Бешак, дар кишвари мо дар ҳоли ҳозир аксарияти нафароне, ки синну солашон аз 15 боло аст, овозхон ва ғижакнавоз Умар Темурро мешиносанд

Умар Темур яке аз наътхонҳо, ғазалсаро, хонандаи сурудҳои муосир ва мутрибест, ки дар кишвари мо ва берун аз он мешунаванд ва дӯст медоранд

Умар Темур чанд соли охир ниҳоят камнамост. Ӯро дар телевизионҳо намебинем, дар радиоҳо намешунавем, дар барномаҳои фарҳангӣ даъват намешавад, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо дар борааш наменависанд…

Бешак, барои мо ҳоло ин гуна нафарон даркоранд ва аз ҷониби дигар, барои Умар Темур ҳам имкони ибрози андеша ва ёдоварӣ аз рӯзҳои неку бади зиндагиву фаъолият лозим аст. Пас, бо ҳамин сабабҳо бо ин овозхон ва навозандаи мумтоз чанд рӯз пеш дар яке аз боғҳои азнавсохташудаи пойтахт вохӯрдем, суҳбат кардем ва инак, он мусоҳиба пурра манзури хонандагон мегардад.

Аз камнамоӣ то “Хандарез”

– Агар шуморо 4 миллион нафар шиносанд, фикр мекунам чанд соли охир дар зеҳни ин ҳама як савол аст: Умар Темур куҷост?

– Саломат бошед, лутф доред. Шукри Худо, ман дар кишвари азизам, соқу саломат, дар Коллеҷи санъати ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Бӯйдоқов фаъолият карда истодаам.

– Чаро сурудҳои нав нестанд?

– Барои суруди нав сабту таҳия кардан, ба мо сарпараст лозим. Ростӣ, дар омода кардани як албоми сурудҳо аз 2 то 4 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ мешавад, ки мутаассифона чунин шароит надорам.

– Вақтҳои охир дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ шуморо намебинем. Чаро?

– Дуруст аст, ки дар телевизиону радио кам баромад карда истодаам. Чанде пеш аз тариқи телевизиони “Сафина” барномаи “Ёди рӯзгори ширин” пахш шуд, ки ба эҷодиёти ман бахшида шуда буд.

– Дар тӯю маҳфилҳо ҳам камнамоед. Барои чӣ?

– Баъзан-баъзан ҳастам, вале бояд қабул кунем, ки аз як ҷониб завқи мардум тағйир ёфтааст, аз ҷониби дигар барои даъват кардани овозхон на ҳама шароит доранд.

– Ин шабу рӯз ба чӣ корҳо машғулед?

– Бештари вақтам дар хона мегузарад. Ба китобхонӣ ва навиштани мусиқӣ машғулам. Инчунин, баъзан мусиқиҳоро барои фестивалҳо тайёр мекунам. Як мусиқиам, ки “Хандарез” ном дорад, дар як фестивали байналмилалӣ, ки дар он намояндагон аз 12 кишвари дунё ширкат карданд, ҷойи намоёнро ишғол кард.

– Чӣ хел шумо иштирокчии он фестивал шудед?

– Аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба ман занг заданд ва хоҳиш карданд, ки бо ғижак мусиқиеро созам, ки тараннумгари дарду доғи мардуми имрӯз бошад. Пас, ҳамин хел ҳам мусиқии “Хандарез” тавлид шуду ҳам иштирокчии он озмун гардидам.

Мактаб ва сабки Умар Темур

– Аз сари нав оғоз мекунем. Аз кай худатонро ёд доред?

– Бо эҳтимоли зиёд аз 6-солагиам.

Ҳамон вақт Умар Темури ҳозира чӣ хел буд?

– Як бачаи ороми думра ва рубобнавизи деҳотӣ. Ором ва дилбохтаи мусиқӣ.

– Ба дасти як кӯдаки 6-сола кӣ думраву рубоб дода буд?

– Падарам. Ӯ низ дилбохтаи мусиқӣ буд, вале дар асл касбаш устои мошин буд.

– Фиттаи тақдиратон солҳои баъдиро чӣ гуна нишон медиҳад?

– Ман дар мактаби деҳа се сол таҳсил кардам. Аз синфи чорумиям ба мактаб-интернат гузаштам. Дар мактаб-интернат шароит беҳтар буд. Роҳбари синфамон маро нағз медид ва аз анбори мактаб дигар асбобҳои мусиқиро ба ихтиёрам мегузошт. Дар он ҷо боз ба дигар асбобҳои мусиқӣ, ба монанди гитара, баян ва ғижак ошно шудем.

– Чӣ хел шуд, ки дигар асбобҳоро гузошта, ғижакро гирифтед?

– Ман ҳанӯз аз синфи панҷумиям мақсад гузоштам, ки ба мактаби мусиқӣ меравам ва вақте ки синфи ҳаштумро хатм кардам, ба шаҳри Душанбе омада, ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи санъат (он вақт ба номи Аҳмад Бобоқулов набуд) супоридам. Аз сабабе, ки бо асбобҳои мусиқӣ шинос ва дар амалия каму беш кор карда будам, маро зуд қабул карданд. Ҳамин тавр, бо роҳнамоии устодон ихтисосам навозандаи ғижак шуд.

– Шумо дар мактаби олӣ таҳсил накардаед?

– Албатта, маълумоти олӣ дорам. Вақте ки коллеҷро хатм намудам, бо роҳхат ва тавсияи коллеҷ ба Инистути педагогии ба номи Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ) ба факултети санъат рафтам. Он ҷо ҳам бо ихтисоси ғижак таҳсил карда, сарбаландона хатм намудам.

– Аз синфи панҷумӣ ғижак навохтан ба ҷуз оне ки ба шумо ному нон дод, боз чӣ дод?

– Ғижак ба ман мактаб ва сабки худамро дод. Ҳоло инро ғижакнавозон медонанд, ки дар навохтани ғижак мактаб ва сабки Умар Темур аст.

Агар санъат намебуд…

– Санъат, яъне чӣ?

– Санъат – истеъдод. Агар истеъдод нест ё ҳасту истифода намешавад, санъат нест.

– Таъсири санъатро ба афкори одамон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Тавре ки санъат ба афкори омма таъсир мерасонад, ягон чизи дигар чунин қудратро надорад. Одамро маст мекунад, ба худ меорад, беҳуш мекунад, ба фикр кардан водор мекунад, фароғат медиҳад, аз худ бехуд мекунад, механдонад, мегирёнад, мерақсонад…

– Шумо дар баробари ғижакнавозӣ кай сурудхониро оғоз кардед?

– Замони бачагии мо авҷи шуҳрати устодон Одина Ҳошим ва Зафар Нозим (руҳашон шод бод) буд. Хоҳ нохоҳ мо бачаҳои навкор ва навроҳ ба онҳо пайравикунон чизе менавохтему мехондем. Оғози сурудхонии ман аз даврони мактаб-интернат буд. Дар он ҷо бо гитара сурудҳои гуногунро замзама мекардаму дар маҳфилҳо баромад менамудам.

– Жанри шумо наът аст. Чӣ гуна ин жанрро интихоб кардед?

– Дуруст мегӯед. Ман солҳои 1971-1972 ба наътхонӣ оғоз кардам. Наътхониям ҳам илҳом аз наътхонии устоди равоншод Одина Ҳошим аст. Он кас бо дард ва бисёр хуб мехонданд.

Қисми дигари эҷодиёти шуморо ғазалсароӣ ташкил мелиҳад

– Бале, акнун равияи мо чунин сурудхонӣ аст: наътсаро ва ғазалсаро. Ман одатан ғазалҳои Бедил ва Ҳофизро мехондаму мехонам.

– Агар гӯем, ки ҳоло наътгӯшкун кам аст, хато мекунем?

– Не, сад дар сад гапатон дуруст аст. Ҳоло таваҷҷуҳи шунавандагон ба дигар жанрҳо ҷалб шудааст, вале ба ҳар ҳол наметавонем бигӯем, ки наът куллан шунаванда надорад.

– Мо шунидем, ки шумо то ҳол сурудҳоятонро дар шакли албоми махсус надаровардаед. Ин дуруст аст?

– Бале. Ман ҳеҷ вақт сурудҳоямро ба шакли албом надаровардаам ва боз ҳеҷ вақт шумораашонро ҳам ҳисоб накардаам. Вале ният дорам, ки дар оянда онҳоро ҷамъ кунам ва ба тартиби муайян дарорам.

– Дар хазинаатон ҳастанд?

– Не, вале ният дорам аз архиви дӯстоне, ки дар солҳои гуногун сурудҳоямро сабту танзим кардаанд, гирам. Сурудҳоеро, ки наёфтам, аз сари нав сабт мекунам.

– Охирин суруди эҷодкардаатон кадом аст?

– Ман яку якбора болои чанд ғазали Мавлоно, Иқбол ва Ҳоқонии Шервонӣ кор кардам. Тавре дар боло гуфтам, барои сабту банду басти онҳо маблағи зиёд даркор аст.

– Агар санъат намебуд, шумо чӣ кор мекардед?

– Шояд ба роҳи забоншиносӣ ё техникӣ мерафатам. Ногуфта намонад, ки ба физика ман бисёр шавқ доштам.

– Агар санъат намебуд, аҳволи ҷомеа чӣ хел мешуд?

– Бе санъат ваҳшигарист. Ҳаёти бе санъат дуздигарист.

Унвон, қадр ва ҳунар

Ҳамон қадаре, ки интизор будеду ҳастед, қадр шудеду мешавед?

– Ман соли 2008 медали Хизмати шоистаи Тоҷикистон гирифта будам ва тавре медонед, медали мазкур барои унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистонро ба даст овардан аст, вале то ҳол унвон нагирифтаам.

– Доштани унвон барои ҳунарманд муҳим аст?

– Ба фикрам он қадар муҳим ҳам нест.

– Он барои шумо ангеза нест?

– Рости гап, фикр мекунам, ки агар унвон надорем, пас ба он лоиқ нестем ва агар арзанда мешудем, аллакай кайҳо сазовор медонистанд.

– Агар аз аввали роҳ медонистед, ки охири санъататон чунин мешавад, дар ин роҳ меҳнату заҳмат мекашидед?

– Асосан, ин ҷо бояд чунин гуфт:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь