“Вазифаи асосии мо он аст, ки ба умеди ояндаи тираву дур нашуда, худи ҳозир то он ҷое, ки ба мо аён аст, нигариста амал намоем”.
Томас Карлейл
Бисту панҷ калимаи дар боло овардашударо хондед? Агар ҷавобатон манфӣ бошад, лутфан ба болои саҳифа дида давонида, нахуст онҳоро хонед. Он калимаҳо, ки бо ҳам ҷамъ шудаанд ва як фикри томро ифода намудаанд, иловатан бисёр “мотиватсиоӣ” ва таъсирбахш ҳастанд.
Аниқтараш, калимаҳои дар боло овардашуда калимаҳое ҳастанд, ки пас аз мутолиаи якҷоягӣ тавонистанд як донишҷӯйи Донишгоҳи тиббиро, ки дар ташвишу изтироби чӣ тавр имтиҳонҳоро супурдан буд, муваффақтарин табиби овони худ кунанд. Онҳо тавонистанд ба мутолиагари ҷавон, ки пайваста дар ташвишу изтироби фардояш буд, имкони таъсиси маъруфтарин мактаби тиббии дунёро дар назди Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс диҳанд. Он калимаҳо тавонистанд донишҷӯйи аз худ бехуду аз ояндаи худ дар ташвиш бударо соҳиби унвони профессори шоҳонаи тиббии Оксфорд – баландтарин унвони тиббии империяи Британияи Кабир кунанд. Ба мутолиакунандаи калимаҳои болоӣ муяссар шуд, ки Шоҳи Англия унвони дворянӣ диҳад. Калимаҳои мазкур ба донишҷӯйи худгумкарда таъсири бузург расониданд ва хушбахтона баъди вафоташ китоби дуҷилдаи 1466-саҳифагие нашр шуд, ки аз ҳаёти ӯ ҳикоят мекард. Он донишҷӯ сер Уилям Ослер ном дошт ва он калимаҳо бо муаллифашон дар боло оварда шудаанд.
Профессор сер Уилям Ослер пас аз муваффақ ва комгор шуданаш чунин гуфтааст: “Суханони Томас Карлейл ба ман омӯзонданд, ки ҳама вақт кӯшиши дар дохили ҳамин рӯз, ҳамин рӯзи равон, ҳамин рӯзи воқеӣ зиндагӣ кардан намоям”.
Бале, мақсади мо ҳам аз тавсифи калимаҳои боло ҳамин буд, ки онҳо ба мо талқини дар дохили ҳамин рӯз зиндагӣ карданро мекунанд. Вале мутаассуф бар онем, ки аксарияти мо, хусусан ҷавонон имрӯзро намешиносем, қадр намекунем, истифода намебарем ва дӯст намедорем. Бадбахтона, ҳар субҳ аз хобамон хестан замон то нисфирӯзӣ дар бораи нокомиҳо ва ноҷуриҳои дирӯзаву пеш аз дирӯзаамон фикр карда, ҳамин ки хӯроки нисфирӯзиамонро хӯрдем, то дар ҷойгаҳ даромаданамон боз дар бораи фардои номаълум, фардое, ки омаданаш танҳо дар гумон аст, танҳо хаёл аст, танҳо орзу аст, фикр мекунем. Ва бешубҳа, метавон гуфт, ки қисми зиёди фикрҳои мо манфӣ ҳастанд. Бисёртар ба ин маъниҳо: “Чаро дирӯз он корро кардам?”, “Дирӯз беҳуда бо корҳои нолозим гузашт!”, “Барои чӣ дирӯз ягон корам барор нагирифт?”, “Пагоҳ фалон корҳоро карда, фалон ҷойҳо рафтанам даркор аст”, “Пагоҳ барои ман бисёр рӯзи вазнин аст, зеро ба корхона комиссия меояд” ва “Пагоҳ ҳам мисли дирӯз мегузашта бошад?”.
Бе муҳобот, сабаби аслии дар дилхоҳ кор ё роҳ муваффақ нашудани мо як аст: имрӯзро, ҳамин рӯзи равшан, ҳамин рӯзи офтобӣ, ҳамин рӯзи зебо, ҳамин рӯзи аз ҷониби Офаридгор атошударо истифода накардан ё истифода карда натавонистан.
Имрӯзро доштан, ҳаммаънои 24 соати пурраро дар ихтиёр доштан аст. Чи гуна истифода кардани ҳар дақиқаи он танҳо ба ихтиёри мо аст ва табиист, ки одамон ин 1440 дақиқаашонро ба тарзҳои гуногун аз даст медиҳанд ё ба таври дигар гӯем, аз баҳраш мегузаранд.
Аз ҳама муҳим ва аз ҳама кори хубе, ки мо барои худамон карда метавонем, ин рӯзи 23-юми октябри соли 2019 ба афсӯси рӯзи 22-юми октябри соли 2019 ё хаёлҳои осмонии 24-уми октябри соли 2019 назистан аст. Балки имрӯзро барои имрӯз фидо карда, ба воситаи нақшаҳоямон мақсади аслии зиндагиро думболагир шудан аст. Ва бояд имрӯз дар ҳамин рӯз ва барои ҳамин рӯз зиндагӣ кард.
Дар охир суханони Дейл Карнегиро меорем, ки бисёр хуб гуфтааст: “Гузаштаро пурра “изолятсия” кунед. Бори гузашта агар ба бори фардо зам гашта, имрӯз ба дӯши Шумо бор шавад, зӯртарин одам ҳам бошед, пешпоӣ хоҳед хӯрд. Аз ин рӯ, ояндаро низ пурра “изолятсия” кунед”.