«Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Дар замин табоҳкорӣ макунед», гӯянд: «Ҷуз ин нест, ки мо худ ислоҳгаронем». Огоҳ бош, ки ба ҳақиқат онҳоянд табоҳкорон, валекин худ хабар надоранд».

Қуръон, Сураи Бақара, оёти 11-12

Мавзуъ сари киҳо ва кадом гуруҳҳои ифротӣ меравад, аллакай огаҳ шудед, пас аз гирифтани номашон дар ин навишта худдорӣ мекунем, чун намехоҳем мақолаи дорои ояту аҳодис бо номи ин равияву пайравони табоҳкораш дар як сатр қарор гирад. Дар замони Паёмбар (с.а.в) тибқи ривояти Ибни Касир (р) аз Салмони Форсӣ (р) овардааст, ки Салмони Форсӣ ин оётро хонду гуфт: “Ҳоло шахсе, ки дар ин оят дар назар дошта шудааст, ба дунё наомадааст…”. Худованд ҳанӯз 14 аср қабл ба мо аз ба вуҷуд омадани ин гуруҳи мунофиқон, ки дар рӯйи замин фасод мекунанд, хабар дода буд.

Имрӯз ба муроҷиат ба ин «галаи гумроҳон» агар мусалмоне аз ин роҳ баргардонданӣ шавад, онон эътироз намуда, мегӯянд, ки «мо ба фасодкорӣ даст надорем, мо ислоҳкорем, барои хайру салоҳ ва паҳн кардани Ислом ҷаҳду ҳаракат мекунем. Моро табоҳкор машиносед!». Чигуна ислоҳкоранд? Ҳол он ки, ин бехирадон ҳамин ҳоло амалкардҳои ваҳшатангези худ ва фисқу фасодро амали хайр медонанд. Лекин ҳақиқат ин аст, ки маҳз табаҳкории ин гуруҳ боиси харобии ҷомеа ва ҳалоки маънавиёти инсонӣ гардидааст. Ба назари ин афрод одитарин «амалҳои хайр»-ашонро ин «террор дар маросими ақди никоҳи навхонадорон», «силсилатаркишҳо дар мактаби духтарона» ва «таркиш дар маросими намозҳои Иди Рамазону Қурбон». Яъне, ба амалҳои онон назар шавад, ҳама аз таълимоти Ислом фарсахҳо дур ва берун аст. Хилофи оёту аҳодис амал мекунанд, ҷор мезананд ва мардумро барои итоаташон маҷбур месозанд. Худро ислоҳкор ва мусулмони замонавӣ медонанд ва бо ақидаҳои асиримиёнагӣ фахр мекунанд, аммо намедонанд бо амалкардашон худро фиреб медиҳанду боз ноогоҳанд.

Ин шабу рӯз ин табоҳкорони қарни XXI бо «табаддулоташон» гӯё дар олами Ислом тағйироти ҷадидеро зам кардаанд. Аммо огоҳ бошед, эй фасодкорон, ки Ислом ҳанӯз дар замони Паёмбар (с.а.в) комил шуда буд, намедонистед, пас ин оятро хонед, агар саводи хониш доред: “… Имрӯз барои шумо дини шуморо комил кардам ва неъмати Худро бар шумо тамом кардам ва Исломро барои шумо дин ихтиёр кардам…” (Сураи Моида – 3). Огаҳ бошед, ки то қиёмат ақидаву аҳкому ахлоқи Ислом бо комилияти худ дигар тағйир нахоҳад ёфт, пас боз истед аз табоҳкорӣ ва аз Худо битарсед. Зеро Ӯ таъоло башарро маҳз аз шарри шумо хабар дода буд, ки ин қабил инсонҳо ислоҳкор нестанд, балки фасодкоранд, аммо эҳсос намесозанд, ки аз рӯшноии имон дар қалбашон нуре боқӣ намондааст.

Ва аммо баъд ин ваъдаи Худованд таъкиди ахир барои шумоёни ҷудоихоҳи миллати Ислом аст ва боқӣ коратон бо Худост.

“Ба дурустӣ, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гуруҳ-гуруҳ шуданд, безорӣ; ҷуз ин нест, ки кори онҳо ба Худо гузошта шудааст, сипас онҳоро ба он чӣ мекарданд, хабар медиҳад”. (Сураи Анъом – 159).

Нуралӣ КАРИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь