Бародарон ва аҳли назар, хуб аст, ки ба қазияи Бадахшон бетараф нестеду садо баланд мекунед, албатта, ҳаққи шумост, ки аз мунсифона таҳқиқ гардидани ҳаводиси рухдода пуштбонӣ мекунед ва банда низ пуштбонӣ хоҳам кард. Аммо бешумор ” дилсӯзоне” дар ин қазия ҳарфҳое менигоранд, ки ҷанбаи маҳаллию нажодӣ дорад. Ҳарчанд қазия рабте ба ин мавзӯъ надорад, вале он кинабофон талош мекунанд аз ин фурсат миллати ранҷдидаи тоҷикро ранҷуртар ва садпоратар бинмоянд. Ба ин тоифаи ҷудоиандоз хитобан гуфтаниам, ки дониш надошта бошед, ақаллан инсоф кунеду як маротиба аз торихи миллати тоҷик сатре бихонед ва албатта, хоҳед дарёфт, ки яғнобӣ, кӯлобӣ, хатлонӣ, бадахшонӣ, суғдӣ, бухороиву самарқандӣ, фарғонавӣ, хуросонӣ, зарафшонӣ ва ҳазорон чунин сарзаминҳои поки инсонипокофар тоҷик ҳастанду миллаташон тоҷик аст! Як маротиба чунин оташи ҷудоиандозиро афкандед, надидед миллат ба чӣ ҳол омад?
Ба қазияи рухдода дар доираи қавоуни кишвардорӣ ва байналмилалӣ бигзор мӯшикофона таҳқиқ бурда шавад, аммо хоҳиш мекунам ҳаммиллатони азиз сухани маҳалро канор бигзоред, зеро то дигар бор нагӯем:
Садроҳадилон, маҳалгароем, чаро?
Дар фикри маҳал ватанҷудоем, чаро?
Жӯлида ба ҷангу моҷароем, чаро?
Ин қадр шутуркина чароем, чаро?
Чунин иллату зиллат фарзонаи миллат Лоиқро ба сактаи мағзи сар оварда буд ва дар ниҳоят нобуд кард, бояд мо дарс гирифта бошем. Биандешад, чунин ихтилофҳои маҳалбозиро солҳои ҷанги нангин гуруҳҳои манфиатхоҳу адувони миллати тоҷик роҳандозӣ намуданд ва кор то ҷое расид, ки бешумор донишварони миллати тоҷикро нобуд карданд, миллионҳо мардуми осоишта гурез гардиданд. Бо талошу хидматҳои беназири Пешвои миллат кишвару миллати тоҷик аз ин вартаи нобудӣ раҳоӣ ёфт. Набояд он иштибоҳотеро, ки дар қабл рӯх дода буд, такрор шавад. Холи ҳозир боз ҳамон гуруҳҳои кинадӯзу бадхоҳи миллати тоҷик дасту оринҷ барзадаанд то миёни миллат аз роҳи маҳалбозӣ ворид гарданду ихтилофҳое барангезанд.
Ба дасисабозиҳо, ҳиллаву найрангҳои касифони бадхоҳи тоҷик дода нашавед, он палидон ҳеч гоҳ оромиву иттиҳодии миллати тоҷикро намехоҳанд.
Аз забону зеҳнамон номи маҳалгароиро бояд хориҷ бикунем ва дар ҳама вазъу аҳдофамон манофие миллат ва кишварро баргузида бишморему донем, зеро дар ин маврид на касеву на хасе наметавонад моро душмани ҳам қарор бидиҳад ва ҳам пои моро ба роҳи маҳалгароӣ бикашонад!
Бубинед, нофаҳмиҳое, ки дар зарфи ду-се рӯзи охир дар Бадахшон рух дод, ба созишу сари гуфтугӯ расид ва дар ниҳоят мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт. Пас, миллати тоҷик, ба вижа мардуми бадахшонзамин ҳушмандиву ботамкиниро то ин дам пеша намудаед, аз даст надиҳед. Ба ҳар гуфтору иғвоангезиҳои касифони беному нишонҳо фирефта нагардед.
Чи туре, ки дар боло зикр намудем, мо як миллати воҳидем ва он миллат ном дорад ТОҶИК! Ва ба қавли шоир, «Сарҳои баланди тоҷикон паст мабод!»…
Зоҳири САЙФУЛЛО