Мисли ин аст, ки мо дар асри санг зиндагӣ дорем, аммо бо тағйирот ва пешрафтҳои давр. Аслан, пештар гӯё ба ин аср омодагӣ медидем. Шоиронамон ҳам сангро мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла:
З – ин пеш шишаи дили мо ҳам зи санг буд,
Бенисбат ошно дили мо бо дили ту нест.
Аз ин байт фаҳмидам, ки дили маъшуқаҳо аз санг асту дили ошиқон аз шиша.
Шиша чӣ хусусият дорад? Зуд мешиканад. Дилҳои маъшуқаҳо, ки аз санганд, ҳеҷ вақт намешикананд. Ҳолиё баъзе аз дилҳои ошиқон ҳам аз санг шудаанд, аз бархе одамон низ. Аз ин рӯ, аст, ки раҳму шафқати гурӯҳи мазкур пар бароварданду чун мурғони ҳавоӣ парвоз намуда рафтанд.
Санг, ту чӣ қадар арзандаи ситоишӣ! Ҳолиё бисёр дару деворҳо шишагӣ шудаанд, яъне зодаи ту ба шумор мераванд. Оре, агарчи ин шишаҳо метавонанд, ки туро ҳам бишкананд. Дар бораи оина ҳам, ки зодаат мебошад, ҷойи гап нест.
Хишту лойи пухта мавқеи пешинаашонро аз даст додаанд. Айб аз худашон аст, ки нархашонро ҳеҷ арзон накарданд, сол ба сол онро боло бурданд. Бо хишти сангӣ ва семент, ки онҳоро ҳам аз ту месозанд, биноҳоро зудтар, баландтар сохтан мумкин аст. Фаршҳо ҳам сангӣ аст. Дар тобистон аз худ зиёд гармӣ мебахшанд, дар замистон сардӣ. Ба тандурустии одамон коре надоранд. Бемориҳоро ба ту иртибот намедиҳанд.
Як шоир ба ғурури хоси шоирона, нотарсона чанд сол пеш баён дошт:
Пойи ман бо сангкӯб аз хурдӣ одат кардааст,
Гар зи санги роҳ тарсам, аз кӯҳистон нестам.
Шояд баъдҳо ҳам наметарсид, аммо агар имрӯз зинда мебуд ва медид, ки чӣ гуна пиронсолон, маъюбон дар мағозаҳо, супермаркетҳо, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, идораву корхонаҳо, осорхонаҳо, донишгоҳҳо рӯйи кафелҳо, ки аз санганд, мелағжанду меафтанд, тарс дар дилаш ҷой мегирифт. Охир баъзе аз ин маъюбону пиронсолон, ки ҳам аз кӯҳистонанд, ҷавононро зорӣ мекунанд: “Бачаам, дастамро бигир, ки дар пояҳои кафелӣ ё худ сангӣ наафтам”.
Яке аз рӯзноманигорони ҷавони машҳур ҳам ҳангоми фаромадан аз пояҳои кафелӣ пояш лағжиду афтод. Муайян карданд, ки он шикастааст. Чанд моҳ ба кор наёмад.
Санг, қимати ту рӯз ба рӯз боло меравад. Суратҳоро ҳам сангӣ мекунанду туҳфаҳоро низ. Ҳатто бар сари одамон санги маломат мезананд. Дар бағалҳо аз рӯи фармудаи пешиниён ҷой, мавқеъ пайдо кардаӣ ва бо тарс дар мавриди ин ё он одам мефармоянд: “Дар бағал санг дорад”.
Дар гарданҳо ҳам овезон шудаӣ, аммо дар гарданҳои аҳли сарват ва маъшуқаҳои онҳо. Беш аз ҳазор сол пеш шоире фармуда буд:
“Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме”.
Рег ҳам санг мебошад, фақат дар сурати дигар. Кадом рӯзе либосу кафшҳои сангӣ низ ихтироъ мекунанд.
Ҳар чӣ ҳам хастӣ, бош! Мақомат, эътиборат аз ин баландтар бод! Ҳамеша дар маркази диққат қарор бигирӣ ва ситоишат бикунанд. Ҳаргиз ба ин ман зид нестам, балки ҳамаро ҷонибдорӣ мекунам. Аммо як илтимос, як хоҳишаки худро низ дорам. Хоҳиш, фурсати гӯш кардани онро дорӣ? Мехоҳам дар мағозаҳо, супермаркетҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, идораву корхонаҳо, шабакаҳои телевизиониву радиоҳо ва садҳо чун онҳо пиронсолон, беморон, маъюбонро наафтонӣ. Он лаҳза ман бештару бештар, беҳтару беҳтар тавсифат мекунам, ки мо дар асри санг зиндагӣ дорем ва баракси он шоир иброз медорам: “Агарчи пойи ман аз хурдӣ бо сангкӯбӣ одат кардааст, на заррае, балки бо тамоми вуҷудам сахт метарсам”. Зинда бош, эй сангу асри санг! Оянда ҳам аз ту аст! Мо, воқеан, дар асри мондагор ва фаромушношуданӣ ҳаёт ба сар мебарем.
Абдулқодири РАҲИМ
P.S: Дар ҳақиқат ва бовар бикун, ки шиквае аз ту надорам, асри санг, балки маро омӯзгор низ ҳастӣ. Медонам, бовар мекунӣ. Аз ин рӯ, як хоҳишаки дигар низ дорам. Ба сарватмандон, хонасозон ва ғайраву ғайра бигӯ, ки оинаҳову шишаҳову кафелҳоро аз хориҷи кишвар наоранд. Охир, кӯҳҳо, дарёҳо, ҷӯйҳо пур аз ту, пур аз санганд. Аз ту, ки дар кишвари маҳбуби мо зиёд ҳастӣ, истифода бибаранд, бисозанд. Ҳаргиз кам нашавӣ, дар ҳоли афзудан бошӣ ва ҳамин тавр бимонӣ!