Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия ва иҷозат дод.

Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти фаросат, фазилат, дарк, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва ба ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро тавсеа мебахшад.

Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, М. Рӯҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Рӯзӣ Аҳмад, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари ҳувияти миллӣ дар марҳилаҳои таърихӣ мебошад.

Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад, шартан ба чанд марҳила метавон тақсимбандӣ кард:

1.Марҳилаи аввали худшиносии миллӣ, ки ба зуҳури Наврӯз оғоз меёбад, бо шахсияти устуравии Ҷамшеди пешдодӣ бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри ҳушманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро ҳамчун тантанаи хирад ва адолат (ду бахши муҳими ҳаёти сиёсӣ-давлатӣ ва фарҳангӣ-иҷтимоӣ) саросарӣ намудааст.

Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то ба имрӯз дар як нукта тамаркуз мекунад ва он маргу нестӣ аст. Ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва гармии аз ҳад зиёд, бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқӯъ пайвастааст ва нахустин маротиба дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои миллӣ) инсон намиранда мегардад. Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (ниг.: Вандидод, ҷилди аввал, фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажӯҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425). Ҳаким Фирдавсӣ, бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам (достон шомили 74 байт буда, дар маҳдудаи абёти 48-55 зуҳури Наврӯз ва тадорукоти Наврӯзӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст) аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки Наврӯзӣ дониста, аз ҷумла таъкид  кардааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд…

Маҳз Ҷамшеди нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутамоил кунад.  Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми Наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. Теҳрон, 1386. -С.156).  Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро тайи 3 байт (достони Ҷам, абёти 56-58) хеле муассир инъикос кардааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

2.Марҳилаи дувуми худшиносӣ, ки ба Наврӯз иртибот дорад, ба давраҳои салтанати ду сулолаи бузурги миллӣ – Ҳахоманишҳо ва Сосониён рост меояд. Баррасиҳои катибаю сангнавиштаҳои баҷоймондаи даврони Ҳахоманишӣ ҳокӣ аз онанд, ки ҷашни Наврӯз дар маҳдудаи салтанати Ҳахоманишӣ марсум будааст. Бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Куруши бузург Наврӯзро дар соли 538 (қабл аз мелод) ҷашни миллӣ эълом кард ва дар ин рӯз барномаҳои вижае барои фароғати сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон ба иҷро расонд. Куруши бузург маросимоти Наврӯзиро ба Бобул интиқол медиҳад ва муҳаққиқон дар ин замина таъкид мекунанд, ки ӯ ҳангоми иҷрои маросими иди Наврӯз ба эҳтироми суннати деринаи подшоҳони Бобул дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд(ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. -Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122). Ба дунболи ин, маросими Наврӯзӣ дар замони дигар подшохони Ҳахоманишӣ низ тадовум ёфтанд. Ҳамчунин дар замони Дориюши якум маросими Наврӯзӣ дар Тахти Ҷамшед (Персе́полис, Чиҳил Манор – шаҳри бостонии форсӣ, ки асрҳои VI-V пеш аз мелод пойтахти империяи Ҳахоманишҳо будааст) баргузор мешуд ва мардум Наврӯзро ба таври шукӯҳманд таҷлил мекарданд. Муҳаққиқон ва сиккашиносон бар асоси сангнавишта ва тасвирҳо ҳадс задаанд, ки Дориюши аввал сиккае аз ҷинси тилло зарб намудааст, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ тасвир гардидааст ва ин навъ тадорукоти ҷашнӣ, ғолибан ба муносибати Наврӯзи соли 416 (қабл аз мелод) гирифта шудааст. Бархе аз пажӯҳишгарон (мисли Ҳартсфелд, Орднер, Гиршман ва Бродо) муддаӣ ҳастанд, ки Тахти Ҷамшед барои баргузор намудани ҷашни Наврӯз сохта шудааст (ниг.: fa.wikipedia.org/wiki).

Албатта, дар даврони салтанати Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ Наврӯз тобиши динӣ касб кард, аммо махсусият ва вижагии ҳувиятии худро гум накард. Дар даврони Сосонӣ маросими иди Наврӯзро байни шаш то сӣ рӯз баргузор мекарданд ва рӯзи шашуми фарвардин ва ё Наврӯзи бузургро Хурдодрӯз меномиданд ва ин рӯзро мутааллиқ ба фариштаи муқаддаси Хурдод медонистанд. Пайравони ойини маздоясно муътақид буданд, ки Зардушт (650 сол пеш аз мелодии Масеҳ) дар ин рӯз зода шуда, дар ҳамин рӯзи муқаддас бо Худованд ба розу ниёз пардохтааст, аз ин рӯ, ин рӯз барои ирониён муқаддас ва муҳтарам шумурда мешудааст. Подшоҳони Сосонӣ низ дар дарбор ойинҳои Наврӯзро бо шукӯҳи хоссе баргузор мекарданд ва шоҳон панҷ рӯзи аввал (ба унвони «Наврӯзи омма» маъруф аст) бори ом медоданд ва ба рафъи ҳоҷатҳои мардум мепардохтанд. Сипас, «Наврӯзи хосса» ё Наврӯзи бузургро, ки аз рӯзи шашуми фарвардин шурӯъ мешуд, ба худ ва наздиконашон ихтисос дода, ба ҷашну шодмонӣ мепардохтанд ва навоҳои хосси Наврӯз дар ин айём дар дарбори подшоҳон навохта мешудааст. Дар айёми ҷашнӣ табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо баргузор кардани базму маҳфилҳои вижа соли гузаштаро ёд ва таҳвили соли навро фоли нек дониста, дар таҷаддуди фикрӣ ва маънавӣ мекӯшиданд.

3.Марҳилаи сеюми худшиносӣ, ки реша дар Наврӯзи бостонӣ дорад, ба давраи ҳукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён марбут аст. Бояд тазаккур дод, ки дилбастагии мардуми форсу тоҷик ба суннатҳои ниёкон муҷиб шудааст, ки Наврӯз минҳайси рамзи шукӯҳ ва азамати фарҳанги миллӣ дар саросари даврони исломӣ, ҳатто дар давраи хулафое, ки эътиное ба ин русумот надоштанд, барпо мешудааст ва ошноию огоҳии фармонравоёни Уммавӣ ва Аббосӣ аз ойини ҳадя додан ба ҳокимон далеле барои гироиши фармонравоёни араб ба баргузории Наврӯз гардидааст. Бо коҳиш ёфтани қудрату нуфузи хилофати исломӣ бар давлатҳои миллӣ, ҳамчунин эҷоди давлатҳои мустақиле назири Саффориён ва Сомониён суннати таҷлили ҷашнҳои миллию мардумӣ эҳё шуда, иҷрои русумоти миллӣ сабаби шукӯҳу ҷалоли ҷашни Наврӯз дар қаламрави давлатҳои миллӣ гардид.

Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифтааст. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтани амирони Сомонӣ, қатъи назар аз он ки неруҳои зиддимиллӣ фаъол буданд, раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгирии саросарии Наврӯз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму  тақвият меёфт (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. -Душанбе, 2012. -С.457-458). Маҳз дар  замони  салтанати  Сомониён  дар  арафаи  Наврӯз, бо такя ба сунани даврони Сосонӣ оташ меафрӯхтанд, мутрибон  оҳангҳои ҷашнӣ навохта, ҳофизон суруду таронаҳои Наврӯзӣ месароиданд,  сайругашти идонаи мардум аз шом то ба субҳ идома меёфт. Алқисса, ин маросими наврӯзӣ айёми Хусрави Парвизи Сосониро ба лавҳи хотир меовард (ниг.: Маҷаллаи  «Ҳунар ва мардум», шумораи  навадум, фарвардинмоҳи 1369. -С.  31-34).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар замони давлатдории Сомониён худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати миллӣ таҳкиму тавсеа ёфт. Шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кӯшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (аз ҷумла китобҳои «ал-Ашъор фӣ соири Нийрӯз вал Меҳрҷон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «ан-Нийрӯз вал Меҳрҷон» ва амсоли инҳо ба сифат ва мушаххасоти Наврӯз ихтисос ёфта буданд). Давлати Сомониёнро метавон ба унвони қаламрави фарҳанги Наврӯз муаррифӣ кард.

4.Давраи  дигари  наврӯзпарастӣ  ва  арҷгузорӣ аз ин ҷашни  хирадмаоб  ба  охирҳои  солҳою ҳафтодуми садаи бистум рост меояд, ки замони  салтанати  давлати Шӯравӣ  буд. Аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта  як зумра равшанфикрони миллӣ  ҷиҳати  дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз  саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд.  Ин давра саҳифаи тозаро дар китоби худшиносии миллӣ боз кард, ки бо таҷлили Наврӯзи бостонӣ дар марҳилаи навини таърихӣ шурӯъ меёбад. Дар он замон заминаҳои рушди маросими миллӣ дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.

  1. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тозаро барои таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ мавриди таҷлили ҳамагонӣ қарор гирифт. Дар даврони истиқлолият масоили шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва саросарисозии Наврӯз матраҳ гардид ва дар рушду тавсеаи он шахсиятҳои дараҷаи аввали ҷумҳурӣ, хусусан Сарвари давлати имрӯзаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоштанд. Ин иқдомот имрӯз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз донишмандону фарҳангиён тақозо менамояд, ки ойинҳои миллиро ба риштаи таҳқиқ бигиранд ва дар хифзу нигаҳдошти онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бубаранд. Мусаллам аст, ки дар марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ тавассути пофишорию ташаббусҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони маориф ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) Наврӯзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ бо худогоҳӣ ва хештаншиносӣ пайванд мехӯрад ва аз фарҳанги Наврӯзӣ реша мегирад. Фарҳанги Наврӯзӣ фарҳанги меҳрпарастӣ, эътидол, саломатӣ, тандурустӣ, хирадварзӣ, огоҳӣ, доноӣ, муҳаббату самимият, таҳаммулу тафаккур ва шарофату адолат аст. Дар доираи фарҳанги Наврӯзӣ тамоми муқаддасоти инсонӣ ва башарӣ, ки тӯли асрҳо озмоиши таърихиро гузаштаанд, ғунҷоиш ёфтаанд. Наврӯз фарҳанги муколима ва гуфтугӯи инсонҳо буда, мардумро, новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, ирқӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ақидатӣ ва идеологӣ ба ҳам фаро мехонад ва сари як суфра – хони Наврӯзӣ менишонад.

Ҳамин тариқ, Наврӯз дар силсилаи ойину маросимҳои миллӣ қадимтарину фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим дар домони ин ҷашни инсонпарвар ва ҳувиятсоз парварда шудаанд. Ин аст, ки Наврӯз бо худогоҳию худшиносии миллӣ ба арсаи фарҳангу тамаддуни башарӣ ворид гардида, ба унвони ҳаста(ядро)-и худогоҳию худшиносии миллӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинохта мешавад.   Ин ҷашни бостонӣ дар дарозои таърих аслу ҷавҳари худро, ки бар пояи ҳувиятсозию хештаншиносӣ устувор аст, на танҳо аз даст надодааст, балки онро бо тобишу ҷилоҳои тоза аз давра ба давра, аз марҳила ба марҳила, аз сол ба сол ва аз аср ба аср мунтақил дода, то ба замони мо беосеб оварда расондааст.

Нозим Нурзода,

муҳаққиқ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь