Дуруд Абдувоҳид!
Ин маротиба намехостам нома нависам. Вале чун пагоҳ нияти дар беморхона хоб рафтан дорам, фикр кардам, ки дар ин ду ҳафта зиқ мешавед. Барои ҳамин худамро маҷбур карда, сари миз нишастам.
Абдувоҳид!
Медонед чӣ? Ин бор мехоҳам дар бораи як шахсе нависам, ки ҳарду мешиносем. Дар бораи Зоҳири Сайфулло. Ҳамоне ки дина рӯзи таваллудаш буду инак ба синни сӣ расид. Бале, агар касе бо ӯ суҳбат кунад, яқин ки чилсола гумон мекунад, аммо ӯ нав ба синни сӣ расидааст.
Ҷавоне бебоку саркашу якрав. Дар ягон қолаби сохтаи одамӣ намеғунҷад. Дӯст медорад то ҳама қолабҳоро шиканад. Бовар мекунед, аз ин кори худаш лаззат мебарад. Барои худ зиндагӣ мекунад, барои дигарон не. Мебинам, ки сахт заҳмат мекашад, сад дарро ба рӯйи худ мебандад, аммо дари саду якумро ангушт мезанад.
Намедонам, ба ҳамсолони худ монанд нест, дунёи дигар дорад. Куллиёти устод Лоиқро азёд медонад, сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро батакрор мехонад. Китобхон аст, вале китобро на барои ёд гирифтани роҳи зиндагӣ мехонад, балки барои ғарқи андешаи дигарон шудан, мутолиа мекунад. Шояд ҳамин монанд набуданаш ба ҳамсолон, сабаби танҳопарастию хилватдӯстдориаш бошад? Намедонам. Агар аз касе ранҷад, сахт меранҷад. Бо вуҷуди гузашти солҳо фаромӯш намекунад. Дар бародарию ҳамнишинӣ ҳамто надорад. Агар қавл дода бошад, ба сад дар сар задаю расида меравад. Дили нозук дорад, ҳарчанд мекӯшад худро дағалу сахтгап нишон диҳад, аммо аз уҳдаи ин кор намебарояд.
Боре ӯро шиква ба лаб надидаам, ҳарчанд медонам ҳазорон шиква дорад. Ба зиндагӣ таслим намешавад, ғами зиндагиро ғам намешуморад. Сахт миллатдӯстдор аст. Ҳар гаҳе сухан аз дарди миллат равад, беҳтараш бо ӯ баҳс накунед! Бефоида. Дӯсти наздик надорад, гарчи ҳазорон ҳазорро мешиносаду медонад. Муҳимтар аз ҳама масъулият дорад.
Абдувоҳид, медонед чӣ? Сардабирии нашрияи “Самак”-ро ба уҳда дорад. Бале, ҳамин нашрияе, ки мову Шумо ба якдигар нома менависем. Замоне буд, ки дар ин нашрия даҳҳо нафар кор мекарданд. Имрӯз кори ҳамаи онҳоро Зоҳир тани танҳо мекунад. Биёед, мо ҳам ақаллан барои он ки ба мо дар ин нашрия майдон додааст, ташаккураш бигӯему зодрӯзашро муборак гӯем.
Чӣ гуфтед?
Зоҳирҳо каманд
Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!
Номаатонро гирифтам. Ташаккур барои он, ки ҳатто арзи сипос карданатонро ба як кормандатон боварам мекунеду нома менависед. Намедонам барои чӣ, аммо аз дилам гузашт, ки ин ҳафта ба Шумо буҳрони амиқи мавзӯ рух додааст. Агар не Шумо ҳар мавзӯро ба сиёсат мекашидед ва маро маҷбӯр мекардед, ки фикру андешаҳоямро иброз дорам.
Мавзӯи сармуҳаррири “Самак” будан ё рӯзи таваллуди Зоҳири Сайфулло барои ман бегона нест. Шояд барои Шумо номаълум бошад, аммо ман қариб ҳар рӯз бо Зоҳир во мехӯраму суҳбат мекунам. Баъзе гӯшаҳои газетаашро пешниҳод ҳам кардаам, баъзе аз масъалаҳои заруриро барои баррасӣ кардан маслиҳат ҳам додаам.
Дар бораи характераш бисёр чизҳоро медонам, дар бораи ҷузъиёти зиндагияш низ. Лоиқдӯстдорӣ ва Аҳмад Зоҳирдӯстдорияшро медонам. Дар ҳалқаи дӯстон ҳамроҳаш бисёр нишастаам ва аз сурудхониҳояш лаззат бурдаам ва ваъдааш кардам, ки Панҷрӯдаш мебарам, чун ки дар он ҷо ба қадри чунин сурудхониҳо мерасанд. Аммо аз оне, ки зиндагиро ба дӯш намегираду бепарвофалак аст қаҳрам меояд, гоҳ-гоҳ ҳақоратшапаш мекунам. Ҳатто гуфта будам, ки “Зоҳир аз кори газета дар зиндагӣ ба ҷойе намерасӣ! ”…
Аз оне, ки Шумои азиз хислатҳои хуби Зоҳирро тавсиф кардаед, ба Худо, ки шод шудам, чун то он ҷойе, ки Шуморо мешиносам дар бораи ягон нафар кормандатон ин қадар бо эҳсос ҳарф назада будед.
Фикр мекунам, ки ё Шумо аз вақту фазои муайяни атрофатон дуруст истифода намекунед ё зиндагиро писанд намекунед ё дигар ун шавқу завқи пештараатон намондааст. Дар ин давру замон даҳ-понздаҳ нафарро кор фармудану таъмини маош кардан кори саҳле нест, хоса агар хоҳед, ки фоида ба даст оред. Ба ҷойи нафарони зиёд кор кардани Зоҳир боиси таҳсину дастгирист! Ҳамту не Хуршедҷон?
Агар чунин аст, даст рӯйи сина ниҳода гӯед, ки ба ҷойи чанд нафар маошаш медиҳед? Оё маоши мегирифтаи Зоҳир, ҳамчун сармуҳаррир ба рӯзгораш мерасад? Зоҳирҳоро дастгирӣ бояд кард! Зоҳирҳо каманд.
Бо эҳтиром Абдувоҳид