Дар ҳама давру замонҳо гуруҳҳои ифротгаро вуҷуд доштанд, ки бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ кардааст. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шудаанд, ки боиси сар задани низою муноқишаҳо гардиданд. Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ, зуроварӣ дошта бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок ва даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мекунанд.

Истифодаи истилоҳи “ифротгарои динӣ”, ё ки ба ин ё он дин мансуд доштани ин зуҳурот сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ва ё дигар динҳоро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Мутаассифона, дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гуё ифротгарои хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Дини мубини ислом чун ҳамаи динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зуроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хато аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зуроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд бо ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем.

Барои пайдо шудани ифротгароӣ сабабҳо ва омили муайян вуҷуд дорад, ки барои муайян кардани он мо бояд ҷамъиятро омӯзем ва чунин зуҳуротро рафъ созем. Бо роҳи зурӣ, бо усули дағал ва бераҳмона ва ифротгароёна мубориза бурдан хеле мушкил мебошад. Баракс, бо рафтори боадабонаву хирадмандона ва омӯзиши сабабҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳад, ки чунин ҳодисаҳо пешгирӣ карда шаванд. Байни гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсӣ ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат мақсад доранд, ки сарчашмаҳои бузурги молиявӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилот ва ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа андозанд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи қувваҳои хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн кардани таълимот ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норизогиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ба мисли “Ҳизбу-т-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Салафия”. “Ансоруллоҳ”. “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “Давлати исломии Ироқу Шом”, ки фаъолияташон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудаанд, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат халалдор кунанд. Барои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм манбаъҳои молӣ ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин созмонҳои динӣ бояд муайян карда шавад.

Бояд дарк кард, ки бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагии мардум омили ба вуҷуд омадани терроризму ифротгароӣ шуда метавонад. Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта, бо иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён дар ҷомеа мавзуи сари ҳокимият омадан ва табдили давлатро аз дунявӣ ба кишвари сирф динӣ матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳо кушод. Охирин имкони наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд.

Исломгароён ва террористони ҲНИ қойидаеро баровардаанд, ки мусалмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд, дар ҳоле, ки калимаи шаҳодат мегӯянд. Дар ин маврид Паёмбари Худо (с) шаҳодат медиҳад, ки чунин амал ҳалол нест. Мутаассифона, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ муҳоҷирони иҷборӣ ногузир дар зери ғояҳои ифрот ва тундгароии динӣ афтода буданд. Миссионерҳо ва мубаллиғони ҳаракатҳои Ал-қоида, ТЭН ҲНИ, ДИИШ ва дигар ҳаракатҳои террористӣ аз ин фурсат истифода бурда, бо баҳонаи таълимоти динӣ ҷавонони тоҷикро дар ҳавзаҳои идоелогӣ ва мафкуравии худ ба камол расониданд. Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони аршади ғоя ва ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд.

Яке аз ҳаракатҳое, ки имрӯз ба ҷомеаи мо таҳдид мекунад, зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ мебошад. Мо хуб ба хотир дорем, ки ТЭТ ҲНИ соли 1992 кишвари амну осударо ба харобазор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро ба мудҳиштарин воситаҳо ба қатл расонида буд, ки дар натиҷа беш аз 150 000 кушта, миллионо нафар гуреза шуда, дар натиҷа дар Афғонистон қабристони бузурги тоҷикони бесарпаноҳу фиребхурда пайдо шуд. Ҳамон давра ТЭН ҲНИ барои ба нобудӣ бурдани миллат шахсони баруманд, олимону донишмандон, шоирону нобиғаҳои моро қасдан нобуд мекард.

Ҳизбе, ки баъд аз бахшидани тамоми гуноҳонаш соли 2015 бори дигар кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро солир кард, ки ҳадафи душманонаш дар сатҳи ҷаҳон ба обрӯи Тоҷикистон зарба задан мебошад. Ҳизби наҳзат бо ин амалаш мехост сайёҳонро аз Тоҷикистон дур сохта, ватани азизи моро ҳамчун минтақаи ноамн муариффӣ созад. Ин аст камтарин амалҳое, ки ТЭН ҲНИ барҳи сарнагун сохтани ҳокимияти давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои хунхоронаи худ роҳандозӣ кардааст.

Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд, аммо далелҳо пурра собит сохтанд, ки ин амали террористӣ маҳз бо дастури ТЭТ ҲНИ амалӣ шудааст. Гузашта аз ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баракс, аз ҷониби душманони ин дини муққадас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти аксримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Дар зери парчами таълими динӣ ва руҳияи ифротгароиву тундгароӣ тарбия кардани ҷавонони ноогоҳ ва камхабар аз улуми исломиро дар хориҷи кишвар мушоҳида мекунем. Аз ҷумла, он афроде, ки маълумоти диниро дар хориҷ аз кишвар гирифтаанд, нисбат ба забони форсӣ-тоҷикӣ, фарҳанг ва маорифи миллӣ ва мазҳаби сокинони кишварамон нафрати зиёд доранд, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти роиҷи ҳанафимазҳабони диёрамонро бидъат ва ширк муаррифӣ намуда, бегонапарастӣ ва худбадбиниро бардурӯғ аз номи Худо ва аз номи Пайомбари ислом (с) таблиғу ташвиқ мекунанд.

Мусалмоне, ки хотираи таърихиашро пос намедорад ва онро дар асоси таълимоти хоҷагони хориҷиаш бидъату ширк муаррифӣ месозад, истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти молию илмӣ, истиқлолияти амниятӣ, амнияти озуқаворӣ ва бахатарии мазҳабӣ барояш арзиш ва қимат надорад. Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳӣ ва шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои асосии Шарқи Наздик, Исроил, Фаластин, Афғонистон, Ироқ, Сурия, Покистон, ки то ҳол ҳал нашудаанд, ба зуҳури ифротгароӣ мусоидат мекунанд. Оё Исроил метавонад, ки бо иқтидори ҳарбии худ ва бе дастгирии Амрико муқовимати халқи Фаластинро шикаст диҳад ва бо ибораи собиқ сарвазири Исроил, тамоми террористҳои ҳаракати Ҳаммосро аз рӯи замин комилан рӯфта партояд.

Хулосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутлақо дуруст ва мантиқист, ки гуфтаанд.: “Терроризм ва ифротгароиро танҳо бо усули зуроварӣ мағлуб кардан мумкин нест”.

Таъмилоти ифротгароӣ ва тундгароӣ падидаи бисёри хатарноки иҷтимоӣ мебошад. Дар солҳои охир дил бастани ҷавонони сабукфикр ва бемаърифат ба ин таълимот дар ҷомеаи Тоҷикистон тақвият ёфтааст. Ин падидаҳои хатарнок омили аслии нооромӣ, бесуботӣ ва беназмӣ дар дилхоҳ ҷомеа хоҳад гашт. Таҳлил ва баррасиҳои иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу манозираи динӣ дар сомонаҳои интернетӣ, ба монанди “Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб” ва инчунин дар саҳифаҳои шахсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сафи ҷавонони ифротӣ ва тундгаро рӯз то рӯз меафзояд. Албатта, тақвият ёфтани ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи мо дар замони муосир боиси нигаронӣ аст.

Дар содир шудани чунин амали террористӣ масъулияти падару модарон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ кам нест, зеро аз бемасъулиятӣ, бетарафӣ ва бепарвоии мо ҷавонони тоҷик ба ташвиқоти бадхоҳон бовар карда, бо фармоиши саркардагони ТЭТ ҲНИ ба чунин амали гӯшношунид даст заданд. Падару модарон, хешу таборон, фаъолони чомеа, ходимони дин то қадре бетараф буданд, ғофил монданд, ки дар натиҷа фарзандони миллати тоҷик хунхор ба воя расида, имрӯз шаъну эътибори Тоҷикистонро зери по кардаанд. Мо бояд ба бетарафӣ хотима бахшем, падару модарон фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд, хешу ақрабо, фаъолони ҷамоату шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо аз ҳоли шаҳрвандон бохабар бошанд, ходимони дин ҳақиқати дини исломро бо мардум дуруст расонанд ва ҷавононро бо роҳи нек ҳидоят созанд.

Мо ходимони динро ҳам фарз ва ҳам сунат аст, ки таъкид кунем, ки дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, муҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват карда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, тафриту ифрот ва иғвогарӣ бозмедорад.

Бахтиёри Иброҳим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь