Рӯз ба рӯз ин вожа барои шаҳрвандони Тоҷикистон азизтар ва муҳимтар маънидод мегардад.
Як замоне шеърро дӯст медоштам ва ҳангоми вохӯрдан бо вожаҳое, ки бӯйи танҳоӣ мекарданд, ҳайрон мешудам. Намедонистам, ки ин қадар муҳаббати шоирони моро ба ин маънӣ сабаб чист. Аллома Иқболе, ки дарёи азими хонандаю пайрав дошт, шиква мекард, ки «танҳо будаму танҳо сурудам», Нодирпуре, ки назми Шарқро воруна кард, худро «Танҳотарин мард» меномад.
… Ба наздикӣ як дӯсти бисёр ҳунармандам, ки аз донандагони хуби васоити техникӣ буд, рафт. Ҳангоми рафтан, ба эътирози ман ҷавоб дод: «Танҳоӣ мекашам». Дирӯз дигараш, ки мутахассиси хуби соҳаи математика буд, даъвати як донишгоҳи ҳамсояро бо хурсандӣ қабул намуду ба ҳайрати ман посух дод: «Аққалан он ҷой нафароне ҳастанд, ки аз илм ҳарф мезанӣ ва танҳоиро эҳсос намекунӣ». Ҳафтае пеш як ҳамкасби дигарам, ки маро ба хотири он ки гуфтам «хаста шудам,ҷои хилват мехоҳам», санги маломат зада буд, ба худ суол додааст: «Бимонам ё биравам?».
Намедонам, чаро то ба ин дам ба нафаре, ки ин калимаро ба забон меовард, бо ҳасрат менигаристанду мегуфтанд «девона шудааст», имрӯз ба чашмони нафарони ин вожаро бо алам ба забон меоварда, касе наметавонад рост нигоҳ кунад.
Гоҳо ба ононе, ки ба танҳоӣ омӯхта шудаанд ва бо муҳофизу дарбону котиба байни худу дигарон садди чинӣ сохтаанд, дилам месӯхт. Гумон мекардам, ки эшон ҳамрозу ҳамнавою ҳамсозу ҳамқадаҳ надоранд ва ин ҳолашонро бубин…
Наметавонам бовар кунам; наметавонам дарди дил кунам; наметавонам аз таҳти дил хандам; наметавонам аз таҳти дил гиря кунам; наметавонам аз касе андеша накарда, нӯшам; наметавонам мубориза барам; наметавонам дӯст дорам; наметавонам бад бинам…
Амсоли ҳамин гуна ҷумлаҳоеро дирӯз овозхони маъруфи аламзадае, ки ба ман шикоят оварда буд, мисли ҷунунзада, такрор ба такрор мегуфту мегуфт. Аз нигоҳи аввал рози дили ӯ хандаовар метофт: Духтари зебо, аз ҷиҳати моддӣ таъмин, бе мушкилоти оилавӣ, аммо дар хаёлу пиндори хеш танҳои танҳо. Ба қавли худаш, бо ин эҳсоси саргум сахт мубориза бурдааст: Аввал рӯйи ниёз ба дугонаҳою дӯстон меорад, бефоида, – касе ӯро дарк карда наметавонад. Баъд ба деҳа мегурезад, муҳит буғиаш месозад, алами танҳоӣ аз кор мегирад, не, гоҳо ончунон ин танҳоӣ зӯр меорад, ки алам аз гиря мегирад. Солдидае насиҳат мекунад, ки ба намозу тавба рӯй орад, шаш моҳ худро бо ин тасалло медиҳад, вале боз ҳам шифое намеёбад.
Ростӣ, ман ҳам шояд натавонистам ба вай маслиҳат диҳам ё ақаллан, насиҳат кунам. Ягона коре кардам, ин буд, ки хомӯш истодам ва ӯ гиристу гирист ва каме сабук шуда, бо чашмони варамкарда рафт.
Шумо мебудед, чӣ кор мекардед?