Акбар Шариф яке аз чеҳраҳои шинохтаи арсаи рӯзноманигории миллии мо дар солҳои 90-уми қарни гузашта буд, ки мутаассифона, аз тарафи дастаи қотилони ташкилоти террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ кушта шуд.

Акбар Шариф 26-уми феврали соли 1963 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Баъд аз хатми донишгоҳ то охирин нафас ба пешаи журналистӣ машғул буд.

Солҳои 1994-1995 ӯ дар вазифаи муовини сардабири ҳафтаномаи “Наврӯзи Ватан” ва аз соли 1995 то соли 1996, яъне то замони марги  худ ба ҳайси сармуҳаррири барномаҳои мусиқии шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Акбар Шариф  рӯзноманигоре воқеъбину ҳақгӯ ва марде хештаншиносу меҳанпараст буд. Маҳз ҳамин сифатҳои вижаи Акбар Шариф дар он солҳо боиси хусумати наҳзатиёни ифротгаро нисбати ӯ шуда буд, ки оқибат сабабгори бераҳмона кушта шуданаш аз ҷониби он одамсуратони ҳайвонсират дар моҳи декабри соли 1996 гардид.

Аммо то замони марги худ Акбар Шариф чун рӯзноманигоре муваффақ дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи хешро пайдо карда буд. Решаи муваффақият ва комёбиҳои вай  қабл аз ҳама ба заҳмату талошҳои  шахсии ӯ марбут будаанд, ки ӯро ҳамчун  як журналисти воқеанигори ҳирфаӣ муаррифӣ мекарданд. Решаи маҳбубият ва маъруфияти Акбар Шариф дар меҳанпарастӣ, ҷасоратмандӣ, масъулиятшиносӣ, шоистагӣ, бовиҷдонӣ, хирадмандӣ ва гуманизм ва ба истилоҳ, мардумсолории ӯ нуҳуфта буд.

Акбар Шариф дар давоми фаъолияти ҳирфаӣ ҳаргиз аз баёни воқеият ва ҳақиқат сарфи назар намекард  ва барои тантанаи адолат ва махсусан, адолати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳои шахсиятӣ, ихтисосӣ, мақомӣ, табақотӣ ва билохира инсонии худ истифода мебурд. Силсилаи навиштаҳои ӯ, ки дар матбуоти даврӣ мунташир мегардиданд, баёнгари рӯҳияи озодандешӣ ва масъулиятписандии ин журналисти некном буданд. Нуктаи дигари ҷолиб дар ин замина ин аст, ки Акбар Шариф аз дидгоҳи шахсиаш ба масоили доѓи рӯзгор назар меафканд ва дар меъёри кору фаъолият ҳамеша адолатро мегузошт. Сарфи назар кардан аз адолатро сарфи назар кардан аз ҳадди одаму одамгарӣ талаққӣ мекард ва мекӯшид, ки тавассути матбуот  манофеи мардумиро ҳифз намояд. Ӯ дар тӯли фаъолияти касбии хеш  бо истифода аз мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсие, ки дошт, мақолаҳои дархӯри иҷтимоӣ рӯйи нашр меовард ва аз ин тариқ дар ҳалли мушкилоти мардуми Тоҷикистон саҳми сазовор мегирифт. Акбар Шариф бо шева ва сабки вежа доир ба масоили муҳимми замон гузоришу мақолоти ҷолиб мунташир мекард. Ҳарчанд ки баъзе матолиби ӯ мухтасар ва кӯтоҳ буданд, баёнгари воқеияти вазъи Тоҷикистони азиз дар он замони ҳассос буданд. Бар илова, ҳар як маводи таҳлилӣ ва гузоришии Акбар Шариф омилҳои ҷанги шаҳрвандиро дар асоси далелҳои инкорнопазир маҳкум мекард.

Акбар Шариф ҳамқадам ва ҳамнафаси замон буд. Ӯ бо хислати ҳақиқатҷӯие, ки дошт, ҳргиз наметавонист зери бори зӯргӯёни замони худ равад. Аз ин буд, ки соли 1996 бар асари нақшаи тарроҳишудаи гурӯҳи қотилони наҳзатӣ нисбати ӯ амали бераҳмонаи террористӣ анҷом дода  шуд. Террори Акбар Шариф аз тарафи раҳбарияти ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани таниш ва нобоварӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин барои тарсондани озодандешон дар қаламрави ҷумҳурӣ барномарезӣ шуда буд.

Бояд таъкид кард, ки террори Акбар Шариф ба дасти қотилони наҳзатӣ, қабл аз ҳама, ба фаъолияти ҳирфаии ӯ бастагӣ дошт. Вай ҳамчун рӯзноманигор ва журналисти ҳирфаӣ ва дар айни замон фарду марди миллиандеш ба наҳзатиҳои худбохта маъқул набуд. Умуман, ба муҷриён ва бозигарони пружаи исломи сиёсӣ дар минтақа, ки сарпарасти наҳзатанд, сахт нописанд буд.

Акбар Шариф бо ҷаҳонбинии миллӣ ва дунявие, ки дошт, ҳеҷ гоҳ наметавонист дар хидмати бегонапарастон қарор бигирад.  Ифротгароёни наҳзатӣ дар ибтидо хостанд аз маҳоратҳои журналистии ӯ дар корзори сиёсӣ ба нафъи хеш истифода бубаранд, вале мавқеъгириҳои миллӣ ва дунявии Акбар Шариф чун устухон дар гулӯи ҳавохоҳони режими исломӣ буд. Аз ин буд, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид дар ҳазфи физикии ӯ кӯшиданд.

Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 1996  ӯ аз суи дастаи қотилони наҳзатӣ ба таври бераҳмона террор шуд. Мақомоти зиддахли давлатӣ сарриштаи террори устод Акбар Шарифро пайгирӣ карда, маълум карданд, ки ин амали нангину тарсуёнаи наҳзатиён мебошад.

Акбар Шариф ҳамчун журналист хуб медонист, ки чӣ масъулиятеро дар назди ҷомеа ба зимма дорад. Рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба масоил бархӯрд мекунад. Ҳадафи рӯзноманигоре мисли Акбар Шариф, пеш аз ҳама, баёни воқеиятҳои давру замон буд. Ӯ бо беадолатӣ ва зулму истибдоди дохилию берунӣ мубориза бурда, дар ин раҳ ҷон бохт. Равоншод Акбар Шариф тавассути ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигориаш, ки аз ихтисос ва мушаххасоти шахсиятии ӯ маншаъ мегирифтанд, боиси ангезиши ҳассосиятҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб, дасисабоз ва иѓвогару тавтеасоз гардид ва онҳо, вобаста ба фурсатҳои муносиб аз ӯ дар шакли террори физикӣ-ҷисмонӣ интиқом гирифтанд.

Боз даҳсолаҳо ва садсолаҳо мегузаранд ва мардум ва ҷомеаи мадании тоҷик террорҳои рӯзноманигорони варзида, аз ҷумла қатли Акбар Шарифро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва ба омилони ин навъ куштор як умр нафрин хоҳад хонд. Бо гузашти ду даҳсола аз марги Акбар Шариф ҳанӯз ҳам аҳли ҷомеаи мо кору пайкори ҳақиқатҷӯёна ва меҳанпарастонаи  ӯро фаромӯш накардаанд ва дар оянда низ фаромӯш нахоҳанд кард.

Х. Раҷабалиев, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь