Генерали тоҷик Акмал Амирӣ, яке аз давомдиҳандагони роҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, бинобар эълони Толибон кушта шуд, ҳарчанд баъзе сарчашмаҳо инро рад мекунанд.
Муҳимтарин далели ин фоҷиа ин аст ки Акмал Амириро фурӯхтанд. Аз тарсу азияти толибони панҷобӣ нафаре, ки эътимод карда буданд, ҷои буду боши Акмал Амирӣ ва ҳамраҳонашро нишон дод. Баъди ду рӯзи набард, ҳашт ҳамраҳи ӯро куштанд ва то ҳол тақдири худаш маълум нест. Шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, ки нисбат ба мавқеъгирии худи шаҳрвандони Афғонистон дилашон барои ҳаммиллатонашон аз он сӯйи соҳил бештар оташ мегирад, фарёду фиғон сар додаву лаънат ба Толибони панҷобӣ гуфтанд, вале… агар бо лаънату дуо қотиле ҷазо медид ку… Аз ҷумла, собиқ сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Абдулфайз Атоӣ чунин навиштааст:
-“Аҳмадшоҳ Масъудро “журналист-меҳмон”- араб дар камераи суратгирӣ минаро ҷойсозӣ карда, қатл кард.
– Раббониро қотил “меҳмони толиб”, ҳамон минаро дар саллааш ҷойсозӣ кардаю оғӯш намуда, кушт.
-Маршал Фаҳимро дар “меҳмондориҳо”-и Карзай дар хӯрокаш дору андохта, куштанд.
– Генерал Довудро дар Тахор ҳини меҳмонӣ дар зери диван мина хобонида, куштанд.
– Генерал Абдураҳмон Сайдхейл, сардори пулиси Кундузро дар банкае биринҷи “тоҷикӣ” гуфта, мина андохта, “тӯҳфа” дароз карда, куштанд…
-Ҳабибуллохони калакониро Нодиршоҳ бо “Қуръон”-и имзокардааш дохили Арг бо фиреб оварду баъд, ҷаллодони қавми Ҷоҷии пашту зинда бузкашӣ карда, куштанд.
Академикҳо, олимони миқёси ҷаҳонӣ, Осимӣ, Ғуломов, Исҳоқӣ, ки ба ягон сиёсати палид ҳамроҳ набуданд, – бо кадом “гуноҳ” террор шуданд, гуноҳашонро касе намедонад…
– Ин рӯйхати сиёҳ хеле зиёд аст…
Динҳову ҳизбҳоро одатан гурӯҳҳое барои манфиатҳояшон месозанд. Бештар хиёнатро бошад, ба онҳо, – соҳибонашон анҷом медиҳанд;
Тоҷики бечора аз содагӣ чунон содиқи онҳо мешавад, ки ба марги худаш анҷом меёбад.
Мисол:
- Марги амир Ҳабибуллохони калаконӣ бо “Қуръон”-и дохилаш қасами Нодиршоҳ навишташуда (ин фиреби мусулмониаш);
- Кандани ҳайкали Ленин дар Душанбе ва дар моҷарои он кушта шудани сад ҳазор тоҷик бо дасти ҳамдигар (ин фиреби коммунисташ)…
Гуфтаниам, ки тоҷикро содагию зудбоварияш мекушад…
– Боз мисол биёрам!?”
Мисолҳои дигарро бо пӯзиш аз устод, ман меорам:
-Мегӯянд, Спитаманаро духтари ҳокими Бохтар, – Оксиарт бо номи Рухшона кушт то молу маноли падарашро Искандар нагираду зани вай шавад. Рухшона ба муродаш расид, сари буридаи Спитаманаро ба Искандар бурд, аммо оқибат худашро юнониҳо ба дарё партофта, нобуд карданд.
-Мегӯянд Деваштич, ҳокими Панҷекатро ашрофони шаҳр ба арабҳо фурӯхтанд ва маҷбур шуд ба қалъаи Муғ паноҳ бараду боз ҳам бо фиреби ашрофону савдогарон таслим шавад ва сари буридааш, ба қавли устод Лоиқ “ он сари аз тан ҷудо, бо дод аз бедод то Бағдод рафт”.
-Мегӯянд, дарвозаҳои шаҳри Хуҷандро ба рӯйи муғул ашрофону тоҷирони шаҳр кушоданд. Темурмалики қаҳрамонро оқибат куштаи муғул карданд.
Ин ҳама содагиҳо ба фиреби душман аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро содагии тоҷикӣ моро ба ҳоле овардааст, ки “ намедонем барои кӣ бигирйем?”. Шояд дигар шарҳи ҳоли фармондеҳи шаҳид Абдулбасири Андаробиро шарҳи ҳоли худ шуморему дигар аз содагӣ ба кӯчаю деҳа ҷудо нашавем? Шодравон чунин мегуфт:
“Забонам порсӣ, ҳувиятам тоҷики бохтарӣ ва кишварам Хуросон аст”.
Ё роҳи дигаре ҳаст? Агар шумо донед, бигӯед, аммо ман намедонам.