28-уми июл Руслан Шарипов дар сини 54-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб аз ҷаҳон даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Вай аз овозхонҳое муаррифӣ шуда буд, ки дар эстрадаи ин кишвар ном баровардааст ва дар баробари санъату ҳунари овозхонӣ, ҳамчунин бастакорӣ ва мутрибӣ низ мекард.

Руслан Шарипов зодаи шаҳри Самарқанд мебошад. Вай дар давоми фаъолияти худ дар саҳнаи ҳунар гурӯҳҳои “Байт”, “Сетора” ва “Болалар”-ро таъсис додааст ва барои гурӯҳҳои “Шаҳзод” ва “Хӯҷа” оҳангҳо эҷод намудааст.

Ин овозхон дар саҳнаҳо танҳо хеле ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамзамон, бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова чанд дуэт сурудааст.

Гуфта мешавад, ки вай вақтҳои охир аз дарди чашм шикоят дошт. Ҳарчанд табибон мегуфтанд, ки илми тиб инкишоф меёбад ва ба дардҳои зиёд даво пайдо мекунад, вале Руслан Шарипов исрор меварзидааст, ки барои вай ҳамин ҳоло ёрии тиббӣ зарур аст.

Дар бораи издивоҷи Руслан Шарипов бо Наргиз Зокирова дар Ӯзбекистон теъдоди ками одамон иттилоъ доранд. Наргиз  дар айни ҳол яке аз пешқадамтарин овозхонҳои Русия мебошад, ки нисбат ба овозхонҳои дигар сафарҳои ҳунарии зиёд анҷом медиҳад.

Сабина дар миёни се фарзанди Наргиз Зокирова аз издивоҷ бо Руслан Шарипов ба дунё омадааст. Вай ӯро дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба дунё овардааст.

Наргиз Зокирова аз марги бемаҳали шавҳари собиқаш хеле озурда шудааст, аммо аз хабарнигорон хостааст, ки дар бораи сабабҳои ҷудо шуданаш аз Руслан Шарипов суол накунанд.

“Ман фавти Руслан Шариповро хеле талафоти вазнин мешуморам. Ин кулфату бадбахтии мост ва кӯшиш хоҳем кард, ки онро бурдборона пушти сар кунем. Ин кори дохилии хонаводаи мост”, – навиштааст дар микроблоги  Instgram-и худ Наргиз Зокирова.

Дар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон мухлисони Руслан Шарипов хеле зиёданд ва онҳо аз марги нобаҳангоми ӯ сахт ба андӯҳ омадаанд.

– Руслан Шарипов садои марғуладор надошт, вале он садо ширину шуниданӣ буд. Яке аз сурудҳои ӯро дар хона хеле зиёд мешунавам. Ин суруд “Нодорӣ марди зӯрро ҳам аз пой мезанад” ном дорад, ки вай бо гитор сурудааст. Равони Руслан Шарипов шоду хонаио хираташ обод бод, – мегӯяд яке аз мухлисони ӯ Шаҳриёр Комилов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь