Шоири ширинкалом ва сулҳсарои тоҷик Мирзо Турсунзода мисраҳои тиллоие дорад, ки саропо мазаммати душманӣ аст ва барои ҳар хонанда ибратбахш мебошад:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ин  мисраҳо бояд боиси таваҷҷуҳи бародарони қирғиз қарор гиранд ва аз ҷаҳолат берун оянд, зеро дар ягон давру замон душманӣ ба ягон халқу миллат рӯзҳои хушро наовардааст ва нахоҳад овард. Эшон боре ба таърихи начандон дури хеш назар афканда, хулосаи зарурӣ бароранд.

Ҳодисаҳои марзии Тоҷикистон ба рӯйдодҳои хунини моҳи июни соли 2010, ки дар ҷануби Қирғизистон гузашт ва дар он воқеаҳо танҳо дар Ҷалолобод зиёда аз 750 бино сӯхта буд, шабоҳат дорад. Он замон дар ин нооромиҳои қавмӣ дар шаҳрҳои Ушу Ҷалолободи ҷануби Қирғизистон бештар аз 400 нафар кушта шуда, ҳазорон нафар аз манзилҳои хеш маҳрум гашта буданд. Даҳҳо нафар ӯзбекзабонҳои дигар то ҳанӯз бенишонанд. Дар минтақаҳое, ки дастхуши низои байниқавмӣ шуданд, бисёре аз биноҳои харобгашта бо пули давлат ва ёриҳои байналмилалӣ бозсозӣ шуданд. Бо вуҷуди ин, хонаҳое мондаанд, ки сокинонаш ба Қирғизистон барнагаштанд ё бо сабабҳои дигаре манзили худро тармим накарданд. Таҳаввулоти сиёсии соли 2010 ба бузургтарин буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Қирғизистон табдил ёфта буд.

Мушкилоти бузурге, ки дар муносибат миёни кишварҳои минтақа ба миён омадааст, ин мушкилоти марзӣ мебошад. Аз ин рӯ, мавзуи ихтилофоти заминӣ ва марзии кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Қирғизистон ва Ӯзбекистон на фақат муноқиша миёни ин ду бозингари Осиёи Марказӣ буд, балки заминаро барои мудохилаи хориҷӣ дар минтақа фароҳам кард. Ин амалҳо на фақат ҳамаи дастоварди сохторҳои  минтақаиро таҳдид мекунанд, балки метавонанд оташи кина ва душманиро миёни қавмҳои сокини минтақа ва рақобати носолими кишварҳои минтақа шиддат бахшанд.

Собиқ президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳангоми ёдоварӣ аз муноқишаҳои қавмии миёни қирғизҳо ва ӯзбекҳо аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки ваҳдат ва сулҳро пос доранд. Ӯ изҳор дошта буд, ки “он ки хонаводаҳои қирғизе узбекҳоро наҷот доданд ва хонаводаҳои ӯзбеке қирғизҳоро, исбот мекунад, ки на мансубияти қавмӣ, балки инсонгарӣ ва шарафи инсонӣ муҳиманд”. Вай ҳамчунин гуфт, ки созмондиҳандагони ин нооромиҳо “дер ё зуд ба ҷазои худ мерасанд”.

Дар Ҷалолобод, ноҳияҳои Навкон, Сузок, Бозор-Коргон ва Ала-Бука ба сурати умум 757 биноро оташ зада буданд. Зарари умумӣ, ки баъдан ҳисоб карда шуд, зиёда аз 12 миллион долларро ташкил дод. Барномаи рушди Созмони Милал ва ҳукумат барои аз нав сохтани манзилҳо сармоя доданд. Мутаносибан ба осеб ҳукумат ба соҳибкорон аз 800 то 1600 доллар ҷудо кард. Вале тақрибан ҳеҷ яке аз соҳибкорон натавонист бизнеси худро аз нав ба роҳ монад. Дидбони Ҳуқуқи Башар дар як баёнияи расмияш Қирғизистонро барои таҳдид ба ҳомиёни ҳуқуқ ҳушдор дода буд, ки дар ҷануби кишвар муноқишаҳои қавмӣ миёни ӯзбеку қирғизҳоро таҳдид мекунад. Мудири дафтари Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ҳаг Вилямсон гуфта буд: “Олмон бояд аз Қирғизистон бихоҳад, ки ба тааҳудоти байналмилалии хеш барои мурооти ҳуқуқи инсон” пойбанд бошад (декабр, 10, 2012). Дар паёмади ин муноқишаҳои марзӣ, миёни муҳоҷирони кории ӯзбеку қирғиз дар Маскав ҷанҷолҳо бархоста, даҳҳо нафар ӯзбекону қирғизҳо дар истгоҳи метрои Профсоюзная бо ҳам задухӯрд намуданд, ки чандин нафарҳо маҷруҳ гашта буданд. Ин муноқишаҳоро пайомадҳои даргириҳои қавмии миёни қирғизҳову ӯзбекҳо дар ҷануби Қирғизистон ба бор оварда ва боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта буд.

Бузургони тоҷик хуб фармудаанд:

Ҳамсоя, ки огаҳ зи каму беши ман аст,

Бегонаву лек марҳами реши ман аст.

Ҳамсояи бегона парастам чи аҷаб,

Ҳамсоя агар вафо кунад, хеши ман аст.

Мо мардуми тоҷик ҳамсоя – бародарони қирғизро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагӣ дар фазои ором даъват менамоем ва ҳамзамон изҳор медорем, ки бо зӯри силоҳ касеро мо немегузорем, ки сарҳади тоҷикро рахна намояд!

 

Қ. Н. НОСИРӢ,

н.и.т., дотсент, сардори Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,

С. А. ТАИБОВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь