“Дар ин рӯзҳо дар як қатор расонаҳо маълумоте пахш шудааст ва мувофиқи он 17 январи соли 2022 дар гузаргоҳи марзии “Жибек Жоли”-и вилояти Туркистон (Ҷумҳурии Қазоқистон) шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон боздошт шудааст ва ӯ барои иштирок дар нооромиҳои Қазоқистон гумонбар мешавад”, омадааст дар изҳороти намояндаи хоси ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Бино ба ин изҳорот дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Алмаато гуфтааст, ки фарди боздоштшуда шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нест.

Маълумоти мазкур дар вебсайти расмии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон-  www.gov.kz низ ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар вебсайти худ навиштааст, ки ҳифзи сарҳади давлатӣ дар ин кишвар тибқи низоми шадид ба роҳ монла шудааст.

Бино ба ин хабар, дар низоми амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ рейдҳо мегузаронанд, иншоотҳои стратегӣ ва иншооти дигари маъмурӣ таҳти муҳофизат қарор гирифтаанд.

Дар хабар қайд шудааст, ки ҳангоми адои хизмат шахсоне дастгир карда мешаванд, ки дар онҳо аломатҳои иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, ғорати амволи мардум мушоҳида мегардад ва кӯшиш мекунанд, ки барои наҷот аз ҷавобгарӣ аз Қазоқистон фирор кунанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки дар гузаргоҳи «Жибек Жолӣ» (вилояти Туркистон) ҳангоми кӯшиши убури марзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳрванд «Э», соли таваллудаш 1993 дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, дар телефони мобилии боздоштшуда наворҳои видеоие мавҷуд буданд, ки дар маҳалли ошӯб дар Чимкент гирифта шудаанд. Дар пушти ин шахс, ба эҳтимоли зиёд, захми тири резинӣ боқӣ мондааст. Барои ҳамин фарди боздоштшуда ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сариағоши вилояти Туркистон супурда шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь