Суруд ба руҳия оромӣ мебахшад. Ба ҳамин маъно мусиқӣ ва сурудҳои ҳақиқиро калиди руҳи инсон ҳам гуфтан мумкин аст…
Шукр аз хазинаи маънавии мо фарзандони машриқзамин асарҳои сараи даҳоҳои бузург, олиму уламоҳо, фозилу фузалоҳо ҷой гирифтаанд. Дар соҳаи мусиқӣ ҳам меросҳои бобоии барои ба аҳли ҷаҳон намоиш додан меарзидагӣ-асарҳои ноёб маҳфузанд.
Бешубҳа, дар хонадони шунавандаҳои ҳақиқии суруд тасмаҳои овозҳои ҷовидона ва нотакрори ҳофизон сабтшуда, маҳфузанд.
Мутаассифона, ҳоло аз миллият дур шудан, офаридани мусиқиҳои сатҳӣ ба мисраҳои саҳлангорона ва бемаънӣ оҳанг бастанҳо ба пардаи авҷаш расида истодааст. Ин ҳолатҳои аз талаби замон ё тақлиди кӯр-кӯрона ба халқҳои Аврупо… баромада истода, яъне паҳн шуда истода, фидоиҳои миллатро ба ташвиш наоварда намемонад.
Мо имрӯз бобати ҳамин мавзӯҳо бо санъаткори шинохта Машрабхон Қаландаров суҳбат оростем.
Машрабхон Қаландаров 21-уми апрели соли 1956 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи ба номи Алишери Навоии пойтахт таҳсил намудааст.
Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Дар ансамбли суруд ва рақси «Лола», инчунин солҳои тӯлонӣ дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба сифати яккахон (солист) фаъолият намудааст.
Равияи асосиаш дар сарояндагӣ шашмақом аст.
-Машрабхон-ака, ибораҳои оҳанг, суруд тавъами ҳамдигаранд. Инҳоро аз ҳамдигарашон ҷудо тасаввур намудан мушкил аст. Суҳбати имрӯзаамонро ба ин суханҳо бо таърифи шумо оғоз намоем…
-Инсон ҳаёташро бесуруд тасаввур намуда наметавонад. Ғизои асосии руҳияти инсон ба фикри ман сухани хуб, мусиқии зебо, сурудҳои ҷаззобанд. Руҳият доим ба инҳо дар худ эҳтиёҷ эҳсос намуда, зиндагӣ мекунад. Мегӯянд, ки Худо вуҷуди инсонро аз хок сохта, вақте ба он ворид намудани руҳ най як нолиши ҳазин намуда истода будааст. Акнун вақти тамоми оламу инсониятро дар маҳшар аз нав зинда намуда, ҷамъ карданаш ҳам зоти олӣ ба фаришта Исрофил навохтани сурро мефармудааст. Тасаввур намоед… Ҳам ибтидо, ҳам интиҳои ҳаёт бо оҳанг оғоз шуда, бо оҳанг анҷом шуда истодааст…
Яъне инсонро дар ин дунёи фонӣ бидуни оҳанг, суруд тасаввур карда намешавад. Ба суруд ҳам таърифи гуногун медиҳад. Ба назарам он ба маҳзун-маҳзун тапидани қалб монанд аст…
– Солҳои зиёдест, ки ба мухлисон қатор–қатор сурудҳои аҷоиби равияи мақомро ҳадя намуда истодаед. Сабаби роҳи сурудхонии мумтозро интихоб намудани Шумо чист?
– Дар дунё ҳеч чиз худ аз худ намешавад ё худ ҳодисаи бесабаб нест. Қабл аз ба ин савол ҷавоб гуфтан, дар бораи муҳити маро бузургнамуда сухан гуфтанам рост меояд.
Бобои раҳматии мо Қаландархон эшон писари Офоқхӯҷа эшон аз инсонҳои хеле бузург ва дар тақвою ибодат беназири Душанбе буд. Он кас вақтҳои донишгоҳи санъатро хатм намуда истоданам дар 94-солагӣ аз дунёи фонӣ реҳлат намуданд. Тезии нафасашон дар ин тараф дар Бадахшону Хатлон, дар он тараф дар Бухорою Самарқанд ва водии бузурги Фарғона овоза буд. Бисёр одамони ба пойтахтамон ба меҳмонӣ омада, дар иштиёқи гирифтани дуои бобои мо ба хонадонамон ташриф меоварданд. Хусусан ҳофизони калон-калони худамон ва Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов, Ҷӯрахон Султонов, Маъмурҷон Узоқов, Қувондиқ Искандаров, Отаҷон Худойшукуров, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷоновҳо вақти бо сафари эҷодӣ омадан албатта, дар хонаи мо меҳмон мешуданд. Ҳамон вақт то субҳ суҳбатҳо, иҷрои сурудҳои мумтоз ба авҷаш мебаромад. Ана ҳамин нишастҳо, суҳбатҳои ҷоноҷону дилкаш маро мафтун намуда, дар дилам нисбати санъат завқу шавқ пайдо мешуд. Бобои мо ҳам сурудро аз ҷону дил дӯст медоштанд. Аз Худо агар фарзанди писар диҳад, ҳофиз шуданашро хоста будаанд.
Амакамон Бобохон эшон ҳам овози Худодод доштанд. Падарамон Гадойхон эшон (номи аслиашон Файзуллохон) баъзан бо ғурур вақти шунидани сурудҳоям: «Дуои падари раҳматии мо иҷобат шуд, шукри Худо»,- мегӯянд. Аз ин суханҳо ман олам-олам завқ мегирам. Рафта-рафта шабҳои сурудхонии хонаи мо ба руҳияти ман кӯчидагӣ барин шуд. Ба даст дутор гирифта, ба замзама намудани сурудҳо оғоз кардам. Фикр менамоям, ки сабаби асосии равияи мақомро интихоб карданам ҳам аз таъсири ҳамин муҳит аст.
– Мақом ҳам дар навбати худ якчанд самтҳо дорад. Чаро Шумо асосан мақомҳои Хоразмро месароед?
– Мақомҳои Хоразм дар асл як навъи ба худ хоси маҷмӯи мақомҳо мебошанд. Шакли то ба мо расида омадааш шашмақом, асосан аввалҳои асри 19 шакл гирифтааст. Ба намояндаҳои бузурги мақоми хоразм Ниёзҷон Хӯҷа, Комил Хоразмӣ, Ферӯз ва Комилҷон Отаниёзовҳо, пас аз онҳо ба Отаҷон Худойшукуров, Ортиқ Отаҷоновҳо ихлосам баланд аст. Шояд ин равия меваи ҳамин ихлос бошад…
– Ҳозир иллатҳои бади дар тӯй, иду базмҳо ба чашм бармало намоён шудаистода ин аст, ки аз классика тамоман дур будани ҷавонон, ба матнҳои сатҳӣ мусиқии аз эстрадаи хориҷ дуздидашударо часпонда истодаанд. Муносибататонро нисбати эҷоди ҷавонон ва чунин ҳолатҳо донистан мехостам...
– Дар дунё ҳар як миллат соҳиби урфу одат ва санъати милли худ аст. Ба назарам аз миллат дур шудани миллият ин фоҷиа аст. Дуруст, ҳама чизро тағйир додани вақт, давр мумкин аст. Шояд ҷойҳои даркории баъзе анъанаҳои миллати дигарро ба сифати намуна гирифтан мумкин бошад. Аммо кӯр-кӯрона, пурра истифода намудан мувофиқ намеояд. Мутаассифона, ҷавонони мо ба ин чиз хеле майл намуда истодаанд. Чуноне гуфтед, дар тӯйҳо сарояндаҳои аз мусиқиҳои «дуздидашуда», шеърҳои сатҳӣ истифода менамудагӣ пур шуданд. Боз таассуфовараш ин аст, ки мусиқиҳо ба воситаи таҷҳизоти техникӣ сабт намуда, дар тӯйҳо истифода мешаванд ва ба он «ҳофизон» матн гузошта месароянд. Ҳатто бисёриашон навохтани асбоби мусиқиро ҳам намедонанд. Инро чӣ хел шарҳ додан мумкин аст?
– Ба фикри Шумо барои пешгирии ин чӣ гуна чораҳо андешидан даркор аст?
– Санъаткор будан аз шахс аввало истеъдод, пасон заҳмати пайвастаро талаб менамояд. Дуруст, миёни ҷавонони ҳозира бисёр соҳибони овози ширадор ҳастанд. Тарбияи онҳоро аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ оғоз ва дарсҳои сурудро ҳоло пурра дар асоси барномаи миллӣ таҳия намудан даркор аст. Дар ин ҳолат ҷавонҳои ба санъат лаёқатдошта аз муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ба пойдевори пухта соҳиб мешаванд ва дар оянда роҳи худро ба қадри имкон зуд меёбанд. Қаблан ҳам мусиқӣ, ҳам шеърҳо аз санҷиши сахт гузаронда мешуданд. Ҳоло-чӣ? Баъзеҳо худашон ҳам шоир, ҳам оҳангсозанд. Аз сабақи устодони бузург бехабаранд. Умри иморати бе пойдевор кӯтоҳ мешавад…
– Биёед, боз ба ҳаётатон баргардем. Дар бораи устодонатон чанд сухан мегуфтед…
– Пас аз хидмати ҳарбӣ баргаштанам ба шаҳри мо ҳофизони шинохтаи ӯзбекистонӣ Қувондиқ Искандаров ва Олмахон Ҳайитова ташриф оварданд. Шаби ба зиёрати бобои мо омадан боз то субҳ ғазалхонию сурудхонӣ шуд. Ҳамон вақт бобои мо: «Дар мо ҳам набераи мисли шумоён хоҳиши ҳофиз шудан дошта ҳаст. Ба шумоён ҳавас намуда, сурудҳоятонро хондагиаш хондагӣ. Як намешунавед?!»-гуфтанд. Ҳофизон маро бо шодӣ истиқбол гирифтанд. Ман ҳамон вақт назди кошифони санъат бо ҳазору як истиҳола мухаммаси Огаҳиро ба «Этмас» (мазмуни «Этмас» ба тоҷикӣ «Намекунад» аст) ном ғазали Навоиро сурудам. Он ин тавр оғоз мешуд:
Фалакким яхшилар базмида қадримни баланд этмас,
Даме йӯқким ямонлар мажмаида мустаманд этмас…
Баробари сурудро анҷом бахшиданам ҳофизон ба ман фотиҳаи сафед доданд. Ҳофизони номашон дар боло зикршударо ба худам устод медонам. Аз сарояндаҳои маҳбуби халқамон Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Бурҳон Муҳаммадқулов, Абдуназар Ҳасанов розҳои нозуки санъатро омӯхтаам. Дар ин ҷода ба чӣ қадар муваффақиятҳо ноил шуда бошам, барои ҳамааш аз устодонам миннатдорам.
– Ибораи муҳаббат ба Ватанро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Ватан, маскани хуни ноф рехта-ин хеле ҳам муқаддас ба ҳисоб меравад. «Дӯст доштани Ватан аз имон аст»,-беҳуда гуфта нашудааст. Меҳри хоки Ватан бо ҳеч чиз қиёс карда намешавад. Зеро чуноне шоир гуфтааст:
Мен шубҳа қиламан лоқайд одамнинг,
Қаҳрамон номини олганлигига.
Мен шубҳа қиламан Ватан туйғуси,
Бӯлмаган одамнинг одамлигига.
Соли 1989 маро ба шаҳри Тошканд даъват намуданд. Ҳамон вақтҳо намоиши барномаи «Дӯст билан обод уйинг» («Хонаат бо дӯст обод аст») буд. Тайёрии хуб дида рафтам. Равам, дар студия Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Фахриддин Умаров (Худо биомурзадаш) нишастаанд. Дар намоиш он кас ғазали Фузулӣ «Этмасмидим» (Тарҷумааш «Намекардам-мӣ»)-ро бо маҳорати хуб иҷро намуданд. Монандии аҷоибро бинед, ки ман як ғазали Нодираро айнан дар асоси ҳамин оҳанг ба забони тоҷикӣ тайёр карда, рафта будам. Аз ин ҳама хурсанд шуданд. Пас аз намоиш Раиси Комитети давлатии Радио ва телевизион маро ба ҳузураш даъват намуда, «Машрабхон, ба Тошканд намеоед? Ҳамаи шароитҳоро ба Шумо муҳайё менамоем…»-гуфтанд. Ман бошам, барои ҳамаи илтифотҳо миннатдорӣ баён намуда, ба Ватан баргаштам. Пас аз ба хона баргаштан, дар ин бора бобати аз Душанбе кӯчида рафтан ҳатто фикр ҳам накардам. Сабабаш ин аст, ки муҳаббат ба Ватан барои ба он тарафҳо рафтанам роҳ надод…
– «Шавқи дидор» ном аввалин албоматон аз тарафи мухлисон бо як олам шодӣ истиқбол гирифта шуда будааст…
– Агар бо ҳамин дастагули сурудҳои хоксорона ба қалби шунавандаҳо ҳаяҷон ворид намуда бошам, худамро хушбахт меҳисобам. Дар ҳақиқат, ин албом ҳамчун самараи ҷустуҷӯҳои эҷодии бисёрсола ба дунё омад. Дар он сурудҳои бо шеърҳои суханварони бузург, Лоиқ Шералӣ, Меҳмон Бахтӣ, Воситзода, Собир Султон, Аъзам Сидқӣ, Ӯлмас Ҷамол ҷой гирифтаанд.
– Дар бораи шогирдонатон мегуфтед…
– Ман аз даъвои устодӣ намудан дур ҳастам. Худам ҳоло ҷустуҷӯ намуда истодаам. Ҳамеша нисбати панди устодон дар худ эҳтиёҷ эҳсос менамоям. Аммо, шукри Худо чизҳои донистаамро ба қадри имкон ба ҷавонҳо меомӯзонам. Ҳар дафъаи устод гуфта, оғӯш кушода, ҳолпурсӣ намудани Артисти халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев сарам ба осмонҳо мерасад. Шавкат Бадалов, Шарофиддин Содиқов барин бисёр сарояндаҳои ҷавон зуд-зуд омада, маслиҳатҳо мегиранд.
Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ