“Ҳар чизе, ки дар рӯзномаҳо навишта шудааст, комилан дуруст мебошад, ба истиснои он ҳодисаҳое, ки шумо шахсан мушоҳида кардаед”.
Эрвин НОУЛ
Имрӯз дар кишвар теъдоди хонандаҳои рӯзномаву ҳафтанома нисбат ба адади нашраш чанд баробар кам ба назар мерасад. Чанде пеш вобаста ба ин масъала дар байни истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” баҳси тунде ба миён омад. Он дар бораи заҳматҳои журналистони газета, ки ба зерандози меваҳои кишвар табдил ёфтааст (яъне, дар қуттиҳои мева ҳамчун зерандоз истифода шудани рӯзномаҳо дар назар аст) мебошад. Дар ҳақиқат, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бозори “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе воқеан ба “дӯкон”-и рӯзномафурӯшӣ табдил ёфтааст…
Вале мавзуъ дар бораи баҳс ё дӯкон нест. Асосан, дар бехонанда мондани рӯзномаҳо мебошад, ки ҳангоми баҳс ошкор гардид. Масалан, яке аз корбарони шабака Бибӣ Саъдуллоева бар он назар аст, ки рӯзномаҳои имрӯза маводи хонданбоб надоранду ба дарди ҷомеа намехӯранд. Ё Шукрулло Маҳмадалиев менависад: “Ин рӯзномаҳо, ки ягон матлаби хонданӣ ва ҷолиб надоранд, арзиши як кило себ нестанд”. Ба ҳамин монанд Каримов Яҳё иддао дорад: “Маҷбуран обуна шудан, ҳамин аст оқибаташ” ва даҳҳо нафари дигар, ки аз беқадрии рӯзномаҳо дарак медиҳад. Ҳатто баъзеҳо аз зерандози меваҳо шудани газета шукр карданамонро маслиҳат дода, айни ҳол ҳамчун коғази ташноб истифода шуданашро гуфтанд…
Шунидани ин суханҳо ба аҳли қалам, махсусан рӯзноманигорон, хеле сахт аст, вале, бояд эътироф кард, ки ҳангоми харид шумо ҳамеша бар он мекӯшед, то чизи хубу босифат ва зеборо интихоб кунед.
Мутаассифона, хонанда ҳамон маводи хонданӣ, “зебо”-ву “хушсифат” ва ҳодисаву воқеаҳои мушоҳида кардаашро пайдо карда наметавонад.
“Он чизеро, ки хизматгоратон намефаҳмад, ҳеҷ вақт чоп накунед”, – мегӯяд журналист ва нависандаи амрикоӣ Ҷосеф Пулитсер. Ин яке аз омилонест, ки хонандаро аз рӯзномахонӣ дур кард. Бе муболиға, баъзе журналистон чунон менависанд, ки муҳтавои онро танҳо худашон мефаҳманд.
Интернетро сабаби дигари берун аз таваҷҷуҳ мондани газета гуфтан мумкин аст. Дар кишварамон мардум аз газета дида бештар ба шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла “Фейсбук” бовар доранд. Онро ба ҳамон масъалаи дар боло зикршуда, яъне мардум ҳодисаву воқеаҳое худ шоҳид мешаванд, аз рӯзнома пайдо карда наметавонанд, нисбат додан мумкин аст.
Аз ин ҳама мақсад якест, биёед барои ҳоҷатхона ва қуттии меваҳо мавод нанависем ва аз рӯзгори мардум дур набошем!
Афсун ҚУРБОНЗОДА