Журналистика. Бо овардани ин вожа дар тахайюли одам чаҳоне менамояд пур аз шебу фароз, оламе пур аз асрор, каҳрамониҳои бешумор. Ин олам каҳрамонҳои зиёди худро дорад. Аслан, ба назари ман, ҳамчу як навкор дар ин ҷода, ҳар касе ин касбро пешаи худ мекунад, каҳрамон аст. Занҳои қаҳрамони ин майдон бошанд, зиннатдиҳандаи ин оламанд. Хело аҷиб аст, дунёи онҳо.

Зан – модарро асосан ҳама ҷинси заиф мехонанд, аммо каҳрамонзанҳои ин касби пуршараф ҳам кам нестанд. Чун як духтар,  ба ман хело аҷиб буд дунёи ин каҳрамонзанҳо.

Боре устод Бахтиёр Қутбиддин вазифа доданд, ки бо нафаре аз пирони журналистика мусоҳиба ороям. Аммо мулоҳизаҳо оид ба ҳаёти занон дар ҷодаи эҷод маро водор сохт, ки ин мусоҳибаро аз як журналистзан бигирам. Бо ин ният ба назди бонуи пуртакопуву заҳматнописанди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллима Моҳира Сафарова рафтам.

Муаллима Сафарова яке аз беҳтарин устодони факултет ҳастанд. Ҳама он касро дӯст медоранду эҳтироми зиёд нисбаташон қоиланд. Аз мусоҳиба бо як бонуи рӯзноманигор ва устоди рӯзноманигорон бисёр хушҳол шудам ва бардоштҳои зиёд ҳам барои худ гирифтам. Ва инак андешаҳои ҷолиби он касро пешкаши хонандагон менамоям.

– Муаллимаи азиз, нахуст мегуфтед, ки аз диди Шумо  эҷод чист?

– Эҷод офариниши зебои эҷодкор аст, ки аз қалби эҷодгар баромада, ба дили омма ҷой мегирад.

– Пас, бигӯед, ки эҷодкор кист?

– Эҷодкор нафарест доимо дар пайи ҷустуҷӯ ва офариниш; дунёи худ ва дигаронро бо эҷодаш рангину зебо мегардонад.

– Журналистика аз назари Шумо чист?

– Журналистика олами рангини иттилоот, ки соҳибкасбро доимо ба ҳамқадами замон будан талқин менамояд. Журналистика махзани дониш, фаҳмиш, иттилоот, навгонӣ…

– Журналист кист ?

– Журналист яке аз нафарони хушбахтест, ки пайваста рушду нумуъ меёбад, аммо  ба шарте ки журналисти воқеӣ бошад.

– Кӣ журналист шуда метавонад?

– Нафаре, ки дар байни одамон мавқеи худро ёфта, ҷасорати боақлона нишон дода тавонад. Инчунин, ба таҳаввулоту тағйирот худро мутобиқ карда, ҳамдарду ҳамрози одамон бошад. Ана ҳамин шахс журналист шуда метавонад.

– Кадом журналист муваффақ аст ?

– Журналисте, ки касби худро хуб медонад ва амал менамояд, диди нав дорад, ба масъала аз чанд равзана назар карда метавонад.

– Кадом мавзӯъ барои журналист калидиву меҳварӣ аст?

– Мавзӯъҳое, ки аҳамияти иҷтимоӣ дошта, то ҳадде барои бартараф намудани проблемаҳои мавҷуда мусоидат  мекунанд.

– Журналисти матбуот ва журналисти телевизион. Байни  ин ду чӣ  фарқ аст?

– Аслан, фарқияти зиёд мавҷуд нест, аммо ҳар кадом вижагиҳои худро доранд, ки он дар тарзи пешниҳоди мавод дар форматҳои гуногун зоҳир мегардад.

– Феълан журналист дар ҷомеа чӣ нақш дорад ?

– Нақши журналист дар ҷомеаи имрӯза беш аз пеш аст. Ҷаҳонро имрӯз иттилоот идора мекунад. Офарандаву пахшкунандаи иттилоот маҳз ҳамин журналистонанд.

– Хиёнати журналист чист?

– Хиёнати журналист – хиёнат ба ҷомеа, хиёнат ба хушбахтии худ.

– Хизмати журналист аз чӣ иборат аст?

– Хизмати журналист дар пуштибонии халқ зоҳир мегардад ва  набояд он “хизмати хирсона”, балки софдилонаву бовиҷдонона бошад .

– Чаро журналистон сарватманд намешаванд?

– Баръакс, журналист сарватмандтарин инсон аст, зеро ӯ бо силоҳи сухан ва иттилооти тозаву воқеӣ мусаллаҳ аст. Огоҳӣ аз вазъи замону дарки он барои инсон худ сарвати бебаҳост.

– Дар мавриди мутолиа ва ҷаҳонбинии  журналист чӣ андеша доред?

– Яке аз махсусиятҳои асосии касби журналист дар он аст, ки ӯ доимо дар андешаи мутолиа ва васеъ намудани ҷаҳонбинии худ аст. Албатта, ин боиси садрнишинӣ ва эҳтиромаш дар ҷомеа мегардад .

– Журналистро шахси дурбин мегӯянд. То чӣ андоза ин андеша воқеист?

– Бале. Дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, таҳлилҳои мантиқӣ  журналистро дурбин мегардонанд.

– Дирӯз, имрӯз ва фардои журналистика. Чӣ гуна  ин серо ташхис метавон кард?

– Журналистика бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, аммо вазифаҳои аслии худро аз даст намедиҳад: иттилоъ ва таъсиррасонӣ, тарбиявию фароғатӣ… Гарчанде падидаҳои замон, аз ҷумла, фаъолияти блогерӣ ва журналистикаи шаҳрвандӣ аз як нигоҳ чун таҳдиде барои нестшавии журналистикаи касбӣ ба шумор равад ҳам, аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки журналистикаи касбӣ дар ҷомеаи имрӯза мавқеи  устувор дорад.

Ташаккури зиёд барои як сӯҳбати самимӣ, муаллимаи меҳрубон!

– Саломат бошед.

Сӯҳбаторо Дилноза ҲИКМАТУЛЛОЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь