Шоми 18-уми сентябри соли равон дар Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, дар пояи пайкараи Одамушшуаро маҳфили ҷашнии “Ҳамешабаҳор” баргузор шуд. Ин маҳфили суханварон чиҳил сол аст, ки фаъолият мекунад ва охирин ҳамоиши он ҳам ба муносибати ҷиҳилсолагии маҳфил буд. Дар зер суҳбати Раҳима Аъзам бо шоири шинохта Хайрандеш меояд, ки дар ҳошияи ҳамин нишасти ҷашнӣ сурат гирифтааст.

 – Аз таъсиси маҳфили Ҳамешабаҳор” чиҳил сол гузашт. Умри як ҷавоне, ки ба синни камолот расидааст. Тасаввур мекунем ҳатто суҳбат атрофи ин чиҳил сол ҳам мушкил бошад, чун роҳҳо тахту ҳамвор набуданд. Магар не?

– Рост. Маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро 5-уми сентябри соли 1981 дар хонаи хурдакаки иҷораам таъсис дода будам. Азбаски ин маҳфил бо завқи хоса асос ёфт, мушкилҳои давоми 40 солро, ки зиёд буданд, бо шавқу шӯре, ки доштем, ҳал кардем. Он шавқ ҳоло ҳам гум нашудааст, бештар шудааст. Яъне он чӣ дил мехост, кардем. Мавлоно Ҷомӣ як байт дорад ба ин маъно, ки агар шавқ бошад, куҳҳои дар пешат истода ба мисли реганд. Барои ҳамин мушкилот дар назари ман ҳеҷ метофтанд, дар назди шавқе, ки дар ин маҳфил доштам. Аввалин иштирокчиёни маҳфил дар хонаи иҷораам Шоири халқии Тоҷикистон Салими Хатлонӣ, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Камоли Қурбониён, шоир Абдулқодири Раҳим, набераи шоир Сайдалӣ Вализода Фарҳоди Аброр буданд. Фарҳоди Аброр одати аҷиб дошт. Як дафтари бузург дошт бо номи “Адолатнома”, шеърҳояшро менавишт. Як дубайтияш то ҳанӯз ёдам ҳаст:

Адолат, мекунам ҷонро фидоят,

Худамро мекушам дар пеши поят.

Адолатҷон, бигӯ, як бӯса додан

Ягон мушкилӣ дорад бароят?

Тасаввур кунед, донишҷӯи соли дуввум бо чунин завқ шеър мегӯяд.

Хотираҳо аз он рӯзҳо зиёд аст. Ин маҳфилро ба хотири як мисраи устод Бозор Собир таъсис дода будам. Дар он вақт се нафар: устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ як инқилобе дар шеър ба вуҷуд оварданд. Дар он замон ҳар кас ба шеъру шоир эҳтиром дошт, завқ дошт, ба дидани ин шоирон ҳавас доштанд. Ва мо низ рӯзе бесаброна дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро интизор будем. Вақте онҳо аз дар даромаданд, ҳама аз ҷо баланд шудему бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвозашон гирифтем. Онҳо бо қарсакҳои бардавоми мо ба саҳна баромаданд, вале кафкӯбиҳои мо хомӯш намешуд. Бисёр хотирмон буд он маҳфил ва дар ҷараёни он устод Бозор Собир гуфтанд, ки ҷавонони навқалам шеър хонанд. Ростӣ дар ин хел маҳфилҳо шеър намехондам, чун бовар надоштам, ки шеърҳоям хубанд. Камоли Қурбониён, ки он вақт Камоли Абдураҳим буд, шеър хонд:

Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,

Оламе бо шеъри худ оростанд.

Ӯ донишҷӯи соли аввал буд. Устод Бозор Собир аз шеърҳои Камоли Қурбониён ба ваҷд омада, гуфтанд, ки шеърҳои баъзе шоироне, ки аз деҳот омадаанд, мисли харбузаи лалмӣ ширин аст. Ва ин ду мисраи шеърро мисол оварданд:

Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,

Гар об бихоҳӣ, дили Кӯлоб биё.

Ин мисраъҳо аз як рубоии Камоли Абдураҳим буд. Ин қадар баҳои баланд гирифт дар шеърнависӣ, вале вақте ба журналистика ворид шуд, муддати муайян шеърро канор гузошт. Ба шунидам ҳоло боз ба шеър рӯ овардааст. Дар шеър завқи баланд дошт, дар журналистика ҳам комёбиҳои назаррас ба даст овард.

Дар дилам шавқе пайдо шуд, ки 4-5 шоири маҳал ҷамъ шавему маҳфил ороем. Ин маҳалчигӣ нест, маҳалдӯстист. Баҳои устод Бозор Собир ба шеъри Камоли Қурбониён сабаб шуд номи маҳфили нахустинамро “Дили Кӯлоб” гузорам. Дар гӯшам он вақт чӣ қадар гӯшнавоз расида буд “Дили Кӯлоб”. Мо бачаҳои кӯлобӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе, дар давоми 2-3 сол дар хонаи кирояам ҷамъ омада, маҳфилро бисёр хотирмон мегузаронидем. Абдулқодири Раҳим ғайр аз он ки шеърҳои хуб мегуфт, бисёр хати зебо дошт. Ба ғайр аз ман хати ҳама узви маҳфил зебо буд (механдад). Абдулқодири Раҳим ба сабки хоси худаш менавохт ва суруд мехонд, рубоби миллии тоҷикиро тарзе менавозад, ки дар ягон ҷо надидам. Фарҳоди Аброр ҳам бо сабки кӯлобӣ бисёр хуб менавохт ва овози фораму ширин дошт. Суҳбатҳоямон суруд буду шеърхониву таҳлили шеър, дилгиркунанда набуд. Тавре, ки наврасон маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро бесаброна интизор мешаванд. Мо низ бетоқатона дар интизори рӯзҳои шанбе мемондем.

Хотироти дигари маҳфил: устод Салими Хатлонӣ бисёр ҳусни хати зебо дошт, дар дафтарҳояш шеърҳояшро менавишт. Орзуву шавқи беандоза дошт, ки дар Донишгоҳи умумиҷаҳонии адабии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскав таҳсил кунад. Дар он вақт танҳо шоири тавоно Искандари Хатлонӣ ин даргоҳи муқаддасро хатм карда буд. Ба ӯ гуфтам кумак мекунам ва назди Меҳмон Бахтӣ, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафтаму хоҳиш кардам, ки барои таҳсил дар Маскав ба Салими Хатлонӣ мусоидат кунед. Як донишҷӯ барои донишҷӯи дигар талош кард. Гуфтам Салим истеъдоди баланд ва ҳаваси идомаи таҳсил дар донишгоҳи Горкийро дорад. Он кас, ки инсони шарифанд, сухани маро дар замин намонданду сабаб шуданд Салими Хатлонӣ шарафи дар донишгоҳи Горкий хонданро пайдо кунад. Яъне аз нахустин маҳфил дастовард доштем. Гарчанд аксарият онро ҳамчун маҳфили хонагӣ қабул мекарданд, лекин он маҳфили хонагӣ самараҳои бисёр зебо дорад.

– “Ҳамешабаҳор” дар ин чиҳил сол роҳи тӯлониро тай кард. Ҳатто ба ченаки масофа ҳам: дар Душанбе таъсис шуду дар Кӯлобу Рашт идома ёфт, дар Бохтар рушд карду ҳоло боз дар Душанбест. Ва мисли як маҳфили сайёр аст, ки қариб дар ҳар гӯшаи хоки кишвар баргузор шудааст. Ҳадафи ин маҳфил дар аввал чӣ буду ҳоло чист?

– Дастгирӣ, гирд овардан ва баҳси зебои навқаламони ҷавон дар атрофи шеър. Аз аввал як ҳадаф доштем, ҳоло ҳам ҳамон ҳадафро думбол дорем. Фақат тарзи гузаронидани маҳфил чандин маротиба тағйир ёфт. Дар водии Рашт, Нуробод ва Ғарм муаллим будам. Дар ин мактабҳо баъди дарсҳо маҳфил мегузаронидам. Дар Кӯлоб чанд бор тарзи гузаронидани маҳфил тағйир ёфт, дар Бохтар низ. Шакл гирифта омаду ҳозир шакли асосияшро пайдо кард. Нақша дорам сенарияи гузаронидани маҳфилро муҳокима намуда, дар нашрияи “Пайрав” ба чоп расонам, дар тамоми ҷумҳурӣ аъзои маҳфил худашон гузаронанд. Дар дунё кӣ ҳасту кӣ не, сенария боқӣ монаду мардум аз рӯи он маҳфил гузаронанд, шеър таҳлил кунанд.

– Солҳо худ хотираанд. Ҳоло биёед ба ёд оред, ки дар кадом шароите аввалин маҳфилҳои шумо баргузор мешуданд?

– Хонаи иҷораи ман як ҳавлии хурд дошт. Ду хонаи дарунӣ, ки соҳибхона зиндагӣ мекард ва як хоначаи хурдакаки се ба се. Ин ҳуҷраи хурд ба назарам хеле зебо менамуд, зебо қабул карда будам. Маҳфилро дар ҳамон хона мегузаронидем. Хубии кор ин буд, ки соҳибхона апаи Гулсара ҳар рӯзи шанбе хӯрокҳои дӯстдоштаи моро мепухт. Дар идома ёфтани маҳфил дар давраи донишҷӯӣ саҳми апаи Гулсара низ ҳаст.

– Маҳфилдорӣ осон аст? Бахусус дар ҳамин шароиту замон?

– Маҳфилдорӣ бароям дар ҳар давру замон осон аст, вақте шавқ аст, чуноне гуфтам, куҳҳо дар назарат мисли рег метобанд.

– Ҳар маҳфили Ҳамешабаҳор” ҷоизаҳо дорад, ки то ҷое гаронарзиш ҳам ҳастанд. Агар махфӣ набошад, сармоягузори он кист?

– Дар ҳар маҳфил ҳадди ақал 6-нафарӣ 300 сомонӣ ва шоҳҷоиза 1000 сомонӣ мегиранд. Ҳолатҳое мешуд, ки телефонҳои 1000-сомона ва дар шоҳҷоиза телефонҳои 1500-сомона медодем. Лаҳзаҳое буд, ки телефонҳои 1500-сомона ва дар шоҳҷоиза компутар туҳфа кардем. Дар аввалҳо ба нафарони дорандае, ки ба шеъру шоир, адабиёт ва банда эҳтиром доштанд, муроҷиат мекардам, ки сармоягузорӣ кунанд. Дар ибтидо дастгирӣ мекарданд маҳфилро. Ҳоло сарпарасти доимияш шоир Ниҳонист. Ӯ ба адабиёт бисёр алоқа дорад ва шеър мегӯяд. Ҳатто шеърҳояш дар наврасӣ дар рӯзномаҳо нашр шудааст. Як муддат аз сабаби масъулияти зиёд доштанаш шеърро раҳо намуд, ҳоло ҷиддан ба ин кор машғул аст. Бо дастгирии чунин сарпарастон маҳфил равнақи бештар меёбад. Аксари ширкатдорони маҳфил фарзандони камбизоат ҳастанд. Ин наврасон шодиву ифтихор мекарданд, ки соҳиби шоҳҷоиза шуданд.

– Аз ҷумлаи қаламкашони имрӯз касони зиёдеро медонем, ки худро дастпарварони мактаби Ҳамешабаҳор” медонанд. Дар ин чиҳил сол киҳо ба маҳфил омаданду киҳо рафтанд?

– Фавҷи фаровони эҷодкорон меомаданду мерафтанд. Як қисмашон дастпарварони ин маҳфил, қисмати дигар чун устод меомаданду маслиҳат медоданд, таваҷҷуҳ доштанду фаъол буданд. Ҳамчунин дар таҳлилҳо иштирок мекарданд. Ҳоло аз ҳамон иштирокчиёни маҳфил 51 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва як нафар – Озар Салим Шоири халқии Тоҷикистон.

– Қариб дар ҳама мавзуҳо шеър сурудед. Ё мавзӯе ҳаст, ки роҷеъ ба он шеър нагуфтед?

– Ҳаёт беинтиҳост, фазо беинтиҳост, зиндагӣ беинтиҳост. Мавзуҳо низ интиҳо надоранд, сухан ҳазор паҳлу мегардад. Агар дар як мавзуъ ҳазор кас ҳам сухан гуфта бошанд, метавонӣ ба тарзи худат сухан гӯӣ. Сухан ҳам як муъҷизаи илоҳист. Худи инсон муъҷиза аст. Ин қадар одам бисёр аст, ба ҳамдигар монанд нестанд. Як барги дарахт ба дигараш монанд нест. Агар ҳазор кас сухан гуфта бошад ҳам, боз як сухани нав гуфта мешавад. Аз гап гап мебарояд. Суханҳоро хонӣ, боз сухани нав меёбӣ. Зиндагӣ воқеоту ҳодисоти зиёд дорад, сухан ҳам меафзояд. Фирдавсии бузург вақти “Шоҳнома”-ро оғоз кардан гуфта буд:

Сухан ҳарчӣ гӯям, ҳама гуфтаанд,

Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.

Лекин боз “Шоҳнома” гуфт. Тарсидан даркор нест, ки мавзуъ пайдо мешавад ё не. То вақте ҳаёт ҳаст, мавзуҳо зиёданд. Аммо масъала ин аст, ки чӣ тавр гӯӣ, кай гӯӣ, ки аз дил барояд, ба дил нишинад.

– Соли 2006 дар шеъри “Тоҷиксолор“, хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтедКоре бикунАндар ватан ихтироъ афзун шавад”. Ин орзуятон амалӣ шуд?

– Он вақт пас аз ҷангҳои зиёд Ватан нав рушд мекард ва роҳбари кишвар мардумро дастгирӣ мекард, барои ободии Ватан мекӯшид. Дар самти маориф, фарҳанг ва соҳаҳои гуногун пешравиҳо эҳсос мешуд. Як силсила рубоиҳо навиштам, ки тамоми бунёдкориҳои Пешвои миллатро дар бар мегирифтанд. Якеш ҳамин шеър буд. Мебинӣ, ки дигар кишварҳо ихтирооти зиёд доранд, ихтирооти дигар кишварҳо моро фаро гирифтааст, мо дар рӯзгорамон аз онҳо истифода мебарем. Барои чӣ миллати мо ихтироъ накунад?

Пешвои миллат имрӯз ба пешравии илмҳои дақиқ, хоса ихтироъкорӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳар замон ихтирооте ба амал меояд. Мешунавем, ки касе чизе ихтироъ кардааст. Масалан дар Панҷакент хонандаи мактаб тракторе ихтироъ кардааст, ки дар хоҷагии қишлоқ ба тарзи ҳаёти мардум мусоидат мекунад. Бинед, аллакай наврасон ба ихтироъ ҳавас пайдо кардаанд, ки ин аз ояндаи рушани миллат дарак медиҳад.

Бо имову ишора зиёрати Мавлоно рафтаму бо имову ишора омадам

Дар шеъре номи Аҳмадшоҳи Масъудро овардед. Шинохти шумо аз Аҳмадшоҳи Масъуд то куҷост? Оё мо Аҳмадшоҳи Масъуд дорем?

– Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони миллии тоҷикони ҷаҳон аст. Рамзи қаҳрамонист, ки ҳар тоҷик вақте бо тоҷик буданаш ифтихор кардан мехоҳад, Аҳмадшоҳи Масъудро пеши назар меорад. Аҳмадшоҳи Масъудро ҷаҳон мешиносад. Як нақлаш аз ёдам намеравад: “Ман ҳеҷ гоҳ гиря накардам, чун гиря мекардам, Афғонистонро аз даст медодам. Вале як бор натавонистам ашкамро нигоҳ дорам. Замоне буд, ки таҳти фишори сахти душман қарор доштем ва бидуни ғизо ва либоси гарм ба сар мебурдем. Рӯзе берун аз қароргоҳ рафтам ва занеро дидам, ки кӯдакеро дар бағал дошт. Кӯдак аз бағали модараш поён омад ва рафт тарафи буттае. Алафашро барканд ва решаҳои пур аз хокашро хӯрдан гирифт. Тарсидам, ки модар ба тарафи ман фарёд мезанад ва мегӯяд: “Ай хок ба сарат Масъуд, бо ин ҷангҳоят”. Вале модар ба кӯдакаш гуфт: “Бихӯр писарам, боке надорад. Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Бидуни ихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Сахт гиристам”… Акнун худатон Аҳмадшоҳи Масъудро бишносед.

Вақте бори аввал ба вилоятҳои Қундуз, Сари Пул, Самангон ва Балх рафтам, шеърам “Салом Афғонистон” эҷод шуд. Он вақт Афғонистон осоиштатар буд.

– Соле қабл сафари Туркия доштед ва бе тарҷумон то оромгоҳи Мавлоно рафтед. Мушкил набуд?

– Ҳамон ҷо ҳам шавқ ғалаба кард. Мо 10 рӯз дар шаҳри Истамбул будем ва аз чанд рафиқи тоҷикам хоҳиш кардам, ки ба зиёрати Мавлоно равем. Гуфтанд, ки роҳ дур, аз Истамбул 600 километр аст. Автобус дар давоми 9 соат меравад. Шавқи зиёрати Малоно тарсро аз дилам берун бурд. Ҳол он ки, Туркия ҷоест, ки агар танҳо бошӣ, забонро надонӣ, хатари ба Сурия ё ягон ҷои дигар равон карданат ҳаст.

Бим чун банд аст андар пои ту,

В-арна сад сел аст дар дарёи ту.

Аз Умарҷон, тоҷики муқими Истамбул хоҳиш кардам дар гирифтани чипта мадад кунад, ҳамроҳ то терминол омадем, чипта гирифтаму ба автобус нишастам. Дар паҳлуи ман марде нишаста буд, соат 9-и шаб буд, аз шавқи тамошо фақат ба берун менигаристам. Азбаски забонро намедонистам, ягон ишораи суҳбат ҳам бо ҳампаҳлуям накардам. Ҳушу ёдам ба тамошои деҳаву манзараҳои зебои роҳ, гузашти 9 соатро ҳис накардам. Дар автобусҳои Туркия сари чанд вақт қаҳва, шарбат ва ширинӣ меоранд, ки зиқшавиро намедонӣ. Соати 6-и субҳ ба шаҳри Қуния расидам, қадамамро ба замини он гузоштам, ки азони субҳро доданд. Дасту рӯ шустаму назди таксӣ рафтам. Ба ронанда бо талаффузи туркҳо гуфтам: “Мавлане”.

– Мавлане?- пурсид ронанда.

Бо ишора тасдиқ кардам.

Дар тамоми Туркия Мавлоноро Мавлане мегӯянд. Фақат як калима гуфтаму хомӯшона то мақбараи Мавлоно шаҳрро тамошо карда рафтам. Ба дидори Мавлоно расидам, хурсандиямро худам медонаму Худо. Он қадар барвақт расидам, ки дарвозаи зиёратгоҳро накушода буданд. То соати 8, яъне қариб 2 соат фурсат доштам, шаҳрро тамошо кардам. Гирди марқади Мавлоноро чанд бор чарх задам, то хурдтарин ҷузъиётро тамошо кардам. Дар самти рости он гӯристони қадимии шаҳри Қуния будааст, онро тамошо кардам. Хулоса, 2 соат чӣ гуна гузашт, бехабар мондам. Соати 8 дарвозаро ба рӯи зиёраткунандагон кушоданд. Ҳатто дар як ошхонача хӯрок хӯрдам.

– Чӣ хел? Забонро намедонед-ку!

– Бо имову ишора (механдад). Бо даст ғизоро нишон додам ва пешхидмат овард. Худаш мегӯяд-ку – “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”. Ин мисраъ ҳамеша дар ёдам буд. Ҳамроҳи касе суҳбат накардам, зеро забонашонро намедонистам. Зиёрат кардаму намоз хондам. Мақбараи Мавлоно мисли мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бузург аст, вақте аз дарвозаи мақбара ворид мешавӣ, ҳама ҷо садои най аст, куҷое меравӣ, садои най шунида мешавад. Бо имову ишора рафтам, бо имову ишора омадам (механдад).

Вақте бузургонро мехонам, аз шоири миёна гуфтан ҳам шарм мекунам

– Шеъре доред бо номи “Туҳмат“. Гирифтори туҳмат шудаед?

– Ин дигар туҳмат аст. Солҳои ҷанги бародаркушӣ бисёр одамон аз рӯи туҳмати ноҳақ кушта шуданд. Вақте медидам чӣ қадар одамони бузург нест шуданд, дилам хун мегирист. Яке аз онҳо шоири маъруф, ки барои Вахшонзамин ҷонашро дареғ надошта буд, то рафтани мо ба он ҷо маҳфилҳои он ҷо обод буд, Пирумқул Сатторӣ буд. Худамро шогирди он кас мепиндорам, зеро авалин шеърамро дар ҳафтанома нашр кардааст. Худованд раҳмат кунад.

– Ба ҳар ҳол шуморо туҳмат задаанд?

– Ба туҳмат монанд гапҳо буд, лекин Худоро шукр, ки ба гирдоби туҳмат гирифтор нашудам.

– Дар мусоҳибае гуфтед шоири миёнаам. Чаро шоири рақами аввал нестед? Ин хоксорист ё…?

– Намедонам хоксорист ё сохтакорӣ. Аз омӯзиш ва мутолиае, ки кардам, ба ин хулоса расидам. Шоирони навгуро хондам, шоирони Эрону Афғонистонро хондам. Лекин шоири миёнаи нофаҳм нестам, дараҷаамро медонам ва мувофиқи он муносибат мекунам. Шоироне ҳастанд, ки миёнаанд, вале инро эътироф намекунанд. Вақте бузургонро мехонам, аз шоири миёна гуфтан ҳам шарм мекунам.

Аз шоирони классик Ҳофизро дӯст медоред. Аз муосирон чӣ?

– Тамоми классиконро дӯст медорам, Ҳофизро устод интихоб кардам. Аз муосирон Турсунзода, аз шоирони Кӯлоб Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, аз Ғарм Боқӣ Раҳимзодаро дар шеър устод интихоб кардам.

Гуфтед бо шеър гуфтан дар шароити кунунӣ наметавон зиндагиро пеш бурд. Аз кадом ҳисоб зиндагиатонро мечархонед?

– Маоши хуб мегирам, сурудҳоямро сарояндаҳо мехаранд, китобҳои шогирдонро барои чоп омода мекунам, ҳаққи хизмат мегирам. Сарватмандоне ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ дасти саховат дароз мекунанд. Ба ҳамаи ин шукр бояд кард. Рӯзгор фақат ба шеър навиштан намегузарад. Эҷодкори ҳақиқӣ низ барои маблағ наменависад. Дарди мардумро, дарди худашро менависад. Шояд дар кишварҳои бузурги Ғарб ва Русия бо гуфтани шеър ва асарҳои бузург маблағи ҳангуфт ба даст биёрӣ.

Шумо дар озмуни байналмилалии “Қандпаҳлу“-и Эрон ҷои аввалро гирифтед. Ширкат тасодуфӣ буд ё омодагӣ аз қабл доштед?

– Дар кӯча будам, ки Шоира Раҳимҷон занг зад, гуфт устод Хайрандеш, Эрон меравӣ? Гуфтам кӣ Эрон намеравад? Шиносномаи хориҷӣ дорӣ? Фардо дар фалон ҷо ҳозир шавед, Эрон меравем, гуфт. Чор нафар ба барномаи “Қандпаҳлу” даъват шуда будем. То ҷое тавонистам, ҳамсафаронамро дастгирӣ кардам. Барномаи Қандпаҳлу 5 рӯз давом кард, ҳар рӯз 8 мавзуъ медоданд. 4 нафар аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон нишастему ба мо мавзуъ доданд ва ҳайати доварон рӯ ба рӯи мо нишастанд ва 3 дақиқа вақт доданд. Агар омода бошӣ, тугмачаро пахш мекунӣ. Яъне агар дар ин 5 рӯз 8-мавзуӣ 4 мисраъ шеър гуфта бошам, 40 мисраъ мешавад. Аммо баъзан то 12 мисраъ ҳам мегуфтам бадоҳатан. Дар охир 3 нафар мондем. Ман аз Тоҷикистон ва Ҳамид Мубошир (агар хато накунам) аз Афғонистон ва як шоир аз шаҳри Ҳамадони Эрон. Рақобат чунон тезутунд ҷараён гирифт, ки ҳайати доварон се маротиба барои машварат ба берун баромаданд. Намедонистанд кадоми моро ҷои аввал диҳанд. Азбаски Наврӯз буд, гуфтанд, билохир эълон карданд: ҳарсеятон ғолиби ҷои аввал. Он лаҳза хурсандии ҳарсеямон охир надошт.

– Ва чаро мо барномае мисли Қандпаҳлу надорем?

– Мисли “Қандпаҳлу” надошта бошем, ҳам, аз он шавқовартарҳо дорем. Масалан “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз ҳар ҷиҳат боло аст, тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифтааст. Масалан, ман маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро кам аз “Қандпаҳлу” намедонам. Сенарияи худашро аллакай дорад, шавқовар мегузарад. Телевизионҳои мо он сон ки лозим аст, сабт намекунанд. Мехоҳам маҳфилро дар ҳамон шакле, ки ҳаст, пахш кунанд, муваффақ мешавад, вале намекунанд.

Доштани нашрияи шахсӣ мушкил аст, дастгирӣ намеёбад

– Шумо илова ба он ки соҳибмаҳфилед, боз соҳибнашрия низ ҳастед. Нашрияи “Пайрав”, ки миёни хонандагонаш маъруфият дорад, чаро замимаи нашрияи “Омӯзгор” аст? Чаро мустақил нест?

– Доштани нашрияи шахсӣ мушкил аст, дастгирӣ намеёбад, обуна намекунанд. Дар солҳои нооромӣ, вақте ҷанг идома мекард, дар шаҳри Кӯлоб маҷаллаи адабии “Субҳ”-ро ба роҳ мондам. Як шумора баровардам. Дар Бохтар маҷаллаи “Гулбарг” таъсис додам, номи маҳфили устод Пирумқул Сатторӣ, то ёди устодро гиромӣ дорам. 3 сол маҷалларо бо мушкилҳои беандоза ба нашр мерасондам, аз ҳазор ҷо маблағ дарёфт мекардам ва натиҷаи маҳфилро нашр мекардам. Навқаламон самари эҷодашонро дида, шод мешуданд. Дар Душанбе низ якчанд ҳафтанома чоп кардам. Масалан “Фаровон” бари бозори “Сабз”. Баъд бозори “Фаровон” ташкил шуд, шояд номро аз нашрияи мо гирифтанд. Нашрияи дигарро бо номи “Шарқи озод” таъсис додам, ки журналистон таваҷҷуҳ кунанд. “Шарқи озод”-ро тамоми журналистон дӯст медоранд, чӣ журналистони давлатӣ, чӣ шахсӣ. Аз тарафи журналистони “Шарқи озод” баҳои баланд ҳам гирифт. Як таваҷҷуҳ ҳам буд. Гоҳ-гоҳ директори онвақта Ёқуб Исмоил кам-кам маблағ ҷудо мекард. Дигар худамон маблағ пайдо мекардем. Базӯр ду сол идома ёфт. Дар Китобхонаи миллӣ низ рӯзномаи “Дунёи китоб” таъсис додам. Хаёл мекарам аз тарафи роҳбарон нағз дастгирӣ меёбад. Агар роҳбарияти вақти китобхона ба вазири фарҳанг муроҷиат мекард, кори хуб мешуд. Тоҷикистон се ҳазор китобхона дорад. Агар якдонаӣ низ обуна мешуданд, бо 500 обуна мешуд ҳафтаномаро нашр кард. Агар кормандони Китобхонаи миллӣ низ обуна мешуданд, он вақт 24 сомонӣ буд, онҳо маоши хуб, ками кам 1000 сомонӣ мегиранд. Яъне дастгирӣ наёфт. Як сол идома намуд. Қарор додам, ки дигар ба таъсиси рӯзнома машғул нашавам. Чунки ҷон каниву меҳнат кунӣ, дастгирӣ намеёбӣ. Ҳамаи нашрияҳоям хонанда ёфт. Баҳои нағз ҳам гирифт.

Рӯзе Нуриддин Саид, вазири вақти маориф пешниҳод дод, ки сармуҳарририи нашрияи “Пайрав”-ро, ки барои хонандагони мактабҳо дар назар гирифтаанд, ба уҳда гирам. Дудила шудам, зеро он вақт ду нашрия ба зиммаам буд: “Шарқи озод” ва “Дунёи китоб”. Фикр кардам вақте вазир супориш медиҳад, дастгирӣ меёбад. Ҷое хонда будам: “Кореро, ки худат мекунӣ, садди зиёд мегузоранд, кореро, ки ба ту бовар мекунанд, авҷ мегирад”. Татбиқи ин суханро дар амал дидам. Масалан порина 5-солагии “Пайрав”-ро дар мактаби рақами 8 ҷашн гирифтем, ҳар баромадкунанда мегуфт “Пайрав” дар 5 сол кори 50-соларо анҷом дод. Яъне, ба мардум писанд аст, аз тамоми гӯшаи диёр занг мезананд, мавод мефиристанд. Шавқу шӯри редаксияи даврони шӯравӣ ҳис мешавад. Аз он ҳам бештар (механдад).

– Чаро “Пайрав” мустақил нест, яъне замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” аст?

– Он вақт вазир пурсида буд, ки нашрияи “Пайрав” мустақил бошад ё замимаи “Омӯзгор”? Чун барҳам додани рӯзнома аз таъсисаш мушкилтар аст, яъне агар барои таъсис додани нашрия 12-13 идора равӣ, барои барҳам доданаш 17-18 идора даводав мекунӣ, ба ҳамин хотир гуфтам бигзор як сол чун замимаи “Омӯзгор” фаъолият кунад, пас мустақил шавад. Хатоям ҳамин буд. Ҳоло 5 сол аст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам, вале дигар истиқлоли ҳафтаномаро ба даст наовардам. Аз рӯзи аввали ба кор шуруъ карданам ҳама медонистанд, ки мехостам нашрия мустақил бошад. Дар назди Вазорати маориф бошад, лекин алоҳида бошад, ҳисоби бонкии худро дошта бошад. Умедворам бо шарофати 30-солагии Истиқлолияти кишвар “Пайрав” низ соҳибистиқлол хоҳад шуд.

– Лутфан бигӯед, ки дар ҳамин солу замон доштани нашрия чӣ мушкилиҳо дорад?

– Азбаски таҷрибаи кориам дар ин соҳа хеле бисёр аст, душвориеро эҳсос намекунам. Баръакс, хеле роҳат ва шавқовар аст.

– Як дӯстам, ки алоқаманди шеър аст, боре гуфта буд, ки кам ҳолат мешавад, ки шеъри Хайрандешро хонаму табассум накунам. Ин воқеият ҳам дорад. Табиатан шӯхед ё бадоҳатан шеър чунин меояд?

– Гоҳе лутф меояду гоҳе шеъри ҷиддӣ. Он дӯст шеърҳои танзомезамро бисёр хонда будаанд.

– Назаратон ба адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон: он то куҷо ба завқи бачаҳо мувофиқ аст?

– Хушбахтона, мо адибони хеле хубе доштем ва имрӯз ҳам дорем, ки маҳз барои кӯдакон ва наврасон эҷод кардаанд ва эҷод карда истодаанд. Асарҳои хуб ва тарҷумаҳои хуб барои бачаҳо хеле зиёданд. Бачаҳо низ адибони худро хеле дӯст медоранд.

– Ва чун “Пайрав” нашрия барои кӯдакон аст, мехостам пурсам, ки пайдо кардани маводи ҷолибу дархӯри завқи кӯдакон осон аст?

– Кормандони нашрияи “Пайрав” журналистони хеле бомаҳоратанд. Маводҳои ҷолиби зиёде пайдо мекунанд. Аз байни онҳо ҷолибтарашро интихоб мекунем. Бар замми ин, худи хонандагон аз пойтахти кишвар ва гӯшаву канорҳои меҳани азизамон хеле фаъоланд. Онҳо газетаашонро хеле дӯст медоранд ва бе мавод намегузоранд.

Як чизро мехоҳам махсус қайд кунам. Ман як умр рӯзномаеро орзу мекардам, ки шеъру ҳикояҳои хубу шавқоварро аз маҳфил саривақт дар саҳифаҳои он чоп намоям. Шукри Худо, ки ин орзуям маҳз тавассути нашрияи “Пайрав” зиёда аз 5 сол мешавад, ки амалӣ гашта истодааст.

Аз ин ҷиҳат, худро хеле хушбахт эҳсос мекунам. “Пайрав” ҳам барои ман ва ҳам барои кӯдакон ва наврасон як олами афсона аст.

Афсонаи зиндагии пур аз шебу фароз…

– Ҳеҷ суоле накардам, ки аз чизе гила доред ё на

– Аз телевизионҳо гила дорам. Номи сарояндаро менависанд, муаллифи шеърро не. Намедонам чаро. Худамро дар назар надорам, тамоми шоиронро мегӯям. Меҳнат мекунанд, шеър менависанд, дар ягон телевизион аз онҳо ном намебаранд. Чаро шеърашро гӯш мекунанду аз номаш мераманд?

Зимнан, агар ҳаққи муаллиф риоя шавад, шояд ҳоло миллиардери тоҷик мебудам. Зеро тӯю маърака, радио, телевизионе нест, ки сурудҳоям садо надиҳанд.

Мусоҳиб: Раҳима АЪЗАМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь