Генерал Воҳидзода аз афзоиши мусодираи маводи мухаддир, аз ҷумла героин гуфт

Солҳост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маводи мухаддир “вабои аср” ном додаву як муборизаи дастаҷамъиро муқобили он ба роҳ мондааст. Ҳар қадар мубориза таҳким меёбад, ҳар қадар кишварҳо барои наҷоти Сайёра аз ин бало муттаҳид мешаванд, миллионҳо долларро дар набард бо ин хатари башарӣ сармоягузорӣ мекунанд, вале он ҳамоно чун як мушкили аслӣ ва пурхатар боқӣ мемонад. Ҳамасола ҳазорон нафарро дар саросари кураи Замин ба марг мерасонад, садҳо ҳазор хонаводаҳоро мотамзада, миллионҳо кӯдаконро бе сарпараст мекунад.

Маводи мухаддир зояндаи ҷурму ҷиноятҳои зиёдест. Мубталоён ҳамвора даст ба дуздиву ғорат, ғасби молу мулки дигарон мезананд, барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон инсонҳоро ба қатл мерасонанд.

Муҳимтар аз ҳамаи ин маводи мухаддир як манбаъи даромад барои гурӯҳҳои ҷиноятист. Маблағи онро барои тақвияти дастаҳои террористӣ истифода мекунанд ва як сарчашмаи маблағгузории терроризми байналмилалист. Баъди тиҷорати силоҳ тиҷорати мухаддирот фоидаовартарин манбаъи даромад барои гурӯҳҳои террористӣ ба шумор меравад.

Як сабаби муттаҳид шудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо ин хатар низ маҳз ҳамин аст. Дар ҷаҳон ягон кишваре вуҷуд надорад, ки нашъаманд надошта бошад, ҳамчунин давлате нест, ки аз хатари терроризм эмин бошад.

Ҳар навъи маводи мухаддир кишвари хоси тавлидкунанда дорад. Агар кокаин дар Амрикои Лотин тавлид шавад, пас макони кишту истеҳсоли мухаддироти навъи афюнӣ Афғонистон ва кишварҳои “Секунҷаи тиллоист”. Даҳсолаҳост, ки дар Колумбия, Перу ва Боливия кокаин истеҳсол мешавад ва бино ба  маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ аввали солҳои 2000 танҳо дар Колумбия 700 тонна кокаин (80% истеҳсоли ҷаҳонии он) тавлид шуда буд.

Мянмор аз ҷумлаи кишварҳои “секуунҷаи тиллоист”, ки ҳамасола 25 дарсади афюни ҷаҳонро истеҳсол мекунад ва дар тавлиди ин навъи мухаддирот баъди Афғонистон дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Тоҷикистон бо доштани тӯлонитарин марз бо яке аз калонтарин тавлидкунандагони мухаддироти афюнӣ – Афғонистон солҳост, ки зери хатари экспансияи маводи мухаддир қарор дорад. Ҳукумати кишвар солона миллионҳо сомониро сарфи мубориза бо ин хатари ҷаҳонӣ мекунад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии он ҳар сол садҳо тонна маводи мухадирро мусодира ва омилони тиҷорат ва интиқоли мухаддиротро ба ҷазо мекашанд. Аммо ин падида анҷомношуданист, бахусус дар вазъи нобасомони имрӯзаи Афғонистон коршиносон барои соли ҷорӣ сарозер шудани мухаддироти бештарро пешгӯӣ мекунанд. Ҳатто омори натиҷаи як соли охир нишон дод, ки мақомоти қудратӣ назар ба соли қабл бештар мухаддирот мусодира кардаанд.

Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайид кард ва гуфт, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 т 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс бо соли 2020 (2 т 425 кг 238 гр)  68,4 фоиз ё 1 т 658 кг 36 гр зиёд мебошад. Соли гузашта сохторҳои қудрати ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 707 ҷинояти мухаддиротиро сабт кардаанд, ки ин 2,9 дарсади кулли ҷиноятҳои содиршуда дар кишвар аст.

Генерал Воҳидзода, ки панҷшанбеи гузашта дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон сухан мегуфт, изҳор дошт, ки соли гузашта кормандони Агентӣ 159 ҷинояти вобаста ба маводи мухадирро ошкор ва тафтиши 134 парвандаи ҷиноятиро нисбати 198 нафар ба анҷом расонда, ба судҳо ирсол кардаанд. Вай таъкид намуд, ки ҳам шумораи парвандаҳои ҷиноятии тафтишашон ба анҷомрасида ва ҳам шумори ҷиноятҳои мухаддиротии ошкор шуда дар қиёс ба як соли пеш зиёд буд. Ба 344 ҳазору 200 сомонӣ молу мулки ҷинояткорон ҳабс гузошта шуд.

Соҳибмақоми Агентии назорати маводи нашъовар аз ифшои 289 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (соли 2020 – 364) низ хабар дод, ки тибқи ин парвандаҳо 315 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд ва ин афрод бо қарори додгоҳҳо 235 ҳазору 422 сомонӣ ҷарима шуданд.

Маводи мухаддире, ки соли 2021 кормандони Агентӣ аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, ҳудудан 358 кило будааст, ки дар қиёс ба як соли пеш зиёда аз 183 кило ё 95,2 дарсад бештар аст. Дар ин сол 47 гурӯҳи ҷиноятӣ (соли 2020 – 40) дар ҳайати 107 нафар ошкор шудааст. Ҳамзамон 20 нафар шахсоне, ки муддати тӯлонӣ дар кофтукоби ҷинояӣ қарор доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳабибулло Воҳидзода вазъи ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кишварро муфассал таҳлил кард ва гуфт, ки дар қиёс ба соли 2020 мусодираи героин 2,1 баробар афзудааст, вале мусодираи афюн коҳиши чашмгир (24,7 дарсад) доштааст. Мусодираи ҳашиш дар қиёс ба як соли пеш 2,3 баробар зиёд шудааст, вале забти бангдона 10,4 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ дар қиёс ба соли пеш 2,4 баробар бештар моддаҳои психотропӣ мусодира кардаанд, ки 53 килову 191 грам ё 50,3 дарсади он заҳмати кормандони Агентӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни роҳандозии амалиётҳои боздошти нашъаҷаллобон кормандони Агентӣ шаҳрванд Ҳамидов Абдураҳмонро бо 8600 доллари қалбакӣ боздошт кардаанд.

Ҳамоно интиқолу паҳн намудани ҳабҳои синтетикӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Директори Агентӣ гуфт, ки дар як сол кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар  21 ҳазору 537 дона ҳабҳои синтетикӣ мусодира кардаанд, ки 5 ҳазору 473 ҳабро кормандони АНМН кашф ва забт кардаанд.

Тоҷикистон ҳеч замоне кишвари тавлидкнандаи маводи мухаддир набудааст ва ҳар он чизе кашфу мусодира мешавад, мухаддирои истеҳсолшуда дар Афғонистон аст. Генерал Воҳидзода дар посух ба суоли хабарнигори Ховар Хушнуд Раҳматуллоев дар мавриди он ки оё дар кишвар ягон лабораторияи тавлиди героин кашф шудааст ё не, посух дод, ки аслан ин гуна ҳодиса иттифоқ науфтодааст ва то кунун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон гӯшаи Тоҷикистон ин гуна коргоҳи тавлиди маводи мухаддир кашф накардаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки барои гурӯҳҳои ҷиноӣ Тоҷикистон масири интиқол аст. Чун бозори сердаромади героину афюн Русия ва давлатҳои Аврупост, миқдори хеле ночизи он барои тиҷорати дохил мемонад, боқӣ интиқол дода мешавад.

Директори АНМН ба он ишора кард, ки бино ба маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ соли 2021 майдони кишти афюн дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 177 ҳазор гектарро ташкил дод, ки аз ҳосили он метавон 320 тонна героин омода кард. Дар ҳамин иртибот соҳибмақоми Агентӣ аз боздошти 8 шаҳрванди Афғонистон ва 2 сокини Ӯзбекистон ба ҷурми даст доштан ба қочоқи маводи нашъаовар хабар дод ва гуфт, ки аз онҳо дар маҷмӯъ 829 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Толибон ҳамеша иддио мекунанд, ки ба тавлиду истеҳсоли маводи мухаддир мухолифанд ва ин ҳамаро ба муҷарради  сари ҳокимият омадан барҳам мезананд. Вале воқеъият нишон дод, ки ин даъво чандон асос надорад. Генерал Воҳидзода зимни таҳлили вазъ иброз дошт, ки аз бештар аз 4 тонна маводи мухаддири соли гузашта забтшуда зиёда аз 2 тоннаи он ба даврае рост меояд, ки Толибон Афғонистонро  тасарруф карданд.  Танҳо дар як ноҳияи Ҳамадонӣ 889 кг маводи нашъадор мусодира карда шудааст. Дар дигар навоҳии ҳамммарз бо Афғонистон низ мусодираи маводи нашъадор ба қайд гирифта шуд.

Ҳамчуноне дида мешавад, Тоҷикистон дар муборизаи ҷаҳонӣ зидди маводи мухаддир ҳамоно нақши калидӣ дорад. Беш аз чаҳор тонна мухаддироти танҳо соли гузашта мусодирашуда ба маънои томаш миллионҳо долларест, ки ба дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ нарасид. Миллионҳо нафарро аз марги бармаҳалу фоҷеавӣ нигоҳ дошт.

Бобоҷон Шафеъ, рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Тоҷикистон

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь