Ёде аз як шоири беунвон бо исми Абдуваққоси Юсуфӣ ва як шеъри хуби ӯ…
(Дар гуфтугӯ бо ҳамсуҳбати ҳамешагиам – Алекс)
АЛЕКС: Ин субҳ табъат хуррамтар аз динаву парерӯз аст, тинҷӣ бошад?
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, дӯстам, барои мақолае шеъри хубе аз мавзуи ватан мекофтам ва хушбахтона, ёфтам…
АЛЕКС: Аз кӣ будааст он шеъри хуб?
Ҳафиз РАҲМОН: Ёд дорӣ, сафаре тобистон ба Ворух доштам ва як даста китоб оварда будам?
АЛЕКС: Бале, чор-панҷ китоб буд…
Ҳафиз РАҲМОН: Якеаш маҷмуаи ашъори Абдуваққос Юсуфӣ ном шоире хушном ва айни замон бетаҳқиқ, бо унвони “Зангӯлаи бомдод” буд, ки мутаассифона, вақти хонданаш ҳеч муяссарам намешуд…
АЛЕКС: Хуб, чӣ шеъре ёфтӣ?
Ҳафиз РАҲМОН: Шеъре, ки ба назари банда, яке аз беҳтарин ашъори меҳанпарастона аст ва хеле ҳунармандона зевари табъ ёфта… Унвони шеър “Калимаи шаҳодат” аст. Биё, беҳтараш матнро пурра меорам ва баъдан мегӯям, ки чаро ин шеър писанди банда шуд. Инак, он шеър, ки аввалин шеър дар маҷмуаи устоди шодравон Юсуфӣ аст, ки шогирдону фарҳангиёни Ворух онро соли 2023 дар муассисаи “Ношир”-и Хуҷанд чоп кардаанд:
Эй модари азизи ман, Ватан!
Ҳар субҳи покрӯй, ки аз хоби шаб маро
Хуршеди навтулуи ту бедор мекунад,
Шукронаи ту мекунад аввал забони ман,
Дил бар ягонагии ту иқрор мекунад.
Ҳар шаб ба вақти хоб
Аввал ба дасти рост биёзам ба бистарам,
Номи ту дар забонаму ёди ту дар сарам,
Бо номи ту ба сидқ муноҷот оварам.
Як солики тариқати ишқи туям, Ватан!
Аз ҳафт водӣ, гарчи хатарҳост, бигзарам,
То ҷодаи тариқати ишқи ту биспарам,
То орифе шавам, ки туро маърифат кунам.
Ҳар дам чу мушрикон, ки ба тавҳид мункиранд,
Маъбуди нав ба нав натавонам гирифт ман.
Ҳам бо забону ҳам ба дил иқрор мекунам:
Бешак, ту яккаиву ягона, Ватан, Ватан!
АЛЕКС: Хуб, чӣ тозагие дидӣ, ин гуна ашъор ниҳоят бисёр-ку. Ҳар маҷмуаеро боз кунӣ, аввалшеъраш ситоиши ватан аст, намунаҳо хеле фаровон…
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, ҳоло ҳамин гуна манзара аст, ки ту гуфтӣ, аммо ин шеър вижагие дорад, ки дар ашъори дигар шуаро нест…
АЛЕКС: Чӣ бошад он вижагӣ?
Ҳафиз РАҲМОН: Бубин, ки аз номаш (Калимаи шаҳодат) сар карда, то ахири шеър ҳама ибораву истилоҳоти динист, аввалқадами ҳар мусалмон ҳамин калима аст, ки ба забон меорад ва баъдан ба амал мегузарад… Ин як.
Дувум, бубин, ки дар банди аввал сухан аз шукр гуфтан меравад: шахси шоир субҳгоҳон хуршеди оламтобро дида, зинда буданашро эҳсос карда, шукр мегӯяд. Севум, шукр, ки гуфт, қалбаш ба ягона будани ватан иқрор мешавад. Ин ҷо сухан на аз дин аст, яъне он чизеро, ки як фарди диндор ҳатман ба ҷо меоварад (шукри Худо ва ба қалб иқрор кардани ягона будани Ӯ) шоир ба ватан нисбат додааст, яъне мафҳумҳои динӣ барои ифодаи мазомини ватан истифода шудаанд, на баръакс…
АЛЕКС: Дар банди дувум ҳам хобидан ба дасти рост баён шуда, ки ба шахси як диндор тааллуқ мегирад…
Ҳафиз РАҲМОН: Офарин, масъалаи зикру муноҷоташро ҳам аз ёд набарор… Ин корҳо ҳам хоси ҳар як фарди боварманди дин аст… Аммо мавзуъ ватан аст-ку…
АЛЕКС: Дар банди севум аллакай шоир ба масъалаи ирфон гузаштааст. Бин, ҳафт водӣ мегӯяд, солик мегӯяд, ҷодаи тариқат мегӯяд, ориф мегӯяд…
Ҳафиз РАҲМОН: Акнун шахси шоир масъаларо мураккабтар мекунад, аз чизҳои сода (шукр кардан, ба дасти рост хобидан, ба дил иқрор кардани ягонагии Худо, аммо ин ҷо ягонагии ватан) оҳиста мегузарад ба ирфони мушкилдарк… Орифон барои собит кардани он ки шефтаву шайдои муҳаббати Ҳақ ҳастанд, бибоист аз ҳафт водии ишқ бигзаранд ва ҳулул шаванд, ки онро фанофиллоҳ гӯянд…
АЛЕКС: Аммо ин ҷо зикри ҳафт водӣ ба чӣ ҳадаф аст?
Ҳафиз РАҲМОН: Гуфтам-ку, сидқу самимияти шоир тақозо карда, ки барои ифодаи маънои муҳаббат ба ватан хештанро то ба зинаи орифи комил бикашонад, то ончунон ки орифи комил маърифати Худо мекунад ва дигар чизе (пардае дар миён миёни ӯву кирдгораш намемонад) монеъи шинохти ӯ аз офаридгораш намешавад, ҳамчунон ӯ дар ҳамон мавқеъ мехоҳад ватанашро маърифат кунад… Ту ба мантиқи шеър таваҷҷуҳ кун, ки аз сода пиндоштани бовар ба Худо (тавассути амалҳои сода ва хоси омма) шоир то қуллаи фаҳму дарк рафтан мехоҳад, яъне хештанро дар ҷой ва мавқеи орифи комили баҳақрасида пиндоштан мехоҳад, то бузургиву наҷобати ватанро ба таври комил (ва фарогир) бишносад…
АЛЕКС: Дар банди ахир сухан аз мункиру тавҳид меравад, чӣ лозим буд ин банд, вақте ки матлаби гӯянда дар се банди аввал пурра изҳор шуд ва тавре ки худат гуфтӣ, то ба қуллаи фаҳму дарк расид?
Ҳафиз РАҲМОН: Дӯстам, он чӣ, ки мудом пайгири ҳар боварманди дин аст ва пайваста зеҳни ӯро машғул медорад, ҳамин фосила доштани гуфтор ва кирдор дар аъмоли динпарварон аст: гоҳе дидани он ки чӣ гуна касе (ё дониста ва ё надониста) ба тавҳид шак меорад ва гоҳе ин шакк ба ҳадди ниҳоияш мерасад, яъне “эй кош, Худои дигаре будӣ, ки фулону фулон ноамниву беадолатиро аз байн бибурдӣ ва оламро яксон ба гулистони орзуҳо бадал бикардӣ…”. Дар ин ҷо шахси шоир ё муфради шеър (ё гӯяндаи шеър) вопасин шакки дар зеҳнҳо мавҷудро барҳам мезанад ва иддаои ахираш ҳамин аст, ки ҳам бо забону ҳам бо дил иқрор аст: ватан яккаву ягона аст… Бешак, бидуни ягон шубҳа…
АЛЕКС: Акнун хулоса кун, дӯстам, гап зиёд шуд…
Ҳафиз РАҲМОН: Ҳам савол медиҳӣ ва ҳам мегӯйӣ, ки сухан зиёд шуд…
АЛЕКС: Яъне хулоса…
Ҳафиз РАҲМОН: Хуб, хулоса. Дар адабиёти мо шуарои зиёде аз мафҳуму истилоҳот ва ифодаҳои хоси дин истифода карда, бад-ин васила ишқу алоқаи хешро ба беҳтарин ваҷҳ баён кардаанд. Агар гӯем, ки ин шеър ягона шеър аст, ки чунин мафоҳимро дар бар гирифта, муҳобот мешавад. Аммо дар шеъри дигарон гоҳ-гоҳе, барои рӯшан кардани матлабе, дар ягон сатру байте (на дар маҷмуъ, на дар пуррагӣ) ин мафоҳим ба маънои дигараш, яъне ифодаи муҳаббат ба ватан истифода шудааст. Дар шеъри мазкур аз унвон сар карда, то охирин байт ба таври яклухт диду шинохт ва ҷаҳонбинии динӣ барои бозгӯйи ишқи шоир ба ватан корбурд шуда, ки ин гунаашро банда дучор нашудаам… Таъсири ҷаҳонбинии динӣ, тарзи шинохт ва маърифати дин дар ин шеър танҳо дар сатҳи забон ва тарзи баён аст, на дигар чиз…
АЛЕКС: Ин шоирро каме муфассалтар шинос мекардӣ…
Ҳафиз РАҲМОН: Ин кас – Абдуваққос Юсуфӣ, гули сари сабади қаламкашони ворухӣ буданд, умре дар мактабҳои ҳамон деҳа муаллимӣ кардаанд, ягон унвону дараҷаву нишону дигару дигарҳо надоштанд… Як гурӯҳ адибони ин мавзеи дур аз чашмҳо, вале ба қалби дӯстдорони фарҳанг наздикро дарси адаб ва муомала бо суханро омӯзонидаанд…
Дар ҳамин маҷмуаи “Зангӯлаи бомдод” як силсила шеърҳое ҳаст, ки аз шоири соҳиби истеъдоди нодир будани шодравон Абдуваққос Юсуфӣ гувоҳӣ медиҳанд, масалан, шеърҳое бо унвонҳои “Фарҷоми афсона”, “Видоъ”, “Васият”, “Шикаст”, “Мусаввада” ва чанде дигар… Ончунон ки дар пешгуфтори китоб навиштаанд, ин маҷмуа ҳанӯз соли 2007 омодаи чоп буд, вале бо сабабҳое нашр нашуд. Ниҳоят соли гузашта Баҳодур Ғиёсӣ ном шахсияти адабдӯст (аз ҳамон маҳфили удабои Ворух) ин кори батаъхируфтодаро анҷом дод ва аз ҳамон нусхае, ки устодони зиндаёд Абдувалӣ Даврон ва Бобониёзи Нодир омода карда буданд, китобро нашр карданд…
АЛЕКС: Яъне сипос ба онҳо, ки номи шоирро ба ҷовидонагӣ бурданд…
Ҳафиз РАҲМОН: Бале, шоироне, ки дар шеър (мисли шеъре, ки андак дар борааш гуфтем) чун дар оина шуур, руҳия ва зиндагии мардумро намудор мекунанд, намемиранд, идома меёбанд…
Чунон ки худи шодравон Юсуфӣ дар ҷойе гуфтаанд:
МАРГ АСТ ТАНАФФУСЕ БА УМРАМ,
МАН ҚИССААМУ ДАВОМ ДОРАМ…
Ҳафиз РАҲМОН