Башарият ба донишҳои илмию воқеъбинӣ ба як бор нарасида, балки онҳо зина ба зина дар дарозои мавҷудияти башар, инкишоф ёфта, то ба дараҷаи имрӯзӣ омада расидаанд. Яке аз масъалаҳои баҳсталаб дар ин замина пазириши донишҳои навин аст. Қобили қайд аст, ки қабули донишу дастовардҳои навин барои инсонҳо ба осонӣ даст намедиҳад. Ин ҳам вобаста аз чанд омил ва шева аст. Махсусан дар ҷаҳони имрӯз ин омилҳоро метавон ба ду даста тақсим намуд. Авомили берунӣ, ки баста ба манфиатҳои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ доранд ва омилҳои дохилии кишварҳо, ки гуруҳҳои муайян ба хотири расидан ба ҳадафҳои хеш аз ривоҷ додани донишҳои боварманду хурофӣ манфиатбардоранд. Ҳамин аст, ки то ҳанӯз бо ин ки башар дар қарни пешрафти илму фанноварӣ ба сар мебарад ва донишҳои илмии имрӯзи башар олами зарротро бозкушоӣ намуда, онҳоро дар назорати худ қарор додааст ва инсоният дар ҳоли кашфи қонунмандии дар дигар сайёрот вуҷуд доштани ҳаёт ва ҳамчунин ҳифзу бақои ҳаёту тамаддуни инсонӣ меандешад, вале то ҳанӯз дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон нодонӣ ва таассубу хурофот бедод мекунанд.

Аз як тараф олами сармоя ба хотири нигоҳ доштани иддае аз кишварҳо дар зери нуфузи худ ва суиистифодаи онҳо ба манофеи худ, аз ҷумла, бурдани захоири табии ин кишварҳо ва аз тарафи дигар онҳоро нигоҳ доштан дар чорчубаҳои бовармандиву хурофотӣ манфиатдоранд. Инчунин, ширкатҳои бузурги истеҳсолгари ҷаҳон манфиатдоранд, ки кишварҳои муайян ба ҳайси кишвари истеъмолгар боқӣ бимонанд. Агар ба низоми имрӯзаи ҷаҳон дурусттар назар афканем, хоҳем дарёфт, ки 20 дар сади кишварҳои ҷаҳон маҳсулоти 80 дар сади боқии ҷаҳонро истеҳсол менамоянд. Ин 80 дар 100 ба ҳайси бозор амал мекунанд, ки маҳсули аз ҷониби ин кишварҳо истеҳсол шударо танҳо истеъмол доранд. Албатта, ин ҷо як масъаларо зикр бояд намуд, ки кишварҳои боқимонда низ ба истеҳсолот шуғл меварзанд. Аммо онҳо танҳо истихроҷгари ашёи хом ба ҳисоб мераванд. Ҷиҳати дигари масъала он аст, ки имрӯз истеҳсолгри асосӣ дар ҷаҳон нерӯи зеҳнии инсон ба ҳисоб меравад ва инсоният танҳо аз роҳи донишҳои илмӣ ва шинохти дурусту дақиқи ҷаҳон масъалаҳои нав ва тарзи фанноварию истеҳсолотро ба роҳ мемонад.

Асоси пешрафти кишварҳои имрӯзаи ҷаҳонро нерӯи зеҳнӣ ташкил медиҳад, ки дар заминаи он технологияи муосир ташаккул ёфта, дараҷаи баланди истеҳсолот ба роҳ монда шуда, нерӯи бозуии инсониро иваз намудааст ва пешбарандаи асосии иқтисоду истеҳсолот маҳсуб аст. Технологияи навини инсонӣ замина фароҳам овардааст, то нерӯи бозуии инсонӣ камтар истифода гардида, баръакс бо амалӣ шудани нерӯи зеҳнии он меҳнати инсон кам гардида, бароварда кардани ниёзҳои инсонӣ соддатар гардонида шудааст.

Дар баробари ин иддае аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз побанди таассубу хурофот ва дидгоҳу донишҳои боварманде ҳастанд, ки он на ба хираду нерӯи инсонӣ, балки бо такя ба нерӯҳои мармузи тахаюлию фавқуттабиӣ асос ётаанд, ки баръакс монеи рушди ин кишварҳо ва сабаби ҷангу хунрезӣ ва омили асосии вопасгароӣ ва ҳараҷу мараҷи ин кишварҳо гардидааст. Кишварҳо ва мардумони хурофазада ҳамеша ҳолати интизорӣ доранд ва умедворанд, ки кадом як қуввае пайдо мешавад ва тамоми мушкилоти ононро соддаву осон мегардонад. Яъне ба таври дигар мардумон ва ҷомеаҳои хурофазада сокиту бозмонда ва нодону ҷаҳолатзадаанд, ки дар онҳо ҳазорон мушкил бедод мекунад. Чун онон аз дидгоҳҳои илмӣ огоҳии дурусте надоранд, ҳамеша чунин меандешанд, ки як қудрат ва ё қувваи мармуз ҳатман ин мушкилро содда ва осон хоҳад кард. Кишварҳои хурофазада думболаи муъҷизагароӣ ҳастанд. Аввалан, онҳо умед ба як муъҷизае доранд, ки рӯзе ногаҳонӣ ҳама чиз роҳи ҳаллу ислоҳи хешро хоҳад дарёфт. Яъне аз ин ки бештар сарчашмаҳои мушкилӣ сабабу омилҳояш муаяйн карда шаванд, ки он решаи заминию иҷтимоӣ ва инсонӣ дорад, баръакс ин мушкилро ҳавола ба сарнавишт карда, ба омилу сабабҳои фарозаминӣ рабт медиҳанд. Ҳамин дидгоҳ боиси он мешавад, ки ҳеҷ гоҳ масоили иҷтимоӣ ва табиӣ аз роҳи пажуҳишҳои илмӣ таҳлилу баррасӣ намегарданд. Балки баръакс, онҳо рабт дода мешаванд ба омилҳои динию фарозаминӣ. Масалан, мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ аз қабили бекорӣ, дуздию авбошӣ, бангзадагӣ, нодонӣ, дар сатҳи паст қарор гирифтани тафаккур ва шеваи зиндагӣ, сатҳи дарозумрӣ ва маргу мир, иртиботи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ё баръакс шикофи байни табақоти иҷтимоӣ, таҳаруккаи иҷтимоӣ, ҳеҷ гоҳ аз назари илмӣ мавриди баррасӣ қарор намегиранд. Дар кишварҳои хурофазада илми ҷомеашиносӣ ба ҳайси як илми асосии ташхисгари ҷомеа маъмулу маъруф нест ва чандон ҷойгоҳе ҳам надорад. Зеро ҷомеаи хурофазада омилҳои пешрафтро бар қувваҳои фарозаминӣ ва сарнавишт мансуб медонад. Ин навъи ҷаҳонбинӣ боиси он мешавад, ки ҳеҷ гоҳ шинохти дуруст ва воқеӣ аз вазъият ва ҳолати ҷомеа ва сохторҳои иҷтимоӣ равшан ба даст намеояд. Зеро мусаллам аст, ки аксаран зуҳуроти берунаи иҷтимоӣ наметавонад пурра вазъи воқеии ҷомеаро ифода намояд. Ҳамин аст, ки аксаран ҳолатҳои бархурдӣ ё инқилобие, ки дар ҷомеаҳои хурофотӣ ба миён меоянд, аз ҳамин вазъ маншаъ мегиранд, ки нухбагони сиёсии ин ҷомеаҳо дастрасӣ ба иттилои дурусту санҷидашудаи илмӣ нисбати вазъи воқеии ҷомеаашон надоранд. Аз тарафи дигар дар ҷомеаи хурофазада чун муъҷизаандешӣ ба як ҳолати умум табдил меёбад, дар бештар аз ҳолатҳо ҳар нафаре агар ба ҷойгоҳе ё мақоми иҷтимоие ноил мегардад, гумон меварзад, ки ӯ на аз роҳи кушишҳои худ балки бо тасвия ва пайгирии қувваҳои сарнавиштӣ ба ҳамин ҷойгоҳ расидааст. Дар чунин вазъ нафари ба мақоми иҷтимоӣ расида, ки дорои тафаккури хурофотӣ аст, гумон меварзад ки ӯ низ шаъхсияти муъҷизаосо аст. Муъҷизаандешӣ бори масъулияти ҷтимоиро аз ин нафар салб мекунад. Ин нафар гумон меварзад ин шонсро ба ӯ бахт ё сарнавишту қувваҳои мармузи фаротабиӣ муҳаё сохтаанд ва то рӯзе, ки онон ҳамин нафарро мехоҳанд ё пазириш доранд, ӯ дар сари вазифа хоҳад буд. Чунин тарзи андеша боиси он мегардад, ки масъулиятшиносӣ ва вазифашиносӣ дар ҷомеаи хурофазада аз байн меравад. Ин авзоъ боиси эҷоди ҳазорон мушкили дигар хоҳад гардид. Махсусан, дарк накардани ин ки ҷомеа як низоми том аст ва он аз маҷмуи унсурҳо ва таркибҳое иборат аст, ки ҳама байни ҳам алоқаманданд. Вақте як унсур вазифаи худро дурусту саҳеҳ анҷом намедиҳад, он ҳатман таъсири манфии хешро ба унсурҳои дигар ва дар маҷмуъ низом хоҳад расонид. Вақте дар як ячейкаи иҷтимоӣ ҳолати дисфунксия дурусту саҳеҳ иҷро нашудани вазоифи иҷтимоӣ) ба вуҷуд меояд, ин ба он мемонад, ки дар низоми организими инсон узве вазифаи хешро дуруст иҷро намекунад. Чунин вазъ дар дурнамо ба дигар аъзо сироят намуда, сабаби ҳараҷу мараҷ ва аз байн рафтани низом мегардад, новобаста аз он ки низом дар кадом шакл бошад, чӣ низоми организими инсон ё низоми иҷтимоӣ. Ҳамчунин, мардумон чун вазъро мушоҳида месозанд, ки на аз роҳи донишу хираду тавону зарфияти инсонӣ, балки бо шевавуву меъёрҳои дигар, мақоми иҷтимоӣ меёбанд, гумон меварзанд, ин ҳама донишу хираду илм аслан чизе нестанд ва ҳар чӣ ҳар касе ҷойгоҳ меёбад марбут ба сарнавишти он хоҳад буд. Илму донишҳои илмӣ ва олим ҷойгоҳу эътибори хешро аз даст медиҳад ва мардумон бештар дунболаи афкори хурофотӣ ва амалу рафторҳое мегарданд, ки боястӣ пурсишҳои хешро қонеъ созанд ва ин навъи қонеъсозии эшон ҳамин донишҳои боварманд ва тассуботу хурофот хоҳанд буд. Мардумон аз ин ки бояд ба донишу таҷрибаҳои илмӣ бештар такя намоянд ва мушкили хешро аз ин роҳ бароварда созанд, баръакс фавҷ фавҷ рӯй ба ҷоду ва тилисму дуо меоранд, дунболи муъҷиза ва ноҷие мегарданд, ки тавонад зуд ва бидуни ранҷ масоили эшонро ҳал намояд ё ҳадди ақал барои боло рафтан ё мақоми хешро нигоҳ доштан ба онон кӯмак намояд.

Ниҳодҳои ҷомеаи хурофазада огоҳӣ ва дониши илмиро ба мардум расонида наметавонанд. Зеро чун аксар бошандагон, ки ҷузъи ин низоманд ва руҳияи хурофотиро доранд ё дар раъси ниҳоданд ё иҷрокунандаи амали ниҳоданд. Табиӣ аст, ки дар чунин маврид онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттаваранд. Дар ин гуна ҷомеаҳо бештар донишҳои ғайриилмӣ, боварманд ва хурофазада мавриди таблиғ қарор дода мешавад ва афроди ин ҷомеаро чунин бовар мекунонанд, ки онҳо шоиста ба ин навъи зиндагианд ва ин дар сарнавишти онҳо будааст. Дар ин навъи ҷомеа дар ҳеҷ аз умури инсонӣ озодӣ ва ҳаққи интихоб вуҷуд надорад.

Аз хусусиятҳои хоси ҷомеаи бастаи боварманди хурофазада ривоҷ додани афсонаҳову устураҳо ва ба ҳошия рондани донишҳои илмӣ ҳақиқат ва воқеъият аст. Дар низоми дунявӣ ин гуна афсонаҳо ва устураҳо аз назари илмӣ бозбинӣ мешаванд ва мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Вале дар низоми хурофотиву боварманд афсонаҳое аз қабили наҷотбахш будани ҳукумати динӣ иродаи иллоҳиро анҷом додани он ба роҳ монда мешавад. Ин навъе ҳокимият идеализатсия мешавад ва дар баррасиҳои онҳо ба ҳайси наҷотбахши муъминон муаррифӣ менамоянд. Ин вазъ боз ҳам хурофазадагиву фатализимро дар ҷомеа шиддат мебахшад ва мардумон бештару бештар дунболаи донишҳои боварманд ва фаталистӣ мегаданд. Яъне ба таври дигар инсони хурофотӣ маҳсули ҷомеаи хурофотист ва дар баробари ин насле, ки дар чунин ҷомеа бузург мешавад, он низ хурофотӣ хоҳад буд.

Хурофа ва хурофазадагӣ бузургтарин мушкили зеҳнии иддае аз ҷомеаҳои шарқист, ки ин кишварҳоро аз рушд боздошта ҳазорон муқшкилу дармондагиро барои бошандагони онҳо ба вуҷуд овардааст. Ин кишварҳоро ба вопасгаро, дармонда, фақир, бозор, истеъмолгар ва содиркунандаи ашёи хом, пур аз ҳараҷу мараҷ табдил додааст.

Роҳи асосии бурунрафт аз ин ҳолат барои ин кишварҳо тавсеъаи илму дониши илмӣ, тавсеъаи ҷаҳонбинии илмӣ ва дурусту дақиқ, дар такя ба додаҳои илмӣ ба роҳ мондани тамоми соҳоти ҳаёти иҷтимоӣ аст. Огоҳии сартосарӣ додан ба мардум ва ошкор сохтани ҳамагуна хурофа, ки он ба ҷуз як худфиребие беш нест, зарур мебошад. Танҳо дар ин сурат ин гуна кишварҳо метавонанд, мушкили вомондагии хешро ислоҳ созанд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь