Пайванди ИДИ якуми МАЙ ва вожаи классикии МАЙ аз чӣ сарчашма гирифта ва бо рӯзи ҳамдилии меҳнаткашон чӣ алоқамандӣ дорад, касе то ба ҳол наандешидааст.

Дар айёми мактабхонӣ шояд мо ягон идеро мисоли якуми май интизор набудем. Зеро маҳз дар ин рӯз метавонистем байрақчаҳои рангоранг ба даст сӯйи ёлаҳову теппаҳо равем ва дар рӯйи сабзаи нарм базм ороем.

Шахсони калонсолтар дегу табақу май гирифта, рӯй ҷониби кӯҳ меоварданд ва барои “рӯзи ҳамдилии меҳнаткашон” қадаҳ мебардоштанд.

Баъди ин, мо кӯдакон мекӯшидем то соати даҳ ба хона баргашта, паради ҳарбии Маскавро тавассути телевизорҳои сиёҳу сафед тамошо кунем.

То ба ҳол намедонам чаро иди якуми май баҳона барои базму майнӯшӣ ҳисоб мешавад ва мардум бо ин баҳона аз хонаҳояшон мегурезанд. Шояд сабаб ин аст, ки ҳангоми Наврӯз ҳаво ҳанӯз сард аст ва дӯстдорони май наметавонанд онро ба таври шояд дар оғӯши табиати  сабз ҷашн бигиранд ва бо иди якуми май гулӯҳояшонро рӯшан менамоянд. Ин аст, калимаи “май” ва “майовка” он қадар ба ҳам тавъам ҳастанд, ки аксар ҳолат сабаби пайдоиши идро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.

Аммо якуми май рӯзи ҳамдилии меҳнаткашони тамоми дунё аст ва чунин менамояд, ки МАЙ воситаест барои ҳамдилӣ. Агар чуқуртар андеша намоем, воқеан ҳам, иттиҳоду ваҳдат аксар ҳолат дар сари шишаи май баста мешаванд ва иттифоқҳои бузург ҳам бо қадаҳбардорӣ таҷлил мешаванд. Ва ҳатто, гоҳо тақдири мамлакатҳои бузург, шартномаҳои бузург маҳз дар сари шишаи май ҳал мегарданд. Дӯсте дорам, ки ҳамеша мегӯяд:

“Агар мехоҳӣ бо касе аз наздик ошно гардӣ, ҳамраҳаш бишину бинӯш”. Албатта, агар аз рӯйи панди дӯсти ман амал намоем, ними ононе ки шартнома ва аҳди дӯстӣ мебанданд, бояд алкаш мешуданд ва шояд сабаби майхора гардидани ними шахсиятҳои муваффақ маҳз ин аст.

Яъне, агар хулоса намоем, ки пайванди иди МАЙ ва МАЙ тасодуфӣ нест, балки мантиқан дуруст аст, шояд хато набошад.

Чӣ гуфтед?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь