Дар мавриди «Ясная Поляна» ва ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ БЕ САЛИБИ Л.Н.ТОЛСТОЙ, Абдулмаҷид Достиев, Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дӯстам!
Сипос барои бохабар намуданатон аз як мақолаи зебою хонданӣ!
Чӣ қадар мехоҳам журналистони мо тарзи навишт, пешниҳоди мавзуъ, таҳлили амиқ, хулосабарории мӯшикофона, ибораҳои зебо, ҷумлаи равон, забони соддаи оммафаҳм, бе лаҳҷаю тоҷикии адабии тозаро аз чунин навиштаҳо ёд бигиранд!
Ман дар ҳаётам ягон маротиба ба Руссия сафар надоштам ва рафтанӣ ҳам нестам, аммо бо мурур кардан ба ин навишта, гӯё “Ясная Поляна” – ро зиёрат кардам, завқ кардам, азоб кашидам, хурсанд шудам, ғамгин шудам, сурат гирифтам, суратҳоям аз суратгирак гум шуд, фикрҳоям парешон шуд, ҷамъ шуд, дилам гум зад, дар қадамҷойи Толстой қадам задам, дар назди бухорияш нишастам.. дасту диламро гарм кардаму ба Шумо нома навиштам.
Воқеан лаззат бурдам!
Мавзӯи ақидаи мазҳабии ҳар шахс кори шахсии ӯст, аммо шахсият, агар оламшумулу фаромиллӣ бошад, ин мавзуъ ранги дигар ва тобишҳои баландтарро касб мекунад. Мисли Лев Николаевич Толстой!
Бубинед Хуршедшоҳ, як шахсияти баландпояи як миллати бузург, як ашрофзодаи бомаданият, як нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи мазҳаби дигарон чӣ суханҳое мегӯяд!
Ман шахсонеро, ки аз мазҳаби падару бобоёнаш даст мекашанд, эҳтиром намекунам, аммо ин ҷо аз ҳақиқат чашм пӯшида намешавад ки…!
Вақте нома менависанду маслиҳат мепурсанд, нависанда фикри шахсияшро бе ягон рӯю риё пешниҳод мекунад ва ба дараҷаи аҳсан! Яъне муттақоид мешавед, ки роҳ роҳи рост ва ҳақ ин ҷост!
Ман солҳо пеш “Исповед”-ро хонда будам, аммо шояд аз беаҳамиятӣ ба бисёр паҳлӯҳои суханони Толстой жарф нанигариста будам. Баъди хондани ин мавод хоҳиш дорам, ки бори дигар мӯшикофона таҷдиди назар кунам.
Таҳлили амиқ ва баркашидани аъмоли бузургони ҷаҳонӣ бо фарзонагони миллати худ дар тарозуи замон ба ҳар кас ба ин дараҷа осону сода даст намедиҳад. Боз мегӯям, ки ин мавод бисёр омӯзанда аст!
Ба ман нигаред Хуршедшоҳ!
Агар як рафиқи Шумои азиз дар бораи мазҳаби дигар фикру ақидаи мусбат дошта бошаду аз мазҳаби Шумо танқид кунад, чӣ хел қабул мекунед? Ман бар онам, ки агар ба ҳамин тарзе, ки Толстой мегӯяд, рафиқи Шумо ҳам факту далел биёварад, дудила мешавед! Ин дудилагӣ ба бисёр ҷанбаҳои ҳаёти одам таъсиргузор мешавад. Албатта, аз дину мазҳаби худ даст намекашад, аммо дар фикр ва андеша ва рафтор ва гуфтораш дигаргуниҳо ноаён рӯ мезанад.
“Ҷомеаи мо дигарандешонро чӣ гуна қабул мекунад?” – ин аст саволи асосие, ки мехоҳам ҷавобашро аз Шумои арҷманд бишнавам.
(Албатта дигарандешӣ дар масъалаҳои нозарур ва ҷузъиро дар назар надорам).
Бо эҳтиром: Абдувоҳид
ТОлСТой
Дуруди зимистонӣ дӯсти шоирам!
Медонед чӣ… Агар як шахси бегонаю мушоҳидакоре дар ин ошёнаи ҳашт бошаду баҳсу гуфтору сӯҳбати ману шуморо бишнавад, бовар дорам дар ҳайрат мемонад.
Дирӯз барфи сахте рехт, ҳама ҷой сард…утоқҳо сард, дастҳо сард, ҷисмҳо сард, ҳатто рӯҳи инсонӣ ҳам сард… ба ҷуз аз дилҳо! Ман нек медонистам, ки шумои азиз дар ин гуна сардӣ дар хона намешинед ва аллакай дар маҳалли кор ҳастед. Аз ин рӯ, сари як қаҳваи субҳгоҳӣ бо конякаш Шуморо овардаму бо эҳсос перомуни як сафардидаи Абдумаҷид Достиев, – донишманди ғойибона лоиқи эҳтиром, чунон боҳарорат нақл кардам, ки дигар қадаҳи саввумро набардошта, сӯйи утоқи кориатон давидед то онро хонед. Хондеду чуноне интизор будам, таассуроти хешро навиштед. Ва номае пур аз меҳр нисбат ба қаҳрамони он нависандаи сатҳи ҷаҳонӣ Лев Толстой ва муаллифи мақола Абдумаҷид Достиев.
Ман бо навиштаҳои Толстой аз давраи мактабхонӣ шинос будам: Ҳам бо “Кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ”, ҳам бо “Анна Каренина”-ю “Ҷанг ва сулҳ”. Аз асари якум пораҳоеро барои истифодаи хеш рӯйбардор карда будаму “Анна Каренина” аз асарҳои дӯстдоштаам буд, вале аз “Ҷанг ва сулҳ” кам чизеро дар он солҳо дарк карда будам.
Дар мавриди суратгираки Достиев: Медонед, ҳодисае ба ёдам расид. Мегуфтанд, чандин бор таҳқиқгарони рӯзгори Хоҷа Исҳоқ дар деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ, хостанд то акси эшонро, ки то ҳол дар ҳолати намозгузорӣ истодаанду ҷасадашон вайрон нашудааст, акс гиранд. Вале чун аз ғор ба рӯшанӣ мебароянд, мебинанд, ки ҳама плёнкаҳои суратгирӣ сӯхтаанд. Биёед ин тобистон ба зиёрати ғори Хоҷа Исҳоқ равему бинем ки мо оё мо метавонем аз он ғор аксе биёрем ё не. Меравем?
Дар мавриди рӯзгори Толстой:
То ба ин дам ман бовар доштам ононе қалам ба даст мегиранд, ки гуруснаю оҷизу шикаста, ранҷида аз зиндагию замона ҳастанд. Устод Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам ҳамеша маро мегуфт, ки “ китобро бо шиками гурусна мехонанд. Вақте шикам сер шуд, на хуши навиштан мемонад ва на ҳавсалаи хондан”. Ва воқеан инро ман ҳам дар зиндагӣ таҷриба кардаам, ҳарчи хондаам, аслан то замони донишҷӯйӣ буд. Баъди донишҷӯ шудан, дигар фақат барои ҳаққи қалам менавиштаму думболаи нон медавидам. Ёд дорам, замоне падарамро барои як каф борути шикорӣ дар марзи Самарқанд боздошт карда буданд, ба зиндон афканданд. Падари шоирам беҳтарин шеърҳояшонро дар зиндон навиштанд ва аз панҷараҳои зиндон онро ба ман расониданд. Ман онро дар шакли китобчае бо номи “Садо аз зиндон” нашр кардам. Баъди он ки падарам ба озодӣ баромаданд, се-чор соли дигар шеъре нанавиштанд. Боре бо қаҳр гуфтам, ки “агар медонистам, шуморо дар зиндон мегузоштам то нависеду нависед”.
Аммо бубинед, ки Толстойи заминдору сармоядор мисоли Рӯдакии хоҷаи садҳо ғулому каниз, аз виҷдону аз дунёи ифлоси ҳамзамонони сарватмандаш меандешидаасту азоби рӯҳӣ мекашидааст.
Ҳамин тавр, зиндагии Толстой моро бовар мекунонад, ки ба будани нафарони фавқулода ва дигарандешу соҳибистеъдод бовар кунем. Бубинед, зумрае мегӯянд, ки агар Аҳмад Зоҳир ҷавонмарг намешуд, имрӯз мисоли Гугуш аз даҳон меафтиду суруди тозае эҷод карда наметавонист.Ростӣ гоҳо ман ҳам фикр мекунам, ки барои соҳибном мондан, ҷавонмаргӣ ҳам мусоидат мекунад. Аммо ба қавли фарзандаш Рашод “Аҳмад Зоҳир дӯстдоштаи Худованд буд”, аз ин рӯ ҳарчиро метавонисту имкон дошт, бо дасти тавонои падараш амалӣ карду тезтар аз ин муҳит ба сӯйи абадият рахт баст.
Дар мавриди дигарандеш… Медонед, ман шуморо намедонам, вале ман ба осонӣ бо ҳар дигарандеш забон меёбаму ӯро ба осонӣ дарк мекунам. Ростӣ, худам ҳам намедонам ки ин истеъдод аз куҷост: Шояд аз тарбияи падар, шояд аз бисёр хондан, шояд аз бисёр дидан, шояд аз ошноӣ бо муҳити гуногун… Ростӣ намедонам. Шодравон Ҷумъаи Толиб мегуфт, ки “Хуршед истеъдоди аҷибе дорад. Метавонад бо қатолтарин душманаш чун ошно аз сари миз бархезад ё ба осонӣ аз баҳри дӯсте баъди одитарин гуноҳи вай гузарад. Дар мавиди “дигарандеш” ҳам чунин аст:
Агар касеро “дигарандеш” меҳисобед, пас назди ман фиристед ва бубинед, ки ин “дигарандеш” баъди баҳсу сӯҳбат бо ман, чун дӯсти наздик бармехезад.
Бо дуо: Хуршед