Нишастҳои матбуотӣ шасти мансабдоронро гардонд, ё журналистонро?

Тағйироти охири кадрӣ, махсусан дар бахши маорифро ҳоло бештари одамон ба нишасти матбуотии вазири акнун собиқ Маҳмадюсуф Имомзода нисбат медиҳанд, ки гуфт, аз масъалаи ба муҳоҷират рафтани муаллимон “набояд фоҷиа сохт”. Дар нишасти аз ин пеш академики мазкур бо таъбири “масъалаи хасакӣ” -и худ машҳур гашта буд.

Ҳоло, агар ба андешаи он ки ин нишастҳои хабарӣ барои бархе мансабдорон “сархӯр” шуд, бовар намоем, фикреро ба миён меорад, ки “забони сиёсӣ” дар Тоҷикистон ҳарфи муҳим шудааст. Зери ин мафҳум андешаву сӯҳбатҳои мансабдорон тафаҳҳус карда мешавад, ки онҳо ҳатман гуногун фаҳмида шуда, метавонанд вокуниши мухталифро ба бор оранд. Дар кишварҳои пешрафта садҳо ҳолате ҷо дорад, ки ин ё он мансабдор маҳз бо изҳори назарҳои номуносибаш боис ба ташаннуҷ гаштани авзои ҷомеаву мамлакат, ва ҳамин тавр,  шармандавор аз мақом истеъфо рафтанашон шудааст. Аммо дар мо гӯё меъёр чунин аст, ки як мансабдор он қадар худро тавонманд мебинад, ки “ҳарчӣ” гуфтанаш имкон дорад. Акнун маълум мешавад, ки не…

Воқеан, ҳанӯз пеш аз оғози нишастҳои охир маълум гашта буд, ки онҳо ин дафъа ҷиддитар хоҳанд буд. Шӯрои ВАО бо пахши як муроҷиатнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, роҳбарони расонаҳои хабарӣ ва мансабдорон ҳушдорҳое дода буд. Аз ҷумла, аз журналистон тақозо мешуд, ки ба ин нишастҳо муносибати ҷиддӣ намоянд ва журналистони огоҳи худро фиристанд. Аз мансабдорон хоҳиш мешуд, ки ҳамкасбони моро бо пулу зиёфат “хариданӣ” нашаванд. Аз Дастгоҳи иҷроия хостанд, нишастҳоро ҷиддитар назорат барад. Агар барканор шудани Имомзода ба овозаҳо дар бораи нишасти хабарии ахир иртибот бигиранд, пас мешавад гуфт, пункти ахири тавсияҳои Шӯрои ВАО аллакай ба кор сар кард. Вале ин танҳо Вазорати маориф ва илм набуд, ки нишасти матбуотиаш “армуғон” дошт. Мисли ҳамеша ҳар вазиру мансабдор ҳарфҳое доштанд, ки онҳоро дар байни мардум “машҳур” намуд…

Сар мекунем аз нишасти Прокурори генералӣ. Тавре медонем қариб ҳамаи нишастҳои хабарӣ ба тариқи мустақим пахш мешуданд. Аммо дар ин ниҳод сабти мустақим ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард. Сабабаш номаълум. Вале масъалаи хеле кам давом кардани нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ ба фикрам ҷурми ҳамкасбони мо буд. Зеро Юсуф Раҳмон чандин бор пурсид, ки саволи дигаре доред? Посух набуд… “Савол набуд”, эътироф бояд кард, ки камбудии мост. Шояд ҷиддияти аз ҳад беши Прокурори кулл ҳам нақши худро гузошт ва ҷуръати журналистонро кам кард? Воқеан, дар ин ҳолат Шӯрои ВАО ҳақ буд, ки мегуфт бояд журналистони огоҳро фиристанд.

“Бахшиш каме дер кардам”, нишасти худро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ маҳз бо ҳамин ҷумла сар кард. Сенарияи Раҳимзода дар нишастҳо ҳамонест, ки қаблан буд: аввал саволҳои ба почта ба унвонашон воридшуда, баъд саволҳои дигар. Як нуктаи муҳим, ки Раҳимзода таъкид дошт, аз назари хеле ҳамкасбон дур монд. Ӯ гуфт: – Ҳарчанд имрӯз дар чанд ҷо нишасти хабарӣ аст, аммо дар толори мо мебинам, ки рӯзноманигорон ҳамоно зиёд аст Албатта Раҳимзода барои баргузории нишастҳо таҷрибаи аллакай хеле бой дорад, инро пайваста мегӯем. Ҳамеша аз усули демократӣ будани давлату Ҳукумат ва эҳтиром ба арзишҳои демократиро махсус қайд мекунад ва аз регламент гузаштани ҳамаи нишастҳо бо ҳузури ӯ ҳаминро далолат мекунад. Аммо мавзӯи асабӣ шудани ӯро баъзан дарк бояд кард, зеро бархе ҳамкасбони мо ба асноди ба онҳо қаблан пешниҳодшуда аҳамият намедиҳанд. Вазир дар ин ҳол ҳақ аст, ки мегӯяд, онҳо дар пресс релиз ҳастанд.

Мегузарем, ба минтақаҳо. Дар нишасти хабарии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон на ҳама журналистон имкони савол додан пайдо карданд. Ҳарчанд дар он 50 рӯзноманигор иштирок доштанд. Ҳамкасбонамон менависанд, ки раиси вилоят 25 дақиқаи нишасти худро ба хондани ҳисобот сарф кард ва дар миёни нишаст бо баҳонаи “Аз қабулгоҳи Президент занг заданд“ барои чанд дақиқа нишастро тарк кард. Дар маҷмӯъ ба саволи шаш журналист ҷавоб дод, ба шаш саволи дигар муовинонаш. Аммо масъулини Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон аз хабарнигори Радиои Озодӣ хостаанд, то ба раис суол надиҳад, чун раис “мухлис”-и навиштаҳои ӯ будааст. Акнун бояд фаҳмид, ки таъбири мухлис дар нохунак буд, ё берун аз он… Ҷамшед Табарзода, ки нав муовини раиси шаҳри Душанбе шудааст, худро хуб “муаррифӣ” кард, вақте гуфт: – Генплани Душанберо барои он нашр намекунем, ки ба дасти террористу экстремистҳо нарасад! Намедонам барои ин ҷавоб муовини шаҳрдор чанд рӯз фикр кардааст (шояд медонистанд, ки ин савол ҳатман пеш меояд), аммо одамон ин ҷавобро хандахариш карданд.

Вазири меҳнат Ширин Амонзода, ки дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баъзеҳо дӯстдоштанӣ аст, бо ин маълумот, ки дар Тоҷикистон бо 3000 сомонӣ тиҷорат кардан имкон дорад, ҷойгоҳи дигар гирифт…

Ба “шӯхиҳои” Нуриддин Саид мисле, ки ҷомеа ҳам дар Вазорати маориф ва ҳам инак дар Кумитаи ТВ ва радио одат кардаанд. Ин бор ҳам мардум хеле хандиданд, вақте гуфт: – Риш экспансияи фарҳанги бегона аст!

Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ба саволе, ки чаро дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ҳузур надорад, посух дод: – 3 сол пеш ӯ масъули иншоотҳои ҷашнӣ дар Норак таъин шудааст ва аксари вақт онҷост. Саволе, ки рӯ ба рӯ шуд, ин аст: – Агар судяи №1 пайи сохтмон аст, адолати судиро кӣ таъмин мекунад?

Муовини сардори алоқа Илҳомҷон Атоев аслан хеле мутахассиси хуби соҳа аст, вале ин даъфа “хушгӯиҳояш” дар Интернет зуд паҳн шуд. Ин бор “рейтингаш”- ро бо ин ҳарф баландтар бурд: – Ба сифати интернет хонаҳои баландошёна халал мерасонанд!

Албатта ин на ҳама “шакаргуфторҳоест”, ки ҷамъ овардем. Бештар аз ин ҳам буд. Муҳим гуфтани ҳар кадоми онҳо нест. Муҳим ин аст, ки мансабдорон бояд донанд, ки ҳар ҳарфи онҳо вокунишҳоеро дар пай дошта метавонад. Барканоршавӣ аз мансабро низ… Пас беҳтар нест, ки ба нишастҳои хабарӣ бо омодагӣ биёянд? Шояд мушовирҳое ҳам аз ҳисоби коршиносони соҳа бигиранд пеш аз нишаст. Бад нест! Аммо аз ҳама асосияш, ба мансабҳо одамони лоиқ таъин шаванд. Зеро нишастҳо “ҳарчиро дар дег бошад, дар кафлез мебарояд”. Ҳамин тавр не?

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь