақидаанд. Ростиро парастиш кардаанд. Иқбол мегўяд:

 Худоё, ҷуз ризои ту наҷўям,

Ҷуз он роҳе, ки фармудӣ напўям.

Валекин гар ба ин нодон бигўӣ:

Хареро аспи тозӣ гў, нагўям.

Ба ҳамин маъно Ҳошими азизу дилсўхта гуфтааст: Бо умед сар аз даричаи модар берун мекунӣ, ки ба ин олами зебо ворид шавӣ, чун нобасомониҳои дунё пеши чашматон меоянд, мехоҳӣ, аз роҳи омадаатон бозпас бигардӣ, ки наметавонӣ, ночор вориди ин дунёи дун меоӣ” (китоби “Розҳо”, ҷ. 1, саҳ. 175).

Бидуни ин ҳама офаридагии беохир чӣ дар соҳаи киною театр ва чӣ дар соҳаи насри фалсафии тоҷикӣ, мо ўро нашинохтем, ки нашинохтем. Аз ин лиҳоз сухани Бедили Деҳлавиро масал меорам: “Як замину осмон аз аҳли хеш дурем мо”. Воқеан, устод Ҳошим Гадо фаҳми зотиро кашф намекард, ҳеҷгоҳ ба ин дараҷа намерасид. Дар ҷойи дигар Бедил ҳамин маъниро хеле хуб ифода кардааст: “Фаҳми зотӣ гар набошад , ҳеҷ кас устод нест.”

Барои ба ин дараҷа расидан заҳматҳои миёншикан лозим аст. Устод воқеан фалсафаи зиндагиро тайкарда тавонистааст. Дигарон чӣ мегўянд ё намегўянд, камина мегўям, ки Ҳошим Гадо соҳиби фаҳми Худодода аст. Ҳамин аст, ки яке ўро нобиға, дигаре устоди бузург, саввуми ҳунарпешаи нотакрор, хилқату сиришташ пок, Суҳроби воқеъӣ, Синои зинда , Билмандо, Ален Дален, генний ва боз бо чӣ номҳои дигар нисбаташ медиҳанд. Афсус, ки касе дардашро дарк накард, ба худ зиндагии худашро ихтиёр кард ва даст зад ба навиштан. Гўё аламашро аз қаламу дафтар мегирад. Менависаду менависад. Чакидаҳои сиришки дили ин марди ҳунар ва дилбохтаи роҳи санъат дар гиребонаш фурў мерезанд. Алам ва наҷоти хешро дар таровиши чакидаҳои қалам болои авроқи китобҳояш мемонад. Хамин аст, ки алами ҳунари зебояшро тавасути қаламу саҳфа ҷуброн мекунад.

Бисёр ифтихор аст , ки бузургони миллати моро бегонаҳо хуб шинохтаанд. Бисёр зарур медонам, баҳои директори театри “Дўстии халқҳо”- и шаҳри Москва Михаил Чигирро нисбати Ҳошим Гадо масал биёрам: “…Этот Ҳошим Гадоев – великий актиёр, и он- достояние таджикского народа, сидяшие сейчас в зале согласны, то я предлагаю обявит Хошима Гадоева- достоянием и руского народа”. – Офарин, Михаил, ки тоҷикро дастоварди нотакрори миллати хеш донистӣ, ки барои мо тоҷикон ифтихор аст. Сипос ба қаламкашони газетаи “Фараж”, “СССР” ва “Тоҷикистон”, ки аз ин нобиғаи бузург пайваста ёд мекунанд. Ҳатто сармуҳаррири “СССР” як шумораи газетаашро ба пешвози 83 солагии ин нобиғаи бузурги халқи тоҷик, Лаурсати давлатии СССР, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Артисти халқии СССР , Дорандаи ордени “Ситораи Президент”-и Тоҷикистон, Лауреати мукофоти ба номи Абўабдулло Рўдакӣ бахшида буданд, хондаму аз ин арҷгузорӣ ифтихорам боло гирифт.

Ҳошим Гадо оламро дар худ ғунҷонида тавонист, афсус, ки худ дар ин олам нағунҷид, танҳоиро пеша кард. Мавлонои Балхию Румӣ байте дорад:

Ҳар кӣ ў бедортар, пурдардтар,

 Ҳар кӣ ў огоҳтар, рухзардтар.

Дар ин олами бевафо Ҳошим Гадои азиз ҳам бедортар, ҳам пурдардтар, ҳам огоҳтар ва ҳам рухзардтар.

Устод, дигар парвои он набояд кард, ки Хайёми бузург дар як рубоияш гуфтааст:

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,

Сад бўса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.

Ин кўзагари даҳр чунин ҷоми Латиф,

 Месозаду боз бар замин мезанадаш.

Ин қисмат аст, қисмати Одам. Солҳо зинда бошанд, Ҳошим Гадои мо! Барои мо ҳеҷ гоҳ нахоҳӣ мурд!

А. МАҶИДЗОДА,

 Аълочии маориф ва матбуоти тоҷик,  мухбири газетаи  “Гулистон”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь